Skip to main content

Масъалаи бегонапарастӣ дар ҷомеаи мо имрӯзҳо яке аз масъалаҳои доғи рӯз ба ҳисоб меравад. Аҳли ҷомеа бояд нисбат ба ин зуҳурот бетараф набуда, дар якҷогӣ бар зидди паҳн шудани урфу одатҳои бегона мубориза баранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки яке аз зуҳуроти нангин дар ҷомеаи муосир ин бегонапарастӣ ва тақлид ба фарҳанги бегона ба ҳисоб меравад ва Роҳбари давлат махсус ин нуктаро таъкид намуданд, ки: «Сиёсатмадорону фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму оинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».

Гуфтан ба маврид аст, ки бегонапарастӣ ва тақлиди кӯр-кӯрона, аслан, хоси мардуми тоҷик набуда, дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангӣ ба наслҳои оянда таъсири зараровари худро мерасонад. Дар ҷомеаи мо зиёд нафароне дучор омадан мумкин аст, ки дар либоспӯшӣ ба фарҳанги бегона такя намуда, аз доираи арзишҳои миллии худ берун мераванд. Дар воқеъ, ин рафтори онҳоро, агар аз як тараф, ба огоҳ набудан аз анъанаҳои суннатии либоспӯшии гузаштагони мо шарҳ дода шавад, аз тарафи дигар, бемасъулиятии комил зоҳир намудани онҳо дар либоспӯшӣ ба ҳисоб меравад. Ба марҳилаҳои гуногуни таърихи ҳалқамон назар афканем сару либоси занону бонувони тоҷик дар ҳеҷ давру замон тақлиди кӯркӯронаи идеалҳои динҳои гуногун набуд, баръакс либосҳои исломии миллишудаи тоҷикон падидаи арзишманде буданд, ки дар баробари мансубияти диниро таҷассум кардан ҳуввияти миллии моро низ барҷаста нишон медоданд. Бо мақсади омӯхтани сабабу шароитҳои рӯ овардани занону духтарони кишварамон ба либоси ғайримиллӣ таҳқиқоти сотсиологӣ анҷом дода шуд.

Аз таҳлили натиҷаҳои таҳқиқот бар меояд, ки сабаби асосии майли занону духтарони мо ба либоси ғайримиллӣ, тақлидкорӣ (34,8%), муд шудани пӯшидани ин гуна либосҳо ва намоиш доданӣ мазҳабӣ будани худ (6,3%) мебошад. Аз ин ҷо бармеояд, ки пўшидани либослҳои ѓайримиллӣ аз рӯйи эътиқоди динӣ (6,3%) ва ё бароҳат ҳис кардани худ (5,1) нест, яъне пӯшидани ин либосҳо аз рўйи ҳавою ҳавас ва тақлидкорӣ сурат мегирад ва манфиати воқеӣ надоранд. Таъсири волидону хешовандон низ дар интихоби либоси занону духтарон (асосан ҳиҷоб) хеле кам аст, онҳо худашон пўшидани чунин либосҳоро интихоб мекунанд (нигаред ба расм).

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари занон, ки адои ҳаҷ ё умра мекунанд, баъди бозгашт ба хотири фарқ кардан аз дигарон либосҳои бегонаро ба бар карда, василаи тарғиби он мегарданд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму оини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.

Имрӯз воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи таърихии худро инъикос намуда, аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад. Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намуда, муборизаи беамон бар зидди он барем.

Дар ин суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кумитаи кор бо занон ва оиларо вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо тарроҳони ватанӣ тарҳҳои зебову гуногуни либоси миллиро мувофиқи ниёзҳои эътиқодиву ахлоқии занону хоҳарон ва модарони мо таҳия ва пешниҳод созанд.

Зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба ҳисоб меравад. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз ин хусус меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси миллӣ - атласу адрас, гулбасту чакан, гулдӯзиҳои нотакрор, алочаву шоҳӣ, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ меояд. Либоси миллии мо, ки яке аз нишонаи соҳибфарҳангии мо эътироф шудааст ва ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонапарастӣ омехта насохта, онро бо тамоми покиву рангорангияш ба насли оянда мерос гузорем.

Либоси миллии тоҷикон яке аз қисматҳои асосии фарҳанги миллии мо ба шумор меравад. Дар замони муосир ҷаҳониён моро ба воситаи фарҳанги миллии қадимаамон мешиносанду эътироф менамоянд. Бояд гуфт, ки либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мо ба ҳисоб рафта, он таърихи кӯҳани ташаккули худро дорад. Дар тӯли асрҳо новобаста аз таззодҳои нангин, ки аз ҷониби аҷнабиён ба сари миллати мо оварда шуда буд, фарҳанги миллӣ бахусус либосҳои миллии мо зебоиву шукуҳи худро гум накарда, балки боз тобишҳои нав ба навро ба худ гирифт. Бо гузашти садсолаҳо имрўз шаҳомату зебоии либосҳои миллии тоҷикон сарҳадҳоро убур карда, тасхиркунандаи қалби Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо гардидааст. Боиси хушбахтӣ ва сарфарозӣ аст, ки Созмони Миллаи Муттаҳид-ЮНЕСКО ва хонаи тамаддуни фарҳанги ҷаҳон Парижи Фаронса бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонӣ эътироф кард.

Барои боз ҳам дар сатҳи баланд муарриф намудани фарҳанги миллӣ бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ “эълон гардиданд.

Ин ташаббусҳо метавонад завқҳои солҳо дар пушти парда ниҳонбудаи миллати тоҷикро бедор намуда, дар замонасозикунониву ҷаҳонтасхирсозии либоси миллии мо заминаи нави рушду инкишофро ба вуҷуд орад.

Ташвишовар аст, ки солҳои охир занону духтарони мо ба фарҳанги бегона рў овардаанд. Хусусан тақлид ба шакли либоспўшии занони Эрону Туркия, ки ба бозорҳои мо ворид шуданд. Мақсади мо решакан кардани ин анъанаҳои бегонаи либоспўшӣ ва роиҷ сохтани тарзи либоспўшии миллии худамон аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин масъала зимни як суханронии хеш бахшида ба РўзиМодар чунин таъкид карда буданд:“Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар либоси миллӣ дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспўшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд”.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурамале таҳия шудааст, ки намуди либоси духтарону занонро дар фаслҳои сол, ҷашну идҳо ва дигар маросимҳо дар бар мегирад. Ин дастурамал бо ҷалби тарроҳону донандагони анъанаҳои либоси миллӣ таҳия шуда, ба занону духтарони синни гуногун - аз 7 то 60-сола ва аз он боло пўшидани навъҳои либосҳои миллии муосири тоҷикиро тавсия медиҳад. Дастурамал ба ҷуз аз танзими либоси занон вобаста ба синну сол тартиби пўшидани либоси занонро вобаста ба рўзҳои сол ва макон ҳам танзим мекунад. Дар даҳ қисми аввал намунаи либосҳои бонувоне, ки дар мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ кор мекунанд, оварда шуда, лисбоси занон дар рўзҳои ҷашнҳои миллӣ, давлатӣ, дар рўзҳои истироҳати шанбеву якшанбе ва дар бахшҳои алоҳида муайян шудааст. Имрўз ҳар яки моро зарур аст, ки барои пос доштани фарҳанги миллӣ ва ба насли оянда мерос гузоштани он саҳмгузор бошем ва нагузорем, ки либоси ҳеҷ як миллати бегона ба фарҳанги пурғановати мо воридшуда, боиси аз байн рафтани фарҳанги милии мо тоҷикон гардад.

Насурова Беҳрў Асадуллоевна – н.и.ф., ходими пешбари илмии шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ

Чилаева Муҳайё Тоҳировна – докторанти доктор PhD – и шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоввадинови АМИТ