Skip to main content

Имрӯз, 19 март дар толори Раëсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалӣ Наврӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ таҳти унвони "Пажуҳиш дар таърих ва тамаддуни Ориëӣ: дирӯз ва имрӯз" баргузор гардид.

Дар кори конфронс намояндаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият, олимону муҳаққиқон ва пажуҳишгарону форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар Паëми имсолаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе Конуни тамаддуни Ориëӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсис дода шавад. Ин ташаббус бори дигар гувоҳӣ аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат ба эҳё, таҳқиқ ва муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва тамаддуни куҳанбунёди ориёӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки тамаддуни ориëӣ яке аз куҳантарин тамаддунҳои башарӣ буда, дар ташаккули фарҳанг, забон, ҷаҳонбинӣ, низоми иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавии бисёр халқҳо нақши бунёдӣ бозидааст. Илмҳои таърих, бостоншиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ собит менамоянд, ки қаламрави Осиёи Марказӣ, аз ҷумла сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии ташаккули тамаддуни ориёӣ ба шумор меравад. Чун забони тоҷикӣ ҳамчун идомадиҳандаи забонҳои бостонии ориёӣ (авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, бохтарӣ) далели зиндаи ин пайвастагии таърихист. Аз ин лиҳоз, таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ барои таҳқиқи пайваста ва системавии ин мероси бузург заминаи илмии мустаҳкам фароҳам меорад.

Гуфта шуд, ки чунин марказ метавонад ба муассисаи байнисоҳавӣ табдил ёбад, ки дар он таҳқиқоти комплексӣ оид ба таърихи тамаддун, муҳоҷират, ташаккули давлатдорӣ, низоми ҳуқуқӣ, дин, фалсафа ва фарҳанги моддиву ғайримоддии ориёиён анҷом дода мешавад. Ин равиш ба методологияи муосири илм мувофиқат мекунад, зеро имрӯз омӯзиши тамаддунҳо танҳо дар чорчӯби як фан имконнопазир аст. Марказ метавонад муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷиро муттаҳид намуда, Тоҷикистонро ба платформаи байналмилалии таҳқиқоти ориёшиносӣ табдил диҳад.

Зикр гардид, ки аҳамияти Маркази тамаддуни ориёӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ низ хеле бузург аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки равандҳои яксонсозии фарҳангӣ барои гуногунрангии тамаддунҳо таҳдид эҷод мекунанд, омӯзиш ва таблиғи решаҳои таърихии миллат нақши муҳофизатӣ дорад. Шинохти амиқи гузашта ба ҷомеа имкон медиҳад, ки дар баробари пешрафти технологӣ ва иҷтимоӣ арзишҳои асили худро ҳифз намояд.

Қайд гардид, ки Маркази байналмилалии Наврӯз инчунин метавонад ба рушди илми фарҳангшиносии муқоисавӣ мусоидат намояд. Наврӯз имрӯз дар бисту ду давлат ҷашн гирифта мешавад ва ҳар миллат унсурҳои хоси худро ба он ворид кардааст. Омӯзиши ин гуногуншаклӣ аз нигоҳи илмӣ имкон медиҳад, ки равандҳои ҳамгироии фарҳангӣ ва мутобиқшавии анъанаҳо дар муҳитҳои гуногун таҳлил карда шаванд. Ин раванд барои фаҳмиши қонунияти рушди фарҳангҳои суннатӣ дар шароити ҷаҳони муосир хеле муҳим аст.

Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати сиёсати фарҳангӣ ҳарду марказ ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳифз ва тарғиби мероси ғайримоддии башарият мусоидат мекунанд. Эътирофи Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва нақши фаъоли Тоҷикистон дар ин раванд далели он аст, ки кишвар дорои захираҳои бузурги фарҳангӣ ва дипломатии нарм мебошад. Маркази байналмилалии Наврӯз метавонад ин захираҳоро ба сатҳи нави институтсионалӣ барорад.

Қайд шуд, ки аз дидгоҳи илмӣ бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз қадами муҳим дар роҳи ташаккули фазои илмӣ-фарҳангии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом ба ҳамгироии илм, фарҳанг, сиёсати давлатӣ ва манфиатҳои стратегии давлат мусоидат намуда, Тоҷикистонро ҳамчун вориси тамаддуни куҳан ва иштирокчии фаъоли муколамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Дар дарозмуддат чунин марказҳо метавонанд барои рушди устувории маънавӣ, илмӣ ва иҷтимоии ҷомеа заминаи боэътимод гузоранд.

Дар идомаи конфронс мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид намуд, ки тамаддуни ориёӣ яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор рафта, омӯзиш ва муаррифии он барои таҳкими худшиносии миллӣ, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва муколамаи фарҳангҳо аҳамияти махсус дорад.

Таъкид шуд, ки барои эҳё ва муаррифии ин тамаддуни аҷдодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро пешниҳод намуданд, ки он метавонад барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги ориёӣ ва муаррифии арзишҳои тамаддунии миллат дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Инчунин, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода Иброҳим иброз дошт, ки омӯзиш ва муаррифии тамаддуни ориёӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз аҳамияти калон дорад. Қайд гардид, ки арзишҳо ва суннатҳои муштараки фарҳангӣ метавонанд заминаи муҳими таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ миёни халқҳо гарданд.

Зикр шуд, ки баргузории чунин конфронсҳо барои табодули андеша миёни муҳаққиқон, таҳкими робитаҳои илмӣ ва муаррифии мероси ғании таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.Дар идомаи конфронс як зумра аз олимону пажуҳишгарон ва форсизабонон аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз дар маърузаҳои хеш аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҷонибдорӣ намуда, оид ба аҳамияти таъсис ва фаъолияти чунин марказҳо дар таҳқиқ, ҳифз ва муаррифии тамаддуни ориёӣ ибрози андеша карданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъсиси ин марказҳо метавонад барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз заминаи мусоид фароҳам оварад.