Skip to main content

Имрӯз дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат-раҳнамои мо ҷавонону варзишгарон ба сӯи фардои дурахшон” ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қобилҷон Хушвахтзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, намояндагони аз дигар вазорату идораҳо ва ҷавонони фаъоли пойтахт иштирок ва сухонронӣ намуданд.

Нахуст, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода чанд нуқтаи муҳимро аз Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд, ёдрас кард.

- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони имрӯзаи мо имкониятҳое фароҳам овардаанд, ки ҳар як ҷавон аз онҳо бояд самаранок истифода барад. Ҷавобан ба ғамхориҳои ин марди хирад, ҳар як ҷавон бояд дар ободкорию созандагӣ саҳмгузор бошад. Чуноне ки мебинем, имрӯз ҷовонони хуштолеъи мо метавонанд, бе ягон шубҳа берун аз кишвар таҳсил ва фаъолият намоянд. Чуноне дар Паёми имсола қайд гардид, ки “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷаму мутаҳҳид бошем, ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳиби кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ва доимо дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”,- зикр кард раиси Кумита.

Дар идома Маликшо Неъматзода, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба чанд нуктаи калидии Паём баромад карда, гуфт, ки бояд Паёми Пешвои миллат сармашқи кори ҳар яки мо бошад ва мо - халқи кишвар дар якҷоягӣ дар ободу шукуфо гаштани сарзамини биҳиштосоямон камар бандем.

Ҳамзамон, аз ҷониби дигар иштирокчиёни ҳамоиш маърӯзаҳо доир ба паҳлуҳои дигари Паёми имсолаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд, ки ҷавонон барои худ як ғизои маънавӣ гирифтанд.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА, “ҶТ”

http://javonon.tj/.../payemi-peshvoi-millat-ra-namoi-mo.../