Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта ва оғози солҳои навадум пояҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии давлати абарқудрати Шуравӣ рӯз аз рӯз суст шудан мегирифт. Паст гардидани сатҳи зиндагии мардум, ноёб шудани баъзе маводи рӯзгор, ба инобат нагирифтани арзишҳову манфиатҳои милллӣ ва вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ, махсусан кишварҳои Осиёи Миёна барои аз байн рафтани ин давлати бузург заминаҳо фароҳам месохт. Дар баробари ин боло рафтани худшиносии миллии мардумони ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ ва андешаи доштани истиқлолияти давлатӣ низ дар ин кишварҳо рӯз то рӯз афзоиш меёфт. Дар чунин як айёми то андозае беназорат дар дохили ҷумҳуриҳо баъзе гурӯҳҳо дар ҳамкорӣ ва дастгирӣ бо ҳаммаслакони хориҷии худ барои аз байн бурдани ҳокимияти сиёсӣ ва ба даст овардани давлат пинҳонӣ фаъолият карда, як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳро ба доираҳои худ кашида, бо ҷалбу мағзшӯйии онҳо сафҳои худро зиёд мекарданд, ки чеҳраҳои асосии манфиатҷӯёнаи онҳо дар симои Ҳизби наҳзати ислом (ки дар Тоҷикистон фаъолияташ манъ ва террористӣ эълон шудааст) ошкор гардид. Ин ҳизб ва ҷонибдоронаш мушкилоту бадбахтӣ ва рӯзҳои сахту сангинеро ба сари мардуми Тоҷикистон оварданд, ки онҳо дар таърихи нангину сангини миллати тоҷик сабт гаштаву дар хотираи таърихии миллат ҳифз гардидаанд. Афкору андешаи муғризонаи ин ҳизби мамнуъ ва террористӣ то имрӯз барои сарзамини мо хатарзо ва хавфовар боқӣ мемонад.
Соли 1991 пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо вуҷуди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳдиди парокандагӣ барои миллати тоҷик шуруъ шуд, зеро баъзе кишварҳои нотавонбин ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехостанд, ки номи ин сарзамину ин миллатро аз лавҳи таърихи ҷаҳон зудуда намоянд. Ҳаводиси солҳои аввали соҳибистиќлолї нишон медод, ки ин манфиатҷӯён то андозае ба ғаразҳои нопок ва ҳадафҳои номатлубашон мерасанд. Гурӯҳе аз онҳо бо истифода аз дин, имону мазҳаб, эътиқоди мардум ва гурӯҳи дигаре бо баҳони бунёди давлати демократӣ мардумро мухолифи якдигар барангехтанд ва ин сарзамини биҳиштосоро оғуштаи хун карданд.
Ҳар як фарди соҳибхирад шоҳид аст, ки ягон сарвару раҳбар, вакилу вазир ва ё ягон пешвои динию мазҳабие дар ин солҳо пайдо нашуд, ки пеши роҳи ин ҳаводисро гирифта тавонад. Роҳбарони вақт, ки аксар дар руҳияи ҳизби коммунистӣ тарбия ёфта буданд, умед бар он доштанд, ки Ҳукумати Шуравӣ дубора барқарор мегардад ва барои ором сохтани мардуми ба шӯр омада, боз ба ҳамон ҳаммаслакони ҳизбии худ ба дигар кишварҳо муроҷиат мекарданд, бехабар аз он ки ҷаҳон дигар шудааст ва ҳар як роҳбар бояд миллату сарзаминашро худаш соҳибӣ кунад. Ахиран, низоми сиёсии бебунёд ва роҳбарияти раҳгумзадаи замон барои пеши роҳи ҷанги шаҳрвандиро гирифтан коре карда натавонист.
Ниҳоят, ғорат гардидани сарватҳои дохилии кишвар, хароб гардидани шаҳру рустоҳо, гуреза гардидани як қисми аҳолӣ дар натиҷаи ҷангу муборизаҳо ва панаҳ бурдан ба кишварҳои дигар, қатл гардидану асир гирифтани бародар аз ҷониби бародар, садои оҳу шеван ва нолаи ҷонгудози модари тоҷик дили мардеро ба танг овард, ки дар сиришташ меҳру шафқати инсонӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини аҷдодӣ нуҳуфта буд. Ин марди наҷиб, ки зодаи насли шарифи тоҷик буд, бо дуои тоҷиконаи модари шарафмандаш ҷон дар кафи даст вориди саҳнаи сиёсати Тоҷикистон баҳри њифзи сарзамини аҷдодӣ ва миллату меҳани азизи худ гардид. Яъне ин ҳаводиси шуми кишвар барои бартараф карданаш қаҳрамоне, ҷоннисоре, меҳрубоне, раҳнамое, раҳнаварде, меҳанпарваре, миллатдӯсте, мушкилнописанду дар аҳду паймони хеш устувору ҷасуреро тавлид кард, ки ҳамагӣ чиҳил сол дошт ва дар ҷаҳон бо номи накуяш – Эмомалӣ Раҳмон, машҳуру маъруф гашт, миллату кишвари куҳанбунёд ва чеҳраи фарҳангии ин мардуми соҳибтамаддунро ба аҳли олам муаррифӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзи нахустини по бар арсаи сарварӣ ниҳодан дар иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои олии Тоҷикистон ба мардуми тоҷик қавл доданд, ки “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”. Мардуме, ки аз парокандагии миллату сарзамин дар таҳлука афтода буд, бо шунидани ин паём дубора ба бузургии фарзандони хирадманду андешавари хеш бовар ҳосил кард ва шукргузорӣ аз он мекард, ки сарваре бо доштани рисолати аҷдодии рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек насиби ин миллат гардидааст. Ҷавоне бо амри хайр ва нияти нек баҳри ба ҳам овардани миллати саргашта ва кишвари пароканда вориди майдони сиёсат гардида бошад ҳам, баъзе нотавонбинону пастфитратон ба неруи тавоно ва аќлу заковати фитрию азалии ӯ бо чашми шубҳаву нобоварӣ назар мекарданд.
“МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ” гуфтани сарвари ҷавони кишвар паёми пурҳикмату бомаърифате буд. Зери ин паёми тақдирсоз тамоми хотираи таърихии миллати тоҷик – дирӯзу имрўз ва ояндаи дурахшони давлату миллат нуҳуфта буд. Бо ибрози ин паём раҳбари ҷавон андешаи хирадмандона ва дурандешонаро баён кард. Мардум бо дидаи умед сӯйи ӯ менигаристанд, дар ҳақаш дуои хайр мекарданд. Хушбахтона, дуои мардуми аз ҷангу хунрезӣ ба дод омада, мустаҷоб гардид. Ақли солим рӯйи кор омад, хиради азалии мардуми ориётабори инсондӯсту амниятпарвар ва ҷонибдори сулҳу осоиш дубора эҳё гардид, мардум дигар ба ҳазёну ваъдаҳои афроди ҷудоихоҳу манфиатҷӯ ва афкори иртиҷоии ашхоси мансабхоҳу ҷоҳталаб бовар накарда, танҳо ба паёми “МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ”-и Пешвои дарёфтааш бовар мекард. Мардуми Тоҷикистон аз ин паёми меҳрбори Сарвари ҷавон истиқбол карданд, онро пазируфтанд ва барои орому осуда сохтани марзу буми аҷдодӣ ҷонибдори ӯ гардиданд. Иттиҳоди миллат ва сарзамини кишвар шуруъ шуд, хавфи парокандагӣ ва ҷудоиандозӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафт.
Мардуми ҳамаи минтақаҳои кишвар дар атрофи афкору андеша, назари инсондӯстона ва ватанпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуданд. Муҳимтар аз ҳама, ба ӯ бовар карданд. Ҳамин боварӣ ва иттиҳоди мардум ба Пешвои мо руҳу тавон бахшид, неруи созанда ва бунёдкоронаи ӯро, ки азалӣ буд, боз ҳам қавитару нерумандтар гардонд.
Сарвари давлат низ тамоми дастоварду комёбиҳои сулҳу ваҳдати миллиро ба иродаи мардуми шарифу сарбаланди тоҷик, ки дар ин роҳи басо душвору хатарнок ӯро ҳамроҳӣ кардаву барояш неруву тавоноӣ ато карданд, марбут медонад. Қаҳрамони дастёбӣ ба сулҳу ваҳдат халқи Тоҷикистон аст – борҳо таъкид намудааст, Пешвои миллат.
Тамоми ҳадафҳову талошҳои Роҳбари давлат барои ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва истиқболи мардуми Тоҷикистон аз кору пайкори Сарвари ҷавону умедбахши миллат инъикоси худро дар ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи ФР ба вуқуъ пайваст, пайдо намуд. Имзои чунин санади муҳим боварии мардуми кишварро ба Роҳбари интихобкардааш боз ҳам бештар кард. Созишномаи тақдирсози миллат дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид ва барои рушди ояндаи дурахшони кишвар заминаҳои мусоид фароҳам овард. Ин амали хирадмандона ва Созишномаи тақдирсоз оғози бартараф кардани мушкилот ва анҷоми ҷангу муноқиша дар кишвари азизамон гардид.
Аз ҳамон замон то имрӯз вожаҳои СУЛҲ ва ВАҲДАТ дар забони мардуми тоҷик чун мафҳумҳои ҳаётан муҳимму тақдирсоз хеле фаъолу серистеъмол гардиданд. Аз ҳамон дам то имрӯз ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар ҳама ҳамоишу конфронсҳо, маҳфилу чорабиниҳо, баргузории ҷашну маросим ва анъанаҳои мардумӣ аз сулҳу ваҳдат ва аз Пешвои муаззаму маҳбуби худ шукргузорӣ мекунанд, ки мардуми кишвар бо ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳои ӯ ба ин рӯзҳои нек расидааст. Мафҳуми сулҳу ваҳдат дар ин 28 сол моҳияти идеологияи миллӣ касб намуд. Вобаста ба рушду такомули сулҳу ваҳдат ва моҳияти мондагорӣ доштани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон таҳқиқот, пажуҳиш ва рисолаҳои зиёди илмӣ дар самтҳои гуногуни илми ҷомеашиносӣ таълифу нашр гардида бошанд ҳам, моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии ин мафҳумҳои ҳаётан муҳим ҳанӯз ҳам ба пажуҳиши амиқ ниёз доранд.
Пас аз он ки вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар тавассути раҳбарии хирадмандонаву созанда ва илму маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон то андозае ба эътидол омад, таваҷҷуҳ ба илм ва маориф бештар гардида, рушди бонизоми онҳо низ вусъати тозае пайдо кард. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бунёди илму маорифи миллӣ низ чун дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ аз сифр оғоз гардид, зеро солҳои парокандагии мардум, нооромиву нобасомониҳои замон боиси харобу валангор гардидани баъзе муассисаҳои таълимию илмӣ дар маркази кишвар ва дар шаҳру ноҳияҳо гардида буд. Бо вуҷуди ин аҳли илми кишвар аз ҷумла, олимону пажуҳишгарони ватандӯст ба тамоми мушкилиҳои замон нигоҳ накарда, раванди таҳқиқу пажуҳишро таъмин намуда, насли навраси замони навро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба таҳсил фаро мегирифтанд ва аҳли илму маърифат бо пешниҳоди осори илмӣ барои таҳкими сулҳу ваҳдат назари олимонаи худро иброз медоштанд.
Маврид ба таъкид аст, ки сиёсати бунёдкоронаву созанда ва даъватҳои Сарвари ҷавони кишвари тозаистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби аҳли илм ва омӯзгорони охири солҳои 90-уми асри гузашта ва оғози солҳои 2000 мавриди истиқбол ва тарғибу ташвиқ дар ҷомеа қарор гирифт. Яъне сиёсатеро, ки дар роҳи эъмори кишвари ба тозагӣ сазовори ормонҳои ҳазорсолаи ин миллат гардида буд, олимону омӯзгорон дастгирӣ карда, моҳияти сулҳу салоҳ, оромию якпорчагӣ, амният ва суботи сиёсию иҷтимоиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ мекарданд. Ҳамин аст, ки кишвари мо бо дастгирии олимону омӯзгорон аз мушкилиҳо раҳоӣ ёфт ва мардуми сарзамин дар атрофи сиёсати ватанпаваронаву инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардид.
Сарвари давлат ба ин корнамоиҳои олимону омӯзгорон арҷу эҳтироми хос доранд ва барои дастгириву баланд бардоштани мақоми онҳо пайваста ҷаҳду талош менамоянд.
Паёми сулҳофари Пешвои муаззами миллат дар замони нави давлатсозию давлатдории миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ мароми ҳар як шаҳрванди ин кишвар гардид, эътимоду бовариро ба фардои дурахшони миллат бештар гардонд, таваҷҷуҳи аҳли оламро ба ин сарзамини орому осуда ва боамну субот ба худ ҷалб кард.
Аҳли башар хуб дарк кардааст, ки тоҷикон бо Сарвари оқилу соҳибмаърифат ва инсондӯсту сулҳпарварашон роҳи ҳалли душвортарин даргириҳоро тавассути сулҳ, гуфтушуниди осоиштаи тарафҳо ва ҳифзи суботу амният тавсия менамоянд. Таҷрибаи талхи нооромию даргириҳои дохилии ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ба кишвари мо чунин сабақро омӯзонидааст.
Мардуми шарифи Тоҷикистон таъкидҳо ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами худро дар мавриди ҳифзи сулҳ, ваҳдат, амнияту оромӣ ва осоиштагии сарзамин ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, пайи иҷрои ин дастоварди бузург барои мондагории миллат тамоми неруи худро равона сохта, намегузорад, ки ба фазои орому осоиштаи кишвар халале ворид гардад.
Ба андешаи Соиби Табрезӣ:
Аз шабохуни ҳаводис лашкараш барҳам занад,
Ҳар ки, Соиб, дар мақоми сулҳ табли ҷанг зад.
Хидматҳо ва ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои рушди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии кишвар басо назаррасу мондагор аст. Тамоми роҳи тайнамудаи ин марди шариф аз оғоз то имрӯз дар самти давлатсозию бунёдкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷу эҳтиром гузоштан ба тамоми арзишҳои инсонӣ зиндагиомӯз буда, барои таълиму тарбияи насли бунёдкору ояндасози ин кишвари биҳиштосо ибратомӯз аст.
Бо сипарӣ гардидани 28 сол аз ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро дар баробари кишвару орому осуда, ҷонибдори сулҳу ваҳдат, дорои суботу амният эътироф намудан, ҳамчунин, онро ба ҳайси яке аз кишварҳои ташаббускор эътироф менамояд, ки дар сархати ҳамаи ин иқдомҳову ибтикороти накуву созанда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Албатта, таърих ва мардуми баору номуси Тоҷикистон шахсиятҳои фидокореро чун Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи манфиатҳои миллату сарзамин барояш баробари ҷон азиз аст, ҳамеша эҳтиром мекунад ва ба корнамоиҳояш арҷ мегузорад.
Корнома, рӯзгор, кору пайкор ва фаъолияти бунёдкоронаву созандаи шахсияте чун Пешвои муаззаму маҳбуби мардуми кишвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зинатафзойи саҳифаҳои таърихи имрӯзу ояндаи миллату сарзамини биҳиштосои мо хоҳад гашт.
Пояндаву ҷовид бод, сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию осоиштагӣ, суботу амният дар Тоҷикистони азиз бо Пешвои фархундапайу миллатдӯсту меҳанпарвару ободкораш!
Муҳаммаддовуд Саломиён Қаюм, доктори илмҳои филология, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тофҷикистон, профессор, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ