Либоси миллӣ муаррифгари фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Вале, имрӯз матои адрас аз риштаҳои абрешимӣ ва нахҳои пахтагин бофта мешавад, ки риштаи он аз 15—20 пилла иборат аст. Намунаҳое, ки дар байни ду то ҳашт намуди гул истифода мешаванд, торҳои абрешимро абрнок мекунанд. Адрасро вобаста ба услуби ороиш ва сояи гулҳо , сабзи кароб, зар зада, сафед, бунафш, барги гул , хумӣ, накшу нигор, шона, мурғобӣ, гули лола ва ғайра накшу нигор менамоянд. Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст.
Дар замони муосир ҳар як халқу давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мувофиқ ба шароити иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои ҳамон ҷомеа ва миллати худ хос либоси махсусро интихоб карда, онро ба расмият дароранд.
Тавре, ки Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд: «Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳар чи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонуворро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем».
Дар робита ба масъалаи мазкур, ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз тақлид ба фарҳанги бегона ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ зарур меояд, ки зимни баргузории машғулиятҳои тарбиявӣ, ба масъалаҳои арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, одоби пӯшидани либос ва риояи меъёри муқарраргардидаи тартиби либоспӯшии донишҷён аҳамияти ҷиддӣ дода, ба корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшем, ҳамчунин, дар ин замина дар замири онҳо фарҳанги либоспӯшии миллиро бедор намоем, зеро либос яке аз рукнҳои муҳим ва ифодагари тамаддуни хеле пешрафтаи халқи тоҷик мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бофарҳанг, бомаданияту зебопараст буданд ва бо пӯшидани либосҳои миллии худ ҳам тамаддун ва ҳам фарҳанги миллати тоҷикро дар таърихи башарият маъруфу машҳур намудаанд. Арзишмандии маънавии онро ҳифз карда, то ба мо расондаанд. Наслҳои оянда низ бояд ба мероси ниёгон ҳамчун меросбарони бофарҳанг арҷгузор бошанд.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар халқ дар худ симои маънавии ӯро таҷассум менамояд, василаи муҳими худшиносӣ ва худогоҳӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳама давру замон инкишофу пешравии фарҳанги миллӣ дар дасти ҷавонон буд. Ҷавондухтарон метавонанд, фарҳанги худро боз ҳам баланд бардошта, бо либоси адрасу атлас ва чакан, мӯйи бофта, тоқии гулдӯзӣ худро зебу зинат дода, маданияти миллии тоҷиконро бо ин амалашон дар олам муаррифӣ созанд.
Хушбахтона, моҳи ноябри соли 2018 чакани тоҷикӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.
Либоси миллӣ ойинаест, ки дар он фарҳанги миллии мо инъикос ёфтааст. Миллати тоҷик миллати соҳибтоҷ аст, аз ин лиҳоз, дар тамоми соҳаҳо мо бояд аз таърихи бостониву тамаддунсози худ, аз ҳунар ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, ҳамзамон, аз либосҳои миллӣ, аз матои атласу адрас ва зардӯзиву чакан, ки моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд, бархӯрдор бошем.
Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат ба шумор мерафт. Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хоса пеши назар меояд.
Либоси миллии халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас бо нахҳои табии истеҳсол шуда истодааст ва ба бунияи инсон безарат ва аз ҷихати экологӣ тоза мебошад. Мо бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳои миллӣ пироҳанҳои зебо медӯзем.
Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад. Халқи тоҷик, воқеан ҳам либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.
Боиси таассуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст. Модоме, ки либоси миллии мо нишон аз фарҳанги мост, пас, биёед, фарҳанги миллиро бо тақлидҳои кӯркӯрона ба бегонагон фасод насозем ва онро ба ояндагон ба мерос гузорем. Умед бар он мекунем, ки корхонаҳои тавлидотии кишвар дар истеҳсоли матоъҳои хушсифату дастрас саҳми бештар дошта бошанд ва бо истифода аз ҳунару истеъдоди ҳунармандони касбии ватанӣ бозори истеъмолии кишварро бо молу матоъҳои рақобатпазиру бозоргир ҳарчи бештар таъмин намоянд атласу адрас либоси мавсимӣ набояд бошад.
Ҳама, ин накшу нигори матоъҳои точикона ин таҷасумгари табиати биҳиштосои Точикистон гулҳои шукуфону табиати сабзу гулҳои зебоманзарон гирифта шуда табъи ҳар яки мо бонувонро ба худ ҷалб мекунад. Интихоби либос ва ранги он низ ба саломатии одам таъсир карда метавонад ва хусусиятҳои фардии онро нишон медиҳад. Як гуруҳ одамон ранги зард, дигари ранги сабз, гулобӣ ва сабзу кабудро интихоб мекунанд. Нафарони оромтабиат, бештар ба рангҳои гулобӣ ва осмонии кабуд рӯ меоваранд. Дар ситоиши рангҳо ва таъсири онҳо ба саломатии инсон чунин маълумотҳо мавҷуданд ва онҳо метавонанд дар интихоби ранги либос ба мо кӯмак расонад.
Ранги зард руҳафтодагиро табобат ва фаъолияти кории одамро зиёд мекунад.
Ранги кабуд қувваи босираро тез карда одамро ором мекунад.
Ранги сабз таҷдиди ҳуҷайраю бофтаҳои организмро ба танзим медарорад ва масъунияти баданро баланд мебардорад, одамро ором мекунад.
Ранги норинҷӣ ба системаи ҳозима таъсири мусбӣ расонида, шахсро бардам намуда, мондагиро рафъ месозад.
Ранги бунафш кори мағзи сарро идора мекунад.
Ранги сурх одамро ба ҳаяҷон меорад ва бештар барои одамони камфаъолу хоболуд тавсия дода мешавад.
Ранги кабуди осмонӣ барои таботати бемориҳои асаб тавсия дода мешавад ва он ҳолати ҳаяҷоннокии одамро паст мекунад.
Дар либосҳои миллии мо атласу адрас ва чакан ҳамаи ин рангҳоро дучор омадан мумкин аст. Бинобарин пӯшидани ин либосҳо дар баробари арҷгузорӣ ва қадрдонии либосҳои миллӣ инчунин ба солимии мо низ таъсири худро мерасонад.
Ходими илмӣ озмоишгоҳи “Фармаколия”-и Институти кимиё ба номи Никитини В.И. АМИТ
Салимова Соро Шералиевна Раиси шурои занони Институт Халикова С.