Skip to main content

(дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

21Ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи илмро дар кишварамон ҳамаҷониба таҳлил намуда, ба масъулини ин соҳа чунин дастурҳое доданд, ки амалисозии онҳо, бешубҳа, на танҳо ба рушди илми тоҷик, балки ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат мекунад. Суханронии Пешвои муаззами миллат хеле фарогир буд, аммо инҷо мехостем танҳо ба чор нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ дошта бошем.

Аввалан, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои илмӣ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат аз соҳаи илм сухан гуфта, таъкид намуданд, ки ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсаташон пайваста дастгирӣ намудаанд ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони соҳибистиқлолӣ, чун дар баъзе кишварҳои ҳамсоя фаъолияти ниҳоди асосии илмӣ дар ҷумҳурӣ - Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қатъ карда нашуда, баръакс мақоми баландтарро соҳиб гардид. Дар ҳайати ин Академия сохторҳои зиёди ҷавобгӯи талаботи даврон таъсис ёфта, маблағгузории корҳои илмию таҳқиқотӣ пайваста зиёд гардид ва ҳоло тасмим гирифта шудааст, ки сохторҳои дахлдор “ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расонидани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд”. Ин амал метавонад ба он мусоидат кунад, ки маблағгузории илм дар ҷумҳурии мо то сатҳи давлатҳои пешрафтаи олам боло бурда шавад.

Дуюм, Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки дар соҳаи илм дар даврони соҳибистиқлолӣ ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, ниҳодҳои илмӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи ҷомеа дигаргун карда шуданд. Аммо дар ҷаҳони имрӯзаи зудтағйирёбанда, ниҳодҳои соҳаи илм, махсусан, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз низ ба ислоҳоти сохторӣ эҳтиёҷ доранд. Бо ҳамин сабаб ва барои таъмини фаъолияти самарабахши соҳаи илм Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар ин самт “зарурати ислоҳоти ҷиддӣ, аз ҷумла таҷдиди сохтории Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиву таҳқиқотии он ба миён омадааст”. Эътимоди комил дорем, ки иҷрои ин дастури Сарвари давлат на танҳо ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо, балки тамоми ниҳодҳои илмии Тоҷикистон як такони ҷиддӣ мебахшад.

Сеюм, дар суханронӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид гардид, ки дастовардҳои илми тоҷик дар зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ кам нестанд, аммо камбудию норасоиҳо низ дар ин самт вуҷуд доранд, ки бояд бе таъхир бартараф карда шаванд. Ин гуна норасоиҳо, қабл аз ҳама, дар самти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ва тарбияи кадрҳои илмӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар робита ба ин, Пешвои муаззами миллат пешниҳод намуданд, ки минбаъд фаъолияти ҳар як олим дар кишвари мо аз рӯйи ду меъёри асосӣ арзёбӣ карда шавад: “ аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Дарвоқеъ, муайян сохтани чунин меъёрҳо на танҳо масъулияти олимону донишмандонро баланд мекунад, балки барои бартараф сохтани норасоии кадрҳои соҳиби дараҷаю унвонҳои илмӣ дар тамоми муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мусоидат намуда, робитаи илму истеҳсолотро тақвият мебахшад.

Чорум, чунонки маълум аст, илм дар ҳар давру замон дар таърихи башар на танҳо василаи ягонаи рушди техникию технологӣ будааст, балки вазифаи хеле муҳимми иҷтимоиро ба иҷро расонида, инсониятро аз фалокатҳои маънавӣ низ эмин нигоҳ доштааст. Маҳз ташаккули ҷаҳонбинии дуруст ва илман асоснок дар тули таърихи тулонӣ ба инсоният имкон додааст, ки на танҳо эҳтиёҷоти моддии худро қонеъ созад, балки саодати ҳақиқии ҳар як инсонро дар соҳаи ахлоқу маънавиёт низ таъмин созад. Ин рисолати илм аз он бармеояд, ки он ҳар як шахсро бо ҷаҳонбинӣ ва тафаккури илмӣ мусаллаҳ сохта, имкон медишад, ки ҳаёти иҷтимоии худро ба таври дуруст танзим намояд. Аз ин рӯ, Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки дар замони муосир низ, танҳо “илму маориф асоси пешрафти давлат ва раҳоии ҷомеа аз ҳама бадбахтиҳо, аз ҷумла ифротишавӣ, хурофотпарастӣ ва ҷаҳолат” ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, ҳар як олим, корманди соҳаи илм ва зиёиёнро зарур аст, ки дар ташаккули ҷаҳонибинии илмии насли наврасу ҷавонон ва тафаккури илмию техникии онҳо саҳм гузошта, бо ин роҳ умеди мардуми моро ба ояндаи дурахшони миллат ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз ҳам боэътимодтар созанд.

Дар маҷмуъ, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30 майи соли ҷорӣ баргузор гардид, нишон дод, ки миллати тоҷик ва Пешвои муаззами он тамаддунофару илмпарваранд ва дар ваҳдату ҳамбастагӣ, бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ қодиранд, ки дар даврони муосир низ ворисони Ибни Сино будани худро собит сохта, Тоҷикистони азизи соҳибистиқлолро ба яке аз кишварҳои пешрафтаи олам табдил диҳанд.

Хуршед Зиёӣ доктори илми фалсафа, профессор