Skip to main content

“Имрӯз таърих бар дӯши мову Шумо мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест. Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакат тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.”

Эмомалӣ РАҲМОН

Мусаллам аст, ки таърих ва ҳамзамон воқеияти зиндагӣ собит хоҳад намуд, ки бунёди сохтмони бузурги асри ХХ1- Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо боиси рушди иқтисоди кишвар ва инчунин ғанӣ гардонидани буҷаи давлат гардида, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфуз мебахшад.

Аз ин рӯ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанбаи қавии ҳувиятӣ доштани ин иншооти стратегии аср боварӣ зоҳир намуда, ба таври пайваста тамоми кӯшишу ғайраташонро ба харҷ медиҳанд ва инчунин ҳамаи онҳоеро, ки дар ин сохтмони азим саҳми муносиб мегузоранд, ҳамеша қадрдонӣ менамоянд.

Лозим ба тазаккур аст, ки НБО “Роғун” нуҳумин силсиланеругоҳ дар дарёи Вахш ба ҳисоб рафта, тақрибан 70 километр болотар аз НБО “Норак” сохта шуда истодааст. Неругоҳи барқи обии “Роғун” бузургтарин неругоҳ маҳсуб ёфта, тавоноииаш аз иқтидори истеҳсолии НБО “Норак” якуним маротиба зиёд аст. Баландии сарбанди он 335 метр буда, дорои 6 чарха ва иқтидори лоиҳавиаш 3600 мегаватт/соат мебошад. Неругоҳи мазкур тавре бунёд гашта истодааст, ки он дар давоми як сол ба миқдори 17,3 миллиард киловатт/соат неруи барқ истеҳсол менамояд.

Майдони обанбор 170 км мураббаъ буда, ҳаҷми ғунҷоиши об 10, 3 км3ва дарозии нақбҳо беш аз 70 км мебошад. Бартарӣ ва афзалияти ин неругоҳ аз дигар неругоҳҳо дар он зоҳир мегардад, ки толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо дар зери замин бунёд карда мешаванд. Корҳои сохтмонии сарбанди 335 - метра ба зиммаи Ширкати бонуфузи итолиёвии “Салини Империҷило”, ки ғолиби тендери байналмилалӣ гардида аст, вогузор карда шудааст.

Бояд қайд кард, ки сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳанӯз нимаи солҳои 60-уми асри гузашта тарҳрезӣ гардида буд. Бо ин мақсад соли 1965 аз тарафи коршиносон таҳқиқоти техникӣ-иқтисодии сарбанди неругоҳ оғоз гардид. Моҳи сентябри соли 1976 сохтмончиён дар ин неругоҳ ба корҳои аввалия оғоз бахшиданд. Ба корҳои асосӣ, ки аслан гирем дар зери замин анҷом дода мешуданд, ҳанӯз соли 1982 шуруъ карда буданд.

Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро метавон сохтмони бузурги аср ва инчунин байналмилалӣ номид. Зеро дар сохтмону ба истифодадиҳии ин иншооти бузург намояндагони кишварҳои Россия, Украина, Молдова, Грузия, Хитой, Эрон, Туркия, Ҳиндустон, Непал, Италия, Покистон, Британияи Кабир, Франсия, Аргентина, Миср, Эфиопия, Малайзия, Филиппин, Марокко, Нигерия, Камерун, Португалия, Бразилия, Перу, Сербия, Колумбия, Намибия,Чили, Зимбабве, Панама ва ҳоказои дигар фаъолона иштирок доранд. Бар замми ин дар радифи ширкатҳои ватанӣ, инчунин намояндагони ширкатҳои хориҷӣ низ фаъолона иштирок намуда, дар раванди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муносибатҳои дӯстона саҳми босазои худро дар бунёди ин сохтмони иншооти стратегии аср мегузоранд.

5 - уми январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун”-ро ҷабҳаи нангу номус номида, аз мардуми шарифи кишварамон даъват ба амал оварданд, ки саҳми худро дар бунёди неругоҳ гузоранд. Маҳз ин даъвати ватандӯстонаи Сардори давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳар чи тезтар суръат бахшидан ва анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузург буд. Ҳарчанд, ки дар масъалаи бунёди Неругоҳи барқии обии “Роғун” дар он даврон мушкилоти зиёде пеш меомаданд, аммо азму иродаи қавии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи монеаҳоро бартараф намуда, ба мардуми баору номус ва шарифу сарбаланди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон муяссар гардид, ки то имрӯз аллакай ду чархаи ин неругоҳ фаъол карда шавад.

Лозим ба тазаккур аст, ки рӯзи 29-уми октябри соли 2016 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди сарбанди НБО “Роғун” оғоз гардида буд. Худи ҳамон рӯз Роҳбари давлат паси чанбари булдозер нишаста, якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро бастанд ва ба бунёди сарбанди ин Неругоҳи азими аср ҳусни оғоз бахшида буданд. Айни замон корҳои бунёду ба истифодадиҳии чархаи сеюм идома доранд, ки соли оянда, яъне соли 2025 ба истифода супорида мешавад.

Алъон НБО “Роғун”, пуриқтидортарин иншооти силсилаи силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш аст, ки аз 6 чарха, яъне агрегатҳо иборат буда, тавоноии ҳар кадоми онҳо 600 мегаваттро ташкил медиҳанд ва бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз17 миллиард киловатт - соат калонтарин НБО дар сатҳи минтақа ба шумор меравад[1].

Лоиҳаи ин неругоҳи обӣ тавре тартиб дода шудааст, ки он на танҳо ба манфиати энергетикии Тоҷикистон, балки бештар ба қонеъ намудани талаботу ниёзҳои кишоварзии мамлакатҳои поёноб ва ҳамзамон манфиати иқтисодии ин давлатҳо нигаронида шуда аст. Яъне, Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳанӯз дар оғози лоиҳакашӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва сохтмон ба худ аҳаммияти геоиқтисодӣ ва геополитикиро касб намуда буд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти муҳимму стратегӣ барои амният ва сулҳу суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти геостратегии худро дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти бештар ва ҳамзамон аввалиндараҷаи худро медиҳад.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” саҳми назарраси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят калон аст. Зеро, расман ба истифодаи умум супоридани чархаи якуми ин иншооти стратегӣ маҳз ба иродаи қавии сиёсии ин абармард ва инчунин дурандешиҳои Роҳбари давлати тоҷикон оид ба аҳаммияти Неругоҳи барқии обии “Роғун” ҳамчун як иншооти стратегӣ ба рушди устувори Тоҷикистон ва минтақа иртиботи бевоситаи худро дорад.

Тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ, сохтмон, азхудкунии захираҳои бузурги гидроэнергетикии мамлакат барои дигаргунсозии иқтисоди Тоҷикистон афзалияти аввалиндараҷа дорад. Сохтмони Неругоҳи барқии обии “Роғун” пурра ба сиёсати энергетикӣ ва дипломатияи оби Тоҷикистон бо мақсади таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мувофиқат менамояд.Чунки дар ояндаи наздик истеҳсолу истифодаи энергияи “сабз” дар мамлакат имкон хоҳад дод, ки аксарияти аҳолӣ ба истифодаи нақлиёти барқӣ гузаранд ва бо ин тартиб талаботи ҷумҳурӣ аз маҳсулоти нафтӣ коҳиш дода шавад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад солҳои наздик ба истеҳсолкунандаи автомобилҳои барқӣ дар миқёси минтақа мубаддал гардад [2].

Бояд қайд кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтавои худ дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО “Роғун” дар таърихи 26-уми сентябри соли 2005 таъкид намуда буданд, ки ”...ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи кишварҳои Тоҷикистону Россия дар самти наҷот бахшидани баҳри Арал аз хушкшавӣ хоҳад буд, ки аҳаммияти муҳимми минтақавӣ дорад”.

Хусусияти дигари НБО “Роғун” ҳамзамон дар амал ҳамаҷониба татбиқ намудани ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти кишвар дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва аз ифлосшавӣ эмин нигоҳ доштани муҳити зист низ ба шумор меравад.

Неругоҳи барқии обии “Роғун” дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чархаи асосӣ иборат хоҳад буд, ки қудрати ҳар кадом 600-мегаваттиро ташкил медиҳанд. Сарбанди Неругоҳи “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт – соат) калонтарин буда, аз Неругоҳи барқи обии “Норак” якуним баробар зиёдтар мебошад [3].

Ҳамин тариқ, аз таҳлилҳои оморӣ бармеоянд, ки Ҳукумати Шуравӣ ин рӯдро асосан бо мақсади густариши соҳаи гидроэнергетика, баҳри обёрии заминҳо ва инчунин беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданию полезӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор додааст[4].

Муҳандисон И. Каминский ва А. Гандин дар асоси омӯзишу таҳлилҳо ниҳоятан ба чунин хулосаи аниқ омада буданд, ки рушди босуръати соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии ин рӯд вобастагии бештари худро дорад.Чунки муҳандиси рус Н. Караулов иқтидори ҳамасолаи гидроэнергетикии ин рӯдро дар ибтидо 3171000, баъдан 22 млрд. кВт /соат муайян намуда, ҳамзамон иброз дошта буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати ба таври пурра азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии ин рӯд, дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба хазинаи энергияи электрикии минтақа, балки ба яке аз бузургтарин кишвари тавлидкунандаи неруи барқ дар қитъаи Осиё мубаддал мегардад.

Муҳандиси маъруфи соҳаи гидроэнергетика И. Нехамкин бошад иқтидори ҳамасолаи гидроэнергетикии ин рӯдро 36 млрд кВт/соат баҳогузорӣ намуда, ниҳоятан ба чунин хулоса омада буд, ки рушди гидроэнергетикаи бузург дар Тоҷикистон бояд аз дарёи Вахш оғоз гардад[5].

Ҳамин тариқ, метавон барҳақ зикр кард, ки НБО “Роғун” истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба таври пурра таъмин намуда, ҳамзамон онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ мебахшад. Неруи барқе, ки дар НБО “Норак” тавлид мегардад, ба қувваи 54 млн одам ва НБО “Роғун” ба 72 млн. одам баробар аст. Пас худатон қазоват намоед, ки Тоҷикистон бо чунин иқтидор чӣ корҳоеро ба субут расонида метавонад.

НБО “Роғун” дар баробари таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон, инчунин дар густариши дигар самтҳои иқтисодиёти минтақа заминаи мусоид фароҳам меорад. Бо вуҷуди он, ки зимни бунёди ин неругоҳ 17500га замини ҷумҳурӣ зери об монад ҳам, аммо ба туфайли бунёди он 320 ҳазор га заминҳои кишварҳои поёноб, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои ҳамсояамон Узбекистону Туркманистон шодоб шуда, дар маҷмуъ ҳолати мелиоративии зиёда аз 4 миллион гектар заминҳои кишварҳои поёноб беҳтар мегардад.

Агар сухан дар хусуси 17500 га замини зериобмонда равад, он гоҳ аз ин киштзор - 633 га, токзор-517 га ва бақияро заминҳои лалмӣ ва чарогоҳҳое ташкил медиҳанд, ки дар соҳаи кишоварзӣ на он қадар арзишу моҳияти баланди иқтисодӣ доранд. Ба қавли муҳандиси тоҷик Б. Юнусов зарари зери об мондани қитъаи замин дар Неругоҳи “Роғун” он қадар зиёновар нест. Танҳо шаш ҳазор га замини кишоварзӣ дар минтақаи обанбор меафтаду халос.

Илова бар ин тибқи пешгӯйии мутахассисон, ба туфайли бунёди ин неругоҳ 250 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шуда, дар маҷмуъ сатҳи иқтисодию иҷтимоии анқариб 60 миллион нафар аҳолии минтақа беҳтару хубтар хоҳад гашт. Бархе аз коршиносон бар он назаранд, ки ҳамзамон ба туфайли бунёду ба истифода супоридани неругоҳи мазкур, дар ҳудуди минтақа зиёда аз панҷсад ҳазор ҷойҳо нави корӣ пайдо хоҳад гашт.

Бунёди ин неругоҳ дар минтақаи Осиёи Миёна талаботро ба энергияи ҳароратӣ як дараҷа коҳиш дода, баҳри боз ҳам беҳтару хубтар гардидани вазъи экологии минтақа ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд. Бар замми ин ин неругоҳ на танҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар миқёси ин минтақа зарурати бунёд намудани неругоҳҳои хурдро аз байн мебарад [6].

Академики шинохтаи кишвар Фарҳод Раҳимӣ, аз ҷумла чунин зикр кардааст, ки Роҳбари давлат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омаданашон, масъалаи истиқлолияти энергетикиро ба унвони ҳадафи стратегӣ пазируфта, дар ин самт талошҳои зиёде ба харҷ доданд. Махсусан тарҳи “Роғун” ва роҳандозии пружаи бузурги энергетикии аср бо ибтикори Президенти мамлакат амалӣ гардид.

Чунки мо хуб дар ёд дорем, ки 29-уми октябри соли 2016 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савори булдозери вазнин тӯли беш аз якуним соат, яъне аз соати 10:00-и субҳ то соати 11:30-и нисфирӯзӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи “Вахш”-ро баста, ба бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки барои мардуми Тоҷикистон марзаи ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимнан таъкид карданд, ки бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳимми стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзаву оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмуъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад.Баъди ба истифода супоридани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад[12,2].

Бояд тазаккур дод, ки кишвари мо маҳз дар давраи аз назари молиявӣ ва иқтисодӣ ҳассос амалӣ намудани се ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳамзамон расидан ба истиқлолияти комили энергетикиро пайгирӣ намуда, дар бахши раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ, ки меҳвари кор дар самти саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, муваффақ шуд. Айни замон низ ҳадафи ниҳоӣ - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳоли татбиқ қарор дорад ва дар ин самт корҳо боз ҳам бо суръати баланд ва муваффақона идома доранд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар самти бунёди давлати дунявӣ ва миллӣ, ки бар асоси тараққиёти илму техника ва саноату энергетика устувор мегардад, устуворона қадам мебардорад. Аз ҷумла, эълон гардидани “Солҳои 2022 – 2026 солҳои рушди саноат” пеш аз ҳама ба раванди сохтан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти хурду миёна ва бузурги саноатӣ пайваст аст.

Дар ин байн Неругоҳи барқии обии “Роғун” ба сифати лоиҳаи меҳварии саноатӣ шинохта мешавад, ки чархаҳои он яке паси дигаре ба гардиш медароянду дарёи иқтисоду истеҳсолоти миллиро шодоб месозанд ва тавассути ин ҳарду иқтисоди рақамиву инноватсионӣ рушд менамоянд ва мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боло меравад[7].

Бунёди ҳар як иншооти таърихӣ ва ё стратегие, ки барои давлату миллат ва ё халқи алоҳида таърихи хоссаи худро дорад, дар варақҳои таърихи он миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Имрӯз фаронсавиҳо бо манораи Эйфел, чиниҳо бо Девори бузург, ҳиндуҳо бо Тоҷмаҳал, мисриҳо бошанд бо аҳромҳои худ ва дигар халқу миллатҳо низ бо дастоварде аз ҳаёти меъмориву бунёдкории давраҳои мухталифи таърихи худ мефахранду ҳамзамон барои муаррифияш талош менамоянд. Аммо мо тоҷикон бо ҳамин иншооти бузурги худ Неругоҳи барқи обии “Роғун” ифтихор менамоем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми асри ХХI дар минтақа аз аввалинҳо шуда, ба бунёди иншооте азм намуд, ки мисолашро таърих ёд надорад. Ин ҳам бошад, Неругоҳи барқии обии “Роғун” мебошад, ки бо талоши пайваста, азми қавӣ ва иродаи устувори матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қарибиҳо дар ҷараёни анҷом ёфтан қарор дорад.

Бунёди НБО “Роғун” бунёди ояндаи гулгулшукуфони Тоҷикистон буда, саҳмгузорӣ дар сохтмони он мояи ифтихор ва ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ мебошад[8].

Зубайдулло Давлатов - сардори Раёсати Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нигоштаи худ зимнан чунин зикр кардааст: Неругоҳи барқии обии “Роғун” бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт солона беш аз 17 миллиард киловатт/соат барқ тавлид хоҳад намуд. Шаш чархаи он - ҳар кадомашон 600 мегаватт иқтидор доранд.Он дар маҷрои Вахш аз болооб нуҳум хоҳад шуд.Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин неругоҳ дар минтақа аз ҳама калонтарин мешавад.

Мардуми кишварамон даъватҳои Сарвари давлатамонро, ки бо вуҷуди мушкилиҳо мегуфтанд, ки агар зарур ояд, мо “Роғун”-ро бо нохунҳоямон месозем, гарм истиқбол намуда, қувваю неруяшонро ба анҷоми ҳарчи зудтари корҳо дар ин иншооти сарнавиштсоз равона карданд.

Дар назар аст, ки то соли 2030 иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ аз 17 то 45 миллиард киловатт - соат дар як сол ё қариб се баробар афзоиш ёфта, ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои соҳа ислоҳоти ҷиддӣ амалӣ гардад. Ҳамзамон содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тавассути хатҳои минтақавии интиқоли неруи барқ, аз ҷумла КАСА-1000 то 10 миллион киловатт – соат ба давлатҳои ҳамсоя зиёд шавад[9].

Тавре, ки доктори илмҳои филологӣ, профессор Шуҳрат Каримзода хуб зикр кардааст:”Агар ба таърихи бунёди НБО “Роғун” назар андозем, маълум мегардад, ки дар тарҳрезӣ ва сохтмони он давоми солҳои тӯлонӣ монеаҳои бисёре пеш омадааст. Аз як тараф, нотавонбинон ва афроде буданд, ки ба ҳеҷ сурат бунёди ин сохтмонро намехостанд ва ба ҳар роҳу восита монеа эҷод карда, сохтмони онро ба таъхир меандохтанд.

Вале, бо азму иродаи устувори Пешвои оянданигари миллат бо такя аз аз мардуми шарифу бунёдкори кишвар ин иншооти азими аср дар марҳалаи бунёд ва созандагӣ қарор гирифт. Ҳамагон аз ибтикороти шоёни таҳсини Роҳбари давлат бо хушҳолӣ истиқбол намуданд. Зеро аҳли ҷомеаи кишвар накӯ дарк намуданд, ки “Роғун” на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Ба дурустӣ ҳар гоҳе, ки сухан аз хусуси энергетика меравад, пеш аз ҳама Неругоҳи барқи обии “Роғун” пеши назар падид меояд. Ин иншооти бузург, ки бо саъю талош ва иқдоми бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бидуни тардид, ин корномаи ояндасози давлату миллат шукуҳу эътибори моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд”[10].

Чуноне, ки корманди масъули Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Аброр Назиров иброз доштааст:”Имрӯз барои ҳар сокини пуршараф ва соҳибфахри Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон қарз ва зарур аст, ки аз наздик бо азаммату бузургӣ ва воқеан ҳам муъҷиза будани иншооти аср - НБО “Роғун” ошно шавад. Вақте мо шоҳиди бевоситаи корҳои созандагию сохтмонӣ ва натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони Неругоҳи барқии обии “Роғун” бо сарварӣ ва роҳнамоиҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мешавем, амиқан дарк месозем, ки воқеан ин муъҷиза нур, ободӣ, зиндагӣ ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон мебошад.

Бешак бунёди “Роғун” ояндаи чароғон ва дурнамои рушду пешрафти Тоҷикистон аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид сохтаанд, ки бунёди ин неругоҳи бузург на танҳо мушкилоти нарасидани барқро барои аҳолӣ ҳаллу фасл менамояд, балки дар рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва ҳамзамон беҳтар гардонидани вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, хусусан маорифу тандурустӣ ҳамаҷиҳата мусоидат менамояд.

Илова бар ин метавон қайд намуд, ки бунёди ин неругоҳ аз чанд ҷиҳат аҳаммияти бузурги худро дорад;

- аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои зиёди саноатӣ ба кор даромада, иқтисодиётамон пеш меравад, аз диду назари сиёсӣ бошад, давлатамон дар байни давлатҳои мутараққӣ мавқеи худро пайдо мекунад, илова бар ин бо бунёди ин неругоҳ Тоҷикистон истиқлоли энергетикиро пурра ба даст меорад[11].

Номи “Роғун”-ро тамоми дунё шунидааст. Махсусан дар кишвари мо вақте сухан аз энергетика ва барқ равад, қабл аз ҳама, “Роғун” пеши назар меояд. Ҳар як кӯдаки тоҷик аз хурдӣ номи “Роғун”-ро шунидааст, ҳатто мӯйсафедон даст ба дуо мебардоранд, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” тезтар бино ёбад ва мамлакати мо аз танқисии барқ раҳо шавад.

Чанд даҳсола боз масъалаи НБО “Роғун”, баҳси “Роғун”, аҳамият ва манфиати “Роғун” дар байни сиёсатмадорон, дӯстону бадхоҳон, ҳатто дар байни мардуми одӣ идома дорад, вале он барои махсусан мутахассисон ва соҳаи энергетика фаҳмиши амиқтар, мукаммалтар ва манфиатнокеро дорост. Дар ин бора садҳо китобу мақола нашр гаштанд, ҳамзамон даҳҳо таҳлилу экспертизаҳо низ пушти сар шуданд.

Оқибат НБО “Роғун” бино ёфт, ду агрегати он ба кор сар кард ва барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.

Ҳарчанд обанбори неругоҳ то ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, вале дар Неругоҳи барқи обии “Роғун”, то ин дам аллакай 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст. Барои муқоиса – дар як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ то 45-50 миллион киловатт/соат барқ истеҳсол мегардад. Аз ҳама муҳим он аст, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ҷодаи бунёди “Роғун” ними роҳ тай шуд. Ҳарчанд давоми роҳ низ одиву осон нест, вале акнун аниқу иҷрошаванда аст. Ин ҳама нишонаи амалӣ шудани сиёсати оқилонаи энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Ин кори одиву осон набуд. Вақте мо мегӯем, ки НБО “Роғун” бино ёфт, худ аз худ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҷилвагар мешавад. Бале, агар обрӯву нуфузи байналмилалии Сарвари давлати мо, меҳнату заҳмат ва азму иродаи қавии ин абармард намешуд, бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” комилан номумкин мегардид[12].

АДАБИЁТ

1. Саъдулло Маҳкамов, Эмомалӣ Раҳмон: “Роғун” ояндаи ободи халқи тоҷик ва сари баланду рӯи сурхи ҳар фарди Ватан аст”, нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Ҷумҳурият” № 194 (24 805) 29 сентябри соли 2023, саҳифаи 1.

2. Рустам Ҳайдаров, Неругоҳи “Роғун” - унсури калидии таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ. Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – “Минбари халқ” № 30 (1478) 24 июли соли 2024, саҳифаҳои 1- 4.

3. Наргис Усмонова, НБО “Роғун” – самараи истиқлол, Роҳи пуршебу фарози НБО “Роғун”. “Ҷумҳурият” № 190 (24 801) 22 сентябри соли 2023, саҳифаи 1.

4. И. Каминский, А. Гандин. Проблемы использования реки Вахш.- Ташкент 1930. Рукопис.-36с.

5. И. Нехамкин. Наступление на пустыню.// Наука и жизнь.-1961, №7-с.30-32.

6. Ҳасан Асоев, “Роғун – машъалафрӯзи минтақа”. Ҷилди 1, Душанбе, Нашриёти “Дониш”- 2018, саҳифаҳои 39-41.

7. Фарҳод Раҳимӣ. Истиқлоли давлатӣ – арзишмандтарин дастовард. Нашрияи “Минбари халқ” № 35 (1432) 7 сентябри соли 2023, саҳифаи 3.

8. Султон Саидзода. Бунёдгузори “Роғун”. Нашрияи “Мароми пойтахт”,

№ 42 (773) 22-юми ноябри соли 2023, саҳифаи 7.

9. Зубайдулло Давлатов. “Роғун” - кафили истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон. Нашрияи “Минбари халқ” № 40 (1437) 11 октябри соли 2023, саҳифаи 4.

10. Шуҳрат Каримзода. Кохи нуру сурури Тоҷикистон. Нашрияи “Мароми пойтахт”, № 46 (777) 20-уми декабри соли 2023, саҳифаи 5.

11. Аброр Назиров. Неругоҳе, ки ояндаи дурахшон ва муъҷизаи замон аст... “Мароми пойтахт”, № 40 (771) 1-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 8.

12. Нозир Ёдгорӣ. Афсонаи ҳузнангез ва ҳақиқати гуворои “Роғун”. Нашрияи парлумонии “Садои мардум”, № 136-137 (4719 - 4720) 15-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 5 ва № 142 (4725) 20-уми ноябри соли 2023, саҳифаи 2.

БУНЁДИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ “РОҒУН” САҲМИ БОРИЗ

ВА ҲАДАФИ АСОСИЮ ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бунёди сохтмони бузурги асри ХХ1- Неругоҳи барқи обии “Роғун” на танҳо боиси рушди иқтисоди кишвар ва инчунин ғанӣ гардонидани буҷаи давлат гардида, Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати ободу зебо ва худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи иловагӣ мебахшад, балки аз нигоҳи дигар миллати бузурги тоҷикро ҳувияти тоза ато менамояд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлолу соҳибиқболи Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он, ки Неругоҳи барқи обии “Роғун” ҳамчун иншооти муҳимму стратегӣ барои амният ва сулҳу суботи минтақаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти геостратегии худро дорад, ба идомаи сохтмони ин неругоҳ авлавияти бештар ва аввалиндараҷаи худро медиҳад.

Неругоҳи барқии обии “Роғун”ба сифати лоиҳаи меҳварии саноатӣ шинохта мешавад, ки чархаҳои он яке паси дигаре ба гардиш медароянду дарёи иқтисоду истеҳсолоти миллиро шодоб месозанд ва тавассути ин ҳарду иқтисоди рақамиву инноватсионӣ рушд менамоянд ва мақоми ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ дар ин самт боз ҳам боло хоҳад рафт.

Ин иншооти бузург, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо саъю талош ва иқдоми бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Бидуни тардид, ин корномаи ояндасози давлату миллат шукуҳу эътибори моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурд ва ҳамзамон хоҳад бурд.

Калидвожаҳо: Неругоҳ, барқ, об, Роғун, иншооти муҳим, стратегӣ, ифтихори миллӣ, саҳм, байналмилалӣ, бунёдгузор, миллат, лоиҳа, давлат.

СТРОИТЕЛЬСТВО ГИДРОЭЛЕКТРОСТАНЦИИ "РОГУН"

ГЛАВНАЯ И МУДРАЯ ЗАДАЧА ЛИДЕРА НАЦИИ

Фундамент великого строительства ХХ1 века – Рогунская ГЭС не только ведет к развитию экономики страны, но и обогащает государственный бюджет, дает независимую Республику Таджикистан как процветающую, красивую и самодостаточную страну заявить о дополнительной репутации и влиянии в международном масштабе, но и с точки зрения другой великой нации, дает таджикскому народу новую идентичность.

Независимая и процветающая Республика Таджикистан под мудрым руководством Основателя национального мира и единства, Президента страны, великого Лидера нации Его Превосходительства Эмомали Рахмона, принимая во внимание, что Рогунская ГЭС как важный и стратегический объект для безопасности, мира и стабильности в Центральноазиатском регионе, имеющий свое геостратегическое значение, придал высший и первостепенный приоритет продолжению строительства этой электро-станции.

Гидроэлектростанция «Рогун» признана проектом промышленной оси, колеса которой вращаются одно за другим и осчастливливают реку национальной экономики и производства, и благодаря этому развиваются как цифровая, так и инновационная экономики, повышается статус республика на международной арене еще выше пойдет в этом направлении.

Это величественное здание, построенное в период независимости усилиями и новаторской инициативой сына нации Эмомали Рахмона, является предметом гордости каждого гражданина страны. Без сомнения, эта работа по строительству будущего государства и нации увеличила нашу славу и престиж на мировой арене и будет продолжать делать это в то же время.

Ключевые слова: Энергия, электричество, вода, Рогун, важные объекты, стратегическое, национальная гордость, вклад, международный, основатель, нация, проект, государство.

CONSTRUCTION OF THE ROGUN HYDROELECTRIC POWER STATION THE MAIN AND WISE TASK OF THE LEADER OF THE NATION

The foundation of the great construction of the 21st century - Rogun HPP not only leads to the development of the country's economy, but also enriches the State budget, gives the independent Republic of Tajikistan as a prosperous, beautiful and self-sufficient country declare additional reputation and influence on an international scale, but also from the point of view of another great nation, gives the Tajik people a new identity.

The independent and prosperous Republic of Tajikistan under the wise leadership of the founder of national peace and unity, the President of the country, the great leader of the nation His Excellency Emomali Rahmon, taking into account that the Rogun HPP as an important and strategic facility for security, peace and stability in the Central Asian region, having its own geostrategic significance, gave the highest and primary priority to the continuation of the construction of this power plant.

The Rogun hydroelectric power station is recognized as an industrial axis project, the wheels of which rotate one after another and make the river of national economy and production happy, and thanks to this, both digital and innovative economies are developing, the status of the republic in the international arena is increasing and will go even higher in this direction.

This majestic building, built during the period of independence through the efforts and innovative initiative of the son of the nation Emomali Rahmon, is a source of pride for every citizen of the country. Without a doubt, this work on building the future state and nation has increased our glory and prestige in the world arena and will continue to do so at the same time.

Key words: Energy, electricity, water, Rogun, important objects, strategic, national pride, contribution, international, founder, nation, project, state.

Сведения об автора: Кенджаев Мухбир Джурабоевич - соискатель Института истории, археология и этнографии имени А. Дониша НАНТ. Телефон: (+992) 93-440-28-86, Е-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

Information about the authors: Кendzaev Mukhbir Dzhuraboevich - is a competitor of the Departmentof the Institute of History, Archeology and Ethnography named after A. Donisha HАНT. (+992) 93-440-28-86, Е-mail: mukhbirjon.kendzhaev@mail.ru

КЕНҶАЕВ Мухбир Ҷӯрабоевич, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш