Skip to main content

Дар ҳошия татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030"

Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Эмомалӣ Раҳмон

Мафҳуми коррупсияро ба маънои пора, ришва, порадиҳӣ ва ришвахӯриву ришвадиҳӣ, дар шакли туҳфа ва ғайраҳо маъмул медонанд ва истифода мебаранд. Воқеан, дар баъзе мавридҳо ибораи фасод, фасодкорӣ ва фасодзадагии одамон дар ҷомеа мавриди истифода қарор дода мешавад

Фасод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаву муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, махсусан Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст.

Дар маҷмуъ, коррупсия танҳо хоси як гурӯҳи одамон набуда, он барои кулли шахсоне, ки мақсадҳои гуногуни номатлуб доранд, мавриди истифода қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, ки “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад".

Тавре ки ба мо маълум аст, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсону шаҳрванд, инчунин ҷамъияту давлат аз коррупсия, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, васеъ ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия чорабиниҳои муҳим таҳия ва дар амал татбиқ намуда, ин ҷараён имрӯз низ бо иқдомоти наве идома ёфта истодааст.

Бояд гуфт, ки коррупсия яке аз мушкилоти шадидтарин ва маъмултарини ҷомеаи муосир мебошад. Он дар сӯистифода аз қудрат бо мақсадҳои шахсӣ, ришва, ва дигар шаклҳои таъсири ғайриқонунӣ ба қабули қарорҳо зоҳир мешавад. Коррупсия эътимодро ба ниҳодҳои давлатӣ коҳиш медиҳад, рушди иқтисодиро бозмедорад ва ба беадолатии иҷтимоӣ оварда мерасонад. Коррупсия ба тақсимоти бесамари захираҳо, паст шудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ ва кам шудани сармоягузорӣ таъсир мерасонад.

Барои мубориза бо коррупсия муносибати ҳамаҷониба зарур аст. Баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир барои назорат ва ҳисоботдиҳӣ ва таъмини мустақилияти низоми судӣ муҳим аст. Маориф ва маърифати аҳолӣ дар ташаккули таҳаммулнопазирӣ ба зуҳуроти коррупсионӣ нақши калидӣ доранд. Ҳамкории байналмилалӣ инчунин ба табодули таҷриба ва амалҳои муштарак алайҳи коррупсия мусоидат мекунад.

Баъд аз соҳибистиқлол гаштан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ба мушкилоҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабабҳо ва омили асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он буд.

Бодасгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии зиддикоррупсионӣ, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 . таъкид бояд кард, ки коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди ҷомеа мебошад. Мубориза бо он ҳам аз ҷониби давлат ва ҳам аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ талошҳоро талаб мекунад. Танҳо бо амалҳои муштарак барои идоракунии маҳаллӣ ва тақсимоти одилонаи захираҳо шароит фароҳам овардан мумкин аст, ки ин гарави рушди устувор ва некӯаҳволии кишвар хоҳад буд.

Махмедов Муҳаммад, ходими хурди илмии Шуъбаи Аврупои Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ