Skip to main content

ТАШРИФИ ДАБИРОНИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БА ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ КУҲАНИ АҶДОДОНИ ТОҶИКОН

77Дар тӯли таърихи худ Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо бо фарҳанги беназир ва ёдгориҳои таърихии худ, балки бо намунаи ҳаллу фасли мушкилотҳои глобалӣ низ ҷалб кардааст, ки ин ҳама дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд. Маҳз дар давроне, ки Пешвои миллат роҳбарии кишвари азизи мо – Тоҷикистонро бо як масъулияти баланд бар душ гирифтаанд, таърих ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи роҳбари кишвар қарор гирифта, мероси фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмиллаӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро пайдо кард. Ин гуфтаҳоро бузургдоши як қатор чорабиниҳои аҳамияти таърихидошта, аз ҷумла ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999), 1150 - солаги асосгузои адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (соли 2008), ҷашнҳои 2500 - солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоби бостонї, 3000 – солагии Ҳисори Шодмон (соли 2015), 1310 – солагии Имом Абуҳанифа, 1000 – солагии иншои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ (5.09.1994), 680 – солагии олим ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995), 5500-солаги Саразми бостон (соли 2020), 2500-солагии ёдгории камназири Тахти Сангин (соли 2023) ва монанди инҳо тасдиқ менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи аввалин осорхонаи хусусияти миллидошта, яъне Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Иститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз муҳимтарин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифи меросӣ фарҳангии гузатаи аҷдодӣ буда, барои имрўзу фардои кишвар хизмат хоҳад кард. Чунин ташаббусҳову иқдомоти Сарвари давлат буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги асили аҷдодӣ афзуда, шахсиятҳои баруманди сиёсӣ, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба хусус, Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистони соҳибистиқлол борҳо дидан намуда, аз мероси гаронбаҳои гузаштагони ин сарзамин ғизои маънавӣ гирифтаанд.

Сафари дабирони кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи эътирофу эҳтироми давлати навини мо ва арзишҳои фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷикон мебошад. Дар ин матлаб сафарҳои се дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Кофи Аннан, Пан Ги Мун ва Антониу Гутерриш ва аҳамияти онҳо барои Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

Бояд иброз дошт, ки ҳар як сафари расмии намояндагони ин ё он давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба рамзи эътироф ва эҳтиром ба таърихи қадим ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.

Сафари Кофи Аннан. 22 октябри соли 2002 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард ва ҳамчун арзи эҳтиром ба гузатаи бою рангини халқи тоҷик дар китоби таасуроти меҳмонони осорхона хотироти худро дарҷ намудааст. Ин сафари ӯ як рӯйдоди муҳим дар таърихи равобити байналмилалии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид гардид. Дар суханрониҳои худ Кофи Аннан борҳо саҳми беназири Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли осоиштаи низоъҳо таъкид мекард. Ва ин иқтибос аз гуфтаҳои эшон «Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод.» (22 июни соли 1999). Ё, «Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад» (26 июни соли 2000). Инчунин, дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намуда буд ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».

6 апрели соли 2010 бошад, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни сафар ба кишвари азизи мо – Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард. Дар суханрониҳои худ ӯ эҳтироми хоссаашро ба роҳбарияти кишвар ва талошҳои эшон дар дастгирии ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳор менамуд.

Ҷаноби Пан Ги Мун борҳо дар баромадҳои хеш нисбат ба Пешвои миллат иброз дошта буд, ки: «Шумо роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед.» Инчунин, «Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд» (Сентябри соли 2009).

Сафари Антониу Гутерриш. 5 июли соли 2024 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар даромадгоҳи осорхона муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насреддин ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешвоз гирифтанд ва аз ҷониби директори осорхона барои ҷаноби Антониу Гутерриш ва ҳайати ҳамроҳашон дар бораи сарзамини куҳани тоҷикон ва ёдгориҳои таърихии маҳфуз дар ҳудуди Тоҷикистон як сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз боздиди худ розӣ шуда, дар дафтари меҳмонон таассурот ва миннатдории худро сабт намуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои хотира ба меҳмони олиқадр китобе туҳфа намуд.

Ҳамин тавр, аз замони таъсиси Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистони назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (осорхона 7.09.2001) се нафар дабирони кулли СММ ташриф овардаанд, ки боиси ифтихор буда, аз эҳтироми хосаи дабирони кулли СММ ба гузаштаи бою рангини халқи тоҷик шаҳодад медиҳад.

Дар фарҷоми ин матлаб, қайд кардан ба маврида аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои байнифарҳангӣ чунин сафарҳо нақши муҳим доранд. Онҳо дар ҳифз ва тарғиби мероси таърихӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳо ва барангехтани таваҷҷуҳ ба омӯзиши тамаддунҳои қадима мусоидат мекунанд. Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳанги бойи худ ҳамеша як нуқтаи муҳим дар харитаи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, сафарҳои дабирони кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз аҳамияти хосаи мероси фарҳангии кишвари мо дар таърихи башарӣ, равобити байналмилалӣ ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, эътирофи Истиқлолияти комили кишвари азизи мо гувоҳӣ медиҳад. Ин сафарҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби табодули фарҳангӣ мусоидат намуда, инчунин рамзи эҳтиром ба таърихи бой ва фарҳанги мардуми тоҷик мебошанд.

Пӯлотов Абдураҳмон, - директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон