Ба ифтихори оғози таҷлили 21 март- Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо
Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон замоне тарҳрезӣ шуд, ки ба дӯши ҳамватанони мо ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил гардида, гузашта аз он роҳҳои раҳоии мамлакат аз буҳрони сиёсӣ барномаи мукаммали дипломатиро иқтизо менамуд. Хушбахтона, чунин барномаи мукаммали сиёсӣ ва дипломати аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеаи мо ва ҷаҳониён муаррифӣ гашт.
Айни замон бо густариш ёфтани раванди ҷаҳонишавӣ дар минтақаву ҷаҳон ва тарҳрезии барномаҳои гуногуни хатарзо бобати кам кардани насли башар дар дунё, коршиносон авзои геополитикии ҷаҳонро ҳамчун вазъияти мураккаб арзёбӣ мекунанд. Сарвари давлати тоҷикон авзои кунунии ҷаҳонро дар Паёми навбатии худ чунин тавзеҳ додаанд: “Вазъи ноором ва равандҳои пуртазоду мураккаб дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ доранд, ҳамоно боиси нигаронӣ мебошанд. Гузашта аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ ҳанӯз дар масири дарёфти роҳҳои муносиби ҳалли хавфу таҳдидҳои глобалии марбут ба тағйири иқлим қарор дорад. Бо дарназардошти ин омилҳо, моро зарур аст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ саъю талошамонро дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба тақвият диҳем” [4, с. 31].
Аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли кишвар масоили беҳбудии шароити кору зиндагӣ ва баррасии мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шакли муайяни сиёсати беҳбуд бахшидани вазъи дохилӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша пайгирӣ ва таҳияву татбиқ намудааст. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрию баромадҳояшон дар мавриди рисолати воқеии инсони муосир дар ҷомеа фикру андешаҳоро бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ иброз намуда, таъкид менамоянд, ки дилхоҳ мушкилоти ҷаҳон хоҳ нохоҳ ба ҳар як кишвари дунё таъсир хоҳад расонид .
Ҳанӯз аз ибтидои даҳсолаи охири садаи сипаришуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи интихобкардаи Президенти мо, ки шахсияти таъсиррасон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ дар олам маҳсуб мегарданд, махсусан, вижагиҳои хосси ибтикоронаву ташаббускоронаи Пешвои миллатро бобати ҳалли норасоии об, пешгирӣ аз обшавии пиряхҳо, дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ба ҳайси ҷашни байналмилалии оғози баҳор ва амсолашон, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод ва бо ин васила ҳусни эътимоди давлатҳои дуру наздик бо Тоҷикистон қавитар гардид.
Сарвари давлати мо шахсияти сулҳофар ва ҳамзамон, меъмори сиёсати хориҷии мутавозин ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон аст. Бинобар ин, ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки меъмори чунин давлате бо сиёсати дарҳои боз танҳо инсони фавқуллода шуда метавонист, ки худро ҷиҳати татбиқи ормонҳои миллӣ бахшида бошад. Заминаи ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафу самтҳои асосӣ, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои дарозмуддати миллиро муайян мекунад, маҳз тавассути лаёқати камназири Пешвои миллат ташаккул ёфтааст.
Яке аз муҳаққиқони сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни баррасии ташаббусҳою пешниҳодҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат ба чунин хулоса омадааст: “Ташаббус ва пешниҳодҳои мубрами байналмилалӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, бо дарназардошти вазифаҳои муштараки кишварҳои минтақа дар рафъи хатар ва таҳдидҳои муосири бавуҷудомада саривақтӣ ва воқеӣ мебошанд. Ташаббуси дигари муҳимми сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки Тоҷикистон ба кишвари пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим эътироф гардидааст” [1, с. 395].
Муҳаққиқон ва коршиносони соҳа инчунин сиёсати Сарвари давлатро дар масири сиёсати хориҷӣ таҳти унвони “Дипломатияи обии Эмомалӣ Раҳмон” баррасӣ карда, ибтикору ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти мамлакатро аз муваффақтарин падидаҳои ҷаҳонии созанда ва муфид барои башар гуфтаанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт асту бояд кулли инсоният аз захираҳои обӣ дар дунё баҳраманд бошанд, аммо норасоии об омили асосии муноқишаҳои байналмилалӣ гардидааст. Аз ҳамин хотир, ҷиҳати рафъи низоъҳо, ки марбут ба тақсимоти об мебошанд, боис ба пайдоиши доктринаҳои мухталиф дар ҷаҳони муосир шудаанд. Яке аз доктринаҳои мутааллиқ ба обба ғояи соҳибихтиёрии мутлақи давлат бар захираҳои обе, ки дар ҳудуди маъмурии он ҷорӣ мешаванд, асос ёфтааст. Моҳияти доктринаи дигар аз он иборат аст, ки захираҳои оби фаромарзӣ ба ҳамаи давлатҳои ҳавза тааллуқ доранд. Тибқи доктринаи баъдӣ, дилхоҳ минтақа ва ё ҳавза воҳиди ягонаи гидрологӣ маҳсуб мешаванд. Мутобиқ ба доктринаи минбаъда, давлатҳо ҳуқуқ доранд соҳибихтиёрии худро дар сарҳадҳои ҳудуди худ эҳтиром кунанд, аммо истифодаи об бояд бо талаботи оқилона барои истифодаи захираҳои об аз ҷониби дигар давлатҳои ҳавзаи обӣ маҳдуд карда шавад. Дипломатияи об, ки аслан, гидродипломатия мебошад, дилхоҳ кишварро водор хоҳад кард, ки бобати тақсимоти обу захираҳои обии кураи Замин адолати инсониро дар мадди аввал бигзоранд. Муҳаққиқи варзидаи тоҷик Рамазон Раҳимзода дар ин радиф қайд менамояд, ки “талошҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тақсими одилонаи захираҳои обӣ дар байни кишварҳои минтақа хеле таъсиргузор буда, ҳангоми суханрониҳояшон омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати истифодаи оби кӯли Сарез барои ҳамаи кишварҳои минтақа борҳо иброз доштанд, ки аз сиёсати инсондӯстонаву сулҳпарваронаи Сарвари давлат ва хизмати шоистаи ӯ барои тамоми мардумони минтақа буда, ғамхории доимӣ нисбат ба сарнавишти инсоният ва мардуми ҷаҳон як самти фаъолияти рӯзмарраи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст” [1, с. 397]. Яъне , дар ин қарина Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки ғояи тақсими одилонаи обро пешниҳод намудааст.
Имрӯз дипломатияе, ки хосси Сарвари давлат буда, бо номи дипломатияи сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мешавад, дар заминаи сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон падид омада, дар се даҳсолаи садаи XXI густариш ёфтааст. Илова бар ин, давлатҳои дигари ҷаҳон низ ба пешбурди сиёсати хориҷӣ дар соҳаи об таваҷҷуҳ намуда, бобати падид омадани гурӯҳи давлатҳои “дӯстони об” ҷиҳати танзиму баррасии мушкилиҳои глобалӣ дар соҳаи об дар атрофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон муттаҳид шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқати ҳол бунёдгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва асосгузори дипломатияи об дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Ба қавли доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рамазон Раҳимзода омили асосии истиқбол гардидани ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Сарвари давлат дар он нуҳуфтаанд, ки онҳо бар нафъи башар хидмат намудаанд: “Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як нафар суолеро ба миён оварданаш мумкин аст, ки чаро маҳз ташаббусҳое, ки Сарвари ин кишвар пешниҳод менамояд, якдилона қабул мешаванд? Ҷавоб метавонад чунин бошад, ки пешниҳоду ташаббусҳои Тоҷикистон на барои як кишвар ё минтақа ва ё миллат, балки ба нафъи аҳли башар, таъмини мувозинати ҳаёту табиат ва амнияти сайёра нигаронида шуда, аз ҷониби шахсияте чун чеҳраи намоёни сиёсати ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд, ки амалаш бо қавлу иродаи устувораш асос меёбад” [1, с. 409].
Нақши Пешвои миллат дар роҳандозӣ шудани сиёсати хориҷии кишвар хеле густурда ва бағоят камназир аст. Рамазон Раҳимзода зимни баррасӣ ва таҳқиқи сиёсати хориҷии кишвар иброз медорад, ки Эмомалӣ Раҳмон поягузори мактаби нави дипломатӣ мебошад: “Дар солҳои истиқлоли давлатӣ сиёсати хориҷии Тоҷикистон зери сарварии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд ёфт, ки дар он хизмати Пешвои миллат ҳамчун асосгузори мактаби дипломатияи навини тоҷик бисёр ҳам назаррас мебошад. Рушди минбаъдаи сиёсати хориҷӣ, ки дар он дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии дохилии кишвар нақши хосса дорад ва аз татбиқи муваффақонаи консепсияи сиёсати хориҷии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад” [1, с. 405].
Он солҳои мудҳиш барои шаҳрвандони ҷумҳуриамон зарурати муаррифии кишвар дар сатҳи байналмилалӣ чун давлати мустақил дар харитаи сиёсии ҷаҳони муосир ва таҳияву татбиқи созишномаҳои дутарафа бо кишварҳои дуру наздик пайдо шуда, ҷиҳати роҳандозӣ шудани ормонҳои миллӣ ниёз ба Сарвари пуркору доно ва хирадпешае пайдо гардид. Аз ҳамин хотир, ворид шудани Пешвои миллат ба сиёсати ҷаҳонӣ ва нақши ӯ дар таҳия ва шаклгирии фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон лозим ба ёдоварист, чунки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат давлати мо аз ҷанги таҳмилӣ хориҷ гардида, роҳи сулҳу суботро барои хеш интихоб намуд. Рамазон Раҳимзода бобати он рӯзҳои басе нигаронкунанда ва мушкилзо таваққуф намуда, иқрор менамояд, ки бузургтарин дастоварди сиёсии тоҷикон истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ аст. Номбурда нақши Сарвари давлатро ба ҳайси татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ зикр намуда, бар ин бовар аст, ки агар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори муваффақ намебуд, мо айни замон дар дӯстию рафоқат ва осоиш зиндагӣ намекардем: “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои томаш зодаи даврони истиқлол аст, ки тарроҳи он сиёсатмадори пуртаҷриба, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маълум аст, ки барқароркунии робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо кишварҳои дуру наздик ва муаррифӣ намудани кишварамон ҳамчун давлати мустақил яке аз масъалаҳои муҳимми давлатсозӣ ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб мерафт ва имрӯз низ чунин аст” [1, с. 386].
Бояд мутазаккир шуд, ки бобати муаррифии кишвари тоҷикон ба ҷаҳониён нақши Конститутсия бағоят бузург мебошад. Чунки маҳз тавассути ин ҳуҷҷати асосии кишварҳо ҷаҳониён дарк намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати мустақили минтақа аслан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аст ва Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия таҳия ва ба тасвиб расидааст. Айни ҳол, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст, чунки раванди ноилшавии миллати мо бо раҳбарии Пешвои муаззами миллат ба сулҳу осоиш гувоҳӣ медиҳад, ки давлати мо дар тӯли сӣ соли ахир озмоиши басе гарону мушкилзоро паси сар намудааст. Бинобар татбиқи сиёсати “дарҳои боз” давлати мо равиши хосси дипломатияи худро дарёфта, айни ҳол, дар арсаи байналмилалӣ ба ҳайси як кишвари пешсаф ва пешбарандаи ташаббусҳои аҳаммияти глобалидошта эътироф гардидааст. Яке аз хусусиятҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати «Дарҳои боз»-и эълон намудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии “Дарҳои боз”-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро дар ин раванд имконпазир мешуморад. Бинобар ин, инчунин сиёсат яке аз роҳҳои баҳамоӣ ва татбиқи ҳамбастагии давлатҳо буда, стратегияи сулҳро дар сиёсати хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Рамазон Раҳимзода зимни баррасии масъала муътаққид аст, ки агар маҳорату кордонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, ифротгароӣ чун падидаи номатлуби асри ҳозир дар тамоми минтақа паҳн мешуд: “Кишвари мо бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъи ҷанги таҳмилӣ аз тариқи муколамаву музокира ва таъмини сулҳ ба тамоми мардуми Осиёи Марказӣ хизмати беназирро анҷом дод, зеро ҷанги Тоҷикистон метавонист ба монанди ҷанги Сурия кишварҳои ҳамсояро ба коми оташ кашад. Дар бораи мақом ва нақши таъсиргузори сарвари сиёсии пуртаҷриба, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масоили ҷаҳон ва минтақа роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд, ки агар Эмомалӣ Раҳмон дар аввали солҳои истиқлол пеши роҳи ифротгароиро дар минтақа намегирифт, ҳоло тамоми Осиёи Марказӣ ба минтақаи бесубот мубаддал мегардид” [1, с. 392].
Аз аҳди бостон то кунун аксари кишварҳои рушдёфта дар заминаи сиёсати кишваркушоӣ маъруф гардидаанд. Ин навъи сиёсат, ки ғасбкориҳои пайҳамро фаро мегирифт, дар лаҳни муосир бо унвони “сиёсати хориҷӣ” муаррифӣ мешавад. Аммо падидаи навтарин дар ҳалли масоили мансуб ба сиёсати хориҷӣ, ки хосси қудратҳои ҷаҳонӣ мебошад, таҳти унвони “геополитика” баррасӣ ёфта, ғолибан, ҳадафҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо манофеъ беш аз пеш такмил ёфта, роҳҳои барангехтани низоъҳою моҷароҳои марзиву минтақавӣ ҳамеша баррасӣ мешаванд. Бинобар ин, хатарҳое, ки баъзе қудратҳои ҷаҳонӣ алъон таҳия намуда, дар паҳншавии он сахткӯш мебошанд, ғолибан дар манотиқи гуногун ҷиҳати афзудани нуфуз ва таҳкими ғоратгариҳои муосир интиқол ёфта, тухми кину адоватро миёни мардумон кишт мекунанд. Яке аз чунин иқдомҳои номақбул дар ниқоби дин баррасӣ намудани ҳадафҳоест, ки дилхоҳ қудрати ҷаҳонӣ аз он сӯистифода мекунад. Аллакай ин мафҳум дар лаҳни коршиносон бо номи “сиёсигардонии ислом” баррасӣ мешавад ва яке аз хатарҳои асосиест, ки қудратҳо бобати заифсозии рақибони хеш таҳия намудаанд. Ба ибораи дигар, ин ормони хатарзо ифротгароии динӣ буда, терроризму дигар анвои зӯровариро тавлид намудааст. Ҳаводиси соли 2024 дар Русия гувоҳӣ медиҳад, ки қудратҳо маҳз тавассути роҳандозӣ шудани кирдорҳои террористӣ алайҳи якдигар меҷанганд. Аҳаммияти иҷтимоии терроризм имрӯз шаклҳои васеътар пайдо мекунад. Чунин падида дарки онро тақозо менамояд. Ва гарчанде, ки решаҳои терроризм ба замонҳои қадим бармегарданд, аммо рушди иҷтимоию сиёсӣ ва технологии ҷомеаи башарӣ дар даҳсолаҳои охир ба он мусоидат кардааст, ки он аҳаммияти воқеан ҷаҳонӣ пайдо кунад. Мутаассифона, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ дар дилхоҳ давлат ба ҳамлаи терроризм омода набуданд. Ҳаминро қайд кардан кифоя аст, ки то ҳол хатто таърифи ягонаи терроризм вуҷуд надорад. Терроризми муосир дорои хислату сифатҳои зиёде мебошад, ки то ҳол назир надоштааст. Масалан, ҷанбаи динии он, аммо бояд таъкид намоем, ки терроризм аслан як падидаи сирф сиёсӣ аст ва ҳеҷ алоқа бо дин надорад, агарчи дар ниқоби динӣ матраҳ мешавад. Бинобар ин, терроризми байналмилалӣ, ки дар атрофи маблағҳои гушношуниди ба он ҷудошуда ташкил ёфта буд, айни замон силоҳи дасти абарқудратҳо маҳсуб мешавад. Албатта, асоси стратегии терроризм пеш аз ҳама ба ҷузъҳои иқтисодӣ асос ёфтааст. Ин як навъ лоиҳаи тиҷоратӣ аст, ки на майдони фаъолият дорад ва на ягон принсипи маънавии башариро медонад.
Бо дарназардошти сабабҳои геополитикии ин падида коршиносони соҳа чунин изҳор медоранд, ки терроризм субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ нест, балки танҳо як абзор, василаи таъсиси низоми нави ҷаҳонӣ бо маркази ягонаи идоракунии ҷаҳонӣ ва бартарияти элитаи нав мебошад. Ҳадафи терроризм ноором кардани пояҳои давлат, халалдор кардани идоракунӣ ва аз ҷиҳати равонӣ саркӯб кардани ҳадаф мебошад. Аслиҳаи асосӣ иттилоотию равонӣ ва силоҳи ёрирасон ҳамлаҳои террористӣ буд. Сабабро дар бархӯрди сармояи бузург дар сатҳи фаромиллӣ, дар доираҳое, ки аз суръати равандҳои ҷаҳонишавӣ ё самти он норозианд, бояд ҷустуҷӯ кард.
Дар миқёси ҷаҳонӣ зуҳури терроризми байналмиллалӣ боиси дарки он гардид, ки низоми якқутбии геополитикии ҷаҳон, ки баъзе кишварҳо ба он саъй доранд, ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам барои худи давлати ташаббускор хатарнок аст. Ба андешаи мо, ҷузъи геополитикии мавқеъҳои давлатҳои алоҳида дар хусусияти иштироки онҳо дар эътилофи байналмиллалии зиддитеррористӣ, аз як тараф ва аз тарафи дигар, дар робита ба сохтори сиёсии ояндаи бидуни низоъ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зоҳир мешавад.
Ҳамин тариқ, ба дараҷаи самаранокии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм гурӯҳи зерини омилҳои геополитикӣ таъсир мерасонад: Аввал, рушди нобаробари иқтисодиёт ва мавҷудияти захираҳои табиӣ ҳам дар минтақаҳои қафомонда ва ҳам пешрафта. Дуввум, муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ва тақсимоти соҳаҳои таъсири сиёсидошта ва иқтисодӣ, ки боиси ҷустуҷӯи маркази алтернативии ҷалби шаҳрвандон мегардад. Саввум, ҳифзи арзишҳои муайяни сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ- фарҳангӣ.
Рамазон Раҳимзода чун муҳаққиқи сиёсати хориҷӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ нақши Тоҷикистонро тазаккур дода, ба хулосае меояд, ки кишвари мо дар ин бобат мавқеи пешсафро дар минтақа ишғол менамояд: “Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ таҷриба ва саҳми бузург дорад, кишвари мо дар ин самт ҳамчун давлати пешсаф ва ташаббускор дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ эътироф гардидааст” [1, с. 392].
Ин ҷо лозим медонем тазаккур диҳем, ки сиёсати хориҷии кишварамон таҳти унвони “Дарҳои боз” шаффофтарин навъи сиёсат аст, ки алайҳи кишваре таҳия намегардад. Ин навъи сиёсат ба он мусоидат намуд, ки Тоҷикистон узви шоистаи созмонҳои байналмилалӣ гардад ва равобити сиёсӣ ва ҳамкориҳои судмандро бо аксари давлатҳои ҷаҳон ба роҳ андозад. Тоҷикистон имрӯз дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ симои хосси худро дошта, ҳамчун узви соҳибэътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Сиёсати мазкур ба мо имкон дод, ки доираи робитаҳоро бо кишварҳои хориҷӣ васеъ намуда, сафи давлатҳои бо мо дӯстро ривоҷу равнақ бахшем.
Ҳайдарзода Рустам, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа
Ширин ҚУРБОНОВА, сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих
Рӯйхати адабиёти истифодашуда:
1. Раҳимзода Р.Ҳ. Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ЭР-граф, 2025, - 484 с.
2. Сайидзода З.Ш. Фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: бозгашти давлати миллии тоҷикон ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2016, – 216 с.
3. Шарифзода А, Ғафуров А. Спасатель нации. – Душанбе: 2012. – 320 с.
4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ”, 28 декабри соли 2024. - Душанбе: Шарқи озод, 2025. – 40 с.