Душанбешаҳр сарзамини манзараҳои ҳамешасабз, диёри ҷавонмардони ватандӯсту худшинос, макони ҳаёти осоишта ва гулшани илму ирфон мебошад, ки рӯз аз рӯз зеботару ҷавонтар гашта истодааст. Агар ба таърихи ташаккул ва инкишофи ин шаҳри зебоманзар чашм дӯзем, дарк хоҳем кард, ки дар масири гузашти солҳо, роҳҳои гуногуни инкишоф, иттифоқи миллӣ ва ҷамъиятиро пушти сар кардааст, ки ҳар якеро дар саҳифаҳои таърих метавон бо ҳарфҳои заррин сабт кард.
Душанбеи зебои мо яке аз манбаъҳои асосии худмуайянкунӣ, аз ҷумла худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандии мо, тоҷикон аст. Барои сиёсатшиносону сиёсатмадорон шаҳри Душанбе меҳвари сиёсату маъмурият, барои иқтисодчиён шаҳри шуғл, савдою саноат, барои меъморон шаҳри иншооту ёдгориҳо ва барои оммаи халқ шаҳри ваҳдату якдилӣ ва орзую омолҳо мебошад.
Санги асосии бозсозии Душанберо дар 34 соли истиқлоли давлатиамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштаанд. Аз рӯзҳои нахустине, ки пойи мубораки ин фарзонафарзанди миллат ба пойтахт расид, гӯё, ки шаҳри хуфта бедор шуд, ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гашт. Нақшаҳои ояндасозонаи Пешвои миллатамонро фарзанди некманишу серғайрату ташаббускорашон - Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар амал татбиқ намуданд ва Душанберо дар муддати кӯтоҳ ба гулшаҳри афсонавии минтақа табдил доданд.
Раиси ҷавону ташаббускори шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз нахустин рӯзҳои ба шаҳрдорӣ расиданашон талошҳои зиёд ба харҷ доданд, то Душанбеи азизу ҷавонро ба шаҳре табдил диҳанд, ки тавонад бо дигар азимшаҳрҳои мамолики пешрафта дар рақобат бошад. Аз ҳамин хотир шаҳрдории Душанбе ҳамаи талошҳоро ба он равона кардааст, ки тамоми нозукиҳои санъати миллии шаҳрсозӣ ба инобат гирифта шуда, бо дурнамои 50-солаҳои баъдӣ рушд намояд.
Бояд гуфт, ки Душанберо ҳамчун пойтахти мамлакат давоми умри якасрааш 19 нафар роҳбариву шаҳрдорӣ намудаанд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз соли 2017 ба мақоми шаҳрдори Душанбе расида, давоми 8 сол ин зебошаҳри Тоҷикистонро воқеан ба яке аз беҳтарин шаҳрҳои олам табдил доданд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ва бунёдкоронаи шаҳрдори ҷавони Душанбешаҳр имрӯз пойтахти мамлакат ба шаҳри маркази имконот ва ташаббусҳои созандаи ҷавонон мубаддал гардида, ҳамчун таҷасумгари симои воқеии миллат ва хонаи умеди тамоми тоҷикону тоҷикистониён, макони асосии баҳамоии ҷавонони кишвар ва хориҷи он маҳсуб меёбад.
Дар ин давра пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе узви Ассамблеяи Байналхалқии Пойтахтҳо ва Бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти Байналхалқии Бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер - Душанбе - Бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), Федератсияи Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Туристӣ (WTCF) буда, тайи се соли охир боз бо 4 шаҳри ҷаҳон, аз ҷумла Сямэн, Чиндао, музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон муносибатҳои бародаршаҳриро ба роҳ монда, то имрӯз бо 22 шаҳри давлатҳои қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо дар асоси созишнома ва дигар санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқӣ робитаҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст.
Бо мақсади дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва баланд бардоштани савияи донишандӯзии онҳо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъсис додани Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе” ва “Барномаи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2022” ва 2023 - 2027 ба тасвиб расиданд.
Инчунин дар доираи дастгириҳои навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 ноябри соли 2022, №611 дар бораи таъсиси ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ ба тасвиб расид, ки соли 2023 нахустин маротиба 17 - нафар ҷавонони фаъоли касбу кори гуногуни пойтахт дар фазои мутантан бо ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ сарфароз гардонида шуданд.
Имрӯз Душанбе на танҳо пойтахти мамлакат, балки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё буда, дар он намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмии осоишта зиндагӣ менамоянд. Маҳз ҳамин фарҳанги ҳамзистии мусолиматомези сокинони шаҳр буд, ки соли 2004 шаҳри Душанбе ба аввалин ҷоизаи Шаҳри сулҳи ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором шарафёб гардид. Ин дастовард нишони он аст, ки Душанбе аз амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон мебошад.
Фидокорию ояндаафрӯзии роҳбари нексиришту некрой ва кордону миллатфидо муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва шоистакориҳояшон ҷиҳати гулпӯшгардонии пойтахт намунаи олии парастишу арҷгузории ҳадафи олии меҳанпарастисту дар олам назир надорад. Душанбеи нозанин аз баракати ин Шаҳрдори зебоиофар гулбасар шуд, нозанинтар шуд, шуҳрати даҳр шуд, ифтихори ҳар ватанпарвар шуд!
Оре, Шаҳрдори оқили мо муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми 8 сол тавонист манзилати Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ дар тамоми самтҳои афзалиятнок боло бубарад. Пойтахтамон чун маркази рушди илму маориф, муаррифи фарҳангу тамаддуни тоҷик, макони амну субот ва шукуфоӣ дар миқёси кишварҳои Осиё ба маркази бузурги маъмурӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмиву фарҳангӣ табдил ёфт.
Барои тамоми тоҷикони олам боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2021 Душанбе бо унвони «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» мушарраф гардида буд. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» яке аз лоиҳаҳои калидии ИДМ буда, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими бештари зарфияти фарҳангии ин давлатҳо ҳамчун майдони зеҳниву эҷодӣ идеяи фазои ягонагии фарҳангӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо амалӣ шудааст.
Ин унвони баланди пойтахт бар дӯши сокинонаш масъулияти бузурги ҳифзу муаррифии онро вомегузорад. Ҳар яки мо имрӯз муваззафем, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинии худро ба меҳмонону дӯстони хориҷӣ нишон диҳем, онҳоро бо меҳмоннавозии самимонаи тоҷикии худ истиқболу гусел намоем, гулгашту хиёбонҳои зебо ва хонаву коргоҳҳои барҳавои худро тоза нигоҳ дорем, барои ба «шаҳри сабзу бехатар» табдил додани пойтахт ҳамеша дар паҳлуи Шаҳрдори зебоиофари худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бошем, бо сабзазору дарахтзоргардонӣ шаҳрамонро ба биҳишти ҳақиқии рӯйи Замин мубаддал гардонем, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ фарҳанги волои муоширату муносибатро тарғибу риоя намоем. Ин таъкиди хирадмандонаи фарзонафарзанди тоҷикони олам, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бояд дар меҳвари фаъолияти ҳар сокини пойтахти зебоямон қарор бигирад: «Агар мо давлати сохибистиқлолу озоди худро дӯст дорем, дар навбатии аввал, бояд пойтахти онро ободу зебо гардонем, барои рушди он ҳама имконияту захираҳоро истифода барем ва исбот кунем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем».
Дар умум бояд иброз намуд, ки имрӯз пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зебову ором дар миқёси ҷаҳонӣ эътироф гардидааст, ки ин ҳама аз саъю талош ва иродаи қавии шаҳрдори ҷавони Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамин тавр, ҷавонони тоҷикро зарур аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалиро идеали худ шуморида, қувваи бузурги ҷавониро дар роҳи омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар сарф намоянд. Зеро ояндаи давлату миллат ба умеди ҷавонони бонангу номус, ватандӯсту меҳанпараст ва худшиносу худогоҳ вобастагии калон дорад. Оянда аз они ҷавононе ҳаст, ки имрӯз барои шукуфоии ватани азизамон - Тоҷикистони сҳибистиқлолу соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёду демократӣ камари ҳиммат бастаанд.
БОЗОРОВА НУРАФШОН САРФИРОЗХОНОВНА ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АМИТ
АДАБИЁТ
Раҳимов М. Душанбе- шаҳри рӯ ба рушд. Душанбе: Ирфон-2019
Сайфиддинов А. Таърихи шаҳрсозии Тоҷикистон. Душанбе: Матбуот-2016
Набиев Х. Маркази илму фарҳанг.
Душанбе: маҷаллаи “Фарҳанг”№3, соли 2020, саҳ.45-52
Қурбонов Ф. Шаҳрсозии муосир дар Тоҷикистон. Душанбе: Донишкадаи сохтмон ва меъморӣ, соли 2018
Вебсайти расмии шаҳрдории Душанбе: www.dushanbe.tj