Skip to main content

1323Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1922-1991 дар Иттиҳоди ҷумҳуриҳои Шӯравӣ қарор дошт, ки аз 15 ҷумҳуриҳои бародар иборат буд. 9 сентябри соли 1991 вакилони Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳуҷҷати «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард.

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 33 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 9 сентябр - ҳамчун «Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардид. Дар рӯзи ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои илму фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст.

Бар асоси меъёрҳои физиологӣ талабот ба ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба картошка дар як сол 92 кг муайян шудааст. Сарфи назар аз он, ки меъёр 92 кило аст, хаҷми воқеии истеъмоли картошка дар ҷумҳурӣ ба як сар аҳолии кишвар дар сол ба 130 кг мерасад. Ҳамин тавр, эҳтиёҷоти умумии ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот ба 1.3 млн. тонна мерасад.

Дар нимаи моҳи ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон зиёда аз 821 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст, нисбат ба соли 2021, 185 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тибқи иттилои манбаъҳои оморӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти картошка зиёда аз 32 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Бар асоси маълумоти фаврӣ ба ҳолати 18 ноябри соли 2022 майдоне, ки ҳосилаш аллакай ҷамъоварӣ карда шудааст, дар ҷумҳурӣ 31.6 ҳазор гектарро ташкил додааст. Ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна аз як гектар 260 сентнер арзёбӣ шудааст.

Олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ дар давоми 33 соли Истиқлолият дар рушди картошкапарварии кишвар ҳиссаи хешро гузошта, дар бахшҳои генетика, селексия ва тухмипарварии картошка ва батат ба дастовардҳои назарраси илмӣ муваффақ гаштаанд. Онҳо коллексияи навъу намунаҳои гуногуни картошкаро ташкил намуда, бештар аз 100 намунаҳои гуногуни картошкаро дар озмоишгоҳ дар муҳити “in vitro”ва дар шароити баландкӯҳи ноҳияи Лахш дар баландии бештар аз 2700 м аз сатҳи баҳр дар муҳити in vivo нигоҳ медоранд. Инчунин 15 намунаи бататро (картошкаи ширин) дар дар муҳити in vitro нигоҳ медоранд. Ин намунаҳои гуногуни картошка ва батат ҳоло дар корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка ва батат васеъ истифода мегарданд.

Дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт барои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ ва ба даст овардани навъҳои нави картошка усули дурагакунии навъҳо ва инчунин усулҳои инноватсионии биотехнологияи муосир дар шароити in vitro истифода мегарданд.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дурагаҳои гуногуни картошка ба даст оварда шуданд, ки онҳо дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Инчунин тухмакҳои генеративии картошка ҳамчун яке аз усулҳои солим гардонидани тухмии картошка аз ҳар гуна касалиҳо истифода мегардад.

Дар натиҷаи гузаронидани корҳои илмии инноватсионии биотехнологӣ дар Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растании Институт дар шароити in vitro тухмии беш аз 100 навъҳои картошка аз касалиҳои вирусӣ, занбурӯғӣ ва бактериявӣ солим гардонида шуданд. Дар натиҷа ҳар сол ҳазорҳо дона лӯндаҳои модарии тухмиҳои ба даст овардашуда барои ба даст овардани тухмиҳои солими суперэлита ва элита истифода мегарданд. Инчунин бори аввал бо истифодаи усули биотехнологии зиёд намудани қаламчаҳои растании картошка дар шароити in vivo барои тезонидани корҳои селексионӣ ва тухмипарварии картошка истифода бурда шудааст.

Навъҳои серҳосили картошкаи дар натиҷаи истифодабарии усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосир ба даст оварда шудаи картошкаи маҳсули селексияи олимони Институт айни ҳол дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкилотҳои истеҳсолии мамлакат дар майдони беш аз 3000 га кишт карда мешаванд. Ин навъҳои картошка инчунин бо хусусиятҳои биохимиявии таркибии лӯндаҳояшон нисбат ба дигар навъҳои картошка фарқ доранд. Масалан, картошкаи навъи Тоҷикистон дар таркиби лӯндаҳояш бештар аз 3-5% оҳани фаъол (Fe2O3) дошта, барои пешгирӣ намудани касалии камхунӣ (анемия) кумак мерасонад. Картошкаи навъи Рашт бошад, дар таркиби лӯндаҳояш ба миқдори 3-6% йод (J20) дорад, ки дар гирифтор нагаштани одамон ба касалии ҷоғар (зоб) мусоидат менамояд.

Олимони Институт нақшаи корӣ ва омӯзиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар соҳаи картошкапарварӣ пешниҳод намуданд, ки он дар корҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ васеъ истифода бурда мешавад. Ҳамзамон аз ҷониби кормандон системаи нави тухмипарварии картошка коркард ва пешниҳод карда шудааст, ки дар тақвият бахшидани ҷараёни тухмипарварии солими картошка кумаки калон мерасонад.

Наимов Алишер Сафаралиевич - ходими калони илмии Озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи растаниҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон