Имрӯз (03.08.2024) дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақавӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Чорабиниро Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии Фонди Конрад Аденауэр (Германия)ва фонди миллии «Роҳи абрешим - рохи иттиҳод»ташкил намуд. Дар ин конфронс коршиносон ва олимони шинохта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ гирди ҳам омада, масъалаҳои калидии марбут ба амният ва субот дар минтақаро баррасӣ карданд.
Дар миёни мавзӯъҳои баррасишуда хусусан ба масолилимубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, идоракунии захираҳои табиӣ ва амнияти энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд. Муҳокимаи ҷамъбастӣ лаҳзаҳои муҳимиконференсия буд, ки дар он иштирокчиён фаъолона мубодилаи афкор намудандва саволҳо доданд. Олимон якдилона ба хулосае омаданд, ки суботи Осиёи Марказӣ мустақиман ба сатҳи ҳамкориҳои минтақавӣ вобаста аст. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахтва директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Ҳайдарзода Рустам Ҷӯратаъкид карданд, ки таҳкими ҳамкории кишварҳои минтақа омили асосии муқовиматибомуваффақият ба таҳдидҳои муосир мебошад.
Созмондиҳандагони конфронсҳумчунин қайд карданд, ки танҳо тавассути муттаҳидсозии нерӯҳо ва амалҳои ҳамоҳангшуда рушди устувори минтақаро таъмин кардан мумкин аст. Дар рафти чорабинӣ тавсияҳо таҳия карда шуданд, ки барои баррасӣ ва татбиқи минбаъда ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ирсол карда мешаванд. Конфронс ба як платформаи муҳим барои баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ табдил ёфтааст, ки эҳтимолан ба амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Навид
Categories
Наворҳои видеоӣ
30 июли соли равон бахшида ба 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори КИИ “Хирадмандон” и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аксияи тарғиботии “Тоҷикона мепушем” баргузор гардид. Дар ин аксияи мазкур бонувону духтарони муассисаҳои илми таҳқиқотӣ иштирок намуад, барои муаррифии фарҳанг ва либоси миллии тоҷикона саҳми худро гузоштанд.
Зеро имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки масъалаи пушидани либоси тоҷикона аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, намунаи либосҳои тавсиявӣ барои занону бонувони Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Ин иқдоми наҷиби Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он мақсад аст, ки мо миллати тамддунофари тоҷик фарҳанги миллии ниёгони хешро ҳифз ва эҳё намуда, маҳз ба ҷаҳониён исбот намоем то мо миллати соҳибфарҳанг ва соҳибтамаддун ҳастем.
Ҳамин аст, ки тоҷикон аз қадим ҳамчун миллати созанда, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, халқи тоҷик кошиф ва ихтироъкори матоъҳои абрешимин, ба монанди атласи оламшумул, адрас, гулбаст ва куртаю чодарҳои гулбаст ва гулдӯзишуда буда, онҳо ҳамчун аз рукнҳои арзиши бебаҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон шуҳрат ёфтанд.
Либоспӯшӣ таҷассумгари фарҳанги миллӣ буда, барои худшиносӣ ва ифтихори миллии инсон нақши муҳим мебозад. Миллати тоҷик аз қадим бо сару либоси хоссаи худ аз маҳаллу миллатҳои дигар фарқият дошта ва ин анъанаро то ҳанӯз нигоҳ доштаанд.
https://www.president.tj/event/news/46726
30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
https://www.president.tj/event/news/46720
29 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлиси Ҳукумати кишвар нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ва вазифаҳо дар нимаи дуюми сол баррасӣ карда шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо амалӣ гардидани иқдомҳои созанда ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-июни соли 2024 тамоюли мусбати рушди иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, раванди афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар аксар соҳаҳои воқеии иқтисоди миллӣ идома ёфт.
Таъкид карда шуд, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 суръати рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 8,2 фоиз таъмин шуда, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 61,7 млрд сомонӣ баробар гардид.
Рушди иқтисоди миллӣ дар ин давра асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 11,5, кишоварзӣ 9,6, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 15,7, гардиши савдо 11,9, хизматрасонии пулакӣ 16,6, боркашонӣ 13,8, мусофиркашонӣ 9 ва гардиши савдои хориҷӣ 29,3, аз ҷумла содирот 47,1 фоиз таъмин гардид.
Президенти кишвар таъкид намуданд, ки сатҳи таваррум дар ин давра 1,9 фоизро ташкил дод.
Нақшаи даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар сатҳи 107,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 21,2 млрд сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 1,5 млрд сомонӣ зиёд аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин гардидани нишондиҳандаҳои мусбати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ тақвияти фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои дигари давлатиро зарур шумурданд.
Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо супориш гирифтанд, ки бо дарназардошти таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим фаъолиятро дар самти татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ тақвият диҳанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати таъмини минбаъдаи рушди устувори кишвар ва устувории иқтисоди миллӣ, ҷалби бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷиро вусъат бахшида, бо мақсади таъмини суръати рушди иқтисодӣ ба андозаи на кам аз 8 дарсад ва устувории макроиқтисодӣ корҳоро ҷоннок намоянд.
Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати рушди шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва рушди инфрасохтори ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Таъкид гардид, ки тавассути васеъ истифода намудани технологияҳои рақамӣ, коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва амалҳои коррупсионӣ имкон аст ҳаҷми даромадҳо ба буҷети давлатӣ хеле афзоиш дода шавад.
Барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар супориш дода шуд, ки дар самти ба кор андохтани иқтидорҳои бозистода ва пешгирии раванди аз фаъолият бозмондани корхонаҳои саноатӣ, бахусус пешгирии раванди коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ чораҳои иловагии таъхирнопазир андешида шавад.
Дастуру супоришҳо ҳамчунин ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда, сохтмони сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва таъмини мунтазами аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза, баланд бардоштани ҳосилхезии замин ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва рақамикунонии соҳа, дода шуд.
Таъсиси портали интернетӣ бо мақсади робитаи доимӣ ва ташаккули махзани маълумоти иттилоотию таҳлилӣ дар бораи диаспораҳои тоҷикон, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва забондонии онҳо зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин сохторҳои марбута дастур гирифтанд, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварро ба фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҳаматарафа омода намоянд.
Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 ҳисоботи роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, раисони кумитаи андоз ва хадамоти гумрук, инчунин роҳбарони дигар мақомоти дахлдор шунида шуд.
Дар идомаи маҷлиси Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ” муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Нақшаи амали Стратегияи ҳифзи молиявӣ аз офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2037 барои солҳои 2024-2026, масъалаҳои Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар шаҳри Душанбе” баррасӣ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар фароварди маҷлис Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои давлатиро ба иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуданд.
Дастуру супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.
27 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни боздид дар Расадхонаи астрономии Ҳисор аз хоҷагиҳои деҳқонии кормандони академия шинос гардид.
Итиллоъ дода шуд, ки масоҳати заминҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор 33 гектарро ташкил дода, дар инҷо тамоми дарахтони мевадиҳанда, себ, ангур, олуча, шафтолу, гелос ва дигар меваҳо парвариш карда шудаанд.
Ҳамзамон кормандони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баробари пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ба зироаткориву кишоварзӣ машғул мебошанд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии худ тамоми намуди сабзавоту зироатҳои хурокворӣ картошка, помидор, бодиринг, ҷуворимакка парвариш намудаанд.
Ёдовар мешавем, ки заминҳои ин минтақа барои боғдориву кишоварзӣ бисёр ҳам мутобиқ буда, ҳосили фаровон ба бор меорад. Дар оянда барои деҳқонон имконият фароҳам овардан зарур аст, ки ин заминҳоро барои кишти ғаладона ва боғдориву кишоварзӣ истифода намоянд.
27 июли соли равон президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади шиносоӣ аз фаъоляти корӣ аз Расадхонаи астрономии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дидан намуданд.
Дар рафти боздид президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз расадхонаҳое дидан намуд, ки ба воситаи онҳо мушоҳида ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ (ситораҳо, сайёраҳо, кометаҳо, радифони маснӯи Замин) ва ҳодисаҳои астрономӣ (пайдоиши метеорҳо, тағйирёбии ҳолатҳои физикии қабатҳои болоии атмосфераи Замин ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.
Умуман, Расадхона барои мушоҳидаҳои фотографии ҳамсафарҳои сунъии Замин дорои Асбоби Дақиқи Астрономӣ (ВАУ) мебошад. Нозири метеорӣ, ки аз 16 фотокамераи васеъкунҷи МК-75 (D=750 мм, D/F=1:3.5) ва 24 камераи MK-25 (D=250 мм, D/F=1:2.5) иборат буда, барои мушоҳидаҳои метеорҳо истифода мешаванд. Ба ғайр аз ин, барои мушоҳидаҳои болидҳо якчанд камераҳои замонавии болидӣ ва камераҳои рақамии гузошта шудаанд, ки кунҷи бинишашон қариб ба 180 градус баробар мебошанд.
Барои омўзиши қабатҳои болоии атмосфераи Замин, махсусан ионосфера, комплекси радиотехникӣ мавҷуд аст. Телескопҳои АЗТ-8, астрографи 40 см ва АВР-2 бо камераҳои рақамӣ таҷҳизонида шудаанд.
САМТҲОИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ БАЙНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲИНДУСТОН : ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА ДУРНАМО
Ҳоло ҳамкории иқтисодӣ ба омили асосии инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ, махсусан дар шароити вусъат ёфтани майлу хоҳиши мамлакатҳо ба ривоҷу равнақи иқтисодиёт табдил меёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзиши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаи иқтисодӣ барои фаҳмидани динамикаи рушди он ба манфиати кор аст. Муҳиммияти ин мавзуъ ба ниёзҳои афзояндаи иқтисодии ҳарду кишвар ва майли онҳо барои диверсификатсияи равобити тиҷоративу иқтисодӣ марбут мебошад. Илова бар ин, ҳамкориҳои муваффақи иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон метавонад ба таҳкими субот ва шукуфоӣ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат намояд.
Муносибатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон аз барқарор гардидани равобити дипломатӣ пас аз ба даст овардани истиқлолияти Тоҷикистон дар соли 1991 оғоз ёфтаанд. Аз солҳои аввал ҳамкориҳои ду кишвар ҳамкориҳо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба фаъолона инкишоф ёфтанд. Яке аз марҳалаҳои муҳими ҳамкориҳо имзои як ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соли 1992 буд, ки заминаи рушди муносибатҳои минбаъда гардид. Ин меморандум доираи васеи ҳамкориҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва тиҷоратро фаро гирифт. [6 - с. 61-67].
Ҳодисаи муҳими таърихӣ дар муносибатҳои ду кишвар, сафари кории раиси Ҷумҳури Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар соли 2003 буд. Зимни ин сафар як қатор санад ва созишномаҳои муҳим ба имзо расиданд, ки ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ равона шудаанд. Илова бар ин, дар солҳои минбаъда дар чаҳорчуби ҳамкориҳои дуҷониба лоиҳаҳо ва ташаббусҳои сершумор, аз қабили лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, кумакҳои техникӣ ва рушди инфрасохтор амалӣ гардиданд. Соли 2009 Созишномаи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ба имзо расид, ки он ҳамкории ду кишварро дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, дифоъ ва фарҳанг ба таври қобили мулоҳиза таҳким бахшид. Ҳамин тариқ, таърихи равобити дипломатӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон аз рӯйдодҳо ва дастовардҳо сершумор иборат буда, барои таҳкими ҳусни тафоҳум ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ин ду кишвар мусоидат кардаанд. [8-с.77-82].
Муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон дар таъмини рушди устувори ҳарду кишвар нақши муҳим доранд. Ҳаҷми муомилоти мол байни онҳо ҳамчунон динамикаи мусбатро нишон медиҳад, ҳарчанд ба он омилҳои гуногуни беруна, аз қабили тамоюлҳои иқтисодии ҷаҳонӣ ва рӯйдодҳои геополитикӣ таъсир мерасонанд. Тайи солҳои охир гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон босуръат афзоиш ёфтааст. Соли 2020, сарфи назар аз пандемияи COVID-19, ҳаҷми умумии савдо ба беш аз 300 миллион доллар расидааст, ки ин аз аҳамияти ҳамкории иқтисодии кишварҳо шаҳодат медиҳад. Молҳои асосии тиҷорати байни ду кишвар, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷӣ, хурокворӣ, дорусозӣ, мошинсозӣ ва электротехникиро дар бар мегиранд [6 -с.61-67].
Аз маҳсулоти кишоварзӣ бошад меваҳои хушк ва чормағзро, ки дар бозори Ҳиндустон маъмуланд, номбар кардан мумкин аст. Сохтори муомилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳинд бо саҳми зиёди воридоти колоҳои ҳиндӣ ба Тоҷикистон ва содироти колоҳои Тоҷикистон ба Ҳиндустон тавсиф мешавад. Ин аз иқтидори бузурги рушди минбаъдаи мубодилаи тиҷоратии дуҷониба ва амиқтар кардани робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ шаҳодат медиҳад. Бояд қайд намуд, ки вазъи кунунии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон аз хусусияти устувор ва динамикии равобити иқтисодии ин ду кишвар гувоҳӣ медиҳад. Такмили минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар бахшҳои мухталифи он имкон медиҳад, ки манфиатҳои иловагӣ ба даст оварда, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустон таҳким ёбанд [7-с. 50-54].
Ҳамкориҳои сармоягузории Тоҷикистону Ҳиндустон дар таҳкими равобити иқтисодӣ ва мусоидат ба рушди ҳарду кишвар нақши калидӣ доранд. Арзёбии ҷараёни сармоягузорӣ миёни ин ду кишвар афзоиши пайвастаи сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиро нишон медиҳад. Солҳои охир, Ҳиндустон ба тарҳҳои мухталиф дар Тоҷикистон фаъолона сармоягузорӣ мекунад. Самтҳои асосии сармоягузорӣ энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мебошанд. Сохтмони неругоҳҳои барқи- обӣ ва неругоҳҳои офтобӣ, инчунин рушди инфрасохтори роҳ ва хатсайрҳои нақлиётии байналмиллалӣ намунаи чунин тарҳҳои сармоягузорӣ мебошад. Ҳамзамон, Тоҷикистон ба таври фаъол сармояро аз Ҳиндустон ҷалб мекунад. Ширкатҳои ҳиндӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла нассоҷӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, сохтмон ва истихроҷи маъдан сармоягузорӣ мекунанд [7-с. 50-54].
Илова бар ин, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ амалӣ мешаванд. Яке аз тарҳҳои муҳими сармоягузорӣ бунёди маҷмааи бузурги барқи обии Роғун дар Тоҷикистон бо дастгирии сармоягузорон ва мутахассисони ҳиндӣ низ кам нест. Ин лоиҳа на танҳо саҳми муҳим дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар, балки тасдиқи рамзии шарикии дарозмуддат ва мутақобилан судманди Тоҷикистону Ҳиндустон мебошад. Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои сармоягузории Тоҷикистону Ҳиндустон дар шакли лоиҳаҳо ва ташаббусҳои нав, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва шукуфоии ҳарду кишвар мусоидат мекунанд, идома ёфта, самарабахш мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустонро дар соҳаи тандурустӣ бояд такмил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ ғанӣ буда, барои вусъат додани таҷрибаи собитшудаи Ҳиндустон дар истеҳсол ва фуруши доруворӣ, барои рушд додани иқтисодиёт дар соҳаи тандурустӣ имконият дорад.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, махсусан дар рушди гидроэнергетика, дар оянда яке аз самтҳои афзалиятнок хоҳад буд. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ, захираҳои фаровони об ва Ҳиндустон дорои имконияти сармоягузорӣ буда, метавонад ҳамчун сармоягузор ва истеъмолкунандаи асосии неруи барқ баромад кунад [5].
Рушди инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсия самти дигари ояндадор аст. Сармоягузории Ҳиндустон дар роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, фурудгоҳҳо дар Тоҷикистон ба таҳкими равобити нақлиётии миёни ду кишвар ва беҳбуди дастрасӣ ба бозорҳо мусоидат мекунад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ иқтидори назаррасро барои афзоиши даромади ҳарду кишвар муаррифӣ мекунад. Тоҷикистон дорои табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихист, ки дар қатори дигар кишварҳо таваҷҷуҳи сайёҳони ҳиндиро низ ба худ ҷалб мекунад.
Аз ҷиҳати кишоварзӣ агар назар андозем: амиқсозии ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва саноати хурокворӣ метавонад ба таъмини амнияти ғизоии ҳарду кишвар ва афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат кунад. Муайян намудани соҳаҳои асосие, ки барои вусъат додани ҳамкорӣ имкониятҳои калон доранд, ба ҳар ду мамлакат имконият медиҳад, ки ҷидду ҷаҳди худро ба соҳаҳои конкретии тараққиёт равона карда, дар соҳаи иқтисодиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд [8-с.77-82.;].
Бо дарназардошти афзоиши гардиши мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон дар солҳои охир, афзоиши ҳаҷми сармоягузории мутақобила низ метавонад тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодиро пеш барад. Муҳим он аст, ки ҳарду кишвар ҷустуҷӯи имконотҳои навро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталифи иқтисод идома диҳанд. Аммо хатарҳои эҳтимолӣ, аз қабили бесуботии иқтисодии ҷаҳонӣ, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ ва танишҳои геополитикӣ, ки метавонанд ба рушди равобити иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон таъсир расонанд, бояд ба назар гирифта шаванд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ҳарду кишвар барои эҷоди шарикии устувор ва боэътимоди иқтисодӣ дар асоси эътимоди ва манфиати мутақобила ҳамкорӣ кунанд.
Монеаҳои тиҷоратӣ ва маҳдудиятҳои гумрукӣ: яке аз монеаҳои асосӣ ин монеаҳои тиҷоратӣ ва маҳдудиятҳои гумрукӣ, аз қабили боҷҳои баланд ва расмиёти мураккаби гумрукӣ мебошад. Ин дастрасӣ ба мубодилаҳои бозорҳои ҳарду кишварро мушкил намуда, хароҷоти соҳибкоронро афзоиш медиҳад [7-с.50-55].
Сарфи назар аз иқтидори ҳарду кишвар, сатҳи сармоягузории мустақим ва ба қадри кофӣ баланд боқӣ мемонад. Сабаби ин набудани эътимод ва фазои ноустувори сармоягузорӣ ва аз мадди назар дур мондани қонунгузорӣ мебошад.
Рушди нокифояи инфрасохтор дар минтақа низ як монеаи ҷиддӣ дар роҳи тавсеаи равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мебошад. Роҳҳои нокифояи нақлиёт ва роҳҳои савдо метавонад интиқоли мол ва хидматрасониро душвор гардонад. Бозорҳои молиявии суст рушдёфта: дастрасии маҳдуд ба хизматрасониҳои молиявӣ ва бозорҳои молиявии суст инкишофёфта дар минтақа метавонад маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ташаббусҳои тиҷоратиро душвор созад.
Коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ: барои рафъи ин мушкилот, бояд муколамаи байни ҳукуматҳои ҳарду кишварро фаъол намуда, дар бораи коҳиш додани боҷи тиҷорат ва сода кардани расмиёти гумрукӣ мувофиқа карда шавад.
Барои ҷалби ҳаҷми зиёди сармоягузории мустақим муҳити мусоиди сармоягузорӣ, аз ҷумла такмили қонунгузорӣ, кафолати ҳуқуқи сармоягузорон ва баланд бардоштани шаффофият дар фаъолияти соҳибкорӣ зарур аст.
Сармоягузории муштарак ба инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсия метавонад ба эҷоди роҳҳои нави тиҷорат ва беҳтар кардани дастрасӣ ба бозорҳо мусоидат кунад. Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Рушди соҳибкории хурду миёна метавонад як муҳаррики рушди иқтисодии ҳарду кишвар гардад. Таъмини дастгирии молиявӣ, омӯзиш ва машварат метавонад ба рушди тиҷорати маҳаллӣ кӯмак расонад.
Рушди бозорҳои молиявӣ ва пешниҳоди абзорҳои сармоягузорӣ, аз қабили сармояи венчурӣ ва вомбаргҳо метавонад сармоягузориро ба бахшҳои асосии иқтисод ҷалб кунад.
Дар маҷмуъ, барои рафъи мушкилот ва чолишҳое, ки дар рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон дучор меоянд, ҳамкориҳои фаъоли ду кишвар дар сатҳҳои гуногун зарур аст: мубодилаи таҷриба, таъсиси механизмҳои табодули таҷриба дар соҳаҳои гуногун, аз қабили тиҷорат, сармоягузорӣ, инфрасохтор ва ғайра метавонад ба такмили таҷрибаҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат кунад [6 -с.61-67].
Инчунин ба имзо расидан ва татбиқи созишномаҳои байнидавлатӣ, ки ба коҳиш додани монеаҳои тиҷоратӣ, ҳифзи сармоягузорон ва мусоидат ба рушди муносибатҳои мутақобилан судманд нигаронида шудаанд. Тақвият бахшидани равобити фарҳангӣ: тавсеаи барномаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ, баргузории чорабиниҳои ҷолиб ва табодули фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон метавонад ба беҳбуди ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни мардуми ду кишвар мусоидат кунад.
Иштироки фаъол дар ҳамгироии минтақавӣ ва ташаббусҳои иқтисодӣ метавонад ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Ҳиндустонро таҳким бахшида, барои фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ дар минтақа мусоидат намояд.
Дастгирии ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба таҳкими муколама ва ҳамкориҳои байни намояндагони тиҷорат, илму маориф, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои давлатии ҳарду кишвар нигаронида шудаанд, муҳим ба шумор меравад. Ҳамоҳанг кардани талошҳо ва ҳамкории мутақобила дар ин бахшҳо ба Тоҷикистон ва Ҳиндустон имкон медиҳад, ки монеаҳоро дар роҳи рушди равобити иқтисодӣ рафъ кунанд ва ба шарикии наздиктару судманд ноил шаванд.
Омӯзиши ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон иқтидори назарраси амиқтар ва густариши равобити мутақобилан судманди ин ду кишварро тасдиқ мекунад. Дар рафти тахлил хам тамоюлҳои мусбат ва ҳам мушкилотҳое, ки барои пешрафти ҳамкориҳои иқтисодӣ таъсир мерасонанд, муайян карда шуданд. Яке аз хулосаҳои калидӣ ин аст, ки Тоҷикистону Ҳиндустон барои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳои сармоягузорӣ имконоти бузург доранд. Ҳарду кишвар дорои захираву имкониятҳое мебошанд, ки барои ҳамкории мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меоранд. Бо вуҷуди ин, монеаҳои муайяне ба мисли монеаҳои тиҷоратӣ, дастрасии маҳдуд ба бозорҳои молиявӣ, маҳдудиятҳои зерсохторӣ ва набудани ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷомеаҳои тиҷоратии ҳарду кишвар вуҷуд доранд. Барои бомуваффақият инкишоф ёфтани ҳамкории иқтисодӣ ин мушкилиҳоро бояд бартараф кард.
Бо дарназардошти ин, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон тавсияҳои зерин таҳия шудаанд: коҳиши монеаҳои тиҷоратӣ: ҳукуматҳои ҳарду кишвар бояд барои коҳиш додани боҷҳои тиҷоратӣ ва сода кардани расмиёти гумрукӣ барои ҳавасмандгардонии тиҷорат ва сармоягузорӣ фаъолона кор кунанд. Рушди инфрасохтор: барои рушди инфрасохтори нақлиёт ва коммуникатсия сармоягузориҳои зиёд лозим аст, ки ба беҳтар шудани робитаҳои тиҷоратӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо дар ҳарду кишвар мусоидат мекунад. Ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ: идомаи талошҳо барои беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузорӣ, аз ҷумла тавассути такмил додани қонунгузорӣ ва кафолати ҳуқуқи сармоягузорон ба ҷараёни сармоягузорӣ ба бахшҳои асосии иқтисод мусоидат мекунад. Таҳкими робитаҳои фарҳангӣ: рушди минбаъдаи барномаҳо ва ташаббусҳои фарҳангию маърифатӣ, ки ба беҳтар шудани ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди байни мардуми ҳарду кишвар мусоидат мекунанд, дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ нақши муҳим доранд. Пешбурди созишномаҳои байниҳукуматӣ: идомаи муколама ва ҳамкории ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон оид ба тиҷорат, сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ калиди амиқтар кардани шарикии мутақобилан судманд мебошад. Дар фаъолияти амалӣ истифода бурдани ин тавсияҳо ба ҳар ду мамлакат имкон медиҳад, ки дар инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ натиҷаҳои боз ҳам намоёнтар ба даст оварда, барои ҳамкории дарозмуддат ва ба ҳамдигар фоидабахш замина ба вуҷуд оваранд.
Нематова Парвина Муҳамадалиевна,
мудири Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ
Расулова Гулчеҳра Абдусабуровна,
магистри Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Руйхати адабиёти истифодашуда:
Paҷaбoв Ҳ. Caҳми Бoбoҷoн Ғaфуpoв дap oмӯзишиҲиндуcтoн. Мaҷaллaи “Пaёми Дoнишгoҳи oмӯзгopӣ”, 2019, № 6 (83), caҳ. 206-209.;
Poҷеъ бa тapҷумaҳo вa тapҷумoнҳoи acapҳoи aдибoни Ҳинду Пoкиcтoн дap Тoҷикиcтoн. Мaҷaллaи “Пaёми Дoнишгoҳи oмӯзгopӣ”, 2021, № 5 (94), caҳ. 186-192.;
Кoнcепcияи cиёcaти xopиҷии Ҷумҳуpии Тoҷикиcтoн [Мaнбaи электpoнӣ]. URL: http://mfa.tj/?l=tj&art=1072 (caнaи муроҷиат: 12.04.2024).
Мирзоев Н. М., Мирзоев Ҳ. Т. Рушди ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистон дар дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай // Паёми Донишгоҳи Омузгорӣ. Нашрияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. ISSN 2219-5408. № 1 (96) Душанбе – 2022. Саҳ 215-221.
Мирзоев Ҳ.Т. Инъикоси дипломатияи тоҷик дар сарчашмаҳои таърихи. //Вестник Педагогического Университета. Издание Таджикского государственного педагогического университета имени Садриддина Айни. Соли 2020.No 5 (88). ISSN 2219-5408. Стр. 93-198.
Сомонаи Агентии байналмилалии энергетикӣ (IEA) (caнaи муроҷиат: 19.10.2023).
Туpcунoв Т.X. Тoҷикиcтoн-Ҳиндуcтoн: зaминaҳo вa aфзaлиятҳoи ҳaмкopиҳoи иқтиcoдӣ (c. 1992-2007) /Т.X. Туpcунoв //Пaёми Дoнишгoҳи миллӣ.- Душaнбе, 2020. -№8. –C. 61-67.
Турсунов Т.Х. Тopгoвoе coтpудничеcтвo между Pеcпубликoй Тaджикиcтaн и Pеcпубликoй Индия /Т.X. Туpcунoв //Гocудapcтвеннoе упpaвление.- Душaнбе, 2020.- №4/2 (49).-C. 50-54.;
Турсунов Т.Х. Экoнoмичеcкoе coтpудничеcтвo Тaджикиcтaнa и Индии (2008-2020 гг.) /Т.X. Туpcунoв //Финaнcoвo-экoнoмичеcкий веcтник.- Душaнбе, 2020.- №3 (23).-C.77-82.;
Шарипов А.Н. Мирзоев Ҳ.Т. Дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва дипломатия Тоҷикистон Дар 30- Соли истиқлолият // Осиё ва Аврупо. 2023. № 2 (14). С. 57-64.
Тоҷикон аз қадим ҳамчун миллати созанда, шаҳрдор ва эҷодкор дар офариниши мероси бузурги тамаддуни инсоният саҳми босазо гузоштанд. Аз ҷумла, халҷи тоҷик кошиф ва ихтироъкори матоъҳои абрешимин, ба монанди атласи оламшумул, адрас, гулбаст ва куртаю чодарҳои гулбаст ва гулдӯзишуда буда, онҳо ҳамчун аз рукнҳои арзиши бебаҳои миллӣ дар арсаи ҷаҳон шуҳрат ёфтанд.
Либоспӯшӣ таҷассумгари фарҳанги миллӣ буда, барои худшиносӣва ифтихори миллии инсон нақши муҳим мебозад. Миллати тоҷик аз қадим бо сару либоси хоссаи худ аз маҳаллу миллатҳои дигар фарқият дошта ва ин анъанаро то ҳанӯз нигоҳдоштаанд.
Шуҳрати ҷаҳони пайдо кардани ин «дурдонаҳои фарҳангӣ»-и халқи тоҷик дар асри XXI, ки асри бархӯрди тамаддунҳои ҷаҳонӣ номида шудааст, бо талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, ки баҳри пойдории ғояҳои миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои фарҳанги миллӣ иқдомҳои устувор гузошта, ба ҷаҳониён исбот намуда, ба феҳристи фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО шомил гардониданд. Дар ҳар як паёму баромадашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон занону бонувонро барои ба бар намудани матоҳои миллӣ ва даст кашидан аз тақлиду харҷи беҳуда барои сару либоси ба фарҳангӣ мо бегона таъкид менамояд.
Масъалаи дигаре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он эҳтиром ва арҷ мегузоранд, ин мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад. Модар-ин офаранда, ҳаётбахши олитарин мавҷуди рӯи замин инсоният аст. Аз ин лиҳоз, эҳтирому арҷ гузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати занону бонувон зиёд мебошад. Имрӯзҳо занон, бо дастгириҳои Сарвари давлат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҳама гуна соҳаҳои ҷомеа фаъолият намуда, дар ободонию бунёдкории мамалакат саҳм мегузоранд.
Ҳамасола бо фарорасии фасли баҳор бо сумориши расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми март то 30-уми апрел, иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар сар то сари кишвар гузаронида мешавад. Сокинони мамлакат аз боғчаҳои бачагона сар карда то муассисаҳои олӣ, корхонаю идораҳо, муассисаҳои гуногуни давлатӣ либосҳои тоҷикона ба бар менамоянд.
Ин иқдом аз ҷониби шаҳрвандони кишвар, бештар аз ҷониби мактаббачагон ва занону бонувон дастгирӣ ёфта, бо як рӯҳияи баланд ва ифтихори миллӣ он сару либосҳое, ки дар феҳристи сару либоси ифтихории занҳои тоҷик ҷойдоштаро ба бар мекунанд.
Гулдухтарону бонувони Тоҷикистон бештар дар фасли баҳор аз он матоҳое, ки дар тӯли таърихи дуру дарози инсоният кашф ва дастранҷи занону бонувони танандаю ресанда ва наққошу нақшдӯзии халқи тоҷик то ба мо мерос мондааст. Дар мисоили атласу адрас, зардӯзию кашидадӯзӣ, гулбастшуда бо сангҳои зебо ороиш ёфтаро ба бар мекунанд.
Аз таърихи гузаштаи халқамон маълум аст, ки занону бонувони тоҷик бо доштани ҳама ҳунарҳои нодир, дониши воло ва размандагии гурдофариддонабаробари мардҳо дар пешрафти ҳаёт саҳмгузор буданд. Аммо дар ҳеҷ давру замон занону духтарони тоҷик чунин озодиро чи дар интихоби сару либос (ҳатто рангӣ он), касбу кор, пешрафти илм, рушди соҳибкорӣ, омӯзиши техникаю технология ва ё истифодаи васеъи онро надоштанд. Дар замони соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон духтарону занони тоҷик озодона ба таҳсилу касбомӯзӣ ва дигар фаъолиятҳо шуғл меварзанд ва зарур аст, ки бештар либосҳо аз матоҳое, ки нақшу нигори миллӣ доранд, ба бар кунанд.
Хулоса, занону духтарони тоҷикро зарур аст, тадбирҳои хирадмандонаи Сарвари давлатро пайравӣнамуда, барои амалишавии он кӯшиш намуда, аз сару либоси анъанавии хеш, атласу адрас, зардӯзию гулдӯзӣ, гулбасту ороишоти миллӣ бештар истифода баранд. Зеро либоси миллии тоҷикон ҳамчун армуғони табии минтақаҳои кишварамон мебошад.
Сафоева Бибиаслия Асомидиновна, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши
24 июли соли равон таҳти Раёсати президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои мубраму саривақтӣ баррасӣ гардиданд.
Бо мақсади дар сатҳи заруррӣ ба роҳ мондани фаъоляти корӣ дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ як қатор масъалаҳо дар маҷлиси назоратӣ баҳри тараққиёту пешрафти соҳаи илми кишвар баррасӣ гардида, инчунин масъулин вазифадор гардиданд, ки санаду консепсияҳоро мавриди омӯзиш қарор дода, дар муҳлати муайян пешниҳод намоянд.
Ҳамзамон дар ҷаласа доир ба фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои тамаддуни халқи тоҷик, сару либоси миллӣ, дурӣ ҷустан аз фарҳангу урфу одатҳои бегона, таблиғу ташвиқи сару либоси миллӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум масъалаҳое буданд, ки зимни ҷаласа баррасӣ гардиданд.
Дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои солҳои 2020-2040 президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дастурҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки дар ин самт мо бояд корҳои муҳимро ба сомон расонида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар риштаҳои магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD тадбирҳои саривақтӣ андешем.