
Дару девори ҷаҳон худ дару девори зан аст,
Кори дунё ҳама дар пайравии кори зан аст.
Нест ҷуз бори хас он бор, ки мардон бикашанд,
Ғами дунёи наву куҳна ҳама бори зан аст.
Лоиқ Шералӣ
Зан-модар сарчашмаи меҳр, мураббии нахустини инсоният ва офарандаи насли нав, раҳнамои фарзандон, ки тарбияи фарзанди солеҳ ва ҷомеаи солим аз ӯ оғоз меёбад. Бо шунидани мафҳуми зан –модар мо як шахси ҳалиму меҳрубон, ғамхору заҳматкаш ва олиҳаи зебоии зиндагиро пешу рӯ тасаввур мекунем. Модарон чароғи хонадонанд.Хонае,ки дар он зан-модар нест дар ҳақиқат ҳам сарду торик аст.
Бо омад-омади баҳори нозанину гулбасар занону модарони меҳрубони мо ҷашн доранд. Ҷашни “Рӯзи модар”. Шуъоҳои нурбахши ин рӯзи фархунда ба занону модарон як руҳу илҳоми наву тоза мебахшад.
Аз оғози таърих то имрӯз модар нақши асосиро дар ташаккули шахсият ва рушди ҷомеа иҷро мекунад. Вай бо сабру таҳаммул, муҳаббати беандоза ва ғамхории самимӣ фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят менамояд. Дар фарҳанги мардуми тоҷик модар ҳамеша мавқеи воло дошт ва ҳанӯз ҳам эҳтироми модар яке аз арзишҳои асосии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳатто бузургони адабиёт ва дин дар осорашон дар бораи бузургии модар сухан гуфтаанд.
Яке аз муҳимтарин вазифаҳои модар тарбияи фарзанд аст. Фарзанди солеҳ ва тарбиятдида асоси ояндаи миллат мебошад. Ҳамон тавре ки мегӯянд:
"Модар ба мисли мактаб аст, агар ӯро дуруст тайёр кунӣ, як миллатро тайёр кардаӣ."
Модар бо меҳрубонӣ, сабр ва муҳаббат фарзандро ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад.
Ҷомеаи солим ва пешрафта аз модарони бофарҳанг ва боодоб сарчашма мегирад.
Фарзандонро бо ахлоқи нек, садоқат ва меҳнатдӯстӣ тарбия кунанд.
Ба онҳо муҳаббат, масъулиятшиносӣ ва эҳтироми калонсолонро омӯзонанд.
Ба таълим ва саводнокии фарзандон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро илму дониш калиди муваффақият аст.
Занон на танҳо дар хонавода, балки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият мекунанд.
Имрӯз, занон на танҳо модарон ва тарбиятгарони фарзандон ҳастанд, балки дар рушди ҷомеа низ саҳми назаррас доранд. Онҳо дар соҳаҳои маориф, тиб, сиёсат, иқтисод ва фарҳанг фаъолона иштирок мекунанд.
Мисолҳои занони муваффақ дар ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон нишон медиҳанд, ки онҳо метавонанд ҳам модари меҳрубон ва ҳам шахси пешбарандаи ҷомеа бошанд.
Занони олим ва муаллим, ки бо илму дониш ҷомеаро рушд медиҳанд.
Занони табиб, ки саломатии ҷомеаро ҳифз мекунанд.
Занони роҳбар, ки дар рушди иқтисодӣ ва сиёсати давлат саҳм мегузоранд
Дар фарҳанги тоҷикон модар ҳамчун муқаддастарин шахс эҳтиром мешавад.
Ҳатто дар шеърҳои классикон ва мақолу зарбулмасалҳо бузургии модар таъриф шудааст. Масалан:
"Модар чу ба ҷон парваридат, ба меҳр,
Аз меҳри модар маё бурд гӯш."
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Зан – модар чароғи хонадон, такягоҳи фарзандон, нерӯи пешбарандаи ҷомеа, муқаддастарин инсон дар зиндагии ҳар шахс, ҳамсар, тарбиятгар, дӯст ва ҳомии мост. Ҷомеае, ки модарро эҳтиром мекунад, ҳамеша пешрафта хоҳад буд.
Ҳар яки мо бояд модари худро қадр кунад, ба ӯ муҳаббат ва эҳтироми беандоза дошта бошад, зеро меҳрубонии модар бебаҳост ва зиндагии мо ба шарофати онҳо равшан аст.
Омад-омади баҳори нозанин, Наврӯзи некпай ва «Рӯзи Модар»-ро ба ҳамаи Шумо модарону хоҳарони азизу меҳрубон табрику муборакбод намуда, дуогӯи онам, ки модарони ҳалиму ғамхорамон ҳамеша мисли гулҳои баҳорон шукуфону хандон бошанд ва пайваста шодиву шодкомӣ, тинҷиву амонӣ, бахту саодат, барору комёбиҳои рӯзгор ёру мададгоратон бод.
Қодирова Гулрӯ - ходими илмии озмоишгоҳи “Пайвастагиҳои калонмолекулавӣ”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
Халикова Саодат - раиси Шурои занони Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ
НАСБИ ТАҶҲИЗОТИ СЕЙСМИКӢ БО ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯ ДАР ПОЙГОҲИ СЕЙСМИКИИ НОҲИЯИ ЛАХШ
19 августи соли равон дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таҷҳизоти сейсмикӣ насб карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз замони ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ то ин ҷониб пурра аз фаъолият боз монда буд. Имрӯз бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ беҳтар гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар партави ҳамин дастгириҳо бо иқдомҳои неки роҳбарияти академия пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш аз нав барқарор гардида, бо таҷҳизоти наву замонавии сейсмикӣ муҷаҳаз гардонида шуд. Шурӯъ аз санаи 19 августи соли 2025 соати 10:00 пойгоҳи мазкур пурра ба фаъолият оғоз намуд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд тавассути пойгоҳи мазкур ҳар як нишондодҳои заминҷунбие, ки дар ноҳияи Лахш ба вуқӯъ мепайвандад санҷида шуда, маълумоти он ба маркази ягона фиристонида мешавад.
Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт.
Тақсим намудани ин шоҳасар, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонаводаи аҳолии кишвар бояд дастрас карда шавад, аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шурӯъ шуд.
Ин иқдоми наҷибу камназири Пешвои маърифатпарвари миллат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат “пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад”.
Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандӯстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои Шоҳнома Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: "Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар "Шоҳнома", ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт".
Президенти кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии ин шоҳасар: ситоиши донишу хирад, тарғиби ватанхоҳию ватандӯстӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолативу бедодӣ ёдовар мешаванд, ки баъд аз ҳазор сол дар рӯзгори имрӯзаи мо низ аз аҳамияти бузург бархӯрдоранд.
Дар идома таъкид мегардад, ки фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи омӯзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандӯстона ва ҳувиятсози "Шоҳнома" ниёзи бештар дорем.
Мавриди зикр аст, ки ин иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи аллома Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" ба ҳар як хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.
Агар аҳамияти “Шоҳнома” ва шоҳномахониро дар роҳи тарғиб ва таҳкими ватанхоҳию ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми кишвари худ ба таври кӯтоҳу муъҷаз бигӯем, пас беҳ аз худи Фирдавсӣ касе ӯро васф накардааст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Ва ё
Басе ранҷ бурдам дар сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.
Имрӯз (15.08.2025) аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон аксияи ҳизби бахшида ба “Рӯзи кормандони соҳаи тиб – 18 август”- таҳти унвони “Тандурустӣ беҳтарин неъмат бувад” баргузор карда шуд.
Имрӯз, 15 август дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 1045 -солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масъалаи асолати миллӣ дар фалсафаи Ибни Сино” бргузор гардид.
Ба кори конфронс директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Маҳмадизода Нозим ҳусни оғоз бахшида, оид ба муҳимияти баргузории конфронс ва доир ба нақши донишманди бузурги форсу тоҷик Ибни Сино дар илми фалсафа маъруза намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки имсол дар саросари ҷаҳон 1045 солагии ин нобиғаро таҷлил менамоянд. Мо ифтихор аз он дорем, ки Ибни Сино фарзанди бузурги халқи тоҷик аст ва тоҷик бо номи ӯ дар ҷаҳони илму фалсафа ифтихор мекунад. Ба хотири бузургдошти Шайхурраис бо ибтикори Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ, семинарҳои омӯзишӣ, конфросу симпозиумҳо баргузор гардидаистодааст. Академияи миллии илмҳо низ ҳамчун бузургтарин ниҳоди илмии Ҷумҳурӣ бахшида ба бузургдошти Ибни Сино конфронсу симпозиумҳои зиёдеро ба нақша гирифтааст ва теъдоде аз онҳоро гузаронидааст.
Таъкид гардид, ки Ибни Сино дар ҳақиқат нобиғаи давру замон аст, осори гаронарзиши ӯ бо гузашти 1045 сол то ҳол на танҳо дорои аҳамияти илмианд, балки аҳамияти илмии бештареро касб кардаанд. Миллати тоҷик аз доштани чунин нобиғаҳо ифтихор мекунад, зеро ҳал миллату давлатро бо нобиғаҳояш мешиносанд ва нобиғаҳои илму фарҳанг метавонанд, ҳам номи худ ва ҳам номи миллатро дар саросари ҷаҳон баланд нигоҳ доранд. Бояд гуфт, ки Ибни Сино дастпарвари яке аз сулолаҳои бузурги миллати тоҷик Сомониён ба ҳисоб меравад. Ӯ Нӯҳ ибни Мансури Сомониро аз бемории вазнин наҷот дод дод ва бар ивази чунин амал барои истифода аз китобхонаи машҳури Сомониён иҷозат гирифт. Бо роҳи асарҳои нодири китобхонаи мазкур дониши худро доир ба ҳамаи илмҳои замонааш пурра намуд.
Гуфта шуд, ки пас аз шикасти давлати Сомониён Ибни Сино ба Хоразм равон шуд. Дар он замон дар Хоразм олимони зиёде ҷамъ омада буданд ва барои фаъолияти илмию эҷодии олим муосидат менамуд. Аммо дере нагузашта ҳолати сиёсии Хоразм низ ноором шуд. Аз ҳамин сабаб Ибни Сино роҳи Гургонро пеш гирифт. Ӯ дар ин ҷо ба навиштани асарҳои илмӣ, аз ҷумла, ҷилди якуми «Ал-Қонун фи-т-тиб» оғоз намуд. Азбаски ҳокими нави Гургон ба Султонмаҳмуд таваҷҷуҳи зиёд дошт, Ибни Сино маҷбур шуд ба Рай равад. Пас аз чанд муддат Султонмаҳмуд Райро низ забт кард ва ӯ аз таъқибот гурезон шуда, ба Ҳамадон омад. Поёни умри ин олими забардаст пурра дар мусофират ва зери таъқиботи амирон ҷараён гирифт. Абуалӣ ибни Сино соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон аз олам чашм пӯшид.
Дар идома Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Холиқзода Абдураҳим Ғафор - директори "Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар олимон дар маърузаҳои хеш нақши олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Синоро дар илмҳои фалсафа ва тиб муҳим арзёбӣ намуданд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ КОРҲОИ ТАШРИФОТӢ ВА МАЪМУРИИ ҲУКУМАТИ ФЛАНДРИЯИ ШОҲИГАРИИ БЕЛГИЯ
Имрӯз, 13 август президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс мулоқот намуд.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод, роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс ва дигарон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ташрифи меҳмононро ба академия хайру мақдам гуфта, дар робита ба ҳамкориҳои дуҷонибаи зинаҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ва доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти маркази илми ҷумҳурӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои гуногуни илмию таҳқиқотӣ ба мувофиқа омада, барои густариш додани равобитҳо масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар доираи ин ҳамкориҳо дар оянда олимони тарафайн метавонанд таҳқиқотҳои муштараки археологиро дар якҷоягӣ гузаронда дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Ҳамзамон дар самти омода намудани мутахассисон аз ҳисоби магситрантон ва докторантони PhD дар бахши илмҳои таърихшиносӣ ҷонибиҳо ба мувофиқа омаданд.
Дар идома ҷонибҳо изҳор доштанд, ки чунин мулоқотҳо дар оянда низ як минбари хубе барои таҳия ва мувофиқа кардани равишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкориҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои кишварҳои мо хоҳанд буд.
«Фонди Россия оид ба сулҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лев Толстой пешниҳод намуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ
«Фонди Россия оид ба сулҳ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои дарёфти Ҷоизаи байналмилалии ба номи Лев Толстой пешниҳод намуд. Ин ҷоиза барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ тақдим мегардад.
@RustamEmomali
Имрӯз, 7 август дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз шудааст, ки барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид дошт, ки ифтитоҳи озмоишгоҳ қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо барои баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат хоҳанд кард.
Таъкид гардид, ки озмоишгоҳ ба як звенои калидӣ дар низоми амнияти ХБРЯ табдил хоҳад ёфт ва ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ қайд намуд, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин лаборатория тањияи Атласи харитаҳои радиатсионии ҳудудҳои Тоҷикистон дар назар аст.
Маросими ифтитоҳ бо намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода хоҳанд шуд.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф дар солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон рушду нумуъ намудааст.
Дар ин замина олимону муҳаққиқон баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти омоданамоии муҳаққиқони ҷавон дар риштаҳои гуногуни илм кушиш ба харҷ дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 зинаи таҳсилоти магистратураро 175 нафар хатм намуданд, ки аз инҳо 28 нафар гирандаи дипломи аъло ва 144 нафарро дипломи муқаррарӣ ташкил медиҳад. Ҳамзамон ду нафар магистрант бо сабабҳои гуногун дар имтиҳонҳои давлатӣ ва ҳимояи рисолаи магистрӣ иштирок накарданд.
Имрӯз аз ҷониби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба 28 нафар хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистратура дипломҳои аъло супорида шуд.