Skip to main content

23233Ба ҳамагон маълум аст, ки имрузҳо дар ҷаҳон равандҳои гуногуни хатаровар авҷ гирифта истодааст, ки яке аз онҳо ин экстремизму терроризм мебошад. Ин падидаи номатлуб аз давраҳои дури таърихӣ шуруъ шуда дар замони муосир хусусияти глобалӣ касб кардааст ва таъсироти манфиашро тамоми кишварҳо эҳсос намуда истодаанд.

Хусусан нуфузигуруҳҳои экстремистӣ-террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва васеъгардидани майдони фаъолияти созмонҳои ифротӣ, террористию экстремистӣ дар ин минтақа натанҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлатҳои миллии Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои гуногуни олам, махсусан давлатҳои абарқудрати ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Донишмандон омилҳои авҷгирифтани ин падидаҳои номатлобро ба мавқеъи геополитикии минтақа ва аҳамияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кишварҳои абарқудрати ҷаҳони муосир ва аз тарафи дигар нуфуз пайдо кардани ин зуҳуроти номатлуб дар Афғонистон, ки дар ҳамсоягии кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор дорад, марбут медонанд.

Ин ҳолатро дарк карда Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд кардаанд, ки «Фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ, ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрузу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд» .

Илова бар ин сабабҳои дигари нуфуз пайдо кардани ифротгароӣ ва доман паҳн кардани майдони фаъолияти гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ ва радикалистӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро вазъияти ногувори дохилӣ дар баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла буҳрони иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ, кашшоқӣ, бесаводӣ, самтгирии идеологӣ, рушди техника ва технология, авҷи хурофотпарастӣ, ноустувории ҳокимият, суистифада аз шуури динии мардум аз тарафи доираҳои манфиатҷу, нуфузи гуруҳҳои зиёди террористӣ-экстремистӣ, радикалӣ боиси густариш ёфтани домани фаъолияти ин гуруҳҳо дар минтақа гардидааст. Ин проблемаҳо алакай аз тарафи пайравони гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ, ки ба таври пинҳонӣ амал мекунанд, омӯхта шуда, онҳо ин мушкилотро барои бадномкунии режимҳои ҳукумрон васеъ истифода мегарданд. Боин роҳ ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ мафкураи аҳолӣ аз ҷумла ҷавононро ба давлат сард намуда, ба осони онҳоро зери таъсири ҷараёнҳои ифротӣ, террористӣ-экстремистӣ қарор медиҳад.

Инчунин сабабҳои пайдоиш ва рушди ифротгароӣ ин тарбияи нодурусти олилавӣ ба ҳисоб меравад. Аз сабаби он, ки инсон ҳамчун шахсият, фардият, аввалан дар оила тарбият меёбанд, аз ин хотир волидайн дар тарбияи кудак нақши асосиро гузошта, метавонанд. Волидайн бояд рисолати асосии худро дар назди фарзандон иҷро намоянд, онҳоро дуруст тарбия намуда, дар замири онҳо арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва умумиинсониро парвариш диҳанд.

Ба омилҳои таъсиргузори рушди ифротгароӣ ва шаклгирии зуҳуроти терроризму экстремизм, ин пеш аз ҳамма рушди техника ва технология ва ба ҳама дастрас шудани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ маҳсуб меёбад. Чуноне, ки маълум аст, дар интернет шабакаҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо метавон даъват намудан ба ин ё он амали террористӣ экстремистӣ, ва ташвиқу тарғиби унсурҳои ифротгароиро мушоҳида намуд. Аз тарафи дигар, интернет восита таълимӣ нодурустӣ динӣ аз тарафи доираҳои хурофотпарасту манфиатҷӯ гардидааст. Имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки аксари мардум таълимоти диниро тавассути интернет мегиранд. Гуруҳҳои ифротӣ ҳамарӯза дар шабакаи интернет афкору андешаҳои худро тарғиб намуда, аз шуури динии афроди ҷомеа барои расидан ба ҳадафҳои нопокашон суистифода мекунанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, кизиёда аз 80% ҷавонон ба сафи гуруҳҳои террористию экстремистӣ маҳз тавассути интернет ҷалб мешаванд. Созмону ташкилотҳои террористиву экстремистӣ кӯшиш менамоянд, кисамти афзалиятноки фаъолияти худро ба ҷавонон равона карда, онҳоро аз байни зиёиён, кормандони илмӣ, донишҷӯён ба сафҳои худ ҷалб намоянд. Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ аз50% то80% таркиби созмону ташкилотҳои террористӣ-экстремистиро дар кишварҳои ҷаҳон ҷавонони 17-28 сола ташкил медиҳанд. Фазои озод дар истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва мавҷуд набудани маҳдудиятҳо дар ин самт, инчунин дуруст танзим нагардидани раванди рушди технологӣ дар кишварҳои минтақа боиси авҷ гирифтани ин зуҳуроти хатаровар дар минтақа гардидааст.

Омили дигари рушди ифротгароӣ ва доман паҳн кардани майдони фаъолияти гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ дар Осиёи Миёна ин ҷойгиршавии кишварҳои минтақа ва дар ҳамсоягӣ бо фазои ноустувори Афғонистон, Покистон, Синзиян мебошад, зеро чуноне, ки маълум аст, ин минтақаҳо сарчашмаи ин зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо таҳдиду хатарҳои ин гуруҳҳои ифротиро аз он суи марзи кишварҳои минтақа бо Афғонистон мушоҳида кардаанд.

Аз ин рӯ давлатҳои минтақаро зарур аст, ки муносибати худ бо ин зуҳуротро ҷиддитар намуда, роҳҳу воситаҳои гуногуни мубориза ба онро пеш гиранд. Дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва ифротгароии динӣ корҳои идеологӣ, махсусан байни ҷавонон пурзур карда шаванд. Ба роҳ мондани тарбияи дурусти олилавӣ, ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ва ташаккули худшиносии миллии шаҳрвандон омилҳои таъсиргузори пешгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад.

Давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки асосан пас аз пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ истиқлолияти комили худро ба даст овардаанд ва марҳилаи гузариши бунёди давлатдории худро аз сар мегузаронанд, бояд дар самти мубориза ба зуҳуроти номатлуби терроризм-экстремизм, радикализ, ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ чораҳои зарурию қатъӣ андешанд. Дар ин сурат метаваонанд раванди бунёди давлатсозӣ ва эҳёи арзишҳои миллиашоро ташаккул дода, ба дастовардҳои бузурги миллӣ ноил гарданд.

Сафарова Б.Қ. - ходими хурди шуъбаи фалсафаи иҷтимоии институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ