Skip to main content

Вожаи наврӯз дар забони тоҷикӣ яке аз вожаҳои серистеъмол ба шумор рафта, дар баробари ифодаи номи ҷашни миллӣ дорои тобишҳои гуогуни маъноӣ низ мебошад. Ин вожа аз ҳама беш дар адабиёти бадеӣ, махсусан осори манзум бештар мавриди истифодаву тасвир қарор гирифтааст. Шоирони порсигӯ низ зимни истифода аз вожаи “наврӯз” тамоми вижагиҳои мафҳумии онро ба инобат гирифтаанд. Ин аст, он дар доираи майдони семантикӣ барои ифодаи маъноҳои зиёде корбаст шудааст.

Дар забони осори шоирони порсизабон вожаи «наврӯз» бо тамоми маъноҳои луғавӣ ва тобишҳои маъноияш мавриди истифода қарор гирифта, ба аҳли эҷод имконият фароҳам овардааст, ки дар мавридҳои зарурӣ барои баёни муассир аз ин вожа суди эҷодӣ биҷӯянд. Вожаи наврӯз, ки маънои рӯзи навро дорад, маҷозан маънои ҳар рӯзи фархундаву шоду бофараҳро низ ифода менамояд.

Дар ҳамин замина, вақте ба мавқеи истифода ин вожа дар забони шеър назар мекунем, дармеёбем, ки он ба гурӯҳи вожаҳои фаъоли забони шеър мансуб буда, барои бунёди муносибатҳои нави семантикии байни калимаҳо ва образҳои гуногуни бадеӣ мусоидат менамояд, ки ин, бешубҳа, ба вазифаи лексикии калима дар забон марбут аст.

Ба андешаи Г.С. Сиритса: «Нақши вожаҳо дар матни бадеӣ ба вазифаҳои мушаххаси ғоявӣ-бадеӣ вобаста аст. Дар матни бадеӣ дар байни калимаҳо муносибатҳои нави маъноии вожаҳо бунёд меёбад» [Сырица: 2014, 90]. Ин назария, дар ҳақиқат, хеле ҷолиб аст. Чунки дар матни бадеӣ муносибати семантикии калимаҳо дар баробари ифодаи маъноии мафҳумҳо ба якчанд омили дигар, аз қабили таносуби маъноии калимаҳо, ҳамнишинии онҳо ва тасвиру баёни муассир вобастагӣ дорад ва дар ҳамин росто муносибатҳои тозаи семантикии калимаҳо зуҳур меёбанд. Бояд зикр кард, ки омилҳои зикршуда асос ва бунёди шеърро низ ташкил медиҳанд ва ҳамеша дар робитаи байниҳамдигарӣ қарор дошта, аз ҷиҳати корбаст таносуби вожаҳо муносибатҳои муродифию антонимиро низ ба вуҷуд оварда метавонанд.

Калима ба ҳайси воҳиди асосии луғавӣ барои ифодаи маъно дар забон нақши муҳим дошта, вобаста ба услуб ва мавридҳои нутқ доира ва дараҷаҳои гуногуни истеъмолӣ дорад. «Вожа ва лафз моддаи аслии шеър ва яке аз авомили зебоию таъсири он аст, зеро мусиқӣва оҳанги шеър низ аз алфозе, ки шоир ба кор мебарад, бармехезад. Ба ҳамин сабаб яке аз ҳунарҳои шоирони бузург интихоби алфози булӯрин ва муносиб барои шеър аст. Гузиниши алфоз бо ҳама аҳамияте, ки барои шеър ва шоир дорад, тобеи ҳеҷ зобита ва қоидаи муайяне нест ва танҳо завқу истеъдоди зебогузинии шоир аст, ки аз миёни дастгоҳи густурда ва печидаи луғоти забон ва аз дарёи бекарони алфоз онро, ки беҳтару муносибтар ва тарошхӯрдатар аст, интихоб мекунад» [Хусрави Фаршедвард: 1378, 115].

Дар ҳамин росто, вожаи «наврӯз» низ яке аз вожаҳои фаъол ва муносибу тарошхӯрдаест, ки дар забони шеър бо вожаҳои зиёде ҳамнишин гардида, барои ифодаи маъниҳои муассире мусоидат кардааст.

Пеш аз ҳама, ин вожа дар робитаи маъноӣ бо вожаи «хусрав» ҳамнишин гардида, далолат бар он мекунад, ки шоҳони ориёӣ ҳамеша дар таҷлили ин ҷашн иштирок мекарданд ва як қатор суннатҳоро аз қабили бахшидани гуноҳҳои муҷримин, хайру эҳсон кардан, бо мардум сари як суфра нишаста суҳбат кардан, ба кишту кори баҳорӣ оғоз бахшидан ва монанди инҳоро ба ҷо меоварданд. Дар навбати худ аҳли эҷод низ ба шоҳон шеърҳои наврӯзӣ эҳдо мекарданд:

Аз ин фархунда фарвардину хуррам ҷашни наврӯзӣ,

Насиби хусрави одил саодат боду пирӯзӣ.

(Фаррухии Систонӣ)

Хусраво, рӯзат ҳама наврӯз бод

В-аз тараб шабҳои умрат рӯз бод,

То шабу рӯзи ҷаҳон ояндаанд,

Рӯзгорат рӯзу шаб наврӯз бод.

(Анварӣ)

Хез ба шамшери субҳ сар бибур ин мурғро,

Туҳфаи наврӯзсоз пеши шаҳи комёб.

(Хоқонӣ)

Бар ҷаноби ӯву бар аҳли ҷаҳон фархунда бод,

Риҷъати наврӯзу тарҷеи ману тақвими ӯ.

(Хоқонӣ)

То ки шуд наврӯз султони фалакро мизбон,

Омилони табъи ҷон бар мизбон афшондаанд.

(Хоқонӣ)

На Ҳофиз мекунад танҳо дуои хоҷа Тӯроншоҳ,

Зи мадҳи Осафе хоҳад ҷаҳон идию наврӯзӣ.

(Ҳофизи Шерозӣ)

Вожаи «наврӯз» бо вожаҳои хазон, зимистон, сармо, заҳмат ва монанди инҳо омада, омадани баҳор, сабру таҳаммул ва интизириро ифода кардааст:

Шаби меҳнатба охир омаду шуд,

Шаби ман рӯзу рӯзи ман наврӯз.

(Анварӣ)

Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,

Бар зимистон сабр бояд толиби наврӯзро.

(Саъдии Шерозӣ)

Дӯстбоз омаду душман ба мусибат боз нишаст,

Боди наврӯзалорағми хазон боз омад.

(Саъдии Шерозӣ)

Зимистонасту бебаргӣ, биё, эй боди наврӯзӣ,

Биёбон асту торикӣ, биё, эй қурси маҳтобам.

(Саъдии Шерозӣ)

Алами давлати наврӯз ба саҳро бархост,

Лашкари заҳмати сармо зи сари мо бархост.

Ҳар касеро ҳаваси рӯи гуле дар сар шуд,

Гӯӣ, ин валвала аз ошиқи шайдо бархост.

(Саъдии Шерозӣ)

Наврӯз бо мафҳумҳоии «баҳор» ва «гулу гиёҳ» ва вожаҳои ба онҳо марбут мисли «абр», «бод», «борон» (маҷозан «ашк»), «сунбул», «саҳро» алоқаи ногусастании маъноӣ дорад. Баъзан онҳо дар майдони семантикӣ ифодаи маъноии якдигарро иваз ва ё комил карда, барои тасвири ҳолати руҳии қаҳрамони лирикӣ ва ё тасвири маъшуқа ва хислатҳои ӯмавриди истифода қарор гирифтаанд. Масалан:

Фасли баҳору мавсими наврӯзхуш бувад,

Дар сар навои булбулу дар даст булбула.

(Хоҷуи Кирмонӣ)

Фасли наврӯзчу дар барги суман менигарам,

Бе гули рӯи ту хорам зи басар мерӯяд.

(Хоҷуи Кирмонӣ)

Одаме нест, ки ошиқ нашавад фасли баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба наврӯзнаҷунбад, ҳатаб аст.

(Саъдии Шерозӣ)

Абри озорӣбаромад боди наврӯзӣ вазид,

Ваҷҳи май мехоҳаму мутриб, ки мегӯяд расид.

(Ҳофизи Шерозӣ)

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Боди наврӯзбӯйи гулу сунбул дорад,

Лутф ин бод надорад, ки ту мепаймоӣ.

(Саъдии Шерозӣ)

Наврӯзрухат дидам, хуш ашк биборидам,

Наврӯзу чунин борон борида муборак бод.

(ҶалолуддиниБалхӣ)

Он кист, андар рафтанаш сабр аз дили мо мебарад,

Турк аз Хуросон омадаст, аз Порс яғмо мебарад.

Шероз мушкин мекунад чун нофи оҳуи Хутан.

Гар боди наврӯзаз сараш бӯе ба саҳромебарад.

(Саъдии Шерозӣ)

Ҳамнишинии вожаи «наврӯз» бо вожаҳои «ид», «туҳфа»:

Ҳар ки дар шаб рухи чун моҳи ту бинад, гӯяд,

Рӯзи идаст магар ё шаби наврӯзимшаб

(Хоҷуи Кирмонӣ)

Идомаду он моҳи дилафрӯз наомад,

Дил хун шуду он ёри ҷигарсӯз наомад.

Наврӯзи ман ҳар ид бурун омадӣ аз шаҳр,

Чун аст, ки ид омаду наврӯз наомад наомад.

(Хоҷуи Кирмонӣ)

Гар асари рӯи ту сӯи гулистон расад,

Боди сабо рад кунад туҳфаи наврӯзро.

(Хоқонӣ)

Шоданд ҷаҳониён ба наврӯзу ба ид,

Иди ману наврӯзи манимрӯз туӣ.

(Ҷалолуддини Балхӣ)

Ҳамнишинии вожаи наврӯз бо вожаҳои ифодагари мусиқӣ ва мафҳуми паранда:

Шоҳиди барбатзаназ ушшоқмесозад наво,

Булбули хушнағмааз наврӯзмегӯяд суруд.

(Хоҷуи Кирмонӣ)

Акнун ки мурғ пардаи наврӯзмезанад,

Эй моҳи пардасоз хурӯши рубоб ку?

(Хоҷуи Кирмонӣ)

123Дар шеъри шоирони порсигӯгоҳо ба баъзе аз анъанаю суннатҳое, ки ҳангоми таҷлили ҷашни наврӯз сурат мегиранд, ишораҳо шудааст, ки он бештар дар қолаби ибораҳои изофӣ ифода ёфтааст. Масалан, дар ғазале Ҳофизи Шерозӣ таъбири «мири наврӯзӣ»-ро ба таври зайл овардааст:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест, ҳукми мири наврӯзӣ.

Дар китоби «Фарҳангномаи шеърӣ» ин таъбир чунин шарҳ дода шудааст: «Мири наврӯзӣ– он кас ки дар чанд рӯзи охири сол, пеш аз наврӯз барои тафреҳ ба салтанат бармегузиданд ва вай аз тулӯи офтоб то ғуруб савори маркабе мешуда ва дар кӯйҳо ва майдонҳо мегаштааст ва гурӯҳе аз дарбориён мушоият мекардаанд ва ҳукми ӯ нофиз буда ва аз соҳибони дуконҳо вуҷуҳе дарёфт мекарда ва чун ғуруб мешудааст, ӯро анвои шиканҷа озор мерасонидаанд»

Ҳамин тариқ, ин вожа ба ҳайси яке аз вожаҳои аслии порсӣ дар забонҳои гуногуни кишварҳои таҷлилкунандаи ҷашни Наврӯз роҳёфта, ҳам ба ҳайси истилоҳи ҷашну маросим ва ҳам ба ҳайси вожаи ифодагари маъниҳои гуногуне аз қабили покию покизагӣ, озодагӣ, омодагӣ ба фасли баҳор, даъват ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиш ва умуман бузургдошти инсону табиат дар осори бадеӣ ба таври густарда мавриди истифода қарор гирифта, дар бунёди мазмуни шеър мақоми меҳвариро касб кардааст.

Шоирони сухансанҷу суханвари тоҷикдар заминаи тобишҳои маъноии вожаи «наврӯз» маъниҳои муассир ва бикреро ифода карда, андешаҳои худро зимни овардани ин мафҳум дар доираи майдони семантикӣ дар алоқамандию равобит ва таносуб бо дигар вожаҳо иброз намуда, дар тасвир ва офаридани образҳо тавассути он суди эҷодӣ ҷуста, ба хонандаи шеъри форсию тоҷикӣдар тули зиёда аз ҳазор сол эҳсосидарки сухан ва лаззати зебоишинохтӣ бахшидааанд.

Рӯйхати адабиёт:

1. Сырица,Г.С. Филологический анализ художественного текста. – М.: ФЛИНТА: Наука, 2014.–344 с.

.2خسرو فرشیدورد. تأریخ مختصر زبان فارسی از آغاز تا کنون.– تهران: زوار،1378.–190 ص.

.3 فرهنگنامۀ شعری. بر اساس آثار شاعران قرن سوم تا یازدهم هجری (تألیف دکتر رحیم عفیفی) (سه جلد).– تهران: سروش، 1376.– 2744 ص.

Саломиён Муҳаммаддовуд, - доктори илмҳои филология, ноиби президенти

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессори ДМТ