Skip to main content

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати АМИТ, санаҳои 17-18 декабри соли 2024 кормандони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати шиносои ва инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони нерӯгоҳи барқии обии Роғун аз ин иншооти бузурги аср дидан намуданд.

НБО Роғун бо иқтидори 3600 МВт калонтарин нерӯгоҳи барқии обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи арзёбиҳои иқтисодӣ, экологӣ ва техникии сохтмони НБО “Роғун” ин лоиҳа мувофиқ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии бехатарӣ эътироф карда шудааст. Истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ ​​дар НБО Роғун дар як сол беш аз 17,0 миллиард кВт / соат хоҳад буд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон 90% -и кормандон ва мутахассисонро онҳоро ташкил медиҳанд. Сарбанди нерўгох бо баландии 335 метр баландтарин сарбанд аз санг дар ҷаҳон хоҳад буд. Нерӯгоҳи Роғун ба ғайр аз тавлиди барқ боз ба танзими об, пешгирии хушксолӣ мусоидат мекунад.

Мо мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҷаҳониён қудрати созандагии худро нишон додем.

Эҳтироми калони худро ба роҳбарият ва кормандони ин иншооти тақдирсози миллат барои қабули хуш, роҳбаладӣ ва дастгирии ҳамаҷониба изҳор менамоем.