Skip to main content

доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407, супориши банди 16 протоколи ҷаласаи назоратии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2025 №13 оид ба баргузории экспедитсияҳои миллӣ ва байналмиллалӣ инчунин мутобиқи нақшаи баргузории экспедитсияҳои илмӣ-тадқиқотии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2025, №34769 (29-4.1) дар давраи аз 13 сентябр то 6 октябри соли 2025 дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳавзаи кӯли Ховаркӯл (Қаракӯл) экспедитсияи байналмиллалии илмӣ-тадқиқотӣ бо иштироки олимону коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор гардид.

Экспедитсияи мазкур бо ҳадафи мониторинги солонаи пиряхи №3, омӯзиши ҳолати динамикии он, гирфтани намунаи ях (мағзаи ях — керн) аз қабатҳои дохилии пирях, андозагирии ғафсии ях, таҳлили ҳарорати дохилии пирях, ҷамъоварии намунаҳои об барои таҳлили изотопӣ, инчунин муайян намудани синну соли моренаҳо амалӣ карда шуд.

Тадқиқоти мазкур ҷиҳати дар амал татбиқ намудани “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034” дар доираи лоиҳаи илмӣ-тадқиқотии байналмилалии “PAMIR” баргузор гардид, ки ҳамкории муассисаҳои илмии Швейтсария ва Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар ин лоиҳа Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шарики асосии тадқиқот мебошад.

Ҷараёни корҳои саҳроӣ

Бо иштироки гурӯҳи байналмилалии олимон аз Тоҷикистон, Швейтсария, Русия, ИМА ва Ҷопон корҳои саҳроӣ дар шароити баландкӯҳӣ ва иқлими шадиди Помири Шарқӣ ба таври муваффақона анҷом дода шуданд. Бошишгоҳи асосӣ дар баландии тақрибан 5100 метр аз сатҳи баҳр ва нуқтаи пармакунӣ барои гирифтани намунаи ях дар баландии 5811 метр ҷойгир буд.

Дар раванди тадқиқот бо истифода аз таҷҳизоти муосири илмӣ, мағзаи ях (керн) бо чуқурии 105 метр аз қабатҳои дохилии пирях гирифта шуд. Ин намунаҳо барои таҳлилҳои илмӣ ва омӯзиши таърихи иқлими ҳазорсолаи гузашта арзиши хеле баланд доранд.

Аҳамияти илмии тадқиқот

Чунин тадқиқоти мураккаби илмӣ, яъне гирифтани намунаи ях аз пиряхи Тоҷикистон, дар таърихи илмии кишвар бори аввал амалӣ гардид. Ин иқдоми нав имконият медиҳад, ки муҳаққиқон тавассути таҳлили изотопӣ ва геохимиявӣ таърихи тағйирёбии иқлимро дар минтақаи Помир ва умуман Тоҷикистон дар давраҳои гуногун муайян намоянд.

Натиҷаҳои тадқиқот дар оянда барои таҳияи моделҳои иқлимии дарозмуддат, арзёбии захираҳои обии пиряхҳо ва таҳияи тавсияҳо оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим истифода хоҳанд шуд.

Ҳамкории байналмилалӣ ва таҳлили лабораторӣ

Намунаҳои гирифташудаи намунаи ях (керн) барои таҳлилҳои амиқи лабораторӣ ба Донишгоҳи Ҳоккайдои (ILTS) Ҷопон фиристода мешаванд. Қисми дигари намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба нахустин “Бойгогнии намунаи ях” дар ҷаҳон - “Ice Memory” — лоиҳаи байналмилалӣ оид ба ҳифзи мероси иқлимӣ ва яхҳои қадимаи ҷаҳон ба Антарктида ирсол мегардад.

Ин экспедитсияи илмӣ на танҳо як марҳилаи муҳим дар рушди илмҳои пиряхшиносӣ ва иқлимшиносии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, балки саҳми арзандае дар тадқиқоти байналмилалии омӯзиши таърихи тағйирёбии иқлим хоҳад гузошт.

Бо натиҷаҳои бадастомада Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нақша дорад тадқиқотҳои минбаъдаи марбут ба пиряхҳои Помирро идома дода, бо ба имзо расонидани Созишномаҳо ҳамчун намояндаи кишвари пешбарандаи ташаббусҳои ҷаҳонии обу иқлим ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи омӯзиши криосфераи минтақа густариш диҳад.