Инсони ҳушманд аз тариқи ба кор андохтани барномаҳои зеҳнию ақлонӣ ҳамеша худро дар баробари таҳдидоти дохилӣ, таҳоҷумоти берунӣ ва хатароти эҳтимолӣ муқовим сохта, бад-он талош меварзад, ки дар набарди зиндагӣ на бозанда, балки пирӯз бошад. Пирӯзӣ ва бозандагии инсон ҳам ба кайфият ва чигунагии тадбиру тасмимоти ақлонии ӯ бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, инсон аз рӯзе ки худро дар баробари ҳастию вуҷуд шинохт ва ба сатҳи огоҳии ибтидоӣ расид, аз рӯйи тавону қудрат тариқи илму ҳунару эҷод ба зиндагӣ маъно бахшида, замон ба замон, давра ба давра ва марҳила ба марҳила дастовардҳои моддию маънавӣ офарид, ки ҳамагӣ дар мафҳуми фарҳанг мунсаҷим мешаванд. Минбаъд, чун имконоти моддию маънавии инсонӣ бартар шуд ва шаҳди қудрату тавони физикӣ-ҷисмониро чашид, тасмим гирифт, ки хосту ғаризаҳояшро болои мардум ва ҷомеаи камзарфият ва камқувват таҳмил созад. Аз ин ҷо раванди таҳоҷуми маънавӣ ва фишори равонӣ болои ақвому милали заиф дар таърихи башарӣ машруият пайдо намуда, фазосозии сиёсӣ, мафкуравӣ-идеологӣ, зеҳнӣ ва фарҳангӣ дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ шакл гирифт. Бад-ин минвол, ҳаракати мафкураи бегона дар масири зиндагии ақвому миллиятҳо оғоз шуда, дар бофтҳои иҷтимоӣ ҷо гирифта, бегонашавӣ ва бегонасолорӣ миёни ҷомеаҳо густариш ёфт. Ин гуна таҳмилсозӣ ва таҳоҷуми фарҳангию сиёсӣ ва мафкуравӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо (замони муосир дар назар аст) вусъати тоза касб кардааст.
Бархурд ва муколимаи тамаддунҳо собиқаи тулонии таърихӣ дошта, дар масири таърихи миллӣ ҳанӯз аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ шуруъ шудааст ва то имрӯз идома дорад (ниг.: Назария ва методологияи ваҳдати миллӣ. –Душанбе: Дониш, 2007. –С.47). Дар шароит ва марҳилаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури “Бархӯрди тамаддунҳо” Самюэл Хантингтон, сиёсати глобалӣ сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар мабнои ин, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо сурат мегирад (ниг.:Хантингтон Самюэль. Столкновение цивилизаций. –Москва: АСТ, 2006. –С. 7). Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар вазъияти хеле ҳассоси сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила онҳоро дар ҳолати бемориии музмини дурударози ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва хурофапарастӣ нигоҳ доранд. Мутаассифона, ин гуна бозиҳои геополитикӣ ба минтақаи мо ҳам бетаъсир намемонанд ва дар ҳамаи самту сатҳҳои зиндагӣ хавфу хатарҳоро ба дунбол доранд. Дар зимн, тайи даҳ-понздаҳ соли ахир миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва махсусан, насли ҷавони ҷомеа ба таври тадриҷӣ афзудани нуфузу тасаллути хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки аз мафкураи аҷнабӣ реша мегиранд, нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Дар ин миён камогоҳӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории қишри зиёӣ ва фарҳангии ҷомеа, ки дар ҳамаи давру замон пешсафи мубориза алайҳи хурофоту ҷаҳолат маҳсуб меёфтанду меёбанд, корро хеле мушкил кардааст. Муҳимтар аз ин, як идда зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ худ побанди хурофоти мазҳабӣ гардида, дар хидмати артиши хурофапароканони дохилию хориҷӣ қарор гирифтаанд. Ҳарчанд ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва мақомоти қудратӣ дар самти коҳиш додани нуфузи сардамдорони хурофаю таассуби мазҳабӣ саъю талоши фаровон меварзанд, институтҳои иҷтимоӣ ва маданӣ фаъол нестанд. Аз ин ҳолат, ки ғолибан бар асари сукуту хомӯшӣ ва бетарафию саҳлангории артиши фарҳангиёну зиёиён иттифоқ афтодааст (албатта, талошҳои иддаи ангуштшумори зиёиёни миллӣ ва фарҳангиёни ватаниро, ки ҳамеша бар зидди хурофоту ҷаҳолат мубориза мебаранд, нодида набояд гирифт ва кору пайкори онҳо дар ин вазъи ҳассоси сиёсию геополитикӣ сазовори таҳсину офарин аст), ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаройи зиддимиллӣ истифода мебаранд ва ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, авомро таҳти таъсир ва тасаллут қарор медиҳанд.
Гузашта аз ин, гурӯҳу созмонҳои ифротгаройи динию мазҳабии хориҷӣ, аз як тараф ва рӯҳониёни мутаассиби дохилӣ, аз тарафи дигар, ҷомеаро дар инҳисори ақидатию сиёсӣ қарор додаанд. Афзун бар ин, таҳоҷуми фикрию равонӣ ва иттилоотӣ, ки дар қолиби барномарезиҳои вежа пайваста аз тариқи расонаю сомонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ роҳандозӣ мешаванд, воқеияти дигарест, ки моро дар ҳолати таҳдиду чолиш қарор медиҳад. Ин аст, ки фарҳангиёну зиёиён бояд ҳассосиёти замонро қабл аз дигарон дарк намоянд ва дар баробари таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравии аҷнабӣ вокуниш нишон бидиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҷаҳон ба майдони набарди қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва дар заминаи бархӯрди манофеи сиёсию геополитикӣ ҳар лаҳза тағйир ёфтани авзоъ имконпазир аст. Бархӯрди манофеи геополитикӣ дар ин авохир то ба ҳадде чолишзо шудааст, ки мавҷудияти ҷаҳон ва сайёраи инсониро ҳам ба хатар мувоҷеҳ месозад. Аз ин ҷост, ки донишманди муосир Гейр Лундестад вазъи мавҷудаи сиёсии ҷаҳонро мавриди омӯзиш қарор дода, ба натиҷаи зайл расидааст: “Дар ҳоли ҳозир мо қудрати бузург ва рақобати мутақобили қудратҳои бузургро мебинем, ки дар як дақиқа вуҷуди насли инсониро зери суол ва ба нестӣ бубаранд” (ниг.: Лундестад Г. Восток, Запад, Север, Юг. Основные направления международной политики. – Москва: Издательство «Весь мир», 2002. -С. 12). Дар ин раванди хатарзо чӣ гуна метавон фарҳанги миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва инсониро, ки тайи таърихи тӯлонӣ дар зеҳну ҳувияти мардуми як қаламрав шакл гирифта, ба аносири ҳувиятӣ бадал шудаанд, ҳифзу нигаҳдорӣ кард? Ба назари мо, дар ин вазъияти ҳассоси сиёсию геополитикӣ ба назар гирифтани иқдомоти зайл ба манфиати кор аст:
а) омӯзиш ва шинохти муназзам ва систематик аз ҳаводис ва воқеиёти рӯзи минтақаву ҷаҳон ва дар ин замина, мутолеоти ҷиддии мероси илмию адабию фарҳангии бумӣ;
б) таваҷҷуҳ ба асли дунёмадорӣ (секулоризм) дар фарҳанги миллӣ ва пуштибонӣ аз раванди озодандешӣ;
в) андӯхтани таҷрибаҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию мафкуравии ғарбӣ дар заминаи муносибат ва бархӯрд бо фарҳангу тамаддунҳои бегона, ки решаи таҳоҷумӣ ва истибдодӣ доранд;
г) пур кардани кӯлвори донишҳои муосири сиёсӣ ва фалсафӣ тавассути мутолеоти густурдаи адабиёти илмӣ-таҳқиқии ватанию хориҷӣ, аз ҷумла осори ба мавзуоти муҳими ояндабинӣ (футурологӣ), геополитикӣ ва геостратегӣ бахшидашудаи Ҳангтингтон, Бжезинский, Фукуяма, Комский, Тоффлер ва дигарон;
ғ) шинохти илмии адёну мазоҳиби ҷаҳонӣ, минҷумла боварҳои сомӣ ва қиёси тафаккуроти динӣ-мазҳабӣ бо мантиқи илмӣ-фалсафӣ;
д) омӯзиш ва истифодаи усулу методҳои улуми табиӣ-риёзӣ дар ташхиси падидаҳои табиӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ;
е) ҷустани роҳу механизмҳои гузинавӣ-алтернативии муқовимат ва мубориза алайҳи таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравӣ;
ё) ҳамиштирокӣ ва ҳамшарикии миллию мардумӣ дар муқовимату мубориза бо мафкураи ҳувиятшикани аҷнабӣ, ки аз хурофоти динӣ-мазҳабӣ таркиб ёфтааст.
Банди ахири иқдому тадбирҳо – ҳамшарикии миллию мардумӣ дар раванди муқовимат бо мафкураи ҳувиятшикани бегона марҳилаи ҷамъбастии мубориза маҳсуб меёбад. То он даме ки ҷомеа ва фарҳангиёни миллӣ ба ин марҳила нарасанд (расидан ба ин марҳилаи ниҳоӣ ба сатҳи баланди огоҳиҳои иҷтимоӣ ва тафаккури миллӣ вобаста аст), гуфтугузор дар мавриди ҳувият ва асолати миллӣ бенатиҷа мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯзиш ва шинохти арзишҳои миллӣ ва суннатҳои неки ниёгон дар марҳилаи аввал зарурат дорад.
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги миллӣ, ки бар мабнои бовардоштҳои қадимӣ ва асотири бостонӣ устувор шудааст, решаи на таҳоҷумию бедодгарӣ, балки мардумсолорию фарҳанггустарӣ дорад. Фарҳанги миллӣ зоидаи зеҳн ва тафаккури кушоду реалистии миллат мебошад. Ба назари муҳаққиқон, фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) натиҷаи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тоифаҳо бо фарҳангашон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст. Ин аст, ки фарҳанг ба унвони унсури калидии ҳувиятсозӣ ва механизми мафкураороӣ дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ хидмат мекунад. Мутмаинан, фарҳанги миллӣ имкони муқовимат бо идеология ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравии аҷнабиро дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷо додани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон кори мунтазам ва мудавоми фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад ва ҷараёни зеҳнсозии миллӣ аз марзи хонавода шурӯъ шуда, то ба ҳадди ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ (боғчаву мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо) мерасад. Тарбияи зеҳнӣ ва фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар марҳилаи ҷанинии ташаккул ва рушди насли наврасу ҷавони ҷомеа корсозтар аст. Агар фазои марҳилаи ҷанинӣ бо андешаи солими бумӣ ва арзишҳои инсонсози миллӣ комил гардад, таҳдиди буҳрони беҳувиятӣ дар ҷомеаи тоҷикӣ коҳиш ёфта, масири ҳувиятшиносии миллӣ боз мегардад. Бинобар ин, аз ин марҳила – аз замони туфулият мебояд шурӯъ кард, то насли хурдсол ва навраси мо бо шинохти арзишҳои миллӣ ва бумӣ ба воя расида, бо онҳо хӯ гирифта, бузург шавад ва минбаъд ҷилави вуруду таҳдиду фишори фарҳанги хирадситезу ҷаҳолатмаоби аҷнабиро худ, бидуни кумаки дигарон бигирад.
Н. Нуров - корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон