Skip to main content

Имрӯз (02.12.2024) дар Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ маҷлиси шӯрои диссертатсионӣ бахшида ба ҳисоботи солонаи шӯро баргузор гардид.

Дар Шуро кормандони Комиссияи олии аттестатсинии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Муслим Машокир, мудири шуъбаи табии-риёзии КОА Гулзода А.Б. ва корманди шуъба Мирзозода А.М., директори Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ Раҳимзода А.О. ва аъзоёни Шуро академик Раҳмонов З.Х., академик Илолов М., академик Раҷабов Н., узви вобастаи АМИТ Исҳоқов С.А., ва дигар кормандон Каримов О.Х., Ҳасанов Ю.,Ҷангибеков Г., Аллаков И., Сафаров Ҷ. иштирок варзиданд.

Дар маҷлиси Шуро ҳисоботи солонаи Шурои диссертатсионӣ ва пешниҳодҳо аз тарафи иштирокчиён баррасӣ карда шуд.

Дар охири ҷаласа, ҷиҳати фаъолияти босамари Шӯрои диссертатсионии назди Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ таклифу пешниҳодҳо низ шунида шуд.

Ҳамчунин директори Институт н.и.ф.м., Раҳимзода А.О. баромад намуда, ба дастгириву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷалби наврасон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва риёзӣ, эълон кардани солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ташкилу баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба монанди “Илм-фурғи маърифат”, ва дар пайрави аз ин сиёсат ба дастгириву заҳматҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва барои ҳамкориҳои судманд дар самти тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ ба раиси Комиссияи Олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ин мақом изҳори миннатдори баён намуданд.