Skip to main content

ДУШАНБЕ, 17.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт ё Рӯзи шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Пойтахти Ватани азизи мо- шаҳри Душанбе мақоми меъёри конститутсиониро низ доро аст. Дар моддаи 4 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст». Ин меъёри конститутсионӣ низ далели бебаҳси мақоми баланду асосӣ доштани пойтахти Ватанамон- шаҳри Душанбе мебошад.

Душанбе- пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази маъмурӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмии мамлакат ба ҳисоб меравад. Шаҳр дар водии Ҳисор, дар ҷойе воқеъ аст, ки дар он се дарё — Варзоб, Вахш ва Кофарниҳон бо ҳам мепайванданд. Ҷойгиршавии ҷуғрофии он ба рушди шаҳр давоми таърих мусоидат намудааст. Бо аҳолии зиёда аз 1 миллион нафар Душанбе калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва яке аз марказҳои муҳими Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Миллати тоҷик муқаддасоти зиёд- Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, пули миллӣ, Ваҳдат, суботу амният дорад, ки кулли онҳо барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ хизмат намудаанд. Пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе низ барои шаҳрвандони ин Ватан муқаддас ва арзиш аст. Гузашта аз ин, пойтахт симои давлат буда, миллату давлатро дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ менамояд.

Имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат аз пойтахти он- шаҳри Душанбе барои сайёҳон, хориҷиён ва меҳмонони ин шаҳри бузурги ҳозиразамон шакл мегирад. Вазъи мамлакат аз набзи пойтахт муайян мегардад. Аз рӯи ин нишондиҳанда Душанбеи гулбадомони мо, бешубҳа, яке аз шаҳрҳои эътиборсоз ва эҳтиромсоз буда, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ба таври сазовор намояндагӣ менамояд.

Барои намояндагии сазовор аз давлату миллат шаҳри моро доштани инфрасохтори хизматрасонӣ, фарҳангию меъморӣ ва варзишӣ зарур аст. Бояд гуфт, ки давоми сад соли охир 19 нафар шаҳри Душанберо роҳбарӣ намудаанд, яъне шаҳрдор буданд. Аммо ҳамагон гувоҳанд, ки маҳз аз давраи ба вазифаи Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардидани Рустами Эмомалӣ соли 2017 Душанбе симои худро куллан дигар намуд. Маҳз аз ҳамин сол сохтмони биноҳои серошёнаи истиқоматӣ, корхонаҳои саноатӣ, биноҳои таъйиноти сиёсӣ, фарҳангӣ, хизматрасонӣ ва инфрасохторҳои дигар авҷ гирифт. Агар соли 1930 дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 13 кӯча вуҷуд дошта бошад, имрӯз дар он зиёда аз 300 кӯча, 20 маҳал, 104 маҳалла ва 4 ноҳия мавҷуд мебошад. Аз соли 2017 то ҳол дар Душанбе 2 миллиону 700 000 метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, 145 муассисаи маориф, 21 муассисаи соҳаи тандурустӣ, 90 корхонаи саноатӣ, 300 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода шуд. Маҷмааи меъмории «Майдони Истиқлол» бо харҷи 1,2 миллиард сомонӣ сохта шуда, барои шаҳрвандони Тоҷикистон, сайёҳон ва меҳмонони пойтахт рамзи Тоҷикистони соҳибистиқлолро касб кард. Шаҳри Душанбе соли 2004 соҳиби ҷоизаи сулҳи ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором гардид. Соли 2021 Душанбе ба унвони «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод 2021» муносиб дониста шуд.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе даргоҳи умеди тоҷикони ҷаҳон аст. Аҳамияти Душанбе на танҳо дар нақши он ҳамчун пойтахт, балки ҳамчун маркази ҳамоҳангсозандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангии Тоҷикистон зоҳир мегардад. Омӯзиши таърих ва рушди муосири Душанбе барои дарки раванди ташаккули давлатдории тоҷикон ва сиёсати шаҳрсозии муосир аҳамияти махсус дорад.

Номи «Душанбе» решаи лингвистии форсӣ дошта, маънои аслии он — «рӯзи душанбе» аст. Бинобар сарчашмаҳои таърихӣ, дар ҷойгоҳи ҳозираи шаҳр бозоре вуҷуд дошт, ки танҳо рӯзҳои душанбе баргузор мешуд. Ҳамин бозор тадриҷан ба маркази тиҷоратӣ ва иҷтимоии минтақа табдил ёфта, номи «Душанбе» ба деҳае, ки атрофи он шакл гирифта буд, гузошта шуд.

Бо эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Душанбе ҳамчун пойтахти мустақили як давлати тозаистиқлол шинохта шуд. Аммо солҳои аввали истиқлол барои шаҳр ва мамлакат душвор буданд — ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 ба инфрасохтор, иқтисод ва аҳолии шаҳр таъсири манфӣ расонид. Бархе биноҳо хароб шуданд ва қисми зиёди сокинон муҳоҷират намуданд.

Бо имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 марҳалаи нави рушди Душанбе оғоз гардид. Дар муддати кӯтоҳ роҳбарияти мамлакат тавонист барқарорсозии инфрасохторро оғоз кунад. Таъмиру навсозии роҳҳо, неругоҳҳо, мактабҳо ва муассисаҳои тиббӣ вусъат гирифт. Дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум ва бахусус баъди соли 2010 Душанбе симои худро куллан дигар намуд — аз як шаҳри хурд ба шаҳри муосири дорои имконоти рушди устувор табдил ёфт.

Давоми даҳ соли охир Душанбе мизбони даҳҳо ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ шуд, аз ҷумла Конфронси байналмилалии об, нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), вохӯриҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ғайра. Ин ҳама мавқеи байналмилалии шаҳрро ҳамчун маркази дипломатӣ ва сиёсӣ таҳким бахшид.

Меъмории Душанбе дар давраҳои гуногун хусусияти хос доштааст. Дар даврони собиқ биноҳо асосан бо услуби функсионализм ва монументализм сохта мешуданд. Шаҳр бо хиёбонҳои васеъ ва тарҳи симметрӣ сохта мешуд. Аммо баъди соли 2000 равиши нав дар шаҳрсозӣ ба амал омад: сохтмони баландошёнаҳо, марказҳои тиҷоратӣ, меҳмонхонаҳои байналмилалӣ ва манзилҳои муосир ба як қисми тарҳи нави шаҳри Душанбе табдил ёфт.

Яке аз рамзҳои муосири Душанбе Парчами давлатӣ аст, ки баландии он 165 метр буда, то соли 2014 баландтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Инчунин Қасри миллат, «Кохи Суруш», «Кохи Борбад», Нишони давлатӣ, пулҳои нав, Майдони «Дӯстӣ» ва Маркази Исмоилия аз ёдгориҳои меъмории муосири шаҳр ба шумор мераванд.

Илова бар ин, солҳои охир таваҷҷуҳи махсус ба шаҳрсозии сабз равона шудааст. Боғҳои нав, ба мисли Боғи Ирам, Наврӯзгоҳ ва майдончаҳои варзишӣ дар ҳар гӯшаи шаҳр таъсис ёфтанд, ки ба баланд бардоштани сатҳи ҳаёти шаҳрвандон мусоидат менамоянд.

Душанбе дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳамчун маркази фарҳанги тоҷикон шинохта мешуд. Дар шаҳр маконҳои зиёди фарҳангӣ, аз ҷумла Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо зиёда аз 6 миллион нусха китоб яке аз бузургтарин китобхона дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, Театри лӯхтак, Театри русии Маяковский ва Маркази фарҳангии Баҳористон мавҷуданд.

Аз нигоҳи маориф Душанбе маркази асосии таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аст. Муассисаҳои асосии таҳсилотии шаҳр асосан Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1947), Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Инчунин даҳҳо пажуҳишгоҳҳои илмӣ, марказҳои инноватсионӣ ва технопаркҳо дар пойтахт фаъолият мекунанд. Дар маҷмуъ, Душанбе на танҳо маркази маъмурию сиёсӣ, балки қалби илмии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳолии шаҳри Душанбе соли 2024 аз 1 миллиону 240 ҳазор нафар гузаштааст. Қисми зиёди аҳолии шаҳрро ҷавонон ташкил медиҳанд — беш аз 60 фоизи сокинон то 35-сола мебошанд.

Аз ҷиҳати иқтисодӣ Душанбе яке аз қавитарин минтақаҳои Тоҷикистон аст. Соли 2023 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти минтақавии (МММ) шаҳр ба беш аз 17 миллиард сомонӣ расид, ки зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе зиёда аз:

3000 корхонаи саноатӣ ва истеҳсолӣ,

700 муассисаи маориф (аз ҷумла 30 донишгоҳу донишкада),

150 муассисаи тиббӣ,

ва беш аз 1 миллион воситаи нақлиёти сабукрав сабт шудаанд.

Дар солҳои охир нақлиёти ҷамъиятии шаҳр таҷдид шудааст. То соли 2024 Душанбе соҳиби 500 автобуси муосир, 400 троллейбус, 400 микроавтобуси нав ва 20 хатсайри нави электробус гардид. Нақшаҳо барои сохтмони метро низ таҳия шудаанд, ки зина ба зина татбиқ мегарданд.

Дар баробари рушди дохилӣ Душанбе мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ низ таҳким бахшидааст. Дар шаҳр зиёда аз 40 сафоратхона ва намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ амал мекунанд, аз ҷумла сафоратҳои ИМА, Русия, Чин, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Туркия ва дигарон.

Ҳоло дар пойтахт фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, вокзали нақлиётӣ, 44 меҳмонхона, 101 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 29 маркази дилхушӣ, 26 бозор, 98 маркази савдо, 30 мағозаи армуғонфурӯшӣ, 60 боғу гулгашт, 5 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 4 қасри фарҳанг, 7 театри касбӣ, 11 осорхона, 17 китобхона, 6 амфитеатр, 122 ширкати сайёҳӣ амал мекунанд, ки асоси инфрасохтори хизматрасонии пойтахтро ташкил медиҳанд.

Зиёда аз 40 сафоратхонаи кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе фаъолият доранд, ки далели эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон ва пойтахти он мебошанд

Шаҳр мизбони ин чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ будааст:

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба захираҳои об (2022)

Форуми ҳамкории иқтисодии Осиёи Марказӣ

Ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай

Форуми ҷавонони ИДМ ва нишастҳои сершумори Созмони Милали Муттаҳид.

Душанбе соли 2021 ба ҳайси «Шаҳри сулҳ» эътироф шуд — бо эътибор аз нақши он дар таблиғи ҳамзистии фарҳангҳо, оромӣ ва муколамаи тамаддунҳо.

Душанбе оинаи миллат ва пайвандгари таърих бо ояндаи давлату миллат аст.

Душанбе танҳо маркази маъмурӣ нест — ин руҳу равони Тоҷикистон аст. Шаҳре, ки гузаштаи худро эҳтиром мекунад, фарҳангашро ҳифз мекунад ва бо чашми бовар ба оянда менигарад.

Имрӯз Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибистиқлол дар қалби миллат ҷойгоҳи хоссаро ишғол мекунад. Бо заминаи таърихии бой, рушди босуръати шаҳрсозӣ, дастовардҳои илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин нақши фаъол дар саҳнаи байналмилалӣ Душанбе ба намунаи шаҳрҳои мутамаддин дар минтақа табдил ёфтааст.

Дар ниҳоят, ҳар шаҳр танҳо маҷмуи биноҳо нест — он ёдгории зиндаи миллат аст. Душанбе, бешубҳа, дар таърих ва дар оянда симои сарбаландии тоҷикон хоҳад буд.

Зубайдулло ДАВЛАТОВ, - ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон