Ҳар пойтахте ба таври куллӣ бо пойтахтҳои дигар кишварҳо шабеҳ мебошад, чунки тамаддунҳо дар таърихи башар бо якдигар шабоҳат доранд. Гузашта аз ин, ҳар пойтахте зимни баррасиҳои пайваста ба таври куллӣ бо мардумаш мушаххас мешавад, чунки шаҳрҳоро тибқи анъана тарзи тафаккур ва чаҳонбинии сокинонаш баҳогузорӣ мекунанд. Аз ин ҳотир, масали мардумӣ низ ҳаст, ки агар хоҳед аҳволи миллате ва давлатеро пай бубаред, ҳатман ба бозорҳояш равед, чунки дар бозорҳо одамон чамъ шуда, авзоро баррасӣ мекунанд.
Илова бар ин, дар шаҳрҳое, ки мақоми пойтахти давлатҳоро соҳиб мебошанд, ё ҳуд бо ҳар баҳона диққати ҳориҷиҳоро ба ҳеш ҷалб намудаанд, аз лиҳози тартиби иқоматкунандаҳояш ба аносири милливу хориҷӣ ҷудо мешавад, аммо ҳориҷиҳое, ки дар дилхоҳ пойтахт зиндагӣ мекунанд, дар асл ба хориҷиҳо монанд намебошанд. Аз рӯйи ин шабоҳатҳо метавон шаҳри Душанберо бо дигар шаҳрҳо ва пойтахтҳо муқоиса намуд, ки дар гузашта тибқи сарчашмаҳои таърихӣ маркази тамаддун ва иқоматгоҳи афроди шуҷову матинирода буда, имруз ба мартабаи чанини илму маърифат ва чавлонгаҳи фарҳанги миллӣ баррасӣ мешавад.
Яке аз китобҳое, ки ин андешаро исбот мекунад, бо унвони ”Душанбе - қалби Точикистон“ III. — Душанбе соли 2021 нашр гардидааст ва ҳадафи камина аз ин навиштаҳо мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Кобилҷон Хушвахтзода бо номи ”Бунёдкорӣ - рукне аз фарҳанги миллии тоҷикон” маҳсуб мешавад. Ба қавли муаллиф, Душанбе чун пойтахти кишварамон дар замони муосир ба яке аз шаҳрҳои соҳибнуфуз ва зебоманзари дунё табдил ёфтааст. Маҳз соҳибфарҳангӣ ва аз тамаддун бохабар будани тоҷикон онҳоро дар шаҳрсозӣ муваффақ гардонидааст: ”Мусаллам аст, ки тоҷикон дар паҳнои таъриҳ ҳамчун миллати шаҳрдору шаҳрсоз эътироф шудаанд ва ба гаҳвораи тамаддуни инсоният шоҳкориҳои нодиреро мерос мондаанд.
Хушбахтона, ин асолатро онҳо давоми садсолаҳо боз побарҷо нигоҳ дошта“, бо риояи накутарин анъанаҳо то ба замони мо расондаанд. Ба таври дигар, тоҷикон ҳар куҷое пой ниҳоданд, он маконро дар партави сарчамъиву иттиҳод ва нангу номуси миллӣ ба мавзеи ободу зебо табдил доданд. Ҳамин аст, ки миллати моро Чаҳониён ба сифати мардуми ободгару созанда ва шаҳрсозу шаҳрдор мешиносанд ва эҳтиром мекунанд” (сал. 68).
Айни замон бобати шаҳрсозиҳо бештари муҳаққиқон машғул гардида ҳоҳишҳое пайдо мешаванд, ки тибқи онҳо таҳияи илми воҳид дар бораи пойтахтҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Масалан, ибораи ”шаҳри оқил” имруз дар аксар шаҳрҳо мушоҳида шуда, раванди навсозии шаҳрсозӣ падид омадааст. Шаҳр ҳамчун як падида мавзуи омузиши амиқ буд ва боқӣ мемонад, зеро маҳз дар шаҳр соҳаҳои асосии ҳаёти инсон мутамарказ шудаанд. Дар илм тамоюлҳое ҳастанд, ки мувофиқи онҳо ҳусусиятҳои рушди пойтахт ва шаҳрҳои музофотӣ дар мавзуъҳои алоҳидабаррасӣ карда мешаванд ва ин бо он шарҳ дода мешавад, ки мақоми шаҳр бештар тақдири тараққиёти онро муайян мекунад. Бисёр шаҳршиносон таҳқиқоти ҳудро ба омуҳтани пойтахтҳо бо мақсади ташҳиси ҳусусиятҳои маданию таъриҳии дар он ба амаломада мебаҳшанд. Чунки тибқи анъана, пойтахт на танҳо шаҳри асосии ҳар як давлат, балки ҳамчун маркази иқтисод, фарҳанг ва ҳамчун ташаббускори фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Пойтахт ҳамчун як падидаи гуногунчанба аз мавчудияти равишҳои зиёде ба омузиши он шаҳодат медиҳад. Дар ин бобат, ки Душанбе чун маркази бунёдкорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ кадом дигаргуниҳоро ба худ касб намудааст, профессор Қобилҷон Хушвахтзода чунин менигорад: “Дар ин миён шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба маркази вокеии ташаббусҳову бунёдкориҳо табдил ёфта, симои ҳудро комилан дигар намуд. Акнун он ба шаҳри умеду орзуҳо табдил ёфта, аз шаҳрҳои замонавии давраи нави инкишофи инсоният мондание надорад. Душанберо имруз чаҳониён ҳамчун маркази бузурги илму фарҳанг ва таъриҳу тамаддуни давлати Тоҷикистон мешиносанду медонанд ва орзуи боре ҳам ба он сафар кардану аз наздик шиносоӣ бо онро доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки шаҳри Душанбе дар ояндаи наздик ба бузургшаҳрҳои кишварҳои гуногуни Ҷаҳон ҳампо гашта беҳтарин анъанаҳои шаҳрсозии точиконро дар худ инъикос мекунад” (сал. 68).
Муаллиф дар мақола нақши Сарвари давлатро дар рушду такмилёбии меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъкид намуда, ба ҳулосае меояд, ки дар бартариҳои пойтахт саҳми сокинонаш кам нестанд. Чунки ҳар шаҳре тибки мавкеъ ва тарзи зисту зиндагонии сокинон муаррифӣ мешавад. Зимни баррасӣ ва таҳқиқи ҳусусиятҳои хосси пойтахтамон, метавон ҳулоса кард, ки тафовути он аз шаҳрҳои минтақавӣ дар татбиқшавии фарҳанги пешқадам аст. Пойтахт ҳамчун намуна ва рамзи ҳама чизи пешкадам ва идеалӣ ғояву зебоии ҳудро тавассути замону фазо мебарад, ба пеш саъй мекунад ва монеаҳои сари роҳро пай намебарад. Маҳз ҳамин омил, ки нақши созандаро дорост, ба шаҳри Душанбе нисбат дода мешавад ва ба ибораи профессор Қобилчон Хушвахтзода, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмию таълимӣ, ки дар пойтахт комат афрохтаанд, омили ҷалбшавии чавонони минтакаҳо ба пойтахт мегардад: “Бо каноатмандӣ метавон гуфт, ки миёни ин ҳама ташаббусу корҳои созандагӣ дар микёси чумҳурӣ ва ҳусусан шаҳри Душанбе, таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба таъмиру таҷдид ва сохтмони муассисаҳои таълимии сатҳҳои гуногун махсус арзёбӣ мешавад. Хосатан, дар замони соҳибистиклолӣ нисбат ба ин масъала чораандешиҳои саривақти амали гардида, шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ сохта ба истифода дода шуданд. Худ казоват намоед, ки агар дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ миқдори донишгоҳу донишкадаҳо дар саро- сари кишвар ҳамагӣ 13 ададро ташкил медоданд, имруз танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе 19 мактаби олии тахассусӣ фаъолият доранд” (саҳ. 69).
Бинобар андеша ва баррасиҳои муаллиф, дар рушди ҳамаҷонибаи шаҳри Душанбе нақши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле қобили баландошёна ва тарҳи нави муассисаҳо бо дарназардошти меъморӣ ва намуди зоҳирии онҳо дар солҳои охир пазируфта шуда, пойтахтамонро дар қатори бузурггарин пойтахтҳои чаҳон муаррифӣ ҳоҳад кард. Бинобар ин, профессор Қобилчон Ҳушвахтзода нақши калидии Раиси шаҳрамонро дар самти бунёдкориҳои камназир таъкид намудааст: ибтикору раҳнамоии Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Мачлиси миллӣ, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи 30-солагии ҷашни Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба яке аз пойтахтҳои зеботарини дунё табдил ҳоҳад ёфт, ки ин иқдоми наҷиб барои рушду такомули илму фарҳанги миллати сарбаланди тоҷик заминаи мусоид фароҳам меорад. Симои пойтахт ба таври куллӣ дигаргун гардида, бунёди инфрасохтори муосир шароити зисти бошандагони ин шаҳри биҳиштосоро беҳтару хубтар месозад” (саҳ. 69).
Тағйироти босуръати иҷтимоӣ боиси мушкилисозии эътимоди шахс гардида, ҳангоми кушиши муайян кардани шахсияти ҳуд, одамон ба таснифоти равшантарин, аз ҷумла ҳудудӣ муроҷиат мекунанд. Ин, дар навбати ҳуд, масъалаи ҳуввияти шаҳрнишиниро актуалӣ месозад. Хусусияти шаҳр ҳамчун субъекти иҷтимоӣ мавҷуд набудани як ҷомеаи ягонаи шаҳрӣ ҳамчун манбаи намунаҳои якхела барои муайянкунӣ мебошад. Чомеаи иттилоотии муосир танҳо гуногунии мавчудаи сокинони шаҳр ва чамоатҳоро афзоиш медиҳад. Аз ин ру, гояҳои аслии шахсият аслан ғояҳо дар бораи шаҳр мебошанд. Яъне, шаҳр макони густариши ҳуввият аст ва инсон дар шаҳр зиста, чун шахсият такмил меёбад. Бинобар ин, фақат пойтахт имкон фароҳам меорад, ки тафаккур ва ҳуввияти миллӣ ташаккул ёфта, маркази ҳимояи манфиатҳои миллӣ гардад. Ба ибораи дигар, пойтахти кишварамон маркази бунёдкориҳо буда, имкон фароҳам овардааст, ки шаҳрвандон на аз руйи мансубияти маҳалли, балки аз дидгоҳи созандагӣ мавқеи сазоворро интиҳоб кунанд. Яке аз вижагиҳои ҳуввияти шаҳрнишинӣ дар замони муосир мубориза алайҳи падидаҳое маҳсуб мешавад, ки мафкураи рустоиро дар шаҳр тақвият мебаҳшанд. Аз ин хотир, бунёдкорӣ роҳи асосии пешрафти шаҳрамон буда, тибқи андешаҳои муаллиф, роли таъмини рушди бемайлон шинохта мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки баррасӣ ва таҳқиқи ҳудогоҳии миллӣ тибқи андешаи сокинони пойтахт сурат гирифта, таваҷҷуҳ ба он торафт меафзояд, чунки имконоти пойтахт назар ба минтака фарқ карда, хусусиятҳои ободкорӣ бештар дар шаҳрҳо густариш ёфтаанд. Бинобар падидаҳои навин дар сохтори меъморию корезии шаҳрҳо усули такмил додани бахши аклии шаҳрҳо нуфуз пайдо кардааст ва ин омилҳоро ба инобат гирифта, метавон пойтахтамонро ба яке аз шаҳрҳои муосиртарин табдил дод.
Ширин Қурбонова, сарходими шуъбаи ИДМ - муовини раиси
КИИ “Ҳирадмандон“-И ҲХДТ дар АМИТ доктори илмҳои таьри
