Skip to main content

Истиқлолият - авҷу шукӯҳи давлатдорӣ ва якпорчагии кишвар буда, дар ҷанбаҳои гуногун гуфта мешавад. Аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ, истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти иҷтимоӣ, истиқлолияти фарҳангӣ ва ғайра. Ҳамаи ин дар маҷмӯъ истиқлолияти давлатиро дар бар мегирад. Аз миёни он танҳо фарҳанг ва истиқлолияти фарҳангиро метавон пояи асосӣ ва мустаҳками давлатдории миллӣ номид. Бинобар ин, яке аз аввалин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистони тоза истиқлолият ва ваҳдат ба даст оварда ин таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" буд, ки соли 1997 бо мазмуну муҳтавои баланди меъёрии ҳуқуқӣ ва фарогирии соҳаҳои калидии иҷтимоӣ ба тасвиб расид. Дар заминаи қонуни мазкур як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳову дастурамалҳои танзимкунандаи соҳавӣ таҳия гардида, қабул ва тасдиқ шудаанд . Зеро, тавре маълум аст барои идора ва танзими ҳар соҳа меъёри муайян ва хатти қирмиз лозим аст ва ин санадҳо ҳамчун меъёр аз замони қабул то имрӯз хизмат карда истодаанд.

Соҳаи фарҳанг аз таркиботи гуногун ва муҳими иҷтимоӣ ба монанди мероси фарҳангӣ (моддӣ ва ғайримоддӣ), санъату мусиқӣ, табъу нашр (китоб, маҷалла, рӯзнома, дастурамал, брюшора, китоб-албом, баннерҳо ё лавҳаҳои таблиғотӣ ва ғайра), муассисаҳои фарҳангӣ - фароғатӣ (клубҳои фарҳангӣ, боғҳои фарҳангӣ, қасрҳои фарҳанг), китобхона, осорхона, илм, кино, телевизион, ВАО (Воситаҳои ахбори омма), дину ойин, расму анъана, ҷашну маросим ва ғайра иборат мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди даргириҳои дохилии солҳои 1992-1997 як қатор муассисаҳои фарҳангӣ аз қабили осорхонаҳо, китобхонаҳо, клубҳои фарҳангӣ, муассисаҳои табъу нашр ва полиграфӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва базаҳои археологӣ харобу фарсуда гардиданд. Маҳз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои фарҳангӣ барқарорсозӣ шуда, гузашта аз ин дар аксарият шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қасрҳои фарҳанг бо тарҳу услуби хоссаи меъморӣ аз нав бунёд карда шуда, бевосита бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи расмӣ дар онҳо сурат гирифтааст.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсусро барои барқарорсозии муассисаҳои фарҳангӣ ва мероси фарҳангӣ равона кард. Зеро барои сохтани идеологияи миллӣ ва ҳифзи хотираи таърихӣ ин амри зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд: "Дар шароити имрӯза агар хоҳанд миллатеро аз байн бубаранд, пеш аз ҳама забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллиашро аз байн мебаранд". Хушбахтона бо шарофати истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист фарҳангу забон ва тамаддуни беш аз 6000 солаи худро ҳифз кунад. На инки ҳифз кунад, балки онро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намояд. Дар ин давра мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дубора эҳё карда шуда, рушди онҳо яке аз вазифаҳо ва барномаҳои авлавиятдоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар доираи Барномаҳои давлатӣ 116 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии меъморӣ ва бостонӣ пурра тармим барқарорсозӣ карда шуданд. Намунаи олии онҳо шаҳри бостонии Саразм, Қалъаи Ҳисор, Қалъаи Ҳулбук, мазор- мақбараи Ҳазрати Султон, мақбараи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ, мақбараи Хоҷа Муҳаммади Башоро, мақбара-мадрасаи Хоҷа Машҳад, қалъаи Бешкент, қалъаи Балҷувон, Қалъаи Вомар, қалъаи Ямчун, муғтеппаи шаҳри Истаравшан ва даҳҳои дигар амсоли инҳо.

Инчунин унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддии тоҷик, ки солҳо сол ва асрҳои аср ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва хатари аз байн рафтанашон зиёд буд, дубора эҳё карда шуданд. Ҷашнҳои чаҳоргонаи миллӣ ба монанди Навруз, Сада, Меҳргон, Тиргон намунаи олӣ ва барҷаста маҳсуб меёбанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора қарори дахлдор қабул намуда, ба вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ аз ҷумла Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат Феҳристҳои миллии мероси фарҳангиро таҳия намояд. Ин яке аз иқдомҳои муҳим барои ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ба ҳисоб мерафт. Тибқи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати фарҳанг Феҳристи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ бо фарогирии 3413 (се ҳазору чорсаду сездаҳ) адад ёдогрии таърихӣ (бостонӣ, меъморӣ ва монументалӣ) ва Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддӣ бо фарогирии 538 (панҷ саду сиву ҳашт) адад унсурҳои фарҳангии миллии ғайримоддӣ дар 7 бахш бори аввал таҳия гардида, ҳатто дар шакли китоб аз чоп баромад.

Гузашта аз ин, дар зарфи 33 соли истиқлолияти давлатӣ як қатор мероси фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии миллати тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуда, ба феҳристҳои мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил карда шуданд.

То имрӯз аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 (даҳ) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии моддӣ: Шаҳраки Саразм (бо таъриху тамаддуни 5500-сола), ёдгориҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим: Долони Зарафшон-Қароқум (Панҷакенти Қадим, Санҷаршоҳ, Хоҷа Муҳаммади Башоро, Тали Хамтуда, Низоми обёрикунии Токсанкорез, қалъаҳои Қум, Муғ ва Ҳисорак) ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомиланд.

Парвандаҳои номинатсионии ёздаҳ (11) адад ёдгориҳои таърихию фарҳангии дигар аз вилояти Хатлон (силсиланоминатсияи Хуттали Қадим) омода шуда, ба дафтари марказии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ирсол карда шуд. Парвандаҳои мазкур бори аввал аз нигоҳи техникӣ комил арзёбӣ ёфта, дар Руйхати пешакии ЮНЕСКО (Tentative list) ворид карда шудаанд. Умед аст, зимни ҷаласаи навбатии 47 - уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ ки соли 2025 дар Булғористон баргузор мешавад, ёдгориҳои номинаи "Хуттали Қадим" шомили Феҳристи асосии мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО гардад.

Ҳамзамон, унсурҳои фарҳангии ғайримоддӣ: Ҷашни Наврӯз, Фалак, Шашмақом, Атласу адрас, кирмакпарварӣ ва абрешимбофӣ, латифаҳои Хоҷа Насриддин, санъати тазҳиб ба феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО шомиланд.

Як қатор ҷашну солгардҳои муҳим ва мероси хаттӣ низ дар феҳристҳои ҷашнвораҳо ва хотираи ҷаҳон сабти ном шуда, намоди ифтихори миллӣ ва муаррифгари фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ мешаванд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик аст, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон муносибатҳои фарҳангии зич дошта, ба созмонҳои бонуфузи ҷаҳонии фарҳангӣ ба монанди ЮНЕСКО ва ИСЕСКО узви комилҳуқуқ мебошад. Маҳз, ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ ва муносибатҳои дипломатӣ имкон фароҳам меорад, ки доираи таблиғоти фарҳангии мо густариш пайдо карда, дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шаванд.

Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард то ҳайатҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра рӯзҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон баргузор намоянд. Авҷи шукӯҳи ин ташаббусҳо маҳз ду-се маротиба баргузор намудани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо шахсан сарони кишварҳо иштирок кардаанд.

Ҳамин тариқ, метавон хулоса кард, ки фарҳанг ва мероси фарҳангӣ дар ҳама давру замон ҳамчун намоди ифтихороварӣ ва руҳиябахшии миллатҳо буда ва имрӯз низ аз пештара дида, бештар эҳсос мешавад. Шароити кунунии ҷаҳонӣ торафт шиддат мегирад ва кишварҳо ба як бархӯрд гирифтор мешаванд. Тавре дар Ойинномаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг (ЮНЕСКО) омадааст, мақсади асосии ин созмони фарҳангӣ аслан ПОЙДОРИИ СУЛҲ ДАР ҶАҲОН ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки маҳз фарҳанг метавонад маҳаки асосии ҳамгироии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гардида, дар ин ҷода нақши калидиро бозӣ кунад.

Мирзошариф Абдусаломов - Докторант (PhD) - и Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон