Skip to main content

30-юми августи соли ҷорӣ, дар асоси барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 13.08.2024, №74 ва нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, тақвияти бештари корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати расонидани моҳияти истиқлолу озодӣ ва дар ин замина боз ҳам таҳким бахшидани ифтихори ватандорӣ миёни аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Абдуев Меҳробназар ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шоҳмансур – Қосимзода Солеҳ Салим бо сокинону истиқоматкунандагони маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур, баромадкунандагон роҷеъ ба моҳияти истиқлоли давлатӣ, арзиши олӣ доштани истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҳазорсолаи миллати тоҷик дар роҳи расидан ба ин неъмати бебаҳо, дастоварҳои миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии хеш, эҳё гардидани урфу одат, анъанаҳо ва рукнҳои хоси миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, инчунин, бунёди давлати миллии тоҷикон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуданд.

Дар идома, ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагиву озодагӣ ва бо як дилу нияти неку болидарӯҳӣ омодагӣ дидан баҳри истиқболи 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба сокинон тавсияҳо дода шуд.

ҲХДТ - Шоҳмансур