Дар охири асри ХХ пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ Тоҷикистонро ғаму андўҳ, ҳаракатҳои миллӣ ва хавфи аз байн рафтани миллат ва давлати тоҷикон фаро гирифта, мардум дилшикаставу парешонхотир гашта буданд. Бераҳмиву бетартибӣ, ҷаҳолату нодонӣ, садои тиру туфанг дар фазои кишвар ба дили мардум тухми ноумедӣ мекошт. Мардум аз ҳаёти осоишта маҳрум гашта, ҷон ба каф гирифта, тарки Ватан менамуданд. Тоҷикистон солҳои ҷанги шаҳрвандӣ лаҳзаҳои душвортаринро аз сар мегузаронид.
Дар чунин шароити Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар қасри “Арбоб”-и Хуҷанд баргузор гашта, фаъолияташро аз 16 ноябр то 2 декабри соли1992[4]. идома ёфт. Санадҳои ҳуқуқии дар он қабулшуда, дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи давлати демократӣ дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозиданд.
Маҳз Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши калидӣ бозида, роҳи ояндаи дурахшон ва тараққиёти халқи тоҷикро муайян намуд. Дар ин Иҷлосия масъалаи асосии кишвар ҳал гардид, ки он интихоби Сарвари давлат буд, то кишварро аз вартаи фисқу фасод ва нобасомониҳо раҳо намояд. Хушбахтона, дар Иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сарварӣ пазируфта шуд. Барои таъмини ниятҳои мардум дар кишвар барқарор гардидани сулҳ масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои таклифу дархост ва талаби мухолифин баҳри ба даст овардани сулҳ, хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ омода будани хешро ифода кард ва доимо таъкид менамуд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерӯҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурӯъ накунем, кӯмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем»[1,5].
Дар он иҷлосия сарвари давлати мо фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ҷасуру қавиирода Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад. Бо шунидани нахустин суханҳои самимию умедбахш ва қатъии Эмомалӣ Раҳмон дар чеҳраи аҳли толор, ки руҳафтодаю маъюс буданд, шарораи умед дурахшид. Эмомалӣ Раҳмон аз сари минбар ба мардум бо самимияту садоқат иброз дошт: «Ман ба хонадони Шумо Сулҳ меорам... То як гуреза дар хориҷи мамлакат азобу дарди ғарибӣ мекашад, ман ҳамчун Роҳбари давлат ором буда наметавонам...» [2,16]. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мардум муҷдаи ҳаёт оварданд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик муҳим буда, тақдири халқро ҳал намуд. На танҳо тифли дар гаҳворабударо наҷот дод, балки тақдири ояндаи ўро низ муайян сохт.
Дар Иҷлосияи тақдирсоз баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул карда шуд. Ин Иҷлосия баҳри халқи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён тақдирсоз буда, аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ касб намуд, зеро ба шарофати ин Иҷлосияи таърихӣ оташи ҷанги хонумонсўзи шаҳрвандӣ ба тадриҷ хомўш шуда, ҳукумати қонунӣ барқарор гардид ва дар қаламрави Тоҷикистон пойдевори сулҳу субот гузошта шуд. Истиқлолияти сиёсии давлати тоҷик 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, амалӣ гардидани он аз иҷлосияи тақдирсози миллат- иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Дар Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсони давраи ҷангӣ» баррасӣ ва қабул карда шуданд. Иҷлосияи VI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Бо шарофати Иҷлосияи таърихӣ халқи тоҷик ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баробарҳуқуқӣ, дӯстии тамоми миллату халқиятро эътироф карда, Сарқонуни нави мамлакатро қабул кард. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарӯзаи созандаи худ собит намуд, ки бовариимардумро сазовор аст ва сулҳу оромиро ба кишвар бозгардонд ва миллати тоҷикро аз нав муттаҳид намуда, давлати тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод.
Маҳз ҳамин сиёсати созанда имкон додааст, ки насли ояндасоз, яъне ҷавонони нерӯманду худогоҳ ва тавоно дар идоракунии давлат қадам гузошта, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва эҳсоси волои ватанпарастӣ Тоҷикистонро дар радифи давлатҳои дар ҳоли пешрафт қарордошта баробар созанд. Натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишварамон дар тӯли 30 соли баъд аз Иҷлосияи шонздаҳум мебошад. Натиҷаи ин ҳама заҳмат, ҷонфидоию корнамоиҳо буд, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар миёни халқи кишвар ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ соҳиби обруву нуфуз гардонид. Бесабаб нест, ки ӯро Пешвои миллат интихоб кардаанд, ки дар таърихи башарият камназир аст. Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ин бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдодест, ки бо гузашти 30 сол аҳамияти он бештару бештар эҳсос мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи фардои дурахшони кишвар ва ба давлати мутараққӣ мубаддалнамудани Тоҷикистон қадамҳои устувор мегузорад. Дар пешбурди соҳаи хоҷагии халқи кишвар, пешорўи ҷавонон роҳи васеъ ва тахту ҳамвор густурда шудааст. Маҳз ҷавонон қодир ҳастанд, ки дунёро бо заҳмату меҳнат ва бо меҳру муҳаббат ҷавонӣ эҳдо намоянд. Масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки Иҷлосияи наҷотбахш ва тақдирсози миллат ба ҳукми қонун даровард, аз инҳо иборат буд: - ба халқ ва давлат роҳбари сазовор, Пешвои миллатро дод; - пеши роҳиаз байн рафтани миллати тоҷик гирифта шуд; - ҷанги шаҳрвандиро ба сулҳу якпорчагӣ иваз намуд; - сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз бахшид; - барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд; - созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонд[3];
Имсол аз Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олӣ 32 сол пур мешавад. Мо бо як ифтихори баланд гуфта метавонем, ки ин Иҷлосияи тақдирсоз дар сарнавишти миллати мо нақши ниҳоят муҳимеро иҷро намуд. Дар ҳақиқат, маҳз бо заҳмату талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар охири асри ХХ аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳоӣёфта, истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, миллати тоҷикро дар арсаи байналхалқӣ муаррифӣ намуд. Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои давлатдории навини тоҷикон, ки воқеан орзуи ҳазорсолаи халқи мо баъди пош хӯрдани давлати Сомониён буд, бо роҳбарии бевоситаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон амал бароварда шуд.
Чилаева М.Т., доктор PhD - и шуъбаи сотсиологияи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқӣ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Адабиёт:
1.Шарифзода А, Қосимӣ З. Эмомалӣ Раҳмон: соли маориф ва фарҳанги техникӣ.- Душанбе “Ирфон”, 2011. 578с. 2. Эмомалӣ Раҳмон. Уфуқҳои Истиқлол. Душанбе “Ганҷ”, 2018. 146с. 3.http://khatlon-ruznoma.tj/itisodivu-itimo/50-aamijati-tarihii-ilosijai-xvi-shroi-olii-umurii-toikiston.html(санаи муроҷиат 09.10.2022)
4.https://tg.wikipedia.org. (санаи муроҷиат 05.10.2022)