Skip to main content

Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар дар санаи 30 май соли ҷорӣ баргузор гардид, ки ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, навоварӣ инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад, ки такони ҷиддие дар пешрафти илми тоҷик ба миён меорад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Воқеан талошҳои пайвастаи Ҳукумати чумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди илм назарас аст. Чунин шароити мусоид, ки бо баракати Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои муазами миллат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ба даст омадааст, ҷавоноро месазад аз онҳо самаранок истифода намуда, роҳи илмро пеш гиранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони муосир бузургтарин сармояи инсонӣ ин донишҳои дақиқу илмӣ мебошанд, ки барои пешрафти ҷаҳони инсонӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда доранд. Ҷаҳони имрӯзро бе пешрафти илму маориф наметавон тасаввур намуд. Зеро тамоми кишварҳое, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузу қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ таъкид намудаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.»

Воқеаҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки камари иқтисоди ҷомеаро шикаст, ба таври табиӣ ба маорифи кишвар низ зарба зад. Аз ин ҷост, ки бо барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва зина ба зина ба эътидол омадани вазъи иқтисоди кишвар давлат масъалаи омӯзишу парваришро яке аз масъалаҳои афзалиятдодашудаи стратегӣ ҳисобида, маблағгузориро дар ин самт аз ҳамаи сарчашмаҳои даромад сол ба сол афзун менамояд.

Чуноне, ки дар мулоқот Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Шумо хуб медонед, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-ум на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Мо дар ин марҳала барои тақвияти заминаҳои моддиву техникии илми ватанӣ маблағгузориро зиёд карда, ба ин мақсад 1 миллиарду 607 миллион сомонӣ ҷудо намудем, сохтори Академияи илмҳоро мукаммал гардонидем ва соли 2020 онро ба Академияи миллии илмҳо табдил додем.»

Илм равшангари ҳамаи ҷодаҳо буда, ба зулмот хотима медиҳад, ояндаро дурахшон мегардонад. Ҷиҳати бартараф намудани ҳама мушкилот илм нақши калидӣ доранд, ки ҳар фарди ҷомеа онро бояд дарк намояд. В.Г. Белинский фармудааст: Бе илм ҳаёт нест, инкишоф нест, ободиву тозакорӣ нест, пешрафт нест.

Пешвои муаззами миллат низ бо иқдоми созандаи худ ҷавонон ва умуман ҷомеаи Тоҷикистонро талқин менамояд, ки роҳи илм, созандагию бунёдкорӣ ва ихтироъкориро аз китобҳо ҷӯё бошанд. Донишҳои муосирро аз худ намуда, дар пешрафти Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавонон ва ҳавасманд намудани олимону муҳақиқон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шуд». Озмунҳои дигар ба монанди «Фурӯғи субҳи донои китоб аст», «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» , ки дар рушди илм, тарбияи олимони ҷавон заминаи боэътимод аст, роҳандозӣ намудаанд.

Хамчунин бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Инчунин, даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикситон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтирирокор буда, мақсади асосӣ аз илмҳои замони муосир бархудор будани олимони ҷавон мебошад

Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд.

Дар рафти мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳдошти сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба шахсони масъул ва сохторҳои марбута дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин зарур шумурда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Сарвари давлат бо боварӣ изҳор доштанд, ки олимони мо чун ҳамеша рисолати худро дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандорӣ иҷро намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Ҳамин тавр, яке аз вазифаҳои асосии олимон-ин ташаккули ҷомеаи мутамаддини аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда мебошад. Умедворем, ки доир ба ҳар як дастуру супорише, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат мӯхтарам Эмомали Раҳмон дода шуд, аз тарафи масъулини соҳа дар сатҳи баланд амалӣ мегардида. Бояд тазаккур дод, ки баррасиҳои илмии Сарвари давлат моро водор менамояд масъулияти худро дар назди давлатамон ба субот расонида, ҷиҳати татбиқшавии манфиатҳои миллӣ дар илм ҷаҳду кӯшиши даркориро анҷом диҳем.

Назарова Замира - лаборанти калони Шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизикаи АМИТ