Skip to main content

312321Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, ки бори нахуст дар бинои наву боҳашамати Парламенти кишвар пешниҳод гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, андозу гумрук, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, рушди муносиботи дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти ҷомеаи мамлакат маҳсуб ёфта, дар он ҷанбаҳои гуногуни сиёсати давлатдории ҶТ, аз ҷумла, сиёсти дохилӣ ва хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дастоварду комёбиҳои соли 2024 ҷамбаст гардида, дурнамои як соли минбаъда ва ҳадафҳои асосӣ муайян карда мешаванд. Зеро, Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ — бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид. Ворид шудан ба ин роҳи таърихӣ ва бунёди давлати навини миллӣ кори саҳл ва осон набуд. Дар масири таърих мушкилоту монеаҳои сангин ба сари миллат ва давлати милллӣ ба бор омаданд, ки раҳои аз чунин қисмат басо душвор ва гарон буд.

Хушбахтона, бо ҳидоят ва роҳнамоии Пешвои миллат, фаъолияти пурмаҳсули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, марҳила ба марҳила, ба ин рӯзҳои наку расидем.

Расидан ба ваҳдат, сарҷамъӣ ва мутаҳиддии миллат ба омилҳои гуногун вобастагии амиқ дорад. Аввалин ва асоситарин омиле, ки ба истиқлолияти комил ва давлати миллии хеш мардуми Тоҷикистон расид, пайгирӣ аз сиёсати давлатсозии Пешвои миллат мебошад. Маҳз, заҳмату талошҳои хастанопазири Пешвои миллат буд, ки дар ҷомеа андеша ва тафаккури миллӣ ба миён омада, мардуми мамлакат соҳиби давлати мустақил бо номи «Тоҷикистон» гарданд.

Бояд иброз намуд, ки ба даст овардани истиқлолият ва соҳибдавлат гардидан як паҳлуи масъала бошад, нигоҳдошти истиқлолият ва давлатӣ миллӣ дар шароити басо мураккаби вазъи ҷаҳони муосир дигар паҳлуи масъала мебошад.

Иқрор бояд шуд, ки маҳз дар фаъолияти бомарому пурмаҳсули Пешвои миллат метавон ҳарду ҷанбаи мубрамиятро эҳсос намуд:

а) бунёди давлатӣ миллӣ – яъне таъмини сулҳу субот ва амният дар кишвар, ваҳдатсозӣ, бунёди низоми иқтисодӣ, иқтимоӣ ва фарҳангӣ дар мамлакат.

б) нигоҳдошти давлати миллӣ – яъне пайдо кардани роҳҳои ташаккул ва инкишофи давлат ва ҷомеа ва дар маҷмуъ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ. Дар ин ҷо, гуфтан мумкин аст, ки «Дарахт нишондан кори осон, аммо нигоҳдоштӣ он аз хушкшавӣ басо мушкил». Дар шароити басо пуртазоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, боз ҳам густариш ёфтан ва ҳатто ба ҳадди ифрот расидани падидаҳои глобалии замони муосир, доман паҳн кардани ҷанбаҳои манфии ҷаҳонишавӣ, мавқеи устувори худро аз даст додани ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ нигоҳдошти давлати миллӣ танҳо орзу боқӣ мондааст. Аммо, новобаста аз ин мураккабиҳои рӯзгор, зери роҳбарии Пешвои миллат давлате бо номи «Тоҷикистон» дар харитаи сиёсии ҷаҳон тасвир шудааст ва миллате бо номи «тоҷик» машҳур гардидааст.

Бояд таъкид намуд, ки маҳаки дуюми масъалаи иброзшуда, ба Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаи ногусастанӣ дорад. Зеро, яке аз роҳҳои ташаккул ва инкишофи далатдории миллӣ, дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ маҳсуб меёбад. Зеро, доштани маърифати ҳуқуқии баланд, боис мегардад, ки низому тартибот дар ҷомеа пойдор боқӣ монда, принсипи қонуният ва таъмини баробарии шаҳрвандон риоя гардад. Маҳз, доштани маърифати ҳуқуқӣ боиси пешгирии ҳама гуна низоҳои иҷтимоӣ, динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ дар ҷамъият гардида, мавқеи арзишҳое ба монандӣ инсондӯстӣ, таҳамулпазирӣ, адолат, эҳтироми дигарон ва ғайра баланд мегардад.

Аз ҳамин лиҳоз, агар таваҷҷуҳ ба Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шавад, дар аввалин Паёми худ Пешвои миллат ба соҳаи ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, баланд гардидан маърифати ҳуқуқӣ аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин раванд, барои қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар кишвар ташаббуси бевосита анҷом додаанд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат дар Паёми аввалини хеш ба такмили низоми қонунгузории мамлакат таваҷҷуҳ намуда, оид ба зарурати қабули қисми 3-и Кодекси гражданӣ, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ дар таҳрири нав андешаронӣ намуданд. Зеро, қабул гардидани қонунҳои мухталифи ба талаботи замон мувофиқ боиси баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқӣ дар ҷомеа гардида, барои пешгирии содиршавии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.

Дар Паёми соли 2023 Пешвои миллат соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Албатта, ки ин сабабу омилҳои хоси худро дорад. Зеро, якум, дар ин марҳилаи давлатдории миллӣ низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инкишоф ёфта, қонунгузории мамлакат устувор гардида, қонунҳои ба талаботи ҷомеа мувофиқ қабул гардидаанд (унсури якуми маърифати ҳуқуқӣ). Дуюм, ҷомеаи кунунии мамлакат чи аз шаҳрванди оддӣ то сатҳи марудми зиёӣ дарку фаҳмиши қонунгузории мамлакатро доро мебошанд. Шаҳрвандон тафаккури баланди дарки қонунҳои қабулшударо дошта, ба мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ба тасвибрасида сарфаҳм мераванд (унсури дуюми маърифати ҳуқуқӣ) ва сеюм, дар сурати мавҷуд будани ду унсури дар боло зикргардида, замина амалишавӣ барои унсури сеюм пайдо мешавад, яъне риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор додани меъёрҳои қонунгузории кишавар (унсури сеюми маърифати ҳуқуқӣ). Аз ин лиҳоз, эълон гардидан «Соли маърифати ҳуқуқӣ» боиси мегардад, ки унсури сеюми маърифати ҳуқуқӣ амалӣ гардида, маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба дараҷаи дилхоҳ расад.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат солҳои 2025-2030-ро «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки дар заминаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб “Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ” таъсис дода шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи рушди соҳибкорӣ зарур шумурданд, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо роҳи такмил додани меъёрҳои амалкунандаи арзёбии хавфҳо шумораи санҷишҳо ва даврияти гузаронидани онҳо боз ҳам маҳдуд карда шавад.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръати кишвар дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатӣ аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад. Дар ин давра дар кишвар беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд.

Вазорату идораҳои дахлдор супориш гирифтанд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди истеҳсолоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди “энергияи сабз” супориш доданд, ки дар соли 2025-ум лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ” ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод карда шавад.

Дар робита ба ин ҷиҳати амалисозии барномаи мазкур дар Институти кимиёи АМИТ шуъбаи нав бо номи «Энергетикаи гидрогенӣ» аз соли 2023 инҷониб ба фаъолият шуруъ намуда, дастовардҳои назарраси хешро бо патентҳо низ ҳифз намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро таҳлил намуда, зарур шумурданд, ки дар шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодӣ собитқадамона таъмин шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ, инчунин, татбиқи нақшаву барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки барои иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ хароҷот карда шуд. Корҳое, ки дар ин самт анҷом дода шуданд, ба таъмини нишондиҳандаҳои пешбинишудаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар мусоидат намуд.

Аз иқдомҳои шоистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ёдовар шуда, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба — солҳои 2020, 2022, 2023 ва 2024 дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд.

Баҳри иҷрои саривақтиву босифати барномаву нақшаҳои қабулгардида ва дар ин замина рушд бахшидан ба иқтисоди кишвар дар соли 2025 вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз Сарвари давлат дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки то охири соли 2025 лоиҳаи “Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026 — 2030” таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод гардад.

Дар давраи истиқлолият дар кишварамон фаъолияти олимон дар таҳқиқи проблемаҳои илмии қариб ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла, химия, биология, геология, ситорашиносӣ, риёзиёт, физикаи таҷрибавӣ ва назариявӣ, сохтмони ба зилзила тобовар, физиология ва биофизикаи растаниҳо хеле назаррас аст ва эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»-ро бо боварии комил метавон гуфт, ки дар рушди минбаъдаи соҳаи кимиёи тоҷик таъсири мусбати хешро хоҳад гузошт. Тавре, ки дар яке аз вохўриҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё гуфта буданд, ки дар нимаи дуюми асри гузашта ва солҳои истиқлолият бозёфту кашфиёти олимони тоҷик, алалхусус, дар соҳаҳои зилзиласанҷиву ситорашиносӣ, кимиёву биология ва риёзиёту тиб таваҷҷуҳи аҳли илми оламро ба худ кашида буданд ва таҷрибаи илмии онҳоро мавриди истифода қарор медоданд худ як рушди инноватсияи тоҷик дар соҳаи илму технология мебошад.

Имрўз низ мо боварӣ дорем, ки нерўи зеҳнии халқи тоҷик имкон медиҳад, то олимони мо ин анъанаи некро идома дода, дар самтҳои гуногуни илм минбаъд ҳам парчамбардор бошанд. Дар айни замон зикр намудан ба маврид аст, ки барои рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ шароити мусоид лозим аст, яъне, барои инкишофи онҳо бояд заминаи кофии моддиву техникӣ вуҷуд дошта бошад. Шароити нави сиёсиву иқтисодие, ки баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳияву қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамояд. Аз ин рў, ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба рушди илмҳои дақиқу табиатшиносӣ омода ва тасдиқ кард, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишварамон ва рушди ҳамаҷонибаи илм мусоидат менамоянд.

Сиёсати давлатӣ дар самти илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ба ҳифз ва пурмаҳсул гардонидани фаъолияти марказҳои асосии илми тоҷик - Академияи миллии илмҳои Тољикистон равона гардида, илм дар баробари маорифу фарҳанг аз самтҳои афзалиятноку стратегии рушди миллӣ эътироф гардид. Аз ҷумла, ҳаҷми маблағгузории буҷетӣ ба муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Тољикистон сол ба сол афзуда, фақат дар 5 соли охир қариб 3 баробар зиёд гардид.

Барои ба фаъолияти пурсамари илмӣ ҷалб намудани кормандони Академияи миллии илмҳо маоши онҳо бо фармони Президенти мамлакат зиёд карда шуданд.

Бо мақсади дастгирии молиявии таҳқиқоти бунёдӣ ҳанўз соли 1996 Фонди Президентии таҳқиқоти бунёдӣ таъсис ёфт. Дар давоми солҳои 2000-2023 бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади омўзишу таҳқиқи масъалаҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоии кишварамон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаҳои нави илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ташкил карда шуданд.

Олимони мо дар тӯли солҳои истиқлолият дар соҳаҳои мухталифи илм ба натиҷаҳои муҳим ноил шудаанд. Масалан, аз тарафи олимони химия коркарди технологии конҳои фосфордор бо маҳсулнокии хуб, коркарди нафтҳои баландсулфурдор ва ҷудосозии моддаҳои органикии сулфурдор бо мақсади таҳияи композитҳои антипаразитӣ, технологияи коркарди шишаи моеъи бордор, коркарди хӯлаҳои нав дар асоси алюминий, ҷудосозии маводҳои доругӣ дар асоси коркарди гиёҳҳои шифобахши кишвар ва ғ., муяссар гардидаанд.

Дар тӯли 33-соли истиқлолияти кишвар зиёда аз 350 навоварӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи миллии илмҳои Тољикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардидаанд ва ҳоло аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химия, геология ва тиб амалӣ шуда истодаанд.

Масъалаи аз ҳама муҳим ва асосӣ, ки дар мадди назари ҳукумат қарор дорад, ин саноатикунонии кишвар мебошад. Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун як зерсохтори АМИТ буда, дар ҳалли масоили саноатикунонии кишвар саҳми муассирро дорад, зеро бидуни таҳқиқоти илмии омӯзиши раванди коркарди технологияи химиявӣ наметавон ба аҳдофи муҳими марбут ба саноатикунонии босуръати кишвар ноил гашт. Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои афзалиятнок барои ҷумҳурӣ - омӯзиши коркарди технологияи кимиёвии боигариҳои табии ҷумҳурӣ ва коркарди илман асосноки ихтироъи пайвастагиҳои нави кимиёвӣ ва мавод барои эҳтиёҷоти саноат, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо ва инчунин гирифтани маҳсулоти арзишнок аз партовҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва ашёҳои хоми маҳаллӣ тағйири самти фаъолият кард.

Истеҳсоли коагулянтҳо барои полоиши об низ аз тарафи олимони Институти кимиё ба роҳ монда шуд. Технологияи ҳосилкунии маъдани криолит-гилхок аз партовҳои истеҳсолоти алюминий ва ашёи хоми минералии маҳаллӣ (сиенитҳои нефелинӣ, сиаллитҳо ва флюорит) дар Институт коркард гардид, ки дар асоси технологияи мазкур дар корхонаи алюминийбарории Тоҷикистон сехи коркарди партовжҳо сохта ба кор андохта шуд.

Ҳамин тавр, гуфтан имконпазир аст, ки паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун василаи муҳимми баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва пешрафту ободонии шаҳру деҳоти кишвар гардида, сарманшаи баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат ва рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мусоидат менамоянд.

Раҳмонов Р.О. – доктори илмҳои химия, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ