Skip to main content

(Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар , 28.12.2024, шаҳри Душанбе)

Паём ҳуҷҷати барномавии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда дар он нуқтаи назар, таклиф ва пешниҳодҳои Президент оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар инъикос мегардад.

Чуноне, ки иттилоъ дорем, 28 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе дар бинои нави парлумони Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид. Президенти кишвар дар суханронии худ натоиҷи солро ҷамъбаст намуда, барои солҳои минбаъда ҳадафҳоро муайян намуданд. Самтҳои асосии Паём ба масъалаҳои мубрам, ки ба рушду равнақи кишвар таъсир мерасонанд, нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, мо метавонем масъалаи тарбияи ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, сидқан дӯст доштани сарзамини биҳиштосои меҳан, меҳру муҳаббати самимӣ ба Ватан - Модар, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва дар ҳама ҳолат омода будани ҷавонон, ҷавонмардон баҳри дифои кишварро, ки дар Паём яке аз масоили калидӣ маҳсуб меёбад, таъкид намоем.

Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эътироф шудааст, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳуввияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад. Маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги ҳифзи ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Аз ин рӯ, дар қалби ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба забон, таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ, баланд бардоштани нақш ва мавқеи онҳо дар ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми давлату Ҳукумат мебошад. Тарбияи шаҳрвандӣ - ватандӯстӣ - маҷмӯи тадбирҳое шинохта шудааст, ки баҳри дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ, меҳнатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон равона карда шудааст. Ҷавонон қишри фаъолтарини ҷомеа ва идомадиҳандаи кору пайкори насли калонсол мебошанд ва маҳз онҳо масъулияти фардои кишвари соҳибистиқлоли худро ба дӯш хоҳанд гирифт. Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд, иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд. Ҷиҳати дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватадӯстии шаҳрвандон ва дарки амиқи худшиносию худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳангоми таҳияи қонунҳо ба инобат гирифта мешаванд. Мусаллам аст, ки ҷаҳони пуртазоду ноороми муосир ҷавонони кишварро водор месозад, ки аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва ҳамсолонашонро аз таъсири мафкураи радикаливу ифротӣ ва хурофотпарастӣ эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд. Ватандӯстӣ рукни асосии худшиносии миллӣ буда, худшиносии миллӣ дар навбати худ наҷотбахшандаи миллат аз гирдоби туфони пурпечу тоби ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳар давру замон хизмат ба Ватан яке аз мактабҳои ҷавонмард ба шумор рафта, ҷавонони худшиноси миллатро мебояд, ҳатман дар ин мактаби шуҷоат мардонагӣ омӯхта, аз хатогиҳои гузашта бояд сабақ омӯзанд. Боиси тазаккур аст, ки мо аз ҷавонони кишвар умеди бузург дорем, ташаббусҳои созандаашонро минбаъд низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем ва аз фаъолияти онҳо ба хотири рушду таҳкими давлатдории миллиамон ҳамеша қадрдонӣ менамоем. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки ҷавонони саодатманду хирадманди тоҷик мансубияти хешро ба миллат дарк намоянд ва аз ниёгони шарафманди худ ифтихор намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш чунин зикр намуданд, ки минбаъд низ ба ҷавонон ҳамчун неруи боэътимод ва такягоҳи устувор таваҷҷуҳ хоҳем кард, зеро ояндаи миллату давлат аз онҳо вобаста мебошад. Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ба низоми таълиму тарбия низ таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур аст. Аз ин рӯ, Ҳукумати кишвар ҳамеша ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ намудани онҳо имконияту шароити мусоид фароҳам меорад. Дар баробари ин ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳои гуногуни замонавӣ мешаванд, ки барои Тоҷикистони соҳибистиқлол хеле муҳим ва заруранд.

Ҳамин тариқ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ яке ҷанбаҳои муҳимми рушд ва ташаккули ҳувияти шаҳрвандӣ мебошад. Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо намояд.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, - ходими пешбари илмии Шуъбаи ИДМ-и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент