Skip to main content

07 январи соли равон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020 -2040 дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Сессияи зимистонаи Академияи хурди илмҳо баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки рушди илм, махсусан илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар замони муосир бо суръати бениҳоят зиёд рӯ ба тарақист. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ба омӯзиш фаро гирифтани наврасону ҷавонон имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварданд.

Ҳаминаст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиши ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудааст. Ба ин мақсад дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тадбирҳои муҳим дар ин самт андешида мешаванд.

Дар идома аъзоёни Академияи илмҳои хурд аз ҳисоби мактаббачагон бо маърузаҳои хеш доир ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ суханронӣ намуданд. Инчунин, дар хотима иштирокчиёни фаъоли Академияи илмҳои хурд бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.