Skip to main content

Барои террорист Ватан, миллат ва маҳв кардани бозёфтҳои фарҳангӣ, ки вусъатдиҳандаи хотираи таърихӣ, муаррифгари миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд, арзиш надорад. Махсусан, зуҳури ҳаракатҳои террористӣ дар ин ё он минтақа хатари бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта, барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд.

Бавижа, таи солҳои охир амалҳои марбут ба террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ беш аз пеш афзоиш ёфта истодаанд. Махсусан, амали террористӣ ва ноҷавонмардонае, ки аз ҷониби ҷангҷӯёни дар рӯй пардаи шариаткашида дар водии Бойсарон, дар минтақаи Пахалгам нисбат ба сайёҳоне, ки аз паёроҳаи кӯҳӣ мегузаштанд, рух дод, имрӯз низ аз фаъол будани ҳаракатҳои хатарзо ҳушдор месозад.

Мувофиқ ба маълумоти сарчашмаҳо вақте ки як гурӯҳи сайёҳон ба пайроҳаи кӯҳӣ мебаромаданд, ногаҳон ба онҳо афроди мусаллаҳ ҳамла карда, дар натиҷа на кам аз 27 нафар, аз ҷумла ду шаҳрванди хориҷиро ба қатл мерасонанд. Ин мусибати кам нест. Зеро онҳо хуни инсони бегуноҳро резонданд. Фарзанди волидайнеро ятим карданд...

Воқеан, ин ҳодисаи нохӯш, ки дар кишвари Ҳинд аз ҷониби террористон сурат гирифт дард, мусибати як кишвар нест. Мусибат, дарди кулли ҷомеаи инсонӣ аст. Зеро барои ин афроди бадсиголу чашм бо хун сурхкарда ашхоси махсусу дорои сарват аз кишварҳои мухталиф роҳнамоӣ мекунанд. Онҳоро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамоянд ва барои ба ҳадафҳои нопокашон расидан тамоми асбоб ва лавозимоти ҳарбиро барояшон таъмин мегардонанд. Фикр намекунанд, ки мақтулшудагон низ инсонанд, орзу ва умеди зиндагӣ карданро мепарварнад ва мехоҳанд дар пешбурди ҷомеаи инсонӣ нақшҳои иҷтимоии худро бозанд.

Ин афрод умри ширин намегузаронанд, ба ҳадафҳои худ расида наметавонанд, бо роҳандозӣ кардани амали террористӣ дар гушаи як минтақа қудрати ғасб кардани тамоми ҳокимиятро надоранд. Лаҳзае мерасаду онҳо низ рӯҳану ҷисман азият кашида, лаззати маргро мечашанд. Чунки ҳар зуреро як забардаст аст...

Шуъбаи фалсафаи фарҳанг Шуъбаи масъалаҳои фалсафии дин