Skip to main content

123123Инсон бо табиат зинда аст, зеро табиат манбаи ҳаёт, сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии ӯ ба ҳисоб меравад. Инсоният дар марҳилаҳои ҳамешагиаш бо табиат алоқаҳо ва муносибатҳои гуногуне пойдор менамояд, ки онҳо имконият медиҳанд, ки инсон ҳамчун мавҷудоти биологию иҷтимоӣ умр ба сар барад. Ин муносибатҳо ва алоқамандиҳо ба тағйироте дучор меоянд, ки онҳо ба ҳаёти инсон хатар эҷод менамоянд. Аз ин рӯ, одамон дар муддати тӯлонии таърихии худ кӯшиш намуданд, ки сирру асрори табиат, сабабҳои ба амал омадани ҳодисаҳои табиӣ ва моҳияти онҳоро дарк намоянд.

Дар оғози ҳазорсолаи сеюм ҷомеаи инсонӣ ба як қатор мушкилоте дучор омадааст, ки яке аз онҳо ба муносибати байни инсону табиат вобастагии зич дошта, масоили экологӣ ном гирифтааст.

Инсоният ҳоло беш аз пеш дарк менамояд, ки вазъи саломатии ӯ ба вазъи муҳити зист, тағйирёбии иқлим алоқаманд аст. Тақдири ояндаи ҳастии ҷомеаи инсонӣ ба ҳифзи муҳити зист вобастааст. Дар ҳаллу фасли ин масъалаҳо чораву тадбирҳои гуногуне андешида мешавад, ки яке аз онҳо ташаккулёбии шуури экологӣ ва дар заминаи он ба вуҷуд омадани маданияти экологӣ мебошад.

Мусаллам аст, ки ҳар шакли таърихии тарзи истеҳсолот вобаста ба тараққиёти моддию иҷтимоӣ, тағйирёбии муҳити атроф, маҳорати аз ҷониби одамон дигаргун сохтани табиат рафтори муносиберо нисбат ба табиат ташаккул медиҳад.

Ҳоло бештар аз 55 фоизи масоҳати Замин дар зери таъсири инсон қарор дошта, тавассути он вазъи экологӣ ҳам дигаргун шудааст. Мудохилаи антропогенӣ ба мавҷудоти зинда сабабгори он гардид, ки бисёр намуди растаниву ҳайвонот миқдоран кам ва баъзеашон ба дараҷаи нестӣ расанд. Ба Китоби Сурхи Тоҷикистон (соли 2024) 242 намуди ҳайвон ва 304 намуди растанӣ шомиланд. Истифодаи нодурусти сарватҳои табиӣ боис шуд, ки захираи заминҳои ҳосилхез кам гардида, таркиби обу ҳаво ифлосу заҳролуд, ҷангалзору чарогоҳҳо хароб ва марғзору сабзазорон ба биёбону дашту урён табдил ёбанд.

Имрӯз дар назди инсоният вазифаи муҳимтарин – ҳифзи муҳити зист ва тамаддун аз таҳдидҳои фалокатовари экологӣ мебошад. Маҳз ҳамин омилҳо зарурияти ташаккулёбии шуури экологиро тақозо менамояд.

Мафҳуми маърифати экологӣ аз ҳифзи табиат, истифодаи дурусти сарватҳои гаронбаҳои он, аз нав бавуҷудорию кабудизоркунии мавзею маҳалҳои кишвари худ, аз худкунию омӯхтани қонунҳои табиат, аз овони кӯдакӣ ташаккулёбии рафтору муносибатҳои ғамхорона ба табиат бармеоянд.

Таи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи маърифату фарҳанги экологии сокинони ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои экологӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, зиёда аз 40 асноди меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи экология ва сарватҳои табиӣ, аз қабили қонунҳо «Дар бораи ҳифзи табиат» (1993), «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» (1996), «Дар бораи истифода ва ҳифзи олами ҳайвонот» (1997), «Дар бораи экспертизаидавлатии экологӣ» (2003), «Кодекси замин» (1996), «Кодекси ҷангал» (1997), «Кодекси об» (2000) ва ғайраҳо қабул гардидаанд. Тоҷи кистон чун давлати соҳибистиқлол дар як муддати кӯтоҳ ба 10 Конвенсияҳои СММ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамроҳ шуд.

Барои баланд бардоштани маърифати экологии сокинони ҷумҳурӣ, иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи табиат» (27.12.1993 қабул шудааст) ва «Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2000-2010» ҳоло дар ҳама муассисаҳои таълимӣ омӯзиши асосҳои экология ва ҳифзи табиат ба роҳ монда шудаст. Ҳадафи тарбияи экологӣ он аст, ки инсонро ба ҳаллу фасли масъалаҳои экологогӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибати ғамхоронаю оқилонаро ба табиат ва сарватҳои он (об, ҳаво, замин, набототу ҳайвонот ва ғ.) ташаккул дода, муҳити зист ва манзараю мавҷудоти онро ҳифз намояд.

Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси хирадмандонаи Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари бонуфузи СММ оид ба «Соли байналхалқии оби тоза» эълоннамудани соли 2003 аз ҷониби 180 давлати ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Ва ҳамзамон бо ташаббуси ӯ даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015 эълон гардида, чорабиниҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе гузаронида шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сентябри соли 2009 дар иҷлосияи 64 – уми СММ «Оид ба мушкилот ва пешомади тағйирёбии иқлим» чунин таъкид намуданд, ки 70 фоизи нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои Осиёи Марказӣ дар нерӯгоҳҳои ҳарорати истеҳсол шуда, боиси ба атмосфера хориҷ гаштани миллионҳо тонна партовҳои газӣ шудааст. Имрӯз танҳо 10 фоизи иқтидори гидроэнергетики минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Тоҷикистон, ки аз рӯи захирараҳои гидроэнергетикӣ бо 527 млрд. кВт/соат дар ҷаҳон ҷои 8 – умро ишғол менамояд, ҳолор камтар аз 5 фоизи ин имкониятро истифода мебарад. Азхуднамоии иқтидори гидроэнергетики Тоҷикистон на танҳо боиси кам шудани партови газҳо ба атмосфера мешавад, балки имкон медиҳад, ки нерӯи барқи арзони аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол шавад. Арзёбии таъсири тағйирёбии умумии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистон нишон дод, ки аз соли 1930 майдони умумии пиряхҳои кишвар тақрибан аз се як ҳисса кам шудааст. Ҳамзамон, афзоиши аҳолӣ ва тавсеъи майдонҳои кишт ба зиёд гардидани истеъмоли об оварда, дар давоми садсолаи гузашта ҳаҷми заминҳои обёришаванда аз 2,5 то 9 млн. гектар зиёд гардида, шумораи аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ аз 20 млн. соли 1956 ба зиёда аз 63 млн. ҳозира расидааст. Ба кишварҳои минтақа зарур аст, ки ба истифодаи об дар соҳаи кишоварзӣ диққати асосӣ диҳанд, зеро сабаби асосии фоҷиаи экологии Арал азхудкунии зиёди замин барои зироатҳои обталаб, ба мисли пахта ва шолӣ мебошад. Ҳамаи ин тадбирҳо дар ташаккули шуури экологӣ ва маданияти экологии ҷомеа саҳми арзандае мегузоранд. Дар шароити ҳозира, ки ҷомеаи мо ба давраи масъулиятноки дигаргунии қатъии таърихии худ – давраи таҳаввулоти демократӣ қадам ниҳод, тарбияи экологии шахсият, ташаккули инсони дорои тафаккури экологӣ ва дар тарбияи ҳамаҷонибаи ӯ истифодаи самараноки имкониятҳои моддию маънавӣ аҳамияти бағоят муҳим пайдо менамояд.

Ташаккулёбии шуури экологӣ ва дар асоси он бунёди маданияти экологӣ дар заминаи субъектҳои зерин сурат мегирад: оила, мактаб, макотиби олӣ, коллективҳои меҳнатӣ, воситаҳои ахбори умум, иттиҳодияҳои эҷодӣ, муассисаҳои фароғатӣ, маданӣ ва умури давлатӣ. Бахусус нақши воситаҳои ахбори омма дар тарбия ва ташаккули маърифати экологӣ торафт меафзояд. Аз имконоти ин воситаҳо истифода бурда, мо бояд ҷомеаро аз натиҷаҳои даҳшатовари муносибатҳои бераҳмона ба табиат огоҳ созем. Бояд ба журналистони оянда маърифати экологӣ ба ҳайси курси махсус таълим дода шавад, то онҳо донишҳои замонавиро дар ин бахш соҳиб шуда, ҳангоми фаъолият онҳоро истифода баранд.

Имрӯз мо ҳамагон бояд дарк намоем, ки дар табиати носолим солим зистан мумкин нест. Баҳри қонеънамоии манфиатҳои шубҳанокии инсонӣ мо набояд ҳайвоноту набототро нобуд созем. «Ҳамагуна ҳаётро ҳифз намо» - ин шиор бояд ҷавҳари шуури экологии мо бошад.

Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар якҷояги бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сайу кушиши худро баҳри баланд бардоштани маърифати экологӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мекунад.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, - ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон