Skip to main content

Дар арафаи фарорасии оғози соли таҳсил 1- уми сентябри соли 2024 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Акнун 3500 хонандаи хуштолеъи кишвар дар оғози соли нави таҳсил соҳиби мактаби наву замонавӣ гардиданд.

Воқеан ҳам насли имрӯзаи кишвар бисёр хуштолеъ мебошанд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо шароит ва имкониятҳои васеъро фароҳам оварда истодааст. Дар баробари ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасону ҷавонон бояд аз пайи дониш андухтану соҳибилм гардидан шуда, барои ватану миллати хеш саҳми арзишманд гузоранд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ҳамасола рӯзи якуми сентябр дар яке аз муассисаҳои таълимии кишвар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонр баргузор мегардад.

Соли равон дарси сулҳ дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе доир гардид.

Аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, риояи муқаррароти қонунҳои қабулшуда, махсусан се қонуни миллӣ - дар бораи танзими ҷашну маросим, масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ба ин васила мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои замони муосир дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Дар рафти мулоқот Курбонов Бурхвали донишҷӯи курси сеюми факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад намуд. Пешвои миллат дастуру супориш доданд, ки бо чунин олимони ҷавон ва боистеъдод ҳамкорӣ намоянд ва дар ҷодаҳои илм дасгирӣ намоянд

Имрӯз 3.09.2024 с бо дастури Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвактзода Қ. Х директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ номзади илмҳои физика ва математика Рахимзода А. О. ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Курбонзода Бурхвали вохурӣ намуданд.

Дар вохурӣ директорро декани факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қосимов И ва якчанд омӯзгорони факултет ҳамроҳӣ намуданд.

Рахимзода. А. О бо Курбонов Бурхвалӣ ҳамсӯҳбат шуда, оиди ҳамкориҳо пешниҳодои муфид намуданд.

Инчунин, Рахимзода А. О таъкид карданд, ки чунин донишмандони ҷавон ба сафи кадрҳои Институтҳои таҳқиқотии АМИТ, аз ҷумла ба Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви АМИТ лозим буда, ҳамавақт таер аст, ки онҳоро дар ҷодаи илм дастгирӣ намояд.