Skip to main content

Таҳти ин унвон имрӯз (03.01.2024) дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар идома президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобаста АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба кори ҳамоиш ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки воқеан ҳам Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳуҷҷати муҳим ва роҳанамоест, ки ба рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ҳассос будани авзои ҷаҳони муосир масъалаҳои иқтисодии ҷомеаро дар меҳвари худ қарор дод.

Масъалаҳои дурнамои бахшҳои хусусӣ, воридоту содирот, таъмину таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкиму устувории буҷети давлатӣ, масъалаҳои зиёди молиявӣ, ҳолат ва авзои сармоягузорӣ, рушду тавсеаи соҳибкорӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, татбиқи лоиҳаҳову барномаҳои гуногуни иқтисодӣ, низоми натиҷабахши ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳаи энегетикии кишвар ва амсоли ин дар ҳамбастагиву робита бо ҳамдигар мавриди зикр қарор доштанд, ки бозгукунандаи сиёсати созандагиву бунёдкории Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Инчунин, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд. Гуфта шуд, ки соли 2025 азбаски соли рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардид, моро зарур аст, ки ҳаматарафа махсусан олимон саҳми босазои хешро дар рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия гузорем

Дар идома ноибони президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳамовозӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам рушди соҳаи илми кишвар ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паём ироа гардидаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.