Skip to main content

АСОСӢ

  • МАСОҲАТИ ПИРЯХИ ФЕДЧЕНКО БО ТАМОМИ ШОХАҲОЯШ 681,7 КМ2 ВА ДАРОЗИИ ОН 77 КМ МЕБОШАД.
    ҚУЛЛАИ БОЛОИИ ШОХОБИ ПИРЯХ БА БАЛАНДИИ 6280 М МЕРАСАД ВА ҚИСМИ ЗАБОНАИ ПИРЯХ ДАР
    БАЛАНДИИ 2910 М АЗ САТҲИ БАҲР ҚАРОР ДОРАД. ҒАФСИИ ПИРЯХ ДАР БАЪЗЕ ҶОЙҲО АЗ 800 ТО 1000
    МЕТРРО ТАШКИЛ ДОДА ВА ҲАҶМИ ОН ТАҚРИБАН 130 КМ2 – РО ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • Соли 1933. Моҳи январи соли 1933 Пойгоҳи Академияи илмҳои
    Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва директори нахустини он
    академик С.Ф.Олденбург (1868-1935) таъйин шуд. Пойгоҳ бахшҳои геология, ботаника,
    зоологияву паразитология, хокшиносӣ, илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.
  • МИНЁТУРИ НУСХАИ “ШОҲНОМА”-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
    ДАР МАРКАЗИ МЕРОСИ ХАТТИИ НАЗДИ РАЁСАТИ АМИТ, №5955
    “САҲНАИ ГИРИФТОР ШУДАНИ ХОҚОН БА ДАСТИ РУСТАМ”
  • ТЕЛЕСКОПИ ТСЕЙС-1000-И РАСАДХОНАИ
    АСТРОНОМИИ БАЙНАЛМИЛАЛЛИИ
    САНГЛОХИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ
  • БАБРИ БАРФӢ (PANTHERA UNCIA (SCHREBER, 1775)) БА ҚАТОРИ
    ДАРАНДАГОН (CARNIVORA), ОИЛАИ ГУРБАШАКЛОН (FELIDAE)
    МАНСУБ БУДА, ЗЕРИ ТАҲДИДИ МАҲВШАВӢ ҚАРОР ДОРАД. ДАР
    ҲУДУДИ 20 ҚАТОРКӮҲ – ТУРКИСТОН, ЗАРАФШОН, ҲИСОР,
    ҚАРОТЕГИН, ҲАЗРАТИ ШОҲ, ВАХШ, ДАРВОЗ, АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ
    ИЛМҲО, ПЁТРИ I, ВАНҶ, ЯЗГУЛОМ, РӮШОН, ШОҲДАРА, ПШАРТ,
    МУЗКӮЛ, САРИКӮЛ, АЛИЧУРИ ҶАНУБӢ, АЛИЧУРИ ШИМОЛӢ, ВАХОН,
    ПАСИ ОЛОЙ ПАҲН ШУДААСТ. МАСОҲАТИ УМУМИИ ПАҲНШАВИИ
    НАМУД ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚРИБАН 85,700 КМ2 (ТАҚРИБАН 2.8%
    ҲУДУДИ ПАҲНШАВИИ НАМУДРО ДАР МИҚЁСИ ОЛАМ) ТАШКИЛ МЕДИҲАД.
  • САРАЗМ ЯКЕ АЗ НОДИРТАРИН ЁДГОРИҲОИ БОСТОНШИНОСИСТ, КИ ХАРОБАҲОИ ОН ДАР
    15-КИЛОМЕТРИИ ҒАРБИ ПАНҶАКЕНТ ВА 45-КИЛОМЕТРИИ ШАРҚИ САМАРҚАНД КАШФ
    ШУДААСТ. ИН МАВЗЕЪРО ТИРАМОҲИ СОЛИ 1976 БОСТОНШИНОС АБДУЛЛОҶОН ИСҲОҚОВ
    КАШФ КАРДА БУД ВА СОЛҲОИ ЗИЁД ТАҲТИ РОҲБАРИИ Ӯ МАВРИДИ ОМӮЗИШ ҚАРОР ГИРИФТААСТ.
  • РАВАНДИ КОРИ АВВАЛИН ЛАБОРАТОРИЯИ POLLYXT “ЛИДАР” ДАР ОСИЁИ МИЁНА,
    ДАР ОЗМОИШГОҲИ ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С. У. УМАРОВИ
    АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ҚАҲРАМОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Садриддин Айнӣ

 

    Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда»,...Муфассал

(1878 – 1954)
Бобоҷон Ғафуров

Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо. Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари...Муфассал

(1909 – 1977)
Мирзо Турсунзода

Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин»...Муфассал

(1911-1977)
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст...Муфассал

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусратулло Махсум

Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006....Муфассал

(1881 – 1937)
Шириншоҳ Шоҳтемур

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик....Муфассал

(1899 – 1937)

Китобҳои тозанашр

Мақолаҳои илмӣ-оммавӣ

Ё худ сухане чанд дар ҳошияи нахустин иқдоми ҷаҳонии Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (САFА) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами ЭМОМАЛӢ бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25 - уми май ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”

"Футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст."

Рустами ЭМОМАЛӢ

AlisherМусаллам аст, ки бозии футбол аз қадимулайём ва то имрӯз ҳамчун яке аз машғулиятҳои асосии инсон маҳсуб ёфта, бо мурури замон дар тамоми ҷаҳон ҳамчун василаи баҳамоии ҷавонони давлатҳои мухталиф, роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муттаҳидсозии мардумони олам мебошад. Бозии футбол як навъи варзишест, ки қитъаҳо, давлатҳо, давлатҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва инчунин рустоҳоро ба ҳам меорад.

Воқеан футболбозӣ варзишест, ки сокинони ҷомеаи ҷаҳониро новобаста аз нажод ва дигар омилҳои мухталиф бо ҳамдигар муттаҳид намуда, ҳамзамон ба забони универсалӣ сухан мегӯяд. Ин бозӣ як шакли баргузории ба худ хосро дорад, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур намуда, тимсоли падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист. Дар радифи баргузории бозиҳои футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ аксарияти мардум ва миллионҳо нафар мухлисони ашаддӣ аз ҳама бештар дар бораи пирӯзӣ, пешрафт ва шодмонӣ меандешанд.

Аз ҷониби дигар, ба ифодаи устод Алиаҳмад Мирзоев, ки мавсуф Мураббии шоистаи футболи Тоҷикистон ва дорандаи ордени “Дӯстӣ”, Корманди шоистаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, солҳои зиёде дар дастаҳои “Пахтакор”(Қӯрғонтеппа), СКИФ (Душанбе), “Помир” (Душанбе, ҷавонон), “Нефтяник” (райони собиқ Ленин - ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ), “Андиҷон” (Андиҷон), “Хуҷанд” (Ленинобод) бозӣ кардаанду инчунин солҳои зиёд вазифаҳои раиси Кумитаи варзиши шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва шаҳри Душанбею масъулияти ноибии президентии Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ва то ба нафақа баромадан вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати шаҳри Душанберо ба зимма доштанд, ифода намоем, аз ҷумла номбурда зимни суҳбат чунин иброз доштанд: Футбол варзишест, ки ба дилҳо хурсандӣ меорад ва хоҳ нохоҳ мардумро ба ба тарзи риояи ҳаёти солим даъват менамояд, ҳамзамон ба инсон рӯҳу ҳаловати тоза мебахшад.

Хоҳ нохоҳ ҳар як нафар мухлиси ашадии футбол тамоми бурду бохт, шодию фараҳ, ғаму андуҳро дар вуҷуди худ бармало эҳсос менамояд. Аксар мавридҳо аз шикасту нобаробариҳо рӯҳафтода намешавад. Ба зиндагӣ бо уммеду орзуҳои нек қадам мениҳад ва сабру таҳаммулро низ пеша менамояд. Рӯзе мерасад, ки боз комёбу пирӯз мегардад. Зеро аз ноумедиҳо басо умед аст. Поёни шаби сияҳ сафед аст.

-Ростӣ гап муждаи иқдоми наҷиб ва саривақтию пешниҳодеро, ки аз ҷониби ҷавони ватандӯсту ғаюр ва инчунин Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (САFА) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи расман эълон намудани 25 - уми май ҳамасола ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”-ро аз тариқи воситаҳои ахбори омма шунида, ҳамчун ветеран ва дурусттараш ҳамчун собиқадори соҳаи футбол ва варзиши ҷумҳурӣ хеле шоду мамнун гардидам.

Чунки ба андешаи банда ин пешниҳоди дурандешона падидаи нодиру беҳтарин иқдоми наҷибест, ки ба рушди футболи тоҷик ҳамаҷиҳата мусоидат намуда, ҳамзамон дар зеҳни ҳар як варзишгари касбӣ тафаккури инсондӯстӣ ва тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдати миллиро талқин намуда, инчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кулли сокинони сайёра миллати бузурги тоҷик ва ҳамаи мухлисони футболро муаррифӣ ва имиҷи ҷумҳуриро низ боло мебарад.

Хулоса, дар минбаъдаи наздик ин санаи муҳим ба ҳукми таърих вуруд гардида, ҳамзамон ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷашн гирифта мешавад ва шояд, ки таҷлили ин санаи таърихӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистони ободу мутараққӣ шуруъ хоҳад шуд.

Уммедворем, ки футболи мо ба қуллаҳои муроду мақсуди хеш расида, дар рафти баргузориҳои сатҳи ҷаҳонӣ варзишгаронамон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

Бо ибрози чунин орзую омоли накӯ ҳамаи мухлисони ашаддии футбол ва инчунин мардуми шарифи кишварамонро бо таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона шодбош гуфта, барояшон саломатии бардавом, барору комёбиҳои беназир ва бахту иқболи накӯ орзумандам!

РАҲИМЗОДА Алишер Орзу, директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати давлатии ҷавонон дар замони истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила густариш ёфта, ҳоло аз ҷойгоҳи хоссаи ин қишри созанда хабар медиҳад. Чунин нигоштааст президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар мақолааш ба унвони АМИТ «Ховар» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.

— Омӯзиши таҷрибаи нодири мактаби сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони он аст, ки дар радифи дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ масъалаи ҷавонон ҷойгоҳи хосса дорад. Ҳанӯз аз рӯзҳои нахусти давлатдорӣ Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа ба ин қишр ҳамчун неруи ояндасозу рушдбахшандаи миллату давлат такя намуданд.

Пешвои миллат ҳамеша аз вазъи мураккаби сиёсии минтақа изҳори андеша намуда, яке омилҳои асосии ин буҳрони сиёсиро дар истифодаи ҷавонони бетаҷриба ва ноогоҳ аз манфиатҳои миллӣ аз ҷониби қудратҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ номиданд. Дар робита ба ин Сарвари давлат таъкид намудаанд, ки насли наврас ва ҷавони мамлакат набояд зиракии сиёсиро аз диҳад. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва дар руҳияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо чораҳои зиёди муассир дар амал татбиқ шуданд. Таҳлили таҷрибаи кишварҳои ба моҷарои сиёсӣ ва буҳронҳои ҷамъиятӣ гирифтор далели он аст, ки дар саргаҳи ин ҳама ноумедиҳо ва нооромиҳо истифодаи қишри бетаҷриба – ҷавонон аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯй қарор дорад. Бинобар ин зарур аст, ки ҷавонон бо силоҳи асосӣ ва шикастнопазир- маърифат мусаллаҳ бошанд. Танҳо маърифат дар муқобили тамоми падидаҳои номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ ҷавононро аз гаравидан ба ҳаракатҳои тундрав ҳифз менамояд. Дар ин марҳилаи бархӯрди манфиатҳои геосиёсӣ ва геостратегии қудратҳои ҷаҳонӣ ҳамон миллат ва давлате пойбарҷо боқӣ мемонад, ки қаблан мафкураи насли наврас ва ҷавони он бо маърифат мусаллаҳ бошад.

Дар ин марҳилаи муҳимми давлатсозӣ, ки дар меҳвари он бунёди давлати мутамаддин қарор дорад, албатта, мафкура ва маънивиёти ҷомеа нақши асосиро иҷро менамояд. Расидан ба ҳадафҳои конститутсионӣ, махсусан бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз мафкураи насли наврас ва ҷавони мамлакат вобастагии зиёд дорад. Дар айни замон бо назардошти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши асосҳои илму дониш бо ташаббуси Роҳбарияти олии мамлакат якчанд тадбири судманд амалӣ гардид. Бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ, махсусан зиёда аз 25 донишгоҳу донишкада ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ аз ҷумлаи табирҳои муассир барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа маҳсуб мешаванд. Ҷавононро имрӯз бояд дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси миллӣ ва давлатдорӣ ба камол расонид.

Дар ин радиф ҷавононро зарур аст, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши илмҳои замона бештар рӯ биёранд. Баргузор намудани даҳҳо озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи ташаббусҳои дигари Сарвари давлат дар роҳи ҷалби насли наврас ва ҷавони мамлакат ба маърифат ба шумор меравад. Бо баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ имрӯз ба назар мерасад, ки тамоми қишри ҷомеа рӯ ба китоб меорад.

Воқеан, давоми таърих миллати тоҷик китобдору китобхон буда, тавассути афкори ҷамъиятӣ ва фарзандони фарзонааш дар тамаддуни башарӣ нақши бориз гузоштааст. Имрӯз ҷавонони моро зарур аст, ки бо пайравӣ аз бузургони илму адаби тоҷик, ба монанди Ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ҷобир ибни Ҳайён, Муҳаммади Ғаззолӣ, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрав ва Донишу Айнӣ, ки ҳамагӣ дар синни ҷавонӣ бо афкору дониши хеш маъруфу машҳур гардидаанд, пайи аз худ намудани илмҳои замонавӣ бошанд.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ зарур аст, ки мафкураи илмии ҷавонон барои дар амал татбиқ намудани илм дар истеҳсолот баланд бардошта шавад. Моро зарур аст, ки бо истифода аз шароити созгору мусоиди фароҳамовардаи роҳбарияти олии мамлакат ҷавононро ба аз худ намудани илмҳои дақиқ бештар ҷалб намуда, ба ин васила масъалаҳои мубрами ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиро ҳал намоем.

Дар айни замон яке аз муассисаҳои бузургтарини мамлакат барои омода намудани олимони ҷавон Академияи миллии илмҳо маҳсуб мешавад, ки бо сохтору ниҳодҳои худ имрӯз фаъолияти густурда ва самаранок пеш мебарад. Ин муассисаи бузурги илмӣ, ки олимону муҳаққиқони варзидаи мамлакатро ба ҳам овардааст, дар омода намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонон нақши бориз дорад. Вале бо ин шумора ва сифат мо қаноат накарда, барои боз ҳам ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, махсусан дар самти илмҳои дақиқ тадбирҳои зарурӣ меандешем. Шарту шароит ва имконоти фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат, махсусан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз моро вазифадор менамояд, ки барои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиш ва аз худ намудани илмҳои дар истеҳсолот зарурӣ тадбирҳои мушаххасу саривақтиро дар амал татбиқ намоем. Рисолати воқеии ҳар зиёӣ дар ин раванди бисёр муҳимму сарнавиштсози давлатдорӣ, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба илму дониш ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи байналмилалӣ зоҳир мегардад. Имрӯз мо тасмим гирифтаем, ки дар заминаи тамоми ниҳодҳои соҳавии илмии Академияи миллии илмҳо аз ҳисоби олимони ҷавон таҳқиқоти илмиро боз ҳам густариш бахшем.

Ҳамин тавр, танҳо илму дониш воситаи рушди ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо шуда метавонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо аз ҷавонон даъват ба амал меоранд, ки ҳарчи зиёдтар илму дониш аз худ намуда, дар рушди босуботи мамлакат саҳм гузоранд. Дар робита ба ин дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва намояндагони дин Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан аксар кишварҳои исломӣ хуб дарк кардаанд, ки ягона омили наҷотбахши инсоният илм ва рӯ ба илмомӯзӣ овардани насли ҷавон мебошад».

Рушди босуботи Тоҷикистон маҳз аз пешрафти илму техника вобаста буда, ҷалби ҷавонону наврасон ба илму дониш ва касбу ҳунар бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳамаи аҳли ҷомеа, махсусан падару модарон қарор гирад. Маҳз илму дониш кафили тавонмандии миллату давлат дар сатҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки барои бомуваффақият амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав, аз ҷумла «Стратегияи рушди сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» омода ва қабул гардиданд.

Ҳамзамон, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодааст, ки мисоли он таъсис дода шудани мақомоти ваколатдор дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маблағгузории фаъолияти соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон тавассути барномаҳои соҳавӣ, дар тақвими санаҳои таърихӣ ворид гардидани санаи 23 май - Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, таъсис дода шудани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илму техника корҳои намоён анҷом додаанд, таъсиси стипендияҳои президентӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тадриҷан зиёд намудани маблағи стипендия ва шумораи гирандагони он, таъсис ёфтани стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, таъсиси квотаҳои президентӣ, ҷудо намудани грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъи­ятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, инчунин сохтмони мактабу донишгоҳҳо ва китобхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, толорҳои варзишӣ, мавзеъву гулгаштҳои фароғатӣ, бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир аз тадбирҳои муҳим ва дастовардҳои назаррас дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон маҳсуб меёбанд.

Пешвои миллат ҳамеша такя ба ҷавонон мекунанд. Зеро ҷавонон нерӯи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошанд. Имрӯзҳо ҷавонон дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

Ҷавононро зарур аст, ки ҳушёрии маънавӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ташвиқу тарғиботи ғоя ва идеологияҳои тундрави ифротӣ, иғвогариҳо дода нашаванд. Ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бояд барои боз ҳам мустаҳкам намудани сулҳи бебозгашт, таъмини амният ва ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқати самимӣ миёни шаҳрвандон аз шароиту воситаҳои мавҷудбуда самаранок истифода намуда, нагузоранд, ки ба пояҳои сулҳу субот ва истиқлолияти миллии давлати ҳуқуқбунёди тоҷикон осебе расад, таъкид менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Барои ин ҷавононро зарур аст, ки доимо пайи омӯзиш, равнақи илму дониш ва баланд бардоштани тафаккуру васеъ намудани ҷаҳонбинии худ бошанд. Ҳар як фарди ақли солиму расо дошта, бояд воқеоти ҷаҳонро таҳлил ва хулосабарорӣ карда тавонад. Дар ин сурат, ҳеҷ гоҳ ягон нафар ҷавон шомили гурӯҳҳои ифротӣ намегардад, дигаронро низ барои баргаштан аз ин роҳи бад эмин нигоҳ медорад. Барои тарбияи насли наврас ва бунёди ҷомеаи солим тамоми аъзои ҷомеа бояд масъулиятнок бошанд ва ҷавобгариро эҳсос намоянд.

Ҷаҳонишавии замони муосир аз ҳар фарди ҷомеа, бахусус ҷавонон дар роҳи аз бар намудани донишҳои назариявӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва содиқу вафодори миллату давлат буданро тақозо дорад. Чунки то ба ҳол на ҳама имконияту нерӯи хешро ҷавонони мо ба пуррагӣ истифода намуда истодаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҷавонони Тоҷикистон қайд намуданд, ки: «Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед» (President, tj. Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон. 23.05.2022 сол.).

Бинобар ин, ҷавонону наврасонро зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи донишҳои худ ва ба меъёрҳои байналмилалӣҷавобгӯ будани он тамоми имкониятҳоро васеъ истифода баранд, то ки дар ҷодаи давлатсозӣ ва миллатсозӣ аксарият шуда, рақибони худро дар ақаллияти маънавӣ гузоранд.

Ҷавонон бояд гурӯҳи иҷтимоии муташаккил омода дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бошанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми шароитҳои таҳсил фароҳам оварда шуда, ҳазорҳо мактабҳои замонавӣ бунёд ва барои ихтироъкорон ва олимони ҷавон фазои мусоиди кашфсозӣ бо дастгирии давлат муҳайё гардиданд. Ташкили озмунҳо ва таъсиси стипендияҳо барои дарёфти беҳтаринҳо рӯйи амал омаданд.

Агар ба кишварҳои ҳамсоя сафар намоем ва муқоиса кунем, сатҳи муассисаҳои таълимии кишвари мо ва таҷҳизоти техникӣ назар ба кишвархои ҳамсоя бамаротиб хубтару беҳтар аст.

«Барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, онҳоро зарур аст, ки ҳар лаҳзаи умрро самаранок истифода бурда, забонҳои хориҷиро аз худ намояндтаъкид менамояд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Беҳуда нест, ки ҳанӯз 2500 сол пеш файласуфи маъруф Арасту гуфта буд, ки, асоси давлатдорӣ ин илм, фан ва маориф аст.

Дар воқеъ, ҷавонони соҳибхираду ояндасозро месазад аз Пешвои миллат сифатҳои ободкорӣ, ҳама вақт бо мардум будан, сулҳпарварӣ, суханварӣ, хушгуфторӣ, эҳёгарӣ, бунёдгузорӣ, хоксорӣ, таҳаммулпазирӣ, саховатмандӣ, ҷавонмардӣ, ростқавлӣ, эҳтиром ба падару модар, омӯзгорон ва пиронсолонро омӯзанд ва дар қалбу вуҷуди худ ҷой диҳанд.

“Рӯзи ҷавонон” ба Шумо ҷавонони азиз муборак бошад! Ба Шумо бурдбориҳо хоҳонем.

Ширин Қурбонова, доктори илмҳои таърих, Муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ

Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 зимни ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии СММ мавриди пазириш қарор гирифта, қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” қабул гардид, ки дар шинохт ва рушди ҷомеаи солиму созанда дар рушди дипломатияи варзишӣ муждаи хуб мебошад. Зеро Тоҷикистон дар даврони беш аз 30 соли истиқлол тавонист бо эҷоди мактаби сулҳу суботу созандагӣ дар масоили гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла обу экология ва роҳу усулҳо барои ҳифзу ҳимояи пиряхҳои ҷаҳон ташаббусҳои созанда пешниҳод намуда, мавриди қабули ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонад.

— Дар рушди ҷомеаи солим нақш ва ҷойгоҳи варзиш муҳим арзёбӣ шуда, дар забони дипломатия он қосиди сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои ҷаҳон буда, ба таҳаввулу таҳкими ҳамгироии муносибатҳо мусоидат менамояд. Зеро давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои умумибашарӣ ба як навъ ҳамгироиву иттиҳоду ҳамбастагӣ ниёз доранд. Аз ҳамин лиҳоз, мусобиқаҳои варзишӣ имкон фароҳам меоранд, ки давлатҳо ҳамкориро дар доираи рушди ҷомеаи солим тавсеа бахшанд.

Бояд гуфт, ки ҳамаи намудҳои варзиш, хусусан футбол дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои солимгардонӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор мераванд. Он падидаи фарҳанги умумиҷаҳоние аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони универсалӣ сухан мегӯяд.

Бояд ишора кард, ки Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва инчунин Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нақшу аҳамияти футболро дар сатҳи ҷаҳон муҳим шуморида, пешниҳод намуданд, ки тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии футбол қабул шавад.

Ҳамин тариқ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нахустини Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро оид ба эълони Рӯзи байналмилалии футбол дар ҷаҳон бо иттифоқи оро пазируфт.

Дар қатънома аҳаммияти варзиш дар руҳияи сулҳ, тафоҳум, ҳамкории байналмилалӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе табъиз баргузор намудани чорабиниҳои бузурги дорои хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомездошта нақш мебозад.

Дар зимн, дар нашрияҳои маъруфи Покистон, аз ҷумла Рӯзномаи “Ғазнавӣ” бо забонҳои англисӣ ва урду 9 майи соли 2024 таҳти унвони «Ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид» мақола ба нашр расид, ки ба ташаббуси глобалии Тоҷикистон- қабули Рӯзи ҷаҳонии футбол бахшида шудааст. Дар он ташаббуси глобалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ шарҳу тавзеҳ ёфта, аҳамияти бузурги он дар ташвиқи тарзи ҳаёти солим таъкид гардидааст.

Бояд гуфт, ки шаҳри Сиалкоти Покистон бузургтарин истеҳсолкунандаи либосҳои футболи ба таври дастӣ дӯхташуда дар ҷаҳон буда, солона 40-60 миллион дона либосҳои варзишӣ ё футболка истеҳсол мекунанд, ки тақрибан 60% маҳсулоти ҷаҳониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии ФИФА тӯбҳо аз ҷониби ширкати Forward Sports дар Сиалкот сохта мешаванд, ки хеле босифат мебошанд.

Варзиш дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат ба шумор меравад. Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстӣ байни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш муқаррар ва танзим менамояд. Давоми 33 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташкил шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад ва роҳбариашро аз соли 2009 Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма доранд. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, то онҳо фаъолона дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ иштирок намоянд.

Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими сулҳ ва муносибатҳои байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Дар таърих он ҳамчун воситаи баланд бардоштани обрӯи давлату миллат ва таҳкими робитаҳо байни кишварҳо хизмат мекунад. Дар ин зимн, Бозиҳои олимпии Юнони қадим яке аз намунаҳои аввалини дипломатияи варзишӣ буданд, ки варзишгаронро аз минтақаҳои гуногун муттаҳид ва ягонагиро таҳким мебахшиданд.

Дар замони муосир дипломатияи варзишӣ барои бартараф кардани ихтилофҳо ёрӣ расонида, намунаи беҳтарини онро байни кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин дар солҳои 1970 ва Москва-Русия дар соли 1980 метавон мушоҳида кард. Ҳамин тариқ, сафарҳои варзишгарон, аз қабили тими тенниси рӯи мизи ИМА ба Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ, ки ихтилофи сиёсӣ доранд, дар Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчанг дар соли 2018 зери як парчам вориди варзишгоҳ шуданд, ки ба коҳиши танишҳо мусоидат кард. Дар моҳи октябри соли 2023 тими крикети Покистонро дар Аҳмадобод истиқболи гарм намуда, пешвоз гирифтанд. Дар ин зимн, моҳи феврали соли 2024 капитани тими Ҳиндустон, ки дар даври плей-офф дар Ҷоми ҷаҳонии Дэвис дар гурӯҳи 1-ум бо Покистон қувваозмоӣ намуд, аз истиқболи хеле гарм ва меҳмоннавозии ин кишвари ҳамсоя қадрдонӣ ва ташаккур намуд.

Ҳамин тариқ, тими духтаронаи ҳендболи Тоҷикистон соли 2022 бо тими Узбекистон мусобиқа намуда, ҷойи дуюм ва дертар соли 2023 дар мусобиқаи Челенҷ трофи дар шаҳри Файсалободи Покистон ҷойи 3-юмро ишғол карда, соҳиби медал гаштанд, ки далели заминаҳои хуби иқтидори дипломатияи варзишӣ ва дӯстӣ байни кишварҳо мебошад. Ҳамин тавр, тими духтарона ва писаронаи чавгонбозони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷа, аз ҷумла Қазоқистон ва Узбекистон иштирок намуда, маҳорати баланд нишон доданд, ки заминаи рушди ҳамсоягиву ҳамбастагӣ ва дӯстии байни ин кишварҳоро нишон медиҳад.

Ин мисолҳо тавоноии варзишро дар рафъи монеаҳо ва оғози муколамаи дипломатӣ ба таври дуруст нишон медиҳанд. Дипломатияи варзишӣ дар таҳкими муносибатҳо ва коҳиш додани муноқишаҳо замина ба вуҷуд оварда, дарҳоро барои ҳамкорӣ боз менамояд.

Дар Тоҷикистон ташкилоту федератсияҳои гуногуни варзишӣ барои рушди ҷомеаи солиму созанда фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Федератсияи футболи Тоҷикистон созмони ҷамъиятии варзишие аст, ки футболро дар мамлакат идора ва назорат мекунад, дар рушди дипломатияи варзишӣ нақши муҳим бозида, тими миллӣ, дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонон, дастаи мунтахаби олимпӣ ва футзалу футболи занона ташкил намуда, сарпарастӣ карда, иштироки онҳоро дар мусобиқаҳои расмии байналмилалӣ таъмин менамояд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аввалин маротиба дастаи миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Давҳаи Қатар фаъолона иштирок карда, то даври чорякфинал баромад. Дар бозии даври чорякфинал футболбозони мо дар рақобати баробар бо дастаи миллии Урдун қувва озмуда, ба қатори ҳашт дастаи беҳтарини қора ворид шуд.

Ин чорабинии варзишӣ қобилияти варзишро барои муаррифии давлат ва иттиҳоду сарҷамъии миллат нишон дод. Бо чунин арзишҳои воло ва барои рушди ҷомеаи солиму созанда ҳамаи намуди варзиш, аз ҷумла футболро бояд истифода намуд. Чунин табодул таъсири амиқи дипломатӣ дошта, робитаҳоро осон мекунад, ки аксар вақт тавассути воситаҳои анъанавии дипломатӣ ба онҳо расидан душвортар мебошад.

Ҳамин тариқ, қабул гардидани пешниҳоди Тоҷикистон чун рушди дипломатияи варзишӣ бори дигар далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши боризи Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешбарандаи усулҳои тарзи ҳаёти солим ва вусъатдиҳандаи ҳамкории байналмилалии варзишӣ барои оммавӣ гардонидани он дар арсаи байналмилалӣ муҳим ва зарур мешуморад.

Мирсаид РАҲМОНОВ,
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи АМИТ «Ховар»

https://khovar.tj/.../diplomatiyai-varzish-tashabbusi.../

Биниши дунявӣ ё тарзи тафаккури секулорӣ таҷрибаи самараноки башарият ба шумор меравад ва ҳарчанд ки аз нуфузу ҳузури секулоризм ё дунявият дар умури зиндагии башарӣ фурсати чандон зиёде нагузаштааст (зиёда аз сад сол аст, ки дунявият ва тарзи зиндагии секулорӣ дар ҷаҳон машруият пайдо кардааст), аммо муваффақияту комёбиҳое, ки дар заминаи тасаллути ин навъ низоми инсонсоз дар дунёи мутамаддин рӯйи кор омадааст, беназиранд. Ба сухани дигар, дар сад соли охир тарзи тафаккури дунявӣ, ки бо илммадорӣ ва хирадмеҳварӣ тавъам аст, ҷаҳонро ба куллӣ тағйир дода, роҳро барои пешрафту тараққиёти инсонӣ ҳамвор сохтааст. Он чи ки дар умури рӯзмарраи худ истифода мекунем, ҳамагӣ маҳсули зеҳни ҷӯёву пӯёи башар ва бавижа, ҳосили омӯзишҳо, донишҳо, бинишҳо, бардоштҳо, таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳои инсони секулоранд. Ин аст, ки секулоризм ё дунявият бо ақлу мантиқ кор гирифтани башар мебошад.

Аз тарафи дигар, секулоризм ва дунявият аз тариқи талошу ҷоннисориҳои бебадали зиёиёну равшангарони аврупоӣ иттифоқ афтодааст, ки дар қолиби барнома-лоиҳаҳои махсуси омӯзишӣ, ҳувиятӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва маданӣ рехта шуда, тайи солҳои тӯлонӣ татбиқу роҳандозӣ гардидаанд. Бинобар ин, корнамоию қаҳрамониҳои насли равшанфикрону равшангарони аврупоиро қадр бояд кард, чаро ки маҳз ба воситаи ташаббусоту ибтикороти қишри пешқадами зиёиёну мутафаккирони ғарбӣ аз садаби ҳаждаҳ ба баъд дониш ва тарзи зиндагии секулорӣ тадриҷан миёни омма ва табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ маҳбубият пайдо кард ва мафкурасозии дунявӣ ривоҷу равнақ ёфт. Ба ин маъно, сохтани мафкураи наву ҷадид, ки онро усулан мафкураи секулорӣ ё дунявӣ талаққӣ мекунанд, ба унвони вазифа ва рисолати қишри равшанфикру равшангари ҷомеа пазируфта шуд.

Чун сухан дар бораи мафкура ва мафкурасозӣ меравад, лозим медонем, ки чанд ҷумлаи муқаддимотӣ дар ин замина ироа дорем, то ин ки матлаб равшантар гардад. Мафкура ё ба истилоҳ идеология маҷмуи хоҳишу майлҳо ва тасаввуроти инсон аст, ки дар қолаби мушаххас рехта ва аз тариқи барномаи муайяни ҳадафманд роҳандозӣ мешавад. Албатта, идеология ҳадаф дорад ва ҳадафаш ҳам дар бозрасӣ ва бозбиниҳои арзишҳои марзӣ, миллӣ ва мардумӣ зоҳир мегардад. Бар илова, таъйини аҳдоф ва матраҳ намудани масоили зарурии ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки ба рифоҳи иҷтимоӣ ва истиқлоли сиёсию давлатӣ сабаб мегарданд, ҳамчун муқаррароти мафкура ё идеологияи миллӣ хидмат мекунанд. Ба таъбири дигар, идеология қутбнамои давлатӣ, сиёсӣ ва миллист, ки тавассути он пайроҳаи ташаккулу инкишофи давлат ва миллат ҳамвор карда мешавад. Давлат ва миллати бе идеология киштии бенохудоро мемонад, ки ба таъбири мардумӣ «рӯ ба раҳми Худо дорад» ва бо ҳукми тасодуф арзи ҳастӣ мекунад. Бинобар ин, мафкура ва ё идеология назарияи таъмини зиндагии шоистаи инсонҳо дар ин ё он маҳдудаи ҷуғрофист, ки ба василаи амалкардҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ таҳкиму тақвият меёбад ва ниҳоятан, дар зиндагии рӯзмарраи мардум татбиқ мегардад. Бо як калима, идеологияи воқеӣ, ки аз таассубу хурофот дур аст, тарҳи нави муносибатҳои созандаро дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва ҳавзаҳои сиёсӣ мумкин мегардонад ва фазоро барои муколимоти сиёсӣ ва маданӣ боз нигаҳ медорад.

Баъд аз шикастани низоми давлатдории Шуравӣ ва рӯйи кор омадани давлатҳои миллӣ дар фазои пасошуравӣ мафҳуми идеология аз корбурд бозмонд ва равиши идеологӣ ҳамчун абзори таъсиррасонии ғайримашрӯъ ба ҳошия ронда шуд. Ба сухани дигар, миёни ҷомеаи пасошуравӣ як навъ тарсу ҳарос нисбат ба идеология ва мафкураи сиёсӣ доман паҳн кард. Аммо бо гузашти солҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ, алалхусус ҳузури сареи ғатундгаройӣ ва ифротгароии динию мазҳабӣ дар манотиқи гуногуни Шарқи мусулмонӣ ва Осиёи Марказӣ зарурати таҷдиди назар ба мафкура ва идеология пеш омад. Ин аст, ки аз идеология, махсусан, идеологияи миллӣ набояд ҳаросид, чунки он, зотан бар манфиати ҷомеа ва мардум аст.

Тарс аз идеология собиқаи якрӯзаю дурӯза надорад, балки аз савобиқи тӯлонии таърихӣ, бахусус, барои ҷомеаи ҷафодидаи тоҷик бархӯрдор аст. Агар, аз як тараф, идеологияи динӣ-мазҳабӣ дар қолаби шариатмадории асримиёнагии исломӣ боиси зулму истибдоди дохилӣ гардида бошад, аз тарафи дигар, дар давраи нави таърихӣ (ибтидои садаи бист ва охири солҳои навадуми асри гузашта) мафкураи коммунистӣ ба ҳайси идеологияи фарогир як навъ тарсу ҳаросҳоро дар пай дошт. Дар шароити феълӣ, ки буҳронҳои паёпайи мафкуравӣ ва сиёсӣ минтақаро дунболагирӣ карда, ҳузури бебандубориҳоро таъмин намуда истодааст, ногузир зарурати вуҷуди идеологияи миллӣ пеш меояд. Суоли матраҳ дар ин замина ин хоҳад буд, ки мо, аҳли ҷомеа ба он чӣ гуна муносибат мекунем ва дар пиёда сохтани ин консепсияи муҳими сиёсӣ бо давлат ва сохторҳои марбутаи сиёсӣ ҳамшарикӣ менамоем ё хайр?

Аз сӯйи дигар, давлатмардон, нухбагони сиёсӣ ва зиёиёни саршиноси ватанӣ муваззафанд, ки сари масоили миллӣ андешанд ва тамаркуз кунанд, зеро ки дар марҳилаи ҳассоси давлатсозӣ ва миллатсозӣ қарор доранд. Дигар ин, ки баррасӣ ва матраҳ намудани масъалаҳои миллӣ ва арзишҳои миллӣ авлавият доранд ва дар ин замина ҳанӯз мушкилоту муаммоҳои зиёде моро дунболагир мебошанд.

Дар зимн, мубоҳисаҳои динию дунявӣ дар доираи матбуоти даврӣ, расонаҳои дохилию хориҷӣ ва фазои маҷозӣ солҳост идома доранд ва ин шарти асосии давлатдорӣ ва низоми сиёсии дунявист. Аммо сӯистифода аз озодӣ дар бисёр маврид ноҳамвориҳоро дар татбиқи сиёсати миллӣ ва дунявӣ ба вуҷуд овард. Тавре ки мушоҳида мешавад, додани озодиҳои бештар ба қишри руҳонӣ, ки аксаран тахрибкору фурсатталабанд, тавозунро дар баданаҳои иҷтимоӣ барҳам зад ва яку якбора динмадорӣ ба унвони низоми муассири ақидатию сиёсӣ ҷомеаро таҳти тасаллут қарор дод. Ин қишр, озодиҳо ва демократияро ба манфиати худ сӯистифода бурд ва фазои сиёсӣ, фикрӣ ва фарҳангиро мағшуш сохт. Кор то ба ҷое расида буд, ки дар матбуоти мустақили вақт (манзур солҳои 2004-2015) баъзан руҳониёни мутаассиб ва пуштибонони мафкураи динию мазҳабӣ пеши роҳи мубоҳисаҳои илмӣ ва фанниро мегирифтанд ва ба зиёиёне, ки бар мабнои мадорики илмӣ ва фалсафӣ суҳбат мекарданд ва ё матолиб интишор медоданд, тамғаи «мулҳиду кофар»-ро бебаркаш мезаданд. Ин вазъи ногувори фикрӣ ва идеологӣ давлатро водор ба гирифтани тасмимоти ҷиддӣ намуд ва агар дар самти мудирияти равандҳои сиёсӣ андак таъхир мекард, кор ба ҷангу даргирӣ ва бенизомию беинзиботӣ мекашид.

Мутаассифона, тӯдаи зиёиён дар он марҳилаи ҳассос аз илму фалсафа ва ҷаҳонбинии илмӣ дифоъ накард, баръакс, сукут ва хомӯширо ихтиёр намуд. Маҳз ҳамин сукут ва хомӯшии аксари кулли зиёиён боиси қувват гирифтани мафкураи динӣ гардид (имрӯз ҳам дар ин самт, мутаассифона, кор бо ду по мелангад). Ҳамкорӣ ва робитаи танготанги зиёиён бо мақомоти дахлдори давлатӣ дар масоили шинохти дурусти авзои дохилӣ, таҷдиди назар ба арзишҳои динӣ-мазҳабӣ ва мероси гузаштаи миллӣ, эҳёи тафаккури зиндаи мантиқӣ ва тақвияти ҷаҳонбинии илмӣ боиси беҳбудии кор мегардад.

Дар баробари ин, эҳёи суннатҳои миллӣ дар мисоли Наврӯз, Меҳргон, Ялдо, Сада зинда кардани ҳикмати дунёмадоронаи Ҷамшедӣ, Фаридунӣ, Ҳушангӣ ва Хусравонӣ мебошад. Дигар ин ки консепсияи идеологияи миллӣ бар пояи тафаккур ва суннатҳои деринаи бостонии миллӣ, ки решаҳои амиқи таърихӣ ва ҷаҳонӣ доранд, таҳаққуқ пайдо мекунад. Агар ба ин оину суннатҳои миллӣ бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кунем ва онҳоро дар барномарезиҳои мафкуравӣ ҳамчун аносири калидии зеҳнсозии миллӣ корбаст насозем, миллати муваффақ буда наметавонем. Махсусан, дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию мафкуравӣ дар бозиҳои геополитикӣ вусъат меёбанд, истифодаи хирадмандонаи устураю бовардоштҳо ва оину суннатҳои дерпойи миллӣ ба унвони гузина ва ё алтернативаҳои зарурии фарҳангӣ дар баробари таҳоҷумоти идеологию маданӣ аз роҳкорҳои муҳим ба шумор меравад.

Нақши зиёиёни асили миллӣ дар ин марҳилаи ҳассос аз чӣ иборат аст? Зиёии асил ҳеҷ гоҳ аз пайи хурофоту таассуб намеравад. Фазо ва муҳити иҷтимоиро мешиносад ва дардҳои фикрӣ ва маънавии миллиро ташхис мекунад, дар ташхиси уқдаю мушкилоти иҷтимоӣ ба саросемагӣ роҳ намедиҳад. Барои ислоҳи вазъияти фикрию фарҳангӣ тадбирҳои назарӣ ва амалӣ меандешад ва ба ҳеҷ ваҷҳ, дар ислоҳи вазъ ба инқилоб ки боиси хисороти бузурги ҷонию молӣ мегардад, роҳ намедиҳад. Ҳамин, ба истилоҳ, рисолатро зиёиёни фаронсавӣ дар симои Волтер, Монтескиё, Дидро, Руссо ва дигарон дар замони худ анҷом дода, ба таври тадриҷӣ муҳити солими андеша ва табодули фикрӣ сохта, ҷомеаи ақибмондаи аврупоиро аз дарун тағйир намуданд. То замоне ки муҳити солими фикрӣ ва табодули андеша созмон наёбад, наметавон ба ҳадаф расид ва ҷомеа ва давлати қудратманди миллӣ сохт.

Тайи зиёда аз сесад сол тавассути ҷоннисориҳои мутафаккирони аврупоӣ вазъи фикрӣ ва фарҳангӣ ва табодули сиёсӣ, сифатан тағйир ёфт. Ин аст, ки андӯхтани таҷрибаи ғании ниёгон ва омӯзиши мероси гаронмояи мутафаккирони бузурги шарқию ғарбӣ дар заминаи мафкурасозии миллӣ имкон фароҳам меоварад, ки мо, аз як сӯ, давлатдории дунявиро бар мабнои мафкураи миллӣ ҳифз намоем ва аз сӯйи дигар, дар баробари таҳдиду хатарҳои минтақавию глобалӣ ҷуръатмандона истодагарӣ кунем.

Нозим Нурзода - пажӯҳишгар

Аксар аз муҳаққиқин бар онанд, ки вазъиятҳое, ки дар тули зиндагӣ барои фардҳои муаян пеш меоянд ва ҳалли мушкили зистиро ба вуҷуд оварда танҳо аз роҳи тассалӣ додани хеш ва як навъ муъҷизакорона амал намуда, дар баробари воқеъиёт тасаввуроти зеҳнии худро иброз медоранд ва бад ин восита худро тасаллӣ дода, вазъиятро аз ҳолати даҳшати зеҳнӣ бартараф месозанд,ба як бовар табдил меёбанд. Чунин ба назар мерасад, ки аксар аз боварҳо аз насл ба насл интиқол гардида, ба ҳайси як рафтори рефлекси ғайришартӣ табдил меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки аксаран дар нисбати ҳаводису воқеа ба таҷрибаи гузаштагони худ такя мекунанд. вақте як фард ба дунё меояд, табиӣ аст, ки дар ӯ ҳеҷ гуна бовар вуҷуд надорад.

Аз аввалин амалҳое, ки як фард анҷом медиҳад, ин тақлид намудан дар баробари амалкардҳои бузургсолон аст. Одатан фардҳо пас аз тавлид аввалин рафторҳои худро дар тақлид ба падару модар ва атрофиён ба роҳ мемонад. Онҳо аксаран амалаҳоеро ки анҷом медиҳанд, онҳоро аз лиҳози сабабу натиҷавӣ ва моҳиятӣ баррасӣ наменамоянд. Танҳо бо анҷом додани он амал гумон меварзанд, ки ҳамин тарзи амалкард, дорои як маъние дар ҷаҳони инсонист. Бахусус, анвои гуногуни боварҳо дар ҳамин замина шакл мегирад. Инсонҳо аввалин рафторҳои боваргунаи хешро дар тақлиди бузургсолон анҷом медиҳанд ва усули тарбиятии хонавода бар зеҳни як фард сахт таъсиргузор аст.

Дар бомдоди зиндагӣ, ки ҳанӯз ҷаҳонбинии фард пурра ташаккул наёфтааст ва он дар ҳоли ҷустуҷӯ қарор мегирад, чӣ гуна ҷавоб додани волидайн ба суолгузориҳои кӯдак ва чӣ гуна вазъияту воқеъиятро таҳлилу тавсир намудани онҳо ба шаклгирии ҷаҳонбинии ояндаи фард, таъсири амиқи хешро мегузорад. Ҳар қадар агар ҷавобҳо мушаххас, илмӣ ва воқеънигорона бошанд, ҳамон қадар зеҳнияти кӯдак низ дар рӯҳияи солим ва воқеъандешӣ шакл мегирад. Баръакс, иддае аз волидайн ҳангоми тарбияи фарзанд зимни пурсишгарии саволҳое, ки мансуб ба ҷаҳон, ҳастӣ, инсон, табиат ва дар маҷмӯъ падидаҳои олами ҳастианд, ҷавобҳои афсонагун, хаёлманд, ваҳмангез ва бовармандонаву диниро ироа медорад. Ҳамчунин аз ҳама омили таъсиррасон дар зимни пурсишгарӣ ба ӯ аз тарс додан кор мегиранд, ки ин ҳолат метавонад тамоми умр дар ҷаҳонбинии фард таъсиргузор шавад ва ӯ ҳамеша аз пурсиш кардан дар баробари вазъияту воқеъиятҳо худдорӣ намояду ҳатто дар шакк кардан ба онҳо як тарси даруние ӯро ҳеҷ гоҳ иҷоза намедиҳад, то дар баробари воқеъият пурсишгарӣ кунад. Аз тарафи дигар тарбияти хонаводагӣ ва муҳити атроф фардро мутмаин месозад, ки он чи ки волидайн ва гузаштагон тасвиру таҷассум намудаанд, онҳо айни ҳақиқати ҷаҳонанд ва шубҳа намудан дар онҳо метавонад, носипосӣ дар баробари гузаштагон бошад. Чунин носипосиро дар аксар аз боварҳову динҳо “табу” ё “муҳаррамот” ташкил медиҳад, ки инсонҳо ҳангоми шубҳа кардан чунин гумон ва боваре дар онҳо ба вуҷуд меояд, ки гӯё гуноҳи сахтеро дар баробари муқаддасот анҷом дода бошанд ва ин амалкард дар пайи худ метавонад ҷазои сахтеро барои ӯ ва барои қавмаш ба миён орад. Махсусан, тавзеҳоте, ки дар тарбияи фард аз тарафи падару модар дар баробари муқаддасот арзёбӣ мешавад, дигар дар тамоми умр ба зеҳнияти ӯ таъсиргузор хоҳад буд. Чунин тарзи таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз унсурҳои таъсиргузор дар навъ, шакл ва чигунагии бовармандӣ ин тарбияти хонавода ва муҳити иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон додааст, ки афроди гуногун вобаста аз муҳити тарбиявӣ дараҷаи бовармандиашон фарқ мекунад. Аз ҷониби дигар он аносире, ки то замони ба балоғат расидани фард дар зеҳнияти ӯ шаклгирӣ менамоянд, қариб дигар то ба охири умр бетағйир мемонанд ва метавон гуфт барномарезӣ шуда низ ҳастанд. Ин ҷо метавон ду ҳолатро зикр намуд.

Ҳолати аввал ин аст, ки нафароне пас аз тавзеҳоти волидайн дар бобати чигунагии офаридгору ҷаҳону худ, онро ба ҳайси ҳақиқат қабул мекунанд ва махсусан пас аз он даста аз муҳаррамот, ки андешаи дигарро дар баробари навъи бовар, офаридгор, муқаддасот ва амсоли ин намепазиранд ё пазируфтани онро маҳкум ба ҷазо ва нобудиву даҳшатҳои пешбининашаванда мекунанд, дигар фард тамоми умр аз суолгузорӣ ва чигунагиву шубҳаандешӣ дар нисбати ин муқаддасот, ҳеҷ гоҳ он тартибу низом ва он чорчӯбаро вайрон намекунад. Чунин ба назар мерасад, ки дар ин ҳолат ӯ ба як робот ё компютери барномаи муаян насб карда табдил меёбад, ки ҳеҷ гоҳ дигар ин низомро бояд дигар насозад.

Дастаи дуюм нафаронеанд, ки аз лиҳози равонӣ инсонҳои дербоваранд ва онҳо дар давоми зиндагонии худ вобаста аз вазъиятҳои гуногун рух дод, ҳолат ва сабабу натиҷаи онро таҳлилҳои илмӣ мекуунанд ва ором-ором аз он дидгоҳҳои тавсияшудаи падару модар берун мешаванд ва диди дигареро аз лиҳози улуми физикӣ, биологӣ ва иҷтимоию инсоншиносӣ дар баробари воқеъияту падидаҳо ҳосил мекунанд. Албатта дар ин маврид барои ин даста таҳаввулоти андеша дар бовармандӣ сурат мегирад ва агарчи баъзе аз аносири боварҳои расмиро дар шакли динҳои расмӣ бипазиранд ҳам, вале дар онҳо диди нав, яъне диди фардиву шахсӣ дар баробари падидаю воқеаҳо ҳосил мешавад. Одатан, ҳамин гуна нафаронанд, ки дар ҷаҳону ҷомеаи инсонӣ ба ҳайси шахсият ва рушангару пешбари ҷомеа дар таҳаввули тамаддуни башар саҳм мегузоранд.

Иддае аз равоншиносон мутмаинанд, ки баъзе аз афрод дар зеҳни худ аз боварҳо мавҷуди хаёлию зебоеро месозанд, ки ба онҳо ба мисли як инсони дилдодаву шайдо муносибат мекунанд. Ҳамин аст, ки онҳо на воқеъиятҳои дар китобҳои муқаддас таҷассумшударо дар боби чигунагӣ сифатҳои офаридгор, балки тасаввуроти зеҳнии хешро, ки он пур аз сифатҳои олитарини худи инсонӣ аст, таҷассум месозанд. Инсонҳо гоҳо анҷом додани ин ё он амале, ки аз қудрату ирода ва имконаш берун аст, онҳоро илқо ба як мавҷуди фаробашарӣ месозад ва ҳамин тавр, ҳамин образ ё намунаи сохтаи худро дӯст медорад. Ин аст, ки ин идда аз равоншиносон мутмаинанд, ки инсон ҷиҳати рафъ кардани танҳоии худ ва маҷмӯи нокомию нотавониҳо, ҳамеша эҳтиёҷ ба як мунис, як дасти тавоно ва як қудрати баровардакунандаи ҳамаи ниёзҳо дорад, ки агарчӣ он дар воқеъияти олами ҳастӣ ҷойгоҳе ҳам надошта бошад, вале инсон онро дар хаёлоташ месозад. Чун ин сохтаи инсон дар зеҳнияташ орӣ аз ҳама гуна сифатҳои манфӣ аст, ӯ ҳеҷ гоҳ қабул надорад, касе ё чизе дар бораи ин сохтаи зеҳнӣ кадомин як сифати манфиро иртибот диҳад.

Баъзе аз муққиқони равоншинос ин ҳолатро айнан ба ҳолати шефташавӣ ё маҷзубияти як мард ё зан монанд мекунанд, ки зимни дӯстдоштани тарафи муқобил тамоми сифатҳои мусбиеро, ки дар ҷинси мухолиф вуҷуд дошта бошанд, дар шакли олию беҳтарин ба маҳбубаи худ нисбат медиҳад. Ҳарчанд фарди воқеӣ бо бофтаҳои хаёлӣ ҳарду баробар набошанд ва тафовути онҳо хеле зиёд ҳам ба назар расад, вале шахси шайдошуда наметавонад онро пазирад, ки нафари мадҳшудаи дар зеҳнаш офарида, дорои нуқс ва камбӯдҳо низ ҳаст. Аз ҷониби дигар, ӯ ҳамин тасаввуроти зеҳнии сохтаи худро ба ҳайси як маънии асосии зиндагӣ умед, ормон ва омоли худ қабул менамояд. Ба тарзи дигар, инсонҳо одатан ба бофтаҳои зеҳнию хаёлии худ ишқ меварзанд ва онҳоро ниҳоятан дар сифатҳои олитарини вуҷуд тасаввур мекунанд. пайравони ин назария муътақиданд, ки образи Худо ё Офаридгор дар зеҳни як инсон ҳамин гуна ба вуҷуд омада, шакл гирифтааст.

Яъне ба ин мазмун, ки инсон ҳар боре эҳсоси хатару нотавониро дар баробари ин ё он падида эҳсос кардааст, дар зеҳни худ як махлуқи тавонотареро, ки бо нерӯи азиме тавонад тамоми вазъиятҳоро дар дасти худ дошта, ба ҳама ин нотавониҳояш ҷавоб гӯяд, дар мағзи худ онро тасаввур карда, ба он низ умед бастааст. Ҳамин тавр, ҳар гоҳе дар баробари қудратҳои сиёсию иҷтимоӣ ба ноадолатиҳо агар дучор афтодааст, ё натавонистааст дар баробари сиёсатҳои вақт таъсиргузор бошад, ӯ мафҳуму сифати адлро дар як мавҷуди фаротара аз худ тасаввур намудааст, ки дорои тавонмандиест, дар лаҳзаву вазъи зарурӣ ин ҳолатро яъне, адолатро ба низом медарорад.

Аксар бар ин боваранд, ки инсонҳо вобаста аз вазъу тасаввури худ ва хислату андозагириашон ба офаридгор муносибат мекунанд ва ҳамин боис гардидааст, ки дар худошиносии қавмҳои гуногун вобаста аз хислату характерашон, тарзи зист, мавқеи ҷуғрофиоӣ ва бароварда кардани ниёзҳои моддиашон ба офаридагор муносибат намуда, онро дорои ҳамон сифатҳое қарор додаанд, ки мансуб ба чигунагии қавми онҳо ва рӯхияашон будааст. Далелҳои зиёдеро метавон аз фарҳангҳои гуногун пайдо намуд ва ҳамчунин анвои гуногуни динҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ дар таҷассуми сифатҳои илоҳӣ аз ҳамон хислатҳои бумии мардумашон истифода намудаанд. Дар таърих ба қавмҳое дучор меоем, ки чун ҳамеша дар вазъиятҳои ҷангӣ қарор доштаанд, сифатҳои худояшон низ қаҳору ҷаббор аст ва онҳо ҳангоми ҷанг низ бо қавмҳои дигар мутмаинанд, ки худояшон ба онҳо аз ҳамин ду хислати бунёдӣ зимни ҷангҳо кӯмак мекунад ва онҳо низ ҳамчун таҷассумгари сифатҳои илоҳӣ ҳамин гуна амалкардро зимни ҷанг ба қабилае ё қавми дигаре раво мебинанд. Масалан, дар қавмҳои ҳиндӣ мебинем, ки дар онҳо вобаста аз тарзи зиндагӣ садоқат, самимият, муҳаббат, покӣ, зебоӣ, Худо ё олиҳаҳое бо сифатҳои болотарин чи дар шакли буту олиҳаҳо ва чи дар шакли худоёни фарозаминӣ тасаввур шудааст.

Ҳамчунин дар динҳои сомӣ ва динҳои ориёӣ низ вобаста аз хислат, вазъу тарзи бароварда кардани ниёзҳои моддиву маънавӣ ва тарзи зист, сифатҳои гуногуни инсонӣ дар шакли болотарину олотарин дар симои холиқ ё офаридагорашон таҷассум ёфтааст. Аз баррасии нуқтаҳои боло ба чунин хулоса расидан мумкин аст, ки инсонҳо ба воситаи сохтаҳои зеҳнӣ тасаввурот, боварҳо, ишқварзиданҳо ҳамеша кӯшидаанд то ҳолати танҳоӣ, яъс ва ноумедии хешро ҷуброн созанд.

Дар баробари нотавонӣ дасти тавоное бисозанд. Зимни ноадолатӣ, адолатвареро таҷассум намоянд. Дар баробари маргу нобудӣ дар зеҳни хеш дунёи дигари абадӣ, ҷовидона ва бо тамоми адолату саодатро офаридаанд. Яъне ба ибораи дигар, онҳо хешро дар баробари даҳшати маргу нобудӣ бо як тасаввуроти зеҳнии абадият ва дунёи дигар хешро таскин бахшидаанд. Ҳама аз омилҳои номбурда боиси он мешаванд, ки инсонҳо кӯдаквор динҳоро ба мисли асбоббозиҳои худ ё қанду ширинӣ дӯст медоранд. Барои иддае аз онҳо сахт мушкил аст, ки воқеъиятро он тавре, ки ҳаст қабул намоянд ва ҷаҳонро ба диди илмиву мантиқӣ бипазиранд. Гоҳе ҳам агар ба онҳо дар бобати воқеъиятҳои илмиву мантиқӣ сӯҳбат намоӣ танг мешаванд, исён мекунанд ва мегурезанд.

Яъне, ҳеҷ гоҳ намехоҳанд аз тасаввуроти хаёлии зебои сохтаи худ, ки дар асл ба воқеъияту ҷаҳону ҳастӣ ҳеҷ иртиботе надоранд, даст кашанд ва гоҳе ҳам дар тасаввурашон чунин аст, ки даст кашидан аз ҳамин сохтаҳои зеҳнӣ барояшон нобудкунандаву бемаънӣ хоҳад буд. Воқеят ҳам чунин аст, ки аксар аз онҳое, ки диду ҷаҳонбиниашон танҳо дар чорчӯбаҳои бовармандӣ шакл гирифтааст, чунин ба назар мерасад, ки дунёи онҳоро ҳамин боварҳои сохтаи зеҳнӣ маънӣ бахшидаанд. Ҳар гоҳ, ки ин боварҳоро инкор намоӣ онҳо эҳсоси пучӣ, холигӣ ва бемаъногӣ менамоянд. Чун аслан маънои зиндагиро ҳам дар ҳамин хаёлоту боварҳо пайдо намудаанд.

Дар баробари ин як нуқтаи дигар қобили зикр аст, ки бовар бояд дар ҷаҳони имрӯз кори фард бошад. Зеро миллатҳо, қавмҳо ва халқиятҳои гуногуни ҷаҳон танҳо аз роҳи дарки дурусти воқеъият бо роҳи таҷрибаву озмоиш, ошкор кардани қонунмандии ҳаводису падидаҳо тавонистаанд, фанновариҳои навинро ба миён оваранд, ҷомеаи худро аз ин роҳ ниёзҳояшро ба осонӣ бароварда сохта, истеҳсолотро дар дараҷаи баланд ба роҳ монанд ва миллату давлати хешро қудратманд созанд. Вобаста ба ин агарчӣ боварҳо то андозае барои инсонҳо оромбахшу таскиндиҳандаанд, шодиоваранд, вале ҳеҷ як мушкилро ба тарзи бунёдӣ ҳал карда наметавонанд.

Аз ин рӯ, мебояд дар шуури иҷтимоӣ ва пешбурди аъмоли иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ, илм дониш ва фанноварӣ дар авлавият қарор гирифта, кори бовармандӣ, имон, диндорӣ кори фардӣ буда бошад. Ба чунин вазъу ҳолат танҳо низоми дунявии идоракунии иҷтимоӣ метавонад шароит муҳаё созад, ки ҳам муқаддасоти динии афрод дар сатҳи фардӣ ҳифз шаванд ва ҳам илму донишу фанноварӣ рушд намуда, боиси пешрафт ва саодати иҷтимоӣ дар рӯзгори башар гарданд.

Исомиддин Шарифзода - номзади илмҳои фалсафа

Муродова Тољинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии

 ИФСЊ-и ба номи А.Бањоваддинови АМИТ

Дар маќола сањм ва љойгоњи донишманди арзишманди таърихи фалсафаи тољик академик А.Бањоваддинов аз нигоњи олимони тољик тањлилу баррасї мешавад. Њаёту фаъолияти илмї, фалсафї, љамъиятї-сиёсї, педагогї-психиологї, маорифпарварї ва дигар љанбањои эљодї-илмии ў аз тарафи муњаќќиќони тољик Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, И.Ш.Шарипов, А.Муњаммадхољаев, К.Олимов, Н.М.Сайфуллоев, Х.Идиев, Ќ.Гиёев ва дигар муњаќќиќон мавриди тањќиќу баррасї ќарор гирифтааст.

         Академик А.Бањоваддинов аз љумлаи донишмандони равшанфикр ва мутафаккирони ватанпарвару миллатдўст ва вањдатгарои тољик буда, бањри њифзи арзишњои фарњангу суннат ва таъриху тамаддуни ѓании тољик дар муќобили пантуркистњо ва дигар ќавмњои бадбини миллати тољик мубориза кардааст. Ин шахсияти шарафманду бошуљои миллат дар муќобили њар гуна туњмату пастзанињои тољикон истодагарї намуда, бо факту далелњои асоснок онњоро рад намудааст.

         Сањми академик А.Бањоваддинов дар тањќиќу тањлили таърихи фалсафаи тољик ва ахтарони он – Абунасри Форобї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Муњаммад Ѓаззолї, Абулмаљди Саної, Љалолуддини Балхї, Абдурањмони Љомї дорои арзиши бузург буда, шоњроњи бузургеро барои олимону муњаќќиќони минбаъдаи тољик боз кард.

Њар як миллат бо фарњангу тамаддун, махсусан бо ситорањои дурахшони илму фазилати худ зинда аст ва тавассути ин ситорањо њувияту фарњанги миллї, љањонбинї ва тамаддуни миллат барои насли имрўзаву баъдина њифз мешавад. Ва агар ба таърихи фалсафаву адабиёт ва фарњанги миллати тољик нигарем бузургону донишмандони машњури он ба монанди Абурайњони Берунї, Абуабдуллои Рудакї, Абунасри Форобї, Муњаммад Закариёи Розї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Абуяќуби Сиљистонї, Саноии Ѓазнавї, Насириддини Тусї,  Фаридуддини Аттор, Љалолуддини Балхї, Мањмуди Шабистарї, Њофизи Шерозї, Шамсуддин Муњаммади Лоњиљї, Файзи Кошонї, Соиби Табрезї, Сайидои Насафї, Њаким Сафо, Ѓолиби Дењлавї ва дигарон бо осори гаронбањояшон тариќи зањматњои олимону муњаќќиќони шинохтаи тољик то имрўз ба хонандаи муосир муаррифї шудаанд. Яке аз ин муњаќќиќони шоиста академик А.Бањоваддинов буд, ки дар тањќиќу баррасии таърихи фалсафаи тољик, намояндагон, замони зиндагї, сохти иљтимоиву сиёсї ва фарњангии он сањми арзандае гузоштааст.

Ба шарофати Истиќлолияти миллї ва зањмату талошњои Рањбари хирадманд, Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар  замони муосир осори ин шахсияти миллатдўсту ватанпарвар ва худшинос аз тарафи олимони тољик мавриди омўзишу тањлили васеъ ќарор гирифтаанд. Бахшида ба муносибати 90-солагии зодрўзи академик А. Бањоваддинов соли 2001 маљмуаи маќолањо чоп шуд, ки бо пешгуфтори муфассали олими шинохтаи тољик, шодравон Ѓ.Ашуров (ёдашон ба хайр) аз чоп баромада буд. Дар ин маљмуа маќолањои олимони тољик – Шарипов И.Ш., Муњаммадхољаев А., Олимов К., Сайфуллоев Н.М.,  Идиев Х. ва дигарон дар бораи њаёту зиндагї, фаъолияти илмї, љамъиятї-сиёсї, педагогї, маорифпарварї ва дигар љанбањои кору фаъолияти муњаќќиќи барљастаи таърихи фалсафаи тољик, академик А.Бањоваддинов ба табъ расидааст. Ба фикри олими сиёсатшинос, профессори шодравон Шарипов И.Ш. академик А.Бањоваддинов «поягузор, оѓозкунанда ва инкишофдињандаи фалсафаи замони нави тољик…буд». Муњаќќиќи таърихи фалсафаи тољик А.Муњаммадхољаев дар бораи хизматњои арзишманди академик А.Бањоваддинов навиштааст, ки «њосили зањмати бисёрсолаи худро дар китоби «Очерки по истории таджикской философии» (Сталинобод, 1961) љамъбаст намуда, нишон дод, ки афкори фалсафї ба таври умумї не, балки аз рўи љараёнњо ва таълимоти мушаххаси ба онњо иртибот дошта бояд омўхта шавад. Ин усули тањќиќ барои муњаќќиќони баъдина њамчун барномаи амал ва чароѓи њидоят хидмат намуд».

         Мувофиќи навиштаи А.Муњаммадхољаев ќисмати асосии ин китоб, пеш аз њама аз он иборат аст, ки устод А.Бањоваддинов раванди инкишофи афкори фалсафиро нишон дода, назарияњои фалсафии мактабу љараёнњои фалсафию аќоиди барљастатарин намояндагони онро ба таври айнї-таърихї тањлил намудааст. Ин тањќиќоти пурарзиш дар айни њол омўзишу баррасии таълимоти зардуштия, зарвония, аќидањои монавия, маздакия ва љањонбинии фалсафї-иљтимоии Абунасри Форобї, тањќиќи љањонбинии фалсафї-ахлоќии Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Абуњомид Ѓаззолї, Абулмаљдї Саної, Љалолуддини Балхї ва дигар ањли илму адаби тољику форсро фаро гирифтааст.

 Баъдан шогирдон ва пайравони роњу равиш ва усули тањќиќоти академик А.Бањоваддинов, махсусан М.Болтаев, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев,Н.Одилов, К.Олимов, Х.Додихудоев, А.Муњаммадхољаев, М.Раљабов, М.Њазратќулов, У.Султонов, М.Султонов, И.Зиёев, М.Мирбобоев, И.Умаров, Н.Арабзода, М.Рањимов ва дигар олимону муњаќќиќони тољик дар бораи љањонбиниву андешањои фалсафї, ирфонї, ахлоќї, иљтимої ва сиёсии ахтарони дурахшони илму фалсафа ва фарњанги тољик тањќиќотњои боарзише анљом дода, дастраси ањли илму адаб намуданд.   

Муњаќќиќони фалсафаи иљтимої Х.Идиев ва Ќ.Гиёев фикру андешањои академик А.Бањоваддиновро доир ба масъалањои иљтимоию сиёсї, махсусан маќолаи устодро «Оиди вањдати миллати тољик» мавриди  тањлилу баррасї ќарор додаанд. Муњаќќиќони номбурда арзиши баланди маќоларо ба назар гирифта менависанд: «Муњтавою сатњи илмии маќолаи мазкур имкон медињад, ки онро њамчун сарчашмаи боэътимоди бунёдї дар љодаи омўзиши омилњои ба вањдати миллати тољик мусоидаткунанда, имрўзњо низ истифода намуд», зеро ки масъалаи вањдат ва вањдати миллї яке аз масоили мубрами замони муосир мебошад. Доир ба андешањои миллї ва њифзу њимояти миллати тољик ва фарњангу тамаддуни он аз тарафи академик А.Бањоваддинов устод Кароматулло Олимов дар китоби хеш «Машъалафрўзони хирад» хеле васеътар гуфта гузаштаанд. Академик А.Бањоваддинов яке аз мутафаккирони вањдатгарои миллати тољик ба шумор меравад, ки имрўз мардуми тољик орзую хостањои ўро бо дастгирї ва зањматњои Рањбари давлатамон муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст оварданд.

Соли 2011 бахшида ба 100-умин солгарди академик А.Бањоваддинов олим ва муњаќќиќи варзидаи таърихи илму фарњанг ва фалсафаю ирфони тољик ва њамчунин муњаќќиќи њаёту фаъолият ва љањонбинии устод А.Бањоваддинов академик Кароматулло Олимов китоби «Машъали роњи хирад»-ро навиштанд, ки дар ин китоби мухтасар, вале хеле арзишманд пеш аз њама хидмати бебањои ўро дар таъсиси «Шуъбаи фалсафа» дар Академияи илмњои тозабунёди Тољикистон (соли 1951) ва «Кафедраи фалсафа» дар Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (њозира Донишгоњи миллии Тољикистон) судманду боарзиш донистаанд.

        Бояд ќайд намуд, ки маќолаи њозир асосан дар асоси тањлилу баррасии китобу маќолањои устоди муњтарам Кароматулло Олимов навишта мешавад, бо умеди он ки фаъолияту маќом ва арзиши хизматњои академик А.Бањоваддинов дар таърихи илму адаб, махсусан таърихи фалсафаи тољик ба хонандаи умум боз њам рушантару возењтар нишон дода шавад. Мувофиќи навиштаи устод Кароматулло Олимов  А.Бањоваддинов аввалин нафаре буд, ки дар байни файласуфони тољик ва Осиёи Миёна ба унвони номзади илмњои фалсафа сазовор гардидааст. Рисолаи номзадии ў дар бораи «Донишномаи»-и Абуалї ибни Сино буда, аз тарафи Шурои илмии Институти фалсафаи Академияи илмњои Узбекистони Иттињоди Шуравї бањои арзанда гирифта буд. Пас аз чањор сол устод А.Бањоваддинов рисолаи доктории хешро дар мавзўи «Афкори иљтимоию сиёсии халќи тољик дар нимаи дуюми ќарни ХIХ ва ибтидои ќарни ХХ» дар њамин Шурои илмии дар боло номбурда дифоъ намуда, соњиби унвони доктори илмњои фалсафа шуда буданд. Чунонки муњаќќиќ К.Олимов мефармоянд, пас аз таъсис ёфтани Академияи илмњои А.Бањоваддинов узви вобастаи он шуда, мудирияти Шуъбаи фалсафа ва њамзамон рањбарии кафедраи фалсафаи ДДТ ба номи В.И. Ленинро ба уњда мегирад. Устод Кароматулло Олимов менависад: «Ин ду муассисаи илмї ва таълимї, ки устод аз таъсисдињандагони он буд, наќши равшане барои тарбияи файласуфони љумњурї бозиданд. Аксар файласуфони калонсол ва миёнсоли  имрўзаи мо, ё шогирдони бевоситаи ў буданд ва ё бо ёрию мадади вай мароњили душвори илмиро тай намудаанд». А.Бањоваддинов, тибќи навиштаи К.Олимов, ки худ яке аз шогирдони устод буданд, аз тамоми љумњурињои Осиёи Миёна шогирд дошта, кумаки худро аз онњо дареѓ надоштааст. Аз ин љо, ин олими равшанфикру сиёсатмадор дар Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Туркманистон шуњрату эњтироми хосаеро сазовор гардида буд. Бинобар ин «А.Бањоваддиновро метавон аз устоди файласуфони кишварњои Осиёи Миёна номид». Дар «Машъали роњи хирад» омадааст, ки устод А.Бањоваддинов аз тамоми соњањое, ки кор ва тањќиќ намудааст, ба фалсафа ва таърихи он дилбохтагии хосе дошт ва ў бо унвони файласуфи маъруфи Иттињоди шуравї машњур гашта буд. Чунки номи ин ходими барљастаи илм вирди забони тамоми ањли илму адаби Шуравї буд ва имрўз њам ў мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тољик  мебошад.    

Дар идомаи андешањои хеш устод Кароматулло Олимов таъкид менамояд, ки А.Бањоваддинов нахустин муњаќќиќи даќиќназаре буд, ки ба тањќиќи масъалањои муњимтарини фалсафаи замон, махсусан таърихи фалсафаи тољик пардохта, проблемањои мубрами онро муайян намуда, ба инкишофу омўзиши минбаъдаи ин соњаи илм восита гардид. Давомдињандагони кору фаъолият ва роњу равиши ин фарзанди вафодори миллат олимони номдори тољик М.С. Осимї, Ѓ. Ашуров, М. Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон дар ташаккулу васеъ намудани доираи «Шуъбаи фалсафа» ва табдили он ба «Институти фалсафа…», њамчунин шуъбањои он ва тањќиќи омўзиши самтњои мухталифи фалсафа ва таърихи он саъю талош намуданд. Тањќиќотњои онњо ва дигар олимони тољик рўи таърихи фалсафаву ирфон, таълимоти илмї-табиатшиносї, иљтимої-ахлоќї, сиёсиву давлатдорї, маорифпарварї  ва таърихи бою фарњанги воло доштани миллати тољикро ба љањониён бори дигар муаррифї намуданд.

Академик Кароматулло Олимов ба асари барљастаи устод А.Бањоваддинов «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик», ки дар соли 1961 (ба забони русї) ба табъ расидааст, бањои баланд дода, арзиши онро дар ташаккулу такмили илми фалсафаи тољик ва Осиёи Миёна аз љињати баён ва масъалагузории таърихї ва роњу усули тањќиќ намунаи нав ва асари боэътибор, ки мавриди истифодаи васеи муњаќќиќон ва дўстдорони таърихи фалсафаи тољик ќарор гирифтааст, ба хонанда арзёбї намудаанд.

  Нуктаи муњиме, ки академик А.Бањоваддинов доир ба зарурати омўзиши фалсафа таъкид менамояд, ин аст, ки фалсафа мактаби бузурги тафаккур ва тафаккури фалсафї мебошад. «Миллатњое, ки файласуфони бузург надоранд, худшиносии дуруст њам надоранд. Миллатеро мањв карданї шаванд, илму фарњанги миллии ўро мањв мекунанд, ки унсури муњимтарини фарњанги ў забон ва тарзи хоси тафаккури ў мебошад Агар миллат тафаккури солим надошта бошад, ба гирдоби љањолат ѓарќ мешавад ва ба воситаи худситої чизи набудаи худро љуброн кардан мехоњад». Олими шинохтаи мо К.Олимов аз номи устод А.Бањоваддинов иќтибос оварда менависад, ки «ман ба таърихи фалсафа рў овардам, ки чї будану кї будани миллати худамонро фањмем ва љойгоњи гузаштагонамонро дар байни халќњову ќавмњои дигар муайян кунем, то ки миллати моро, чунон ки пантуркистон ва баъзе тољикони аз худ бегонашудаи дар хидмати дигарон ќарор гирифта инкор мекарданд, њамчун ятими аз кўчае ба як хона омада тасаввур накунанд»[6,5]. Ба ин хотир устод А.Бањоваддинов мардуми тољик ва ањли илму адабро ба ѓуруру номуси миллї доштан ва омўхтани таърихи фалсафаи хеш  даъват мекунад. Чунон ки дар «Машъали роњи хирад» омадааст, яке аз сабабњои асосии навиштани китоби «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик» - ин номусу њисси миллии устоди бузургворамон академик А.Бањоваддинов буд, ки ин дарси омўзандагию тарбиявї барои тамоми насли имрўзаву ояндаи мо мебошад.

Гуфтан мумкин аст, ки тавассути «Машъали роњи хирад» мо ба бисёр суханњои љавњардори устод А.Бањоваддинов, ки нисбати миллату фарњанг, худшиносиву њувияти миллї ва таъриху фалсафаи хеш гуфтанд, намедонистем, огањї пайдо кардем. Дар њаќиќат мебинем, ки дар замонњое, ки мо тањти тобеияти Иттињоди Шуравї будем, академик А.Бањоваддинов бо як шуљоатмандї ва садоќати ќалбї нисбати њувияту худшиносии миллии миллати хеш суханњои боарзишу дарднокеро гуфтааст. Аммо њамаи ин зањматњои устод то барњамхурии Иттињоди Шуравї ва ба даст овардани Истиќлолияти миллї ба таври ноаён пӯшида монда буд. Ва имрўз Истиќлолияти миллї бо сарварии Президенти кишварамон, ки ба олимону муњаќќиќони тољик «ин рўзњои орому осуда…сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллї, моил шудан ба зиндагии босаодати имрўза ва бунёди Тољикистони навин, ки ањли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад» имконият дод, ки пушолњоро аз болои ин дурдонањо бардоранд ва њаќиќати асли хостањои академик А.Бањоваддинов, академик М.С. Осимї, узви вобастаи АИ ЉТ Ѓ.Ашуров, академик М.Диноршоев ва дигар шахсиятњои барљастаи миллатро рўи об бароранд. Он замонњо мо љавонон дар хоби ѓафлате будем, ки на њувияту худшиносї ва на расму оин мешинохтем. Аммо мањз ба шарофати ба даст овардани Истиќлолияти миллї бо саъю талош ва зањматњои зиёди Рањбари кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон ва мардуми иродатманди он миллати тољик аз хоби тулонї бедор шуд ва ба њувияту худшиносии миллї ва фарњангу суннати хеш рў овард. Чунонки Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз суханронињои худ дар маљлиси ботантанаи бахшида ба рўзи Истиќлолият гуфта буданд: «Худшиносї дар таълимоти бузургонамон маънои мањдуди фардиро не, балки моњияти васеъ ва њатто кайњониро дорад; манзур маќому манзалати инсонии худро дар пайвастагї бо решањои таърихї, бо сарнавишти миллату халќи худ ва бо ањли башар дарк кардан аст». Академик Кароматулло Олимов муборизањои устод А.Бањоваддиновро бар хилофи муњаќќиќони Ѓарб, махсусан Карл Форлендер, ки гуфтааст: «Халќњои Шарќ ќобилияти тафаккури илмї надоранд, тафаккури онњо сахт ранги дин дорад ва љањонбинии онњоро тањќиќ кардан зарурате надорад» оварда менависад А.Бањоваддинов саъй менамояд собит кунад ба онњо, ки «дар њамон давраи ќадим њам ба мутафаккирони тољику эронї андешањои материалистї ва тахминњои диалектикї хос буданд». Ва њамчунин устод А.Бањоваддинов исбот мекунад, ки «фалсафаи гузаштаи халќи мо комилан динї набуда, дар он андешањои илмї ва њатто материалистию атеистї вуљуд доштанд». Ин њиссу самимияти фарњангпарварї, ватандўстї, миллатдўстї ва њифзкунии фарњангу тамаддун ва гузаштагони миллати хеш аз љониби академик А.Бањоваддинов дар маќолаи дигари устод Кароматулло Олимов «Академик Бањоваддинов А.М. – муаррихи бузурги таърихи фалсафаи тољик» мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифтааст. Муаллиф менависад, ки «чи аз муќаддимаи тарљумаи русии «Донишнома», чи аз «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик» ва чи аз маќолањои ба Ибни Сино бахшидаи А.М.Бањоваддинов дар баробари тањќиќи њаќиќатнигарона, воќеъбинона ва беѓаразона њисси ифтихори миллии муњаќќиќ аз ин мутафаккири оламшумул баралоина ба назар мерасад». Дар идомаи тањлилњои хеш устод Кароматулло Олимов  мефармояд, ки Ибни Сино дар тањќиќу омўзиши академик А.Бањоваддинов намунаи барљаста ва љомеи хиради миллї, осори ў љамъбасти андешањои фалсафии юнонї, махсусан арастуї дар заминаи андешањои хоси миллї низ мебошад. Донистани љањонбинї ва афкори амиќи Абуалї ибни Сино њамчун як инсони комил пеш аз њама ба устод А.Бањоваддинов имконият медињад, ки олами ботинї ва рўњи ўро дарк карда тавонад.

Муаллифи «Машъали роњи хирад» сањми академик А.Бањоваддиновро дар тањлилу тањќиќи мактабу љараёнњои бузурги афкори фалсафї машшоия, исмоилия, калом, тасаввуф ва намояндагони онњо дар мисоли Абунасри Форобї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Фахруддини Розї, Саъдуддини Тафтазонї, Саноии Ѓазнавї, Фаридуддини Аттор, Љалолуддини Балхї  нињоят бузург дониста менависад, ки ў «бо диди тоза ва далелњои муътамади илмї ба доираи тањќиќ гирифтааст». Ва таваљљуњи бештари устод А.Бањоваддиновро ба мактаби машшоъ низ ќайд намуда, менависад, ки «намояндагони он барои пешрафти илмњои табиатшиносї ва фалсафаи он хидмат карда, ба фалсафаи љањонии асрњои миёна таъсири амиќ гузошта буданд».

Дар «Машъали роњи хирад» як нуктаи муњими андешаи академик А.Бањоваддинов нисбати пайдоиш ва моњияти љараёни исмоилия баррасї шудааст, ки устод А.Бањоваддинов, ба фикри муаллифи китоб, воќеъбинона ва комилан далелнок ба ин љараёни фалсафї - иљтимої ва ахлоќї муносибат намуда, менависад, ки исмоилия на танњо василаи муборизаи дењќонон бар зидди истисмори бегонагон, балки ангезаи аристократияи мањалли бар зидди хилофат ва истилои арабњо буд.

Устод А.Бањоваддинов дар љараёни тањлилу баррасии таълимоти исмоилия дар мисоли «Ихвон-ус-сафо» ба хулосањое омадааст, ки онњо дар масоили мантиќ ва илмњои табиї тањти таъсири Арасту ќарор доштанд. Вале назарияи адад ва таълимоти онњо оид ба судур ба таълимоти навпифагориён ва навафлотуниён, аќидаи онњо дар бораи коинот ба пайравии донишманди Юнони ќадим Птоломей (номи асараш «Ал-Маљастї»)  ва дар антропология ва тиб дар пайравии Љолинус (Гален) асос ёфта буд. Устод Олимов, аќидаи А.Бањоваддиновро дар бораи исмоилия тањлилу баррасї намуда менависад, ки бањои ў ба исмоилия аз љињати илмї хеле асоснок буд. Муњаќќиќони баъдї, аз зумраи Х.Додихудоев, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, Н.Арабзода, Р.Назариев, Т.Муродова, Ф.Дафтарї, С.Љонбобоев, Ш.Бандалиева, И.Ќурбоншоев ва дигарон кори устодро дар ин самт идома дода, рисолањои номзадию докторї дифоъ намуданд ва њамчунин китобу маќолањои зиёде навиштаанд. Аз хулосабарорињои муњаќќиќи барљастаи таърихи фалсафа А.Бањоваддинов нисбати мутафаккирони гузашта ва махсусан исмоилия бармеояд, ки ў дар њаќиќат як шахсияти тинатрӯшану њаќиќатбаён буд, ки дар «љустуљуи мабдаъ ва асли андешањо дар таърихи афкори  ќадимаи  халќи тољик мебошад». Бояд гуфт, ки мо рўи шахсияти устод А.Бањоваддинов ба шарофати тањќиќотњои академик Кароматулло Олимов боз њам бештар шинохт пайдо кардем. Академик К.Олимов саъй намудааст, ки нуктањои муњими љањонбинии фалсафї-илмии ўро ба хонанда муаррифї намояд ва маќоми устодро дар баррасию тањќиќи таълимот ва осори гузаштагонамон сањењтар нишон дињад. Махсусан тањлилу баррасии таълимоти фалсафии файласуфи бузург Абунасри Форобї ва хидматњои ў дар инкишофи илму фалсафаи асрњои миёнаи тољику форс аз тарафи А.Бањоваддинов як кори бузурге буда, дорои арзиши хосе аст. Шарњу тавзењи китоби «Эњсо-ул-улум»-и Абунасри Форобї ва ба таври мухтасар, вале боварибахшона таснифи илмњо дар асоси ин китоб як хизмати боарзише барои олимони њамонваќта ва минбаъдаи тољик аст. Њамчунин хидмати дигари устод А. Бањоваддинов дар тањќиќи љањонбинии фалсафї, иљтимої ва ахлоќии асрњои ХVIIХ низ нињоят арзанда буд. Вай «хусусиятњои афкори фалсафию иљтимоии ин асрњоро  дар мисоли андешањои Камолиддини Биної, Сайидои Насафї, Зайниддин Мањмуди Восифї, Бадриддини Њилолї, Абдулќодири Бедил ва дигарон» намуда, љањони маънавї ва иљтимоии онњоро дар таърихи илму фарњанг ва адаби тољик нишон дод. Академик А.Бањоваддинов дар тањлилу баррасии маорифпарварии асри ХIХ, махсусан асосгузори  он Ањмади Дониш сањми бузурге гузоштааст. Ў наќши Ањмади Донишро дар пешрафти таълимоти  иљтимоию сиёсї, илмї ва маорифпарварии он давра муайян намуд.

Мувофиќи баррасии устод Кароматулло Олимов, тасаввуф аввалин бор дар Тољикистон, аз тарафи академик А.Бањоваддинов тањќиќ шуда, ба сифати «як љараёни фалсафї-динї… мураккабии таълимоти тасаввуф ва ањамияту наќши онро дар ривољи озодфикрї нишон дод»[6,10]. Омўзишу баррасињои мухтасар дар бораи  Муњиддин ибни Арабї, Муњаммад Ѓаззолї, Саноии Ѓазнавї, Фаридаддини Аттор ва дигар мутафаккирони тасаввуф роњу равиши тањќиќи баъдинаи ин љараёнро муайян намуданд. Азбаски дар замони Шуравї системаи коммунистї нисбати ислому тасаввуф шаддидан манфинигар буд, кори осон набуд, ки дар атрофи ин масоили муњими маънавї-ахлоќї ва иљтимої, махсусан мутафаккирони исломї тањќиќ бурд. Бинобар ин чунон ки академик Кароматулло Олимов менависад: «Оѓози тањќиќи тасаввуф аз љониби устод Бањоваддинов А.М. љасорати илмию фалсафї буд, ки то он ваќт ба сабаби мањдудиятњои сиёсию идеологї то њадде душвор  буд». Ба њар њол устод А.Бањоваддинов дар ин самт низ барои муњаќќиќони замони хеш ва оянда роњ кушод, ки то имрўз олимони тољик Н.Ф.Одилов, К.Олимов, А.Муњаммадхољаев, М.Њазратќулов, Т.Муродова, М.Шамсов, И.Зиёев, Х.Зиёев, Н.Н.Содиќї, М.Т.Мањмадљонова ва дигарон дар бораи тасаввуф ва ирфон тањќиќотњои  зиёде анљом доданд. Хотирнишон намудан зарур аст, ки дар замони муосир њатто диди дунё нисбат ба тасаввуфу ирфон   ба таври мусбат тамоман дигар шуд ва дар бисёр кишварњои хориљ марказњои омўзиши тасаввуфу ирфони тољик амал мекунад.

Тањќиќоти дигари устод Кароматулло Олимов  «Машъалафрўзони хирад» мебошад, ки идома ва пурракунандаи тањќиќотњои пештараи ў дар бораи ду ходими намоёни илму тамаддуни миллати тољик академикњо А.Бањоваддинов ва М.С.Осимї мебошад. Устод дар муќаддимаи ин китоб навиштаанд, ки «зиндагии шахсиятњои бузурги миллат ва давлатро донистан на танњо нишонаи арљгузорї ба зањмати онњо, балки мактаби ибрат барои имрўзиёну фардоиён мебошад. Он дарси мубориза барои њаќиќат, адолат ва костан аз зиндагии худ барои баќои умри миллат аст». Устод К.Олимов дар ин асари хеш бештар рўи фаъолияти сиёсї, фарњангї ва илмии академик А.Бањоваддинов таваљљуњ намудааст.

Боби якуми китоб «Асосгузори мактаби навини фалсафаи тољик» мухтасари шарњи зиндагии академик А.Бањоваддиновро дар бар гирифтааст, ки ў дар таърихи афкори илмї, иљтимої ва сиёсии халќи тољик наќши бузург бозидааст. Чунонки муаллиф менависад дар солњои 20-30-ми асри гузашта дар баробари дигар зиёиёни фаъолу ватанпарасту миллатдўсти тољик, ба монанди устодон С.Айнї, Б.Ѓафуров, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Ѓ.Ашуров, Ш.Соњибов, Б.Файзуллоев, И.Нарзиќулов, М.Нарзиќулов, А.Бурњонов, М.Ќосимов, Х.Мирзозода, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон устод А.Бањоваддинов дар пешрафти илму фарњанги тољик ва њимояти миллати тољик аз   бадандешону тавњинзанони шахсият ва њувияти миллии он хизмати шарафмандонае намуданд.

Мувофиќи маълумоти устод К.Олимов Алоуддин Бањоваддинов дар шањри Самарќанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Бинобар ин барои пешрафт ва шахсияти барљастаи илмї-иљтимої шудани вай аз як тараф заковату зањматдўстии худи он кас сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар муњити хонаводагии аристократї ва аз тарафи сеюм муњити иљтимої-фарњангии шањри Самарќанд, ки асрњо дорандаи суннатњои бењтарини илмию фарњангии халќи тољик буд, бе таъсир намондааст. Устод А.Бањоваддинов дар ибтидо дар Институти маорифи Самарќанд тањсил намуда, пас аз хатми он дар Омўзишгоњи санъат ва баъдан дар Техникуми омўзгории он љо кор мекунад. Донишу истеъдоди фавќулода ва зењни тез ба ў имконият медињад, ки соли 1931 факултети табиатшиносию риёзии Академияи омўзгории Самарќандро бо муваффаќият хатм кунад. Бо туфайли донишу истеъдоди хуб ўро иљрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи психология таъин мекунанд ва фаъолияти илмї-тањќиќии ў низ шуруъ мешавад. Омўзишу тањќиќи њаёту замони зиндагї ва фаъолияти илмию фарњангии шахсиятњои бузург моро аз як тараф ба бедории фикрї ва аз тарафи дигар ба фарњангу тамаддуни ќадимаву гузаштаи наздик ва имрўза њамчун як намунаи дарси ибрату омўзиш ва пайравї аз онњо мегардад.

Академик А.Бањоваддинов дар айни замон ҳамчун як устод, омўзгор, равоншинос ва педагоги содиќ буданд ва он кас фаъолияти ибтидоии хешро аз таълиму тарбия шуруъ намудаанд. Муњаќќиќ К.Олимов дар боби «А.Бањоваддинов-педагог ва ходими љамъиятию сиёсї» менависад, ки «ба масъалањои педагогика ва равоншиносї машѓул шудани устод ба мантиќи зиндагии сиёсию иљтимоии нав ва зарурати тањаввулоти фарњангї ва ташаккул додани љањонбинии нав вобаста буд». Мувофиќи маълумоти К.Олимов устод А. Бањоваддинов дар бораи педагогика ва равоншиносї маќолањои зиёде навиштанд ва њатто як монографияи ба нашр нарасидае бо номи «Масъалањои асосии робитаи мутаќобилаи мактаб ва оила дар Тољикистон» (дар гузашта ва имрўз) доштаанд, ки ба охири солњои сиюм тааллуќ дорад. Аз ин љо, мебинем, ки устод А.Бањоваддинов на танњо дар соњаи илму фалсафаю фарњанг ва сиёсат зањмат кашиданд, балки дар соњаи маориф, педагогикаю психиология ва тарбияи оилаву кадрњои миллати хеш низ хизмати шоиста намуданд. Натиљаи кори илмї ва тарбиявии устод А.Бањоваддинов пеш аз њама ин олимон ва муњаќќиќони насли калонсоли кишварамон мебошад, ки аксари онњо устодон ва ходимони илму адаб ва фарњанг, аз љумлаи М.Осимї Ѓ. Ашуров, М.Раљабов, И.Шарипов, М.Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев, Н.Одилов, А.Муњаммадхољаев, М.Њазратќулов, М.Шамсов, А.Шарипов М.Мирбобоев, Н.Ќулматов, М.Рањимов У.Султонов ва бисёр дигарон буданд ва њастанд. Онњо ё шогирд ва ё таълимгирифта ва ё бањра бурда аз суњбату таљрибањои кори устод ва мутолиаи осори ў мебошанд, ки њам аз љињати илму маърифат, њам аз лињози роњбариву сиёсатмадорї ва њам аз љињати маънавї шахсиятњои бузург буданд ва њастанд ва то имрўз шогирд ва ањли илму адаби зиёдеро тарбия намуда, дар роњи илму адаб ва таълиму тарбияи инсонњо сафарбар намуданд.

Академик А.Бањоваддинов, чунонки устод Кароматулло Олимов мефармояд ба монанди Бобољон Ѓафуров, Абдулѓанї Мирзоев, Муњаммад Осимї, Ѓаффор Ашуров, Мусо Диноршоев як шахсияти нотакрори илму фарњанг ва адаби тољик дар ќарни бист буд. Ва ин арбобони илму фарњанг ва давлату миллат њамеша дар ќалбњои ањли илму њикмат ва мардуми тољик бо хотираи нек боќї мемонанд ва боќї хоњанд монд.

АКАДЕМИК А. БАХОВАДДИНОВ заслуженный

деятель ТАДЖИКСКОЙ НАУКИ

Муродова Тoджинисо

В статье рассматриваются статус и место ученого и достойного исследователя истории таджикской философии, академика А. Баховаддинова, жизненный путь и научный, философский, общественно-политический, педагогика-психологический просветительский и другие аспекты его творчества исследованы учеными М.Диноршоевым, И.Ш.  А.Мухаммадходжаевым, К.Олимовым, Н.М.Сайфуллоевым, Х.Идиевым, К.Гиеевым и другими исследователями. Академик А. Баховаддинов считается один из самых просвещенных, патриотически настроенных, и сплоченных таджикских ученых и мыслителей, боровшихся против пантюркизмов и других ненавистных народов таджикской нации за защиту ценностей богатой таджикской культуры, традиций , история и цивилизация. Этот почтенный и благородный деятель нации выступил против всякого рода клеветы и оскорблений таджиков и опроверг их обоснованными фактами и аргументами. Вклад академика А. Баховаддинова в изучение и анализ истории таджикской философии и ее преемников - Абу Насра Фароби, Абу Али ибн Сино, Носири Хусрава, Умара Хайяма, Мухаммада Газзали, Абулмажди Санои, Джалолиддина Балхи,  Абдурахмана  Джами  имеет большое значение и открыло большую дорогу для дальнейших таджикских ученых и исследователей.

ACADEMICIAN A. Bakhovaddinov OUTSTANDING WORKER

OF TAJIK SCIENCE

Murodova Tojiniso

The article examines the status and place of the scientist and valuable researcher of the history of Tajik philosophy, academician A. Bakhovaddinov, life and scientific, philosophical, socio-political, pedagogy-psychological, educational and other aspects of his work. researched by scientists M. Dinorshoev, I. Sh. Sharipov, A. Mukhammadkhojaev, K. Olimov, N. M. Saifulloev, H. Idiev, K. Giyoev and other researchers. Academician A. Bakhovaddinov is one of the most enlightened, patriotic, and close-knit Tajik scientists and thinkers who fought against the Pan-Turkists and other hated peoples of the Tajik nation for the protection of the values ​​of the rich Tajik culture , traditions, history and civilization. This respectable and noble leader of the nation spoke out against all kinds of slander and insults of the Tajiks and refuted them with well-grounded facts and arguments. The contribution of Academician A. Bakhovaddinov to the study and analysis of the history of Tajik philosophy and its successors - Abu Nasr Farobi, Abu Ali ibn Sino, Nosiri Khusrav, Umar Khayyam, Muhammad Gazzali, Abulmazhdi Sanoi, Jaloliddin  BalkhI and Abdurahmon Jomi a great road for further Tajik scientists and researchers.

АДАБИЁТ:

1.Эмомалї Рањмонов. Бо роњи вањдат ва бунёдкорињо. Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат. Љилди 2. Душанбе. «Ирфон», 2002.-512 с.

2.Идиев Х., Гиёев Ќ. Баррасињои Бањоваддинов А.М. аз масъалаи вањдати миллати тољик. Маљ.: «А.М.Бањоваддинов–поягузори тањќиќоти навини фалсафї». (Ба муносибати 90-солагии зодрўз). Душанбе, 2001. Нашрияи «Пайк».-С.81-83.-134 с.

3.Муњаммадхољаев А. А.М.Бањоваддинов ва омўзиши таърихи фалсафаи тољик. Маљ.: «А.М.Бањоваддинов-поягузори тањќиќоти навини фалсафї». Душанбе, 2001.-С.45-51.-134 с.

4.Олимов К. Андешањо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллї. Матбааи АИ ЉТ «Дониш». Душанбе, 2014.-405 с.

5.Олимов К. Тањќиќи масъалањои миллї дар асари А.М.Бањоваддинов. Кит.: «Машъалафрўзони хирад». Нашр.: «Дониш». Душанбе-2020.-216 с.

6.Олимов К. Машъали роњи хирад. Нашр.: «Маориф ва фарњанг». Душанбе, 2011.-46 с.

 

"Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайë созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосиро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеъа соҳиб шаванд"

Эмомалӣ Раҳмон.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун қувваи бузург баҳри пешрафти ояндаи миллат нақши арзишмандеро касб мекунанд. Маҳз дастовардҳои онҳо дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, илм, тандурустӣ варзиш ва саëҳӣ сол то сол меафзояд. Ҳамчунин дар зарфи 32- соли истиқлолият бо сиёсати оқилонаи сарвари давлат барои ҷавонон шароити хуб ва барои баланд бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва маърифати онҳо талошҳои худро карда истодаанд.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳукумати кишвар хусусан таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши ҷавонони замони истиқлол дар ҷомеа бевосита баланд гардида ҳавасмандгардонии онҳо ба корҳои ҷаъмиятиву чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва нақши онҳоро дар рушду пешбурди ободии кишвар афзун намуд.

Ҷавонон як рукни асосии пешбурди ояндаи давлату миллат буда, эътимоду боварии роҳбарияти кишвар нисбати ин қишри ҷомеа ниҳоят калон аст. Албатта ҷавонони озодандеш ва ватандӯсти кишвар насли хушбахтеанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба воя расидаанд. Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки саҳми ҷавонон маҳз дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва пешрафти соҳаҳои ҷаъмиятиву сиёсӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Маҳз такя намудани ҳукмати кишвар ба нерӯву тавони ҷавонон ба он хотир аст, ки онҳо метавонанд дар оянда меросбари асили арзишҳои милливу манфиатҳои давлатӣ гарданд.

Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои пайвастаи хеш иброз медоранд, ки "Мо ба неру ва тавоноии ҷавонони соҳибмаърифати зодаи истиқлол бовариву эътимоди зиёд дошта бовар дорем маҳз онҳо дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон ҳиссаи арзишманди худро хоҳанд гузошт" Маҳз таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аст, ки мо ҷавонон бояд бо камари ҳиммат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар таҳкими давлатдории кишвари азизамон нақши калидии худро гузорем.

Ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҷавонон дар сохторҳои мухталифи кишвар аз ҷумлаи иқдомҳои натиҷабахши роҳбарияти мамлакат аст. Ҳамчунин таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ва мукаммал намудани донишҳои сиёсии ҷавонон дар таҳкими давлатдории мо нақши муҳим мебозад. Тарбияи дурӯсти ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо дар муассисаҳои олии кишвар ба низоми давлатдории мо такони ҷиддӣ мебахшад. Маҳз ҷалби ҷавонон ба донишомӯзиву китобхонӣ ва сайқал додани донишҳои сиёсии онҳо аз ҷумлаи иқдомҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баргузор намудани озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ аз қабили озмунҳои ҷумҳуриявӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Тоҷикистон ватани азизам" аз ҷумлаи озмӯнҳоеанд, ки ба маърифат ва савияи дониши ҷавонон мусоидат менамояд.

Ҳукумати кишвар сол то сол нақши ҷавононро дар ҷомеа боло бурда, ҳамчун насли ояндадори даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ҳамасола ба ин муносибат дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷаъмиятӣ баргузор мегардад. Дар робита ба ин гуфтан зарур меояд, ки мо ҷавонон бо шукургузорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ эҳтиром гузошта бо тамоми неру ва тавони худ дар пешбурди тамомуларзии сулҳу суботи кишвар ҳиссаи арзишманди худро гузорем. Зеро сарвари давлат ҷавононро низ ояндасози миллат хонда ҳамчун неруи созанда баҳри пешрафти ободии кишвари хеш ба онҳо итминони комил доранд. Ба ин хотир мо бояд ба бовариву эътимоди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда буда кушиш намоем, ки бо таҳсилу кор ва фаъолияти худ сазовори ин эътимоду боварӣ дар назди Ватану миллат бошем.

МУҲАММАД Аминзод - сардори шуъбаи матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

ШОҲАСАРИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА ШУҲРАТИ ОН

“Тоҷикон” асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Эмомалӣ Раҳмон.

Паёми Сино

Паёми Сино

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.
                                                         (Ибн Сино)

«Паёми Сино» (Vestnik Avitsenny; Avicenna Bulletin) маҷаллаи тақризшавандаи дастрасии кушодаи платинӣ буда, дар он масъалаҳои афзалиятноки тибби амалӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон инъикос меёбанд...

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Президентҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

(Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон 1951-1991, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1991-2020) 

Айнӣ Садриддин Саидмуродович

Айнӣ Садриддин Саидмуродович (1878-1954). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 14 апрели соли  1951  то 15 июли соли  1954.

Умаров Султон Умарович

Умаров Султон Умарович (1900-1964). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 11 марти соли  1957  то 6 майи соли  1964.

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович

Осимов Муҳаммад Сайфиддинович (1920-1996). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон аз 23 майи соли  1965  то 6 майи соли  1988.

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич

Неъматуллоев Собит Ҳабибуллоевич (1937). Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон) аз 6 майи соли  1988  то 16 июни соли  1995.

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович

Мирсаидов Ӯлмас Мирсаидович (1945). Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 16 июни соли  1995  то 3 феврали соли  2005.

Илолов Мамадшо Илолович

Илолов Мамадшо Илолович (1948), Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 3 феврали соли  2005  то 6-уми декабри соли 2013.

Фарҳод Раҳимӣ

Фарҳод Раҳимӣ  (1968)  Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 6-уми декабри соли  2013  то 16 январи соли 2024.

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт

 

Хушвахтзода  Қобилҷон  Хушвахт (1982) Президенти Академияи  миллии илмҳои   Тоҷикистон аз 16-уми январи соли  2024  то инҷониб. Муфассал...

 

 

Суханҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба илм