Skip to main content

Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар,

Хуршеди баланди осмонӣ, модар.

Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорӣ,

Сарчашмаи меҳри беканорӣ, модар.

Лоиқ Шералӣ

Дар ватани азизамон Тоҷикистон, ки ба унвони давлати ҳуқуқбунёд ва дунявии ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст, зан аз ҷойгоҳи хос бархурдор аст.Тимсоли зани хирадманд ва оқила дар осори мардуми тоҷик аз қадим то ба замони муосир ба таври шоиста тасвир ёфтааст. Асри гузашта дар таърихи миллати тоҷик саҳифаеро боз намуд, ки бо фарозу нишеб ва бурду бохтҳои зиёде ҳамроҳ буд. Барои зани тоҷик низ даврае пеш омад, ки имкони таҳсил, интихоби касбу кор ва роҳи фаъолиятро боз намуд.

Давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври куллӣ имконоти мазкурро барои занон на танҳо ҳифз намуд, балки барои ривоҷи бештару фарохтари он мусоидат кард. Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон эҳтиром ба бонувон маъно ва аҳаммияти хос дорад, зеро зан модарест, ки ҳар фарди ҷомеа аз ӯ ба дунё омадааст; зан ҳамсарест, ки бунёди ҳар хонавода бар вуҷуди ӯ устувор аст; зан хоҳарест, ки бародарро ғамхору меҳрубон аст; зан духтарест, ки падару модарро мушфиқу такягоҳ аст. Дар маҷмуъ, зан узви комилҳуқуқи ҷомеа аст, ки бе ҳузури ӯ ҳеч ҷомеае наметавонад комил ва солим бошад.

Дар аксари муассисаҳо, созмонҳо, идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон занон фаъолият доранд. Онҳо машғул ба касбу кори гуногун ҳастанд ва аз таҳсил ва тахассуси гуногун бархурдор буда, дар баробари мардон, дар зиндагии ҷомеаи муосирхидмат ва нақши муносиб доранд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар поёни соли сипаришуда ироа гардид, саҳми занон дар ҷомеа ба забони омор чунин арзёбӣ шуд: “Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд”.

Шумораи бонувони муҳаққиқ ва коршиносони пажӯҳишгар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол аз сол рӯ ба афзоиш мебошад. Бино ба тозатарин оморе, ки ба наздикӣ дар Конференсияи илмии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» дар пойтахти кишварамон ироа гардид, дар соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 993 номзади илм, 131 доктори илм, 84 профессор зан буда, 608 дотсент, 204 нафари дорои унвони илмӣ ва 1 034 ассистент ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул ҳастанд. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 2 академик, 3 узви вобастаи Академия, 33 доктори илм, 109 номзади илм, 294 магистрант, 104 доктори PhD бонувонанд. Дар фаъолияти илмӣ ва таҳқиқии онҳо натиҷаҳои матлуб ва дорои аҳаммият кам нест.

Сано бодо ба занҳое, ки мардан,

Баёзи зиндагиро пеша кардан.

Ба дигарон бидонанд дарси ибрат,

Даме, ки ҳусни худро гум накарданд.

Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, таваҷҷуҳ ва кӯшишҳои Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳузури фаъолонаи занону духтарони кишвар дар таҳқиқу пажӯҳиши илмӣ, барномаҳо ва тарҳҳои фанноварӣ, ихтироъ ва навовариҳои муҳимми илмӣ ва истеҳсолӣ бояд омили муҳим ва таъсиргузор дар натиҷаҳои мусбат ва умедбахш дар ин замина донист.

Дар баробари ин ки таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон ва дар марҳалаи кунунӣ ба рушди иқтисоди кишвар низ мусоидат менамоянд, дар муддати се даҳсолаи охир барои донишҷӯён, унвонҷӯёну пажуҳишгарони ҷавон заминаҳои нави таҳқиқ фароҳам омадааст. Ин заминаҳо дар шакли барномаҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишии ватанӣ ва байналмилалӣ, квотаҳо, грантҳо ва стипендияҳо пешниҳод гардида, аз шумораи зиёди ҷавононон, аз ҷумла бонувон барои фаъолияти илмӣ роҳнамоӣ ва пуштибонии моддӣ ва ҳуқуқӣ ба амал меояд.

Бино ба иттилои Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар”, дар 6 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 283 нафар расида, соли 2023 аз 73 зани ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодир дар сатҳи байналмилалӣ бо Шоҳҷоиза ва медали тило, 10 нафар бо медали нуқра ва 1 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.

Бонувони Тоҷикистон бо истифода аз дастовардҳои илмӣ, техникӣ ва фанновариҳои муосир, дар таҳқиқот ва пажӯҳишҳои илмӣ муваффақиятҳо ба даст меоранд ва ворисону соҳибони шоистаи илм, фарҳанг ва осори моддию маънавии ватанамон мебошанд.

Натиҷаи барномаҳо ва тадбирҳои пайвастаи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон аст, ки занон имрӯз дар соҳаҳои иҷтимоӣ, хидмати давлатӣ, нақлиёт, энергетика, мухобирот, сохтмону меъморӣ, заминшиносӣ, бонкдорӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сафҳои Артиши миллӣ ҳузури фаъол ва нақши таъсиргузор доранд.

Бино ба таъкиди Президенти муҳтарами давлат, иштироки занону бонувон дар соҳаи маориф 73 дарсад, тандурустӣ 71 дарсад, фарҳанг 47 дарсад, бонкдорӣ 39 дарсад, мухобирот 25 дарсад ва хидматрасонии иттилоотӣ 40 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар 21 соли охир беш аз 504 000 зан муассисаҳои таҳсилоти касбиро дар риштаҳои гуногун хатм кардаанд; 239 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, 100 000 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифт шудаанд.

Пешвои муаззами миллат афзуданд, ки ҷалби бонувон ба иштироки фаъол дар бахшҳо ва соҳаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт, зеро онҳо дар ҷомеа неруи бузурге мебошанд. Умед бар ин дорем, ки ташвиқи пайваста ва рӯзафзуни давлат ва ҳукумат барои шинохти масъулият ва кӯшиши бештари занон дар фаъолиятҳои илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ангеза ва илҳоми тоза хоҳад бахшид.

Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,

Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.

Агарчи аз занон пайғамбаре нест,

Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.

Шарофова М.У., Хоҷибоева Л.Т., Сагдиева Ш.С. - МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон