Skip to main content

HojiАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар таъкид намуданд, ки “Дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим ва махсусан, доктори илм ду меъёр бояд асосӣ ва аслӣ бошад: аввал, натиҷаҳои таҳқиқоти ӯ, ки посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон бошанд ва дуюм, тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд” ва дар ин росто Пешвои миллат иброз доштанд, ки тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду илмдӯст яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати пешгирифтаи давлати мо мебошад.

Агар мо мундариҷаи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аҳли илм ва маорифи кишвар ба самтҳои гуногун тақсим намоем, яке аз самтҳои асосии ин мулоқот ба баррасии масъалаи таъмини сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ равона гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ворид гардидан ба фазои байналмилалии таҳсилот ва пайваст шудан ба Эъломияи Болония корҳои назаррасро анҷом дода, шуруъ аз соли 2007 бо мақсади рушду такомули соҳаи илм ва маорифи кишвар бо мақсади татбиқи низоми кредитии таҳсилот муассисаҳои таҳсилоти олиро ба низоми таҳсилоти сезинагӣ гузаронид.

Мутобиқи ин муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии тобеи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дорои заминаи илмӣ ва пояи моддию техникӣ буданд, имконият пайдо намуданд то дар зинаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ–тавассути магистратура, аспирантура, докторантураи PhD, докторантураи анъанавӣ ва постдокторантура тайёр кардани мутахассисони ҷавони илмиро ба роҳ монанд.

Вобаста ба ин, дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зинаҳои магистратура ва докторонатураи РhD таъсис дода шуда, тавассути ин зинаҳо тайёр кардани кадрҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Тайи 10 сол аст, ки дар марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳама ихтисосҳо магистрантон ва зиёда аз 5 сол боз докторантони РhD қабул карда мешаванд. Аммо тайёр кардани кадрҳои илмӣ ҳануз ҳам талаботи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас қонеъ намекунад ва нисбат ба ин ҳолат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои илмӣ бо кадрҳои дараҷаю унвони илмидор ва бартараф намудани камбудию норасогии кадрҳои илмӣ як қатор барномаю Стратегияҳо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021 “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030” таҳия ва ба тасвиб расидааст. Дар ин росто муассисаҳои илмӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои илмӣ аз барномаҳо бояд самаранок истифода баранд.

Яке аз мушкилиҳои дигар дар ин самт, қаблан набудани Шуроҳои диссертатсионӣ буд, ки ҳоло Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст ва дар назди он 74 Шурои диссертатсионӣ ва 50 маҷаллаи тақризшаванда фаъолият мекунанд, ки олимони ҷавон аз мавҷудияти ин Шуроҳо метавонанд самаранок истифода баранд.

Новобаста ба ин, чуноне, ки Президенти мамлакат дар мулоқот қайд намуданд ҳоло ҳам дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи як қатор ихтисосҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуда, имрӯз ба олимону мутахассисони варзидаи баъзе илмҳои замонавӣ ҷумҳурии мо ниёз дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани тафаккури техникӣ ва аз илмҳои бунёдӣ огоҳ будани ҷавонону наврасон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуда, нақша ва барномаҳои дахлдор таҳия гардидааст, ки олимони ҷавон бо мақсади бархурдор будан аз илмҳои муосир метавонанд аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи барномаҳои мазкур истифода намоянд.

Ҳамчунин, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва ҳавасманд намудани олимону муҳаққиқон ба омӯзиши ҳарчӣ бештари илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таъсис дода шудааст, ки ҳамасола наврасону ҷавонони зиёде дар он иштирок карда, ғолиб меоянд. Аммо муассисаҳои илмӣ дар оянда бо мақсади ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намудани ин истеъдодҳо кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар ва муаррифии дастовардҳои олимони ҷавон дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола ба 12-13 нафар олимони ҷавон, ки дастовардҳои хуби илмӣ доранд дода мешавад. Ҳамчунин, барои магистрантону докторантоне, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд Стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стипендияҳои муқаррарӣ аз буҷети ҷумҳурӣ таъйин гардидааст. Ҳамаи ин тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии олимони ҷавону ихтороъкор буда, мақсади асосӣ сари вақт ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои илмии онҳо ва аз илмҳои замони муосир бархурдор будани олимони ҷавон мебошад.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат зимни мулоқот қайд намуданд, ки бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ин суханони Пешвои миллатро ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои ҷавони илмӣ дар ҳама муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сармашқи кори худ қарор дода, корро дар ин самт аз ҳарвақта дида, бештару хубтар намоем ва таваҷҷуҳи бештарро ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони илмӣ ва соҳиби дараҷаю унвони илмӣ намудани онҳо дар ҳама самтҳо равона созем.

Ҳамчунин, ба масъалаи муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо таҷҳизотҳои техникию реактивҳо диққати махсусро равона созем, то олимони ҷавон ва роҳбарони онҳо дар озмоишгоҳҳои мазкур ба натиҷаҳои илмии назаррас ноил гарданд.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат нигаронии худро ба он иброз доштанд, интихоби мавзуъҳои илмии ба талаботи имрӯзаи иқтисодиёти кишвар ҷавобгӯ ва манфиатовар барои ояндаи илми тоҷик аст, ки дар ин самт мо бояд кӯшиши бештарро равона созем.

Масъалаи дигар баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва таҳқиқотҳои илмии кормандони ҷавон, аз ҷумла магистрантону докторантони РhD ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои илмиро зарур аст, ки чораҳои дахлдор андешанд. Барои татбиқи дастовардҳои илмии муҳаққиқони ҷавон дар истеҳсолот бо мақсади татбиқи илм дар истеҳсолот кӯшиши бештарро бояд равона созем.

Бо мақсади ташаккули тафаккури техникии олимони ҷавон ва огоҳ будани онҳо аз илмҳои бунёдию таҳияҳои илмии муҳаққиқони хориҷӣ аз ҳарвақта дида бештар муҳаққиқони ҷавонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ сафарбар намоем. Дар ин самт Раёсати Академияи миллии илмҳо ва институтҳои илмӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ чораҳои зарурӣ андешида истодаанд. Аммо ин масъала низ ҳоло ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Бо илҳом ва натиҷагирӣ аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи кишвар тавассути таҷдиди назар намудани барнома ва нақшаҳои таълимии магистрантону докторантон ба омӯзиши ҳарчӣ бештари фанҳои тахассусӣ, иштироки мунтазам дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сафарбар гардидани онҳо ба таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ диққати махсусро равона созем.

Бовар дорем, ки иҷрои чорабиниҳои мазкур ба бартараф намудани норасогии кадрӣ, ба рушду такомули мактаби илмии олимон, баланд бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ҷавон, интихоби мавзуи мубрами барои иқтисодиёти миллӣ манфиатовар ва сари вақт ба ҳимоя пешниҳод намудани рисолаҳои илмии муҳаққиқони ҷавон мусоидат хоҳад кард.

Қосимзода Солеҳ Салим - сардори раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи РhD-и Академияи миллии имлҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ