Skip to main content

Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз аҷдодонамон аст, ки дар тӯли қарнҳо шинаму зебандагиашро гум накардааст. Бо истифода аз матоъҳои нафис, гӯлдузии зебо ва нақшҳои анъанавӣ, либоси миллӣ на танҳо зебоии зоҳириро намоиш медиҳад, балки ҳувият ва таърихи бою фарҳанги тоҷиконро низ инъикос мекунад.

Имрӯз (06.08.2024) бо ибтикори КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ аксияи тарғиботии “Тоҷикона мепушем” баргузор гардид. Дар ин аксия занону бонувони муассисаҳои илмю таҳқиқотӣ либоси миллии тоҷикона ба бар намуда, дар аксияи мазкур иштирок намуданд.