Skip to main content

Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои

“Ҷомеашинос” ва “Муаррих”-и КИИ “Хирадмандон”-и

ҲХДТ дар АМИТ

2.07.2024 мутобиқи банди 4.13 “Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” аз 15 майи соли 2024, №2 ва бо мақсади дар сатҳи сиёсию ташкилӣ баргузор намудани маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои “Ҷомеашинос” ва “Муаррих”-и КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ шуда гузашт. Бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизб раисони ташкилотҳо Маҳмадизода Нозимҷон ва Убайдулло Насрулло Каримзода азнав интихоб карда шуданд.

Ҳисоботи шашмоҳаи ташкилотҳои ҳизбӣ шунида шуда, қарори дахлдор қабул карда шуд ва номзадии вакилонро ба конференсияи шашуми ҳисоботӣ-интихоботии КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ пешниҳод карда шуданд.

Дар суханронии муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ Ширин Қурбонова оиди саҳми Пешвои миллат дар барқарор намудани сулҳу субот дар ҷумҳурӣ дар бораи ҷумҳуриро ба як давлати амну обод барқарор намудан шунида шуд.

Бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон кӯшиш намоед, ки аз ҳисоби ҷавонон ба сафи ҳизб шомил шаванд, гуфта шуд дар суханронии муовини раиси Кумита.

Аксҳо замима мегарданд: