Skip to main content

“ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭЪМОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ”

“Идеали сиёсии мо ваҳдати миллӣ аст. Мо ягон масъалаи принсипии аслии ҷомеаамонро бо роҳӣ зӯрӣ ва аз тариқи набарди мусаллаҳона ҳал карданӣ нестем. Муроду мақсадамон бунёдкорӣ асту бас”.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 20.06.2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Дипломат” – и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгаштабахшида “Ваҳдати миллӣ” ва “30 солагии ҲХДТ” мизи мудаввар бо иштироки кормандони Институт баргузор карда шуд.

Мувофиқи барнома бо сухани муқаддимавӣ ва ифтитоҳӣ муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, муовини ташкилоти ибтидоии “Дипломат” номзади илмҳои таърих Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ суханронӣ намуд. Дар ифтитоҳ н.и.т. А.Ш. Раҳмонзода таъкид намуд, ки моҳияти хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо дар поягузории давлатдории навини тоҷикон ва ба кишвари сулҳу салоҳ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон медонем ва иқрор бо онем, ки ҳар фарзанди фарзона соҳиби унвони қаҳрамони кишвар ва пешвои асри XXI шуда наметавонад.

Дар марҳалаи нави бунёди давлатдории муосири Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳанбунёди тоҷик дар он зоҳир мегардад, ки дар симои шахсияти беназири таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои башарӣ – адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофарӣ – таҷассум ёфтанд ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид. Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интиҳои асри бист аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.

Сипас, ходими калони илмӣ Раҳмонов М. дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-шоҳсутуни мактаби сулҳу созандагии Тоҷикистони муосир” баромад намуда, иброз дошт, ки Тоҷикон аз қадимулайём дорои тамаддуну русуме мебошанд, ки асоси онро меҳру муҳаббат, меҳмоннавозиву меҳмондорӣ ва ҷасороту фасоҳат ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, гузаштагону ояндагони ин қавм бо илму маърифат буда, то имрӯз бузургон аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Айниву Турсунзода, Лоиқу Гулназар, Фарзонаву Гулрухсор дар байни халқҳои олам маъруфу машҳур мебошанд. Дар ин зимн, ин ҳама фазлу каромату шаҳомату ҷасорат дар даврони истиқлолият дубора эҳё гардида, заминаҳоро дар худшиносиву худогоҳӣ фароҳам оварда истодааст.

Инчунин, сарходими илмии шуъбаи ШМА ва Канада д.и.с. Каримов Ш.Т. “Ваҳдат – бақои миллат” баромад карда, иброз намуд, ки дар сафи пеши ин зумра бузургони миллат, бешубҳа, роҳбари ҷавону боирода ва содиқ ба миллату арзишҳои аслии ниёгон ва таърихи пурғанои мардуми тоҷик Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт, ки маҳз садоқат ба идеалҳои миллӣ ва ҷасорати фавқулода беҳамтои сиёсиаш кишварро ба сулҳу субот ва оромӣ расонд, миллатро аз вартаи марг ва нобудӣ наҷот дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик беҳтарин ва пурарзиштарин неъмати зиндагӣ – сулҳу сафо ва осоиши рӯзгорро ба бор овард ва ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллат ба таври арзанда тақдир шуд.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз аъзои фаъол ва ташаббускори низоми муносибатҳои байналмилалии замони муосир мубаддал гашта, сазовори обрӯву эътибор ва эътирофи шоиставу арзанда гаштааст. Мушкилот ва камбуди замони нобасомониҳо пайваста ва ба таври мунтазам ҳаллу фасл мешаванд ва Тоҷикистон сол то сол вазъи дохилӣ ва мақому ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ беҳтар месозад.

Ходими илмии шуъбаи Шарқи Наздик ва Миёна н.и.ф. Қурбонов Ҳ оид ба барқарорсозии Ваҳдати миллӣ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба музокира баромада, таъкид дошт, ки ин миллати куҳанбунёд воқеан ниёзманди хамин гуна сарвару пешвое буд, ки дар садри давлат онро аз вартаи нобудӣ ба шаҳри умеди орзуҳо раҳнамун созад. Ва имрӯз ин миллат бо камоли ифтихору сипос ва бо сарбаландиву худшиносии миллӣ Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои худ ном мегирад. Пешвое, ки миллатро сарҷамъу муттаҳид, Ватанро хонаи умеди тоҷикони дохиливу бурунмарзӣ, кӯҳистони моро воқеан ба Боми ҷаҳон мубаддал намуда, ба тоҷикон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ, муҳаббатро ба арзу буми бобоӣ ато кард.

Дар фарҷоми мизи мудаввр устодони ботаҷриба мулоҳизаронӣ намуда, оид ба саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии Ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.