Skip to main content

Институти иқтисодиёт ва демография

Маълумотнома

дар бораи Институти иқтисодиёт ва демографияи

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Муассисаи давлатии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 №33 дар заминаи муттаҳид намудани ду институти илмӣ-тадқиқотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Институти иқтисодиёт ва Институти демография таъсис ёфтааст.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2020, №1505 Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номгузорӣ карда шуд.

Дар асоси номгузорӣ ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Оинномаи Институт бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон №58 аз 19 апрели соли 2022 тасдиқ шудааст. Шаҳодатномаи Институт таҳти №0281790 аз 24 июли соли 2020 ҳамчун Муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва рақами мушаххаси андозсупорандаи он №010100119 дар назди Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштааст. Суратҳисобии бонкии Институт дар Сарраёсати марказии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсад ва вазифаҳои Институт дар асоси Оиннома:

- ҷалби нерӯҳои илмӣ барои ривоҷи самтҳои муҳимтарини таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба иқтисодиёти муосир, ба даст овардани натиҷаҳое, ки барои пешрафти илмӣ-техникӣ ва тараққиёти иҷтимоӣқтисодии ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа доранд;

- таҳияи тавсияҳо барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар хоҷагии халқ;

- таҳияи дурнамои инкишофи равандҳои иқтисодиёт ва демография;

- тарбияи кадрҳои илмии баландихтисос;

- такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқотҳои илмӣ;

- таъмини сатҳи баланди илмии таҳқиқотҳо, ба даст овардани натиҷаҳои дараҷаи баланди илмӣ дошта.

Ҳоло Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии худро дар доираи 1 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2020-2024 ва 6 мавзӯи илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 пешбинишуда, ки аз ҷониби Шурои ҳамоҳангсозии илмӣ-таҳқиқотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, идома дода истодааст:

1. Нақши диаспораҳо ва муҳоҷирон дар сармоягузории рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0120ТJ01039, аз 18.03.2020), зери роҳбарии н.и.и., А.А. Бобоев.

2. Масъалаҳои назариявӣ-методологии рушди инноватсионии иқтисодиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1116, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., дотсент Каримова М.Т.

3. Таҳияи нақшаи рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1115, аз 15.03.2021), зери роҳбарии академики АМИТ, д.и.и., профессор Қаюмов Н.Қ.

4. Таърихи афкори иқтисодии халқи тоҷик (аз давраҳои қадим то асри XXI) (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1112, аз 15.03.2021), зери роҳбарии узви вобастаи АМИТ, д.и.и, профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.

5. Таҳияи макромодели иқтисодиёти хурди кушоди Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1113 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Муминова Ф.М.

6. Оқибатҳои иҷтимоию иқтисодии равандҳои демографӣ дар шароити рушди индустриаливу инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1117 аз 15.03.2021), зери роҳбарии н.и.и. Қодиров Ш.Ш.

7. Таъминоти институтсионалии рушди индустриалии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгирӣ №0121ТJ1114, аз 15.03.2021), зери роҳбарии д.и.и., профессор Мирсаидов А.Б.

Вобаста ба лоиҳаҳои илмии амалкунанда айни замон дар Институт 7 шуъбаҳои илмии зерин фаъолият мекунанд:

1. Шуъбаи таҳқиқоти рушд ва ҷойгиркунии қувваҳои истеҳсолкунанда (мудири шуъба - академик Қаюмов Н.Қ.);

2. Шуъбаи таҳқиқоти муқоисавии иқтисодӣ (мудири шуъба - узви вобастаи АМИТ, д.и.и., профессор Саидмуродзода Л.Ҳ.);

3. Шуъбаи таҳқиқоти назариявӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ (мудири шуъба - д.и.и., дотсент Каримова М.Т.);

4. Шуъбаи таҳқиқоти инфрасохторӣ (мудири шуъба - д.и.и., профессор Рауфӣ А.);

5. Шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣ (мудири шуъба - н.и.и. Алимов А.Л.);

6. Шуъбаи моделсозӣ ва дурнамогирии равандҳои иҷтимоӣқтисодӣ (мудири шуъба - н.и.и. Муминова Ф.М.);

7. Шуъбаи таҳқиқоти демографӣ (мудири шуъба - н.и.и. Субҳонов А.И.).

Нерӯи кадрӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ

Дар муассиса айни замон 85 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 66 нафарашон кормандони илмӣ мебошанд. Аз шумораи умумии кормандони илмӣ 10 нафарро докторони илм ва 26 нафарро номзадҳои илм ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии кормандони илмии муассиса 25 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки аз ҷумлаи онҳо 1 доктори илм ва 6 номзади илм мебошанд.

Ҳоло дар муассиса дар зинаи магистратура 39 нафар магистрант аз рӯи се ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 14 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи умумии унвонҷӯ-докторант 5 нафар мебошанд. Дар зинаи докторантураи PhD бошад, 44 нафар машғули корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошанд, ки аз онҳо 6 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Айни замон, дар муассиса 49 нафар унвонҷӯ ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғуланд, ки аз онҳо 15 нафаррашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти илмию нашрӣ

Аз рӯи натиҷаҳои илмии ба дастомада дар 10 соли охир аз ҷониби кормандони илмии муассиса беш аз 1407 кори илмӣ ба нашр расонида шуда аст, аз ҷумла беш аз 129 китобу монография, 1278 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 128 мақола дар хориҷи кишвар.

Фаъолияти Шурои диссертатсионӣ

Дар муассиса бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №44 аз 27 октябри соли 2017 (тамдид №245 аз 8.11.2019 сол) дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 аз рӯи ихтисоси (PhD), аз рӯи ихтисосҳои 6D051000 - идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва 6D051800 - идоракунии лоиҳаҳо, ҳамчунин, аз рӯи дараҷаи номзади илми иқтисодӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.13.10 - Идоракунӣ дар системаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, 05.02.22 - ташкили истеҳсолот (аз рӯи соҳаҳо) таъсис дода шуда буд, ки аз онҳо:

- дар соли 2018 - 10 нафар ҳимоя намуданд (2 нафар зан), ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 1 нафар унвонҷуи Институт;

- дар соли 2019 - 18 нафар ҳимоя намуданд (6 нафар зан),  ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 11 нафар унвонҷуёни Институт;

- дар соли 2020 - 18 нафар ҳимоя намуданд (4 нафар зан),  ки аз онҳо 5 нафар корманди Институт ва 7 нафар унвонҷуёни Институт;

- дар соли 2021 - 13 нафар ҳимоя намуданд (5 нафар зан),  ки аз онҳо 3 нафар корманди Институт ва 5 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд.

Дар давраи фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 59 нафар диссертатсияҳои илмии худро бо муваффақият ҳимоя намудаанд, аз ҷумла, 1 нафар доктор аз рӯи ихтисос (PhD), 58 номзадҳои илм.

Баъди ба итмом расидани муҳлати фаъолияти Шурои диссертатсионии 6D.КОА-021 мутобиқи бандҳои 9 ва 18 Низомномаи муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2021, 270) ва банди 15 Низомномаи шурои диссертатсионӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, 267) ва Тибқи фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17ш/д аз 07 январи соли 2022 (тағйиру иловаҳо дар ҳайати Шурои диссертатсионӣ аз 29.11.2022 таҳти 268ш/д.) Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017 аз рӯи ихтисосҳои 6D050700 - Менеҷмент (6D050704 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) ва 6D051000 - Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ (6D051003 - Амнияти иқтисодй) ва оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодй ва доктори илмҳои иқтисодй аз рӯйи ихтисосҳои 08.00.06 - Иқтисодиёт ва идоракунй тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.01 - Амнияти иқтисодй ва 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо) дар назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  фаъолияти худро оғоз намуд.

Дар давраи фаъолият дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-017:

- дар соли 2022 - 5 нафар ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон зан мебошад;

- дар соли 2023 - 18 нафар (ду нафар докторӣ) ҳимоя намуданд (4 нафар зан),  ки аз онҳо 3 нафар корманди Институт ва 3 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд;

- дар соли 2024 - 6 нафар (як нафар докторӣ) ҳимоя намуданд (2 нафар зан),  ки аз онҳо 1 нафар корманди Институт ва 1 нафар унвонҷуёни Институт мебошанд.

Дар 10 соли охир аз ҳисоби кормандони илмии муассиса 4 нафар рисолаи докторӣ (анъанавӣ), 2 нафар рисолаи доктори РhD ва 16 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Суроға: 734024 Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ 44.

Тел. (+992 37) 221-67-50; 221-57-65

Нишонии сайт: Е-mail: info@ied.tj

Cайт: www. ied.tj