Skip to main content

«...чун ниёгонро меомӯзем, худро мешиносем. Имрӯз мо тоҷиконро зарур омадааст, ки аҷдодро биёмӯзем, то худро бишносем. Ҳеҷ яке аз риштаҳои худшиносии шахс ва ҷомеаро бидуни ёди таърихӣ тасаввур наметавон кард. Ҳар амали муҳимми иҷтимоӣ он гоҳ кам ё беш амали огоҳона хоҳад буд, ки аз ёди таърихӣ раҳнамоӣ дида бошад. Ёди фарҳангӣ яке аз шартҳои асосии моҳияти маънавӣ пайдо кардани ҳастии инсон аст ва низ бидуни донистани таърих даст намедиҳад. Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунав қадам хоҳем зад» (В.О.Ключевский).

Худшиносӣ дар ҳар давру замон яке аз мавзӯъҳои мубрами илмӣ - фалсафӣ дониста шуда, доир ба он назарияҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ аз тарафи муҳаққиқон баррасӣ гардид. Имрӯз дар давраи навин, мафҳуми худшиносиро наметавонем аз истиқлолият тафкик намоем, зеро ин ду гавҳари бебаҳо арзиши амиқе дар таҳкими низоми давлатдорӣ ва сулҳу субот доранд. Худшиносӣ аз ҷониби олимону файласуфони ҷаҳони қадим ва муосир ба мактаби пуриқтидоре монанд шудааст, ки дар роҳи парвариши завқи маънавиятпарастӣ ва тарбияи шахси хирадманду оқил нақши барҷастае дорад. Бесабаб нест, ки пешвои таълимоти марксизм Карл Маркс худшиносиро аввалин шарти хирадмандӣ медонад. Ҳангоме, ки сухан аз ахлоқи поки инсонӣ меравад, дар мадди аввал яке аз пояҳои ин ахлоқ – худшиносӣ ба миён меояд.

Истиқлолияти миллӣ амри зарурии таърихи башарият дониста мешавад, ки ба таври пешқадамона расидан ба он яке аз мақосид ва пирӯзии миллии тоҷикон дар асри XXI мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи навбунёд эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ буда, дар ин замина ташаккул додани худшиносии миллат ба ҳисоб меравад. Дар ин бора олими намоёни тоҷик, шодравон Самиев А. хеле хуб ишора кардааст, ки “..танҳо худшиносии фарҳангию таърихӣ миллатро муттаҳид ва соҳибдавлат намуда, вайро ба мудраки (субъекти) фаъоли раванди таърихӣ табдил медиҳад”[1:2].

Худшиносии миллӣ иродаи сиёсӣ ва масъулияти давлатдориро ташаккул дода, ифтихор ва ғурури миллиро такмилу тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, масъалаи худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои меҳварии имрӯза дониста шуда, таҳқиқ ва омӯзиши вай вазифаи аввалиндараҷаи олимон - ҷомеашиносон мебошад. Барои ҳамин зарур аст, ки масъалаи нақши фалсафаи худшиносӣ ва таҳаввулу ташаккули он дар низоми давлатдории миллии тоҷиконро дида бароем. Дар таърихи фарҳанги инсонӣ шахсиятҳое ҳастанд, ки ҷой ва мақомашон то ба дараҷае устувор ҳаст, ки асрҳои тулонӣ чун ситораҳои осмони илму фарҳанг тобнок ва дар таҷаллианд. Ин муҳаққиқон, ки дар таҳқими ҳуввияти миллӣ ва истиқлолияти миллӣ барои иттиҳод, сулҳ, саодат, адолат ва маърифат талошҳои пай дар пай намудаанд, шахсиятҳои фарҳехтаи фалсафа ва илми муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд, ки онҳо на танҳо берун аз Тоҷикистон ва манотиқи Осиёи марказӣ, балки Федератсияи Россия ва Аврупо ба маъруфият шинохта шудаанд.

Нақши муҳаққиқони муосири фалсафаи тоҷик дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти миллӣ муҳим буда, саҳми ин донишмандони асил дар пиёда сохтани ҷомеаи навбунёд дар асоси ақлгароӣ, бисёрандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва инсонгароӣ назарррас дониста шудааст. Ба қатори ин муаққиқони асил, аз ҷумла, Додихудоев Х., Диноршоев М., Сайфуллаев Н.М., Музаффарӣ М. Ҳазратқулов М., Олимов К., Самиев А., Бекзода К., Муҳаммадхоҷаев А., Ҷонбобоев С., Назариев Р.З., М.А.Назаров ва дигарон низ дохил гардидаанд.

Ин муҳаққиқон дар осори худ «таҳкими истиқлолияти миллӣ»-ро дар замони муосир яке аз мавзуъҳои умда ва арзишманд дониста, дар атрофи ин масоили илмӣ, ки бештар марбут ба таҳкиму пойдории истиқлолияти миллӣ аст, мароми онро доштанд, ки дар доираи илмӣ бояд комилан таҳлилу таҳқиқ гардад. Воқеан, дар доираи баҳсу мунозираҳои илмӣ байни муҳаққиқони тоҷик фикру андешаҳои тозае пешниҳод намудаанд, ки бештар бар мабнои пазируфтани гуногунӣ, аҳамияти гуногунии андешаҳо, ҳамоиши афкори мухталиф, таҳаммулпазирӣ, мадоро (толерантность) ва ҳатто изҳори эҳтироми гуногунӣ (плюрализм) ин ҳама нишонаи нумуъ ва пешрафти ҷомеа аст ва баръакси он огоҳиест, аз оѓози рукуд ва пасравӣ. Муҳаққиқони тоҷик низ дар замони муосир мароми он доштанд, ки дар доираи мавзӯи мазкур таҳқиқотҳои назаррасеро анҷом диҳанд, ки барои пешрафт ва нумуи ҷомеа натиҷаи муфидеро ба даст расонад.

Ба қатори ин донишмандон ва муҳаққиқони мумтози илм, ки дар мавзуи фарҳангу худшиносии миллӣ таҳқиқоти ҷолиберо бурдаанд, аз қабили Додихудоев Х., Диноршоев М., Ҳазратқулов М., Самиев А., Олимов К., Сайфуллаев Н.М., Музаффарӣ М., Ҷонбобоев С., Назариев Р., Самиев Б., Махшулов М., Муродова Т., Содиқӣ Н.Н., Усмонова З.М., Иброҳимова С.Ҳ., Абилзода Г., М., Маҳмадҷонова ва ѓ. дохил мешаванд.

Таърихи навини Тоҷикистон ва истиқлолияти он яке аз ҷанбаҳои асосиеро, ки барои рушду нумуи кишвар гузоштааст, ин вогузор гардонидани муҳаққиқони тоҷик дар омӯхтан ва таҳкими истиқлолияти миллӣ, ки ҷиҳати ҳалли он зарурати таҷдиди назар, эҳё ва таъйини созандагии мафҳум ва ѓояҳо, омилу асосҳои рушду нумуи кишвар ва таҳияи ҷанбаҳои гуногуни ҳастии он пеш омад. Аз ин рӯ, муҳаққиқони ватанӣ муваззаф гардидаанд, ки минбаъд таърихи сарнавишти худро бо дасти худ татбиқ ва таҳия намоянд. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад» [3].

Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Ба қавли профессор Н.М.Сайфуллаев: «Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад». Таърихи тафаккури ҳар як миллат фалсафа аст ва фалсафа илмест, ки барои эҳдоси методолгия ва ҷаҳонбинии илмӣ донши саҳеҳро тақвият мекунад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид.

Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳувияту худшиносӣ аст, маҳорату маърифати беназирро талаб менамояд.

Cаволе ба миён меояд, ки нақши мафҳуми фалсафаи худшиносӣ аз аз куҷо сарманшаъ мегирад? Рисолати таърихӣ - фалсафии он дар чист? Оё насли даврони навин дарк карда метавонад, ки эҳёи фарҳанги миллӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи давлат, якпорчагии вай, сулҳу субот дар ҷомеа танҳо ба масъулияти вай гузошта шудааст ва рисолати таърихии вай самимона ва содиқона дӯст доштан, ҳамаҷониба ҳифз ва ободу шукуфо кардани ватани азизаш мебошад. Дар ҷавоб ба ин саволҳо дониши амиқи таърихӣ, фалсафӣ ва фарҳангиро бояд дошта бошем.

Дар луғати ахлоқ «худшиносӣ» бо таъбири «самосознание» омадааст, аз ҷумла чунин шарҳ ёфтааст: «Худшиносӣ - дар фаъолияти иҷтимоӣ худро ҳамчун шахс шинохтани инсон ва дар ин ҷамъият шинохтани мавқеи худ аст. Дар натиҷаи худшиносӣ инсон қобилияти худназораткуниро ба даст меорад, имконияте пайдо мекунад, ки рафтори худро мустақилона идора ва назорат кунад, худашро худ тарбия намояд».

Носири Хусрав доир ба масъалаи мафҳуми худшиносӣ дар китоби «Девон»-и худ чунин овардаанд:

Ту худро дон, агар худро надонӣ,

Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Ва он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Дарвоқеъ, фард, ки як узви ҷомеа аст, худро нашиносад, мавқеи худро муайян карда натавонад, чӣ гуна ӯ метавонад аз ахлоқи ҳамида бархурдор бошад. Худшиносӣ як амалиёти шахсӣ ва натиҷаи он аст, ки аз қарнҳову асрҳо инҷониб фикру андешаҳои файласуфон, уламои дин ва шоиру нависандагони бузургро ба худ машғул доштааст. Чунон ки файласуфи машҳури рус Бердяев Н.А. навиштааст: «Юнониён ибтидои фалсафаро дар худшиносӣ дида буданд» ва идомаи фикраш чунин аст: «Шахси ман як воқеияти таҳияшуда нест, ман худ шахси худро дар он ҳангоме ҳам, ки ба шинохтани худ машғул ҳастам, меофаринам».

Аз ин ҷост, ки худшиносии миллӣ ин пеш аз ҳама “маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад”. Мафҳуми худшиносии миллӣ, ба вижа дар давраи аҳди Сомониён бахше аз таърих ва ҳувияти миллати мо тоҷикон ба шумор меравад. Таъриху фарҳанг ва забони форсӣ-дарӣ (дарборӣ) доштани ин миллат дар Хуросони Бузург (Хуросон ва Мовароуннаҳр) дар қаламрави Сомониён барқарор будааст. Ҳамчунон ки имрӯз миллати тоҷик ба дастовардҳои бузурги давраи Сомониён ифтихор мекунад ва суннатҳои деринаи онро пос медорад ва бо роҳи ҷустуҷӯ ва кофтуковҳои илмӣ аз гузаштаи хеш, талоши онро дорад, ки роҳе барои дастовард ба ормонҳои ояндааш биёбад.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ин ақидаро пуштибонӣ карда, дар яке аз суханрониҳояшон овардаанд: “Мо метавонем ин давраро ба як хазинаи нодире монанд кунем, ки беҳтарин ва арзишмандтарин дурру гавҳарҳои маърифатро ҷамъ оварда, барои такомули ақлу хиради башарият истифода намудаааст. Ҷиҳати дигари афзалиятноки давлатдории Сомониён ин пазируфтани дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ буд. Мисраи машҳури “Дониш андар дил чароғи равшан аст” ҳамчун шиори кулли фарзонагон аҳли илму фарҳангро роҳнамоӣ мекард. Таҷрибаи фалсафаи худшиносии миллии тоҷикон нишон медиҳад, ки тоҷикон чун бозмондагони қавму қабоили ориёии Осиёи Марказӣ дар гузашта пайравони дини ростини зардуштӣ ва дар замони ислом ҳам бештарин вақтҳо озодандеш, гуногунандеш ва ҳақиқатҷӯй ва созанда буда, ифтихорманд аз гузаштаи худ буда, ҳама вақт фирор аз тақлид мекарданд.

Зеро бидуни арзу вуҷуди қудратманди афкори мустақили илмиву таҳлилӣ ва фалсафию интиқодӣ ба андешаи олими муосири тоҷик Сунатулло Ҷонбобоев “Инсон ба муқаллиди фарҳанги ғайр табдил меёбад. Тақлиди беҳудуд ба фарҳанги ғайр бошад, сабаби нобудии фарҳанги худӣ мегардад”. Аз рӯи қавли С. Ҷонбобоев назари нек доштан ба осори миллии худ ва ба навовариҳои илмӣ, озодандешӣ, қадршиносӣ нисбат ба гуногунандешӣ боиси устуворӣ ва мақоми худро дарёфтан аз фарҳанги ниёгони хеш далолат мекунад. Тоҷикон бояд фақат дар марҳилаи истеъмоли тавлидоти донишҳои дигарон намонанд, балки дар тавлиди донишҳои нав саҳми бештар дошта бошанд. Дар нигоҳдории осори фарҳангӣ, пешрафти андешаи миллӣ ва инчунин таъмини ваҳдати минбаъдаи миллат мақоми роҳбарияти сиёсӣ хеле бузург аст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самти фикри ҷомеаро ба сӯи навовариву эҷодкорӣ равона намудааст.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояш дар ин бора ишора кардааст: “Мо аз таҷрибаи гузаштагон хуб медонем, ки халқу миллатҳое, ки дар баробари ҳифзи фарҳангии худ ва қадр кардани арзишҳои динию мазҳабӣ онҳоро тибқи ҳадафҳо ва ниёзҳои ҷомеа оқилона корбаст намудаанд, ба комёбиҳои бузургу нодир дастёб шудаанд».

Воқеан худшиносӣ аз масоили мубрами инсонист ва ҳар як шахс бояд ба миллату тамаддуну фарҳанги хеш дилбастагие дошта бошад. Бояд қайд намоем, ки худшиносӣ аз рукнҳои вижаи инсоният дониста мешавад. Албатта, ҳар як инсон, қавму миллат ва кишварро аз рӯи маърифати худогоҳии ашхоси он макон метавонад муаррифӣ ва ташхис диҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи мизони муайян муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд.

Яке аз роҳҳои авалиндараҷаи шинохт ва идроки мазмуни меҳварии “худшиносӣ” ин рӯ овардан ба илму маърифат аст. Зеро инсон танҳо тавассути илму дониш метавонад ҷаҳони асроромези табиатро ба фармон ва ё султаи худ дарорад ва ба эҳтиёҷоти хеш сарфакорона суд биҷӯяд ва бар такомули хештан биафзояд. Аз ин ҷост, ки худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида чунон ки дар боло зикр намудем – ин посухи амиқи ҷустуҷӯ кардан ва андарёфтан доир ба масъалаҳои мубрами фалсафӣ, аз қабили «ман кистам?», «асли вуҷуди ману ҷавҳари ман чист?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ.

Дар мавриде, ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил, ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар таҳкими бинои миллати хеш саҳм мегирад ва робитаи ногусастаниеро миёни маърифати нафси хеш ва миллати худ купруки созандагие бунёд месозад.

Бе ягон монеа метавон чунин ақидаеро изҳор намоем, ки чи худшиносии миллӣ ва чи худшиносии афроди алоҳида, ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳувият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод. Илова бар он, дар шароити носозгори равандҳои иқтисодӣ ва маданияти шаҳрвандӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятии бешумор дар ҳолатҳои мушаххас метавонанд ҷомеаро ба зиддият, муқовимат ва моҷароҳо рӯ ба рӯ гардонанд.

Рӯҳи озодихоҳи гузаштагони мо – тоҷикон фаъолияти самимии давлатдорон, сиёсатмадорон, мероси пурарзиши мутафаккирон ба хотири истиқлолияти ватан, худшиносии миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар осори ҷовидонаи абармардони илму адаб дар таърихи миллатамон боқӣ мондааст. Ин мутафаккирон новобаста бар он, ки дар муҳити исломӣ таълиму тарбия ёфта бошанд ҳам, аммо мехостаанд, ки барои ҳуқуқи озодӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шахсонеро тарбия намоянд, ки бо замони муосир, бо афкори илмӣ ва назари нав ва мубориза баҳри ба ҳадаф расидан талош намоянд. Маҳз ин ҳадафро метавонем дар ҷомеаи шаҳрвандии имрӯз, ки шакли иттиҳоди одамон аст ва он ҳаёти моддию маънавиро таъмин месозад ва талаботу манфиатҳои онҳоро қонеъ мегардонад, низ амалӣ гардонем. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, дар замони муосир чи зарурияте падид меояд, ки мо бояд дидгоҳ ва ё ба таври аниқтар таҳаввулоти зеҳнии ҷавононро доир ба шинохти маърифати нафс, худогоҳии инсон ва ташаккули низоми давлатдорӣ равона намоем?

Ногуфта намонад, ки ба шарофати истиқлолият мардуми тоҷик дар мизони бунёди навини таърих равишу самти зиндагиро тағйир дода, рӯ ба эҳёи фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода истодаанд.

Мутаассифона, то нуқтаи охирини худ то ҳоло ҷомеаи тоҷикон аз банди хурофоту ҷаҳолат ва таассуби даҳшатовар куллан озод ва наҷот наёфта, зина ба зина раванди ташаннуҷи таассубпарастӣ ва ҷаҳолатхоҳии оммавӣ дар Тоҷикистони кунунӣ, тақвият ёфта, тадовум пайдо кардааст. Бадбахтӣ сари ин масъала аст, ки ҷаҳолат, хурофот ва таассуб ҳамеша ифротгаройиро тавлид карда, василаю абзори муҳими тадовуми беназмию бетартибӣ, бадахлоқию бадандешӣ, кинаю адоват, нафрат бадбинӣ дар ҷомеа гардида, роҳи тараққиёту таҳаввулоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, фарҳангиро ба таври кулли барбаста, мардумро дар тангнои фикрию сиёсӣ қарор дода, ҷониби хирадзудоию варшикастагӣ равона месозад.

Падидаҳои манфури муосир, чун экстремизм, фундаментализм, радикализм ва терроризми динӣ - мазҳабӣ ба зуҳуроти хатарноктарини глобалӣ табдил ёфта, на танҳо барои минтақа, балки барои кулли манотиқи ҷаҳонӣ бори гарон шудаанд. Шаҳрвандон вазифаи хосро иҷро менамояд. Асолати таърихии зиёиён маҳз аз ҳамин назар муайян мешавад. Имрӯз мо мебинем, ки ифротгароии динию сиёсӣ ба як идеологияи заҳролуд, таҳдиду зӯроварӣ табдил ёфтааст. Намояндагони он бо истифода аз тамоми имкониятҳо ин идеологияро ба сари мардум, алалхусус ҷавонон ва наврасон бор кардан мехоҳанд. Дар чунин шароит зиёиёни эҷодкорро зарур аст, ки дар асарҳои худ моҳияти иртиҷоии ифротгароии динию сиёсӣ ва барои пойдории давлату пешравии миллат хавфнок ва зарароварро ба омма ифшо намоянд. Чунки танҳо аҳли илму адаб метавонад зиддиятҳои фикрӣ, дохилию ғоявиро таҳлили назариявию методологӣ намуда, барои ҳалли онҳо ба мақомоти баланди давлатӣ дастури асосноки илмӣ пешниҳод кунанд.

Таърихи илмии форсу тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардааст. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меравад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунию Сино, Хайёму Носири Хусрав, Саъдӣ, Мавлонои Балхӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан, ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати форсу тоҷик аст, тарбият кардаанд.

Бандалиева Шодигул Нуралиевна – номзади илмҳои фалсафа ходими калони илмии Шуъбаи онтология,

гносеология ва мантиқи Институти фалсафа, сиёсатшниосӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ