Skip to main content

13124124123Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид ба масъалаҳои таълиму тарбия ҳамчун асоси ҳуқуқӣ ва маънавии рушди ҷомеа, яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Асосҳои ҳуқуқӣ ва маънавии таълиму тарбия дар Паём ба андешаи мо чунин унсурҳоро дар бар мегиранд:

Асосҳои ҳуқуқӣ ва методологӣ:

- таъкид ба муҳимияти қонунгузории миллӣ дар соҳаи илму маориф, ки рушди таълиму тарбияро таъмин мекунад;

- риоя ва татбиқи баробарии ҳуқуқ ба таҳсил ва илм барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа;

- ҳавасмандгардонии омӯзгорон, олимон ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии онҳо;

- таъмини дастрасӣ ба навовариҳои илму техника ва технологияҳои муосир;

- бозбинии сохторҳои муассисаҳои соҳаи илму маориф, пеш аз ҳама ба сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани функсияҳои назоратии маориф ва аттестатсионикунонии кормандони илмӣ (ба андешаи мо дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташкилотҳои мавҷуда, таъсис додани сохторҳои алоҳидаи агентии назорат дар соҳаи илм ва маориф ва комиссияи олии аттестатсионӣ);

- таҳия ва дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани барномаҳои ягонаи литсентсиякунонидашудаи «Антиплагиат» ва пешбинӣ намудани гузаронидани онҳо танҳо аз ҷониби муассисаҳое, ки дар назди онҳо шуроҳои диссертатсионӣ таъсис дода шудаанд ва дар ҳолати истисноӣ аз ҷониби агентии назорат дар соҳаи илм ва маориф;

- таҷдиди назар намудани санадҳои меъёрии ҳукуқӣ дар соҳаи илм, аз ҷумла ба андешаи мо: «Дар бораи Низомномаи шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ, Тартиби додани унвонҳои илмӣ ва Тартиби бақайдгирии давлатии диссертатсияҳои ҳимояшуда», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267 тасдиқ шудаанд ва бе асосҳои зарурӣ тез-тез иваз намудани муқарраротҳои онҳо, ки ба пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ монеа мшаванд;

- таҷдиди назар намудани “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 - 2030”.

Асосҳои маънавӣ:

- тарғиби арзишҳои миллӣ, ватанпарастӣ ва фарҳангӣ дар равандҳои таълиму тарбия;

- мустаҳкам намудани рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ миёни ҷавонон;

- ахлоқи ҳамида, ҳисси масъулият ва тарбияи насли дорои маънавиёти баланд;

Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ҳамеша ба рушди соҳаи маориф, илм ва маънавиёти ҷомеа ҳамчун кафили устуворӣ ва ояндаи миллат аҳаммияти махсус медиҳанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, рушди илм ва маориф ҳамчун яке аз самтҳои стратегии давлат таъкид гардидааст. Мазмуни асосии суханрониҳои марбут ба ин соҳа ба беҳтар намудани низоми таълим, рушди таҳқиқотҳои илмӣ ва омодасозии мутахассисони баландихтисос равона шудааст.

Нуктаҳои асосӣ дар соҳаи илму маориф дар Паём чунинанд:

- роҳбари давлат ҷавонони кишварро қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол номида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ватандӯст минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким бахшидани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд;

- рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;

- дар низоми таълимии муассисаҳои тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ равияи омода кардани барномасозон ва дигар ихтисосҳои зарурӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва барномасозӣ;

- муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ;

- зарурати ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ, андешадани чораҳои қатъӣ ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаву барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон;

- эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат мебошад;

- рӯй наоварадани тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф, миллатро дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда меоварад.

Вобаста ба ин нуктаҳо ба омилҳои зерин бояд таваҷӯҳ зоҳир намуд:

Муҳимияти илм ва маориф дар рушди ҷомеа: - илм ва маориф ҳамчун асоси пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар арзёбӣ мегардад; - таъкид ба зарурати омодасозии насли наве, ки дорои дониши замонавӣ ва қобилияти ҳалли мушкилоти муосир бошад; - омӯзиши забонҳои хориҷӣ; - омода намудани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хории кишвар.

Инфраструктура ва сифати таълим:

- афзоиши сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои таълимӣ, таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтар барои омӯзгорон ва олимон;

- таъмин намудани мактабҳо бо технологияи муосир, интернет ва маводи таълимии мувофиқ.

Рушди илмҳои табиӣ ва гуманитарӣ: - таваҷҷуҳи бештар ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ ва инноватсионӣ;- њавасмандгардонии олимон барои гузаронидани таҳқиқотҳои дорои аҳаммияти миллӣ ва байналмилалӣ.

Баланд бардоштани сифати кадрҳо:

- ба роҳ мондани барномаҳои махсус барои омӯзгорон ва муҳаққиқон, аз ҷумла курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар хориҷи кишвар;

- ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти олӣ ва илмҳои таҳқиқотӣ тавассути барномаҳои грантӣ.

Арзишҳои миллӣ ва маънавият дар таълим:

- мувофиқ намудани мазмуни таълим ба арзишҳои миллии тоҷикона, фарҳанг ва анъанаҳои мардум; - парвариши ҷавонон бо рӯҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ.

Дар маҷмӯъ, Паём ба аҳаммияти илм ва маориф ҳамчун воситаи асосии ташаккули ҷомеаи пешрафта ва рақобатпазир таъкид мекунад. Президенти кишвар рушди ин соҳаҳоро на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти умумии ҷомеа медонанд.

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳҳои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шудааст. Президент муҳиммияти ин равандро ҳамчун асоси ташаккули шахсияти комил ва рушди устувори ҷомеа таъкид намуда, роҳҳои зеринро пешниҳод мекунанд, аз ҷумла:

1. Беҳтар намудани шароити моддӣ-техникӣ. - таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, аз ҷумла компютерҳо, интернет ва дигар василаҳои технологияи иттилоотӣ; - сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст барои фарогирии пурраи кӯдакон ба таҳсил; - мукаммалсозии китобхонаҳо бо адабиёти таълимӣ ва илмии муосир.

2. Баланд бардоштани мақоми омӯзгорон. - таъмини омӯзгорон бо шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани музди меҳнат; - ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, то ки онҳо бо методикаҳои замонавии таълим шинос шаванд; - ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии омӯзгорони фаъол бо мукофотҳо ва унвонҳои ифтихорӣ.

3. Муҳтавои таълим ва тарбия. - таҷдиди назар дар барномаҳои таълимӣ бо мақсади ворид намудани фанҳои нав ва мазмунҳои илмиву амалӣ; - таъкид ба тарғиби арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ дар мундариҷаи дарсҳо; - ҷорӣ кардани дарсҳои ахлоқ ва фарҳанг дар баробари илмҳои табиӣ ва техникӣ.

4. Ҷорӣ намудани технологияи инноватсионӣ. - истифодаи усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла таълими интерактивӣ, онлайн-платформаҳое барои дарсҳо ва системаҳои рақамӣ; - ташкили барномаҳои таълимии рақобатпазир барои ҳамгироӣ бо низомҳои байналмилалии маориф.

5. Пешбурди таҳсилоти фарогир. - фароҳам овардани шароити баробар барои таҳсилоти ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла кӯдакони имконияти маҳдуддошта; - таваҷҷуҳи махсус ба фарогирии духтарон дар минтақаҳои дурдаст бо таълим.

6. Нақши тарбия дар рушди шахсият. - ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, эҳтироми қонун ва фарҳанг дар байни ҷавонон; - таъкид ба нақши оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ дар раванди тарбияи ахлоқӣ ва маънавии наврасон; - ҷорӣ кардани чорабиниҳои тарбиявӣ, ки ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароиро тақвият медиҳанд.

7. Ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ. - густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии маориф барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафта; -фароҳам овардани имкониятҳо барои таҳсили ҷавонон дар донишгоҳҳои хориҷӣ.

Дар маҷмӯъ, Президент таъкид мекунанд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия бояд якҷоя бо оила, ҷомеа ва давлат амал карда шавад. Ҳадафи асосӣ омода намудани насли нав бо дониш, маърифат ва ахлоқи баланд барои ҳалли мушкилоти ҷомеаи муосир мебошад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн, доктори илмҳои ҳукуқшиносӣ, дотсент Мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон