Дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон, 11-12 ноябри 2024
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон зиёда аз 30 сол аст, ки пайваста дар чорчӯбаи иқдомҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷоратӣ, энергетикӣ ва нақлиётӣ шарикии стратегиро ташаккул медиҳанд.
Ташаббусҳои кишварҳои минтақа новобаста ба таҳаввулоти геополитикии ҷаҳони муосир дар самти рушди ҳамкориҳо тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ ба густариши шарикии стратегӣ мусоидатменамояд.
Бояд қайд намуд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар ин самт, ҶумҳурииТоҷикистон низ аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандбо Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар заминаи эътимод ва эҳтироми байниҳамдигарӣ ба вуҷуд омадааст, таваҷҷуҳи хоса медиҳад. Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шуда, соли 2007 Сафоратхонаи Озарбойҷон дар Душанбе ва соли 2008 Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Боку ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Дар муддати зиёда аз 30 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, кишварҳоиду ҷониб ба натиҷаҳои муштараки назарраси бахшҳои мухталифи ҳамкорӣ ноил гардиданд. Ба ин пеш аз ҳама робитаҳои наздик ва эътимодбахш дар сатҳи олӣ мусоидат мекунад.
Боиси зикр аст, ки муносибати дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар рушди муносибатҳои ду кишвар саҳми назаррас дорад. Илова бар ин, муносибатҳои самимии дӯстона дар сафарҳои пайваста ва мутақобилан самарабахши сарони ду кишвар мушоҳида мегардад. Аз ҷумла, соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ду маротиба ба Тоҷикистон ташриф овард. Ташрифи аввал 5-6 апрели соли 2023 сафари расмӣ буда, ташрифи дуюми И. Алиев ҳамчун меҳмони олиқадр ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаимашваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо даъвати Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.
Зимни мулоқоти дуҷониба Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷонтаъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонба ҷониби Озарбойҷон бароидастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим, инчунин масъалаҳои амниятӣ, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ изҳори қаноатмандӣ менамояд. Инчунин, зимни ташрифи расмии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ду кишвар як қатор санадҳои ҳамкории иқтисодӣ низ ба имзо расиданд, ки барои зиёд намудани гардиши молу маҳсулоти миёни ду кишвар такон хоҳад дод. Зикр кардан ба маврид аст, ки дар соли 2023 гардиши мол миёни ду кишвар 6,127 млн. доллари амрикоро ташкил додааст.
Дар борабари ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амиқ дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалии дорои хусусияти универсалӣ ва минтақавидошта, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Комиссияи байниҳукуматии долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА) ҳамкориҳои мутақобилан судмандро низ ба роҳ мондаанд.
Боиси ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22-23 майи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон сафари корӣ анҷом доданд. Дар ҳошияи сафари расмӣ Эъломия дар бораи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба имзо расид, ки марҳилаи нави таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни ду кишвар ба шумор рафта, санади ба имзорасида сатҳи муносибатҳои ҷонибҳоро расман рушд хоҳад дод. Зимни мулоқоти сарони ду кишвар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории сатҳи олӣ, аз ҷумла масъалаи марбут ба вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳони муосир ва дар ин замина таҳким додани чораҳои амниятӣ ва рушди ҳамокориҳо дар ин самт, инчунин амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энергетика, саноат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои марбут ба соҳаҳои кишоварзӣ, фарҳанг ва маориф баррасӣ гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки вохӯриву мулоқоти роҳбарияти сатҳи олии ду кишвар дар доираи чорабиниҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ марбут ба масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир ва боздидҳои расмӣ дар чорчӯбаи сафарҳои корӣ ба кишварҳои ҳамдигар муҳимтарин омили таҳким ва густариши муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар ҳисобида мешавад. Вобаста ба ин, сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 11 ноябр соли 2024 ҷиҳати иштирок дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, ки рӯзҳои 12-13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷонбаргузор мегардад, аз он шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (UNFCCC) моҳи июни соли 1992 дар Рио-де-Жанейро дар Конфронси СММ оид ба муҳити зист ва рушд қабул карда шуд. То ба имрӯз 198 давлат иштирокчии он мебошанд. Қароргоҳи Конвенсияи мазкур дар шаҳри Бонни Олмон ҷойгир аст.
Конференсияи Созмони Милали Муттаҳид (ё Конференсияи ҷонибҳои Конвенсияи СММ) оид ба тағйирёбии иқлим ҳамасола баргузор гардида, ягона форуми бисёрҷониба дар ҷаҳон ба шумор меравад, ки дар ҳошияи он бо иштироки намояндагони қариб ҳамаи кишварҳои олам санаду қарордодҳои муҳим оид ба мубориза алайҳи тағйирёбии иқлим қабул карда мешаванд. Ба ибораи дигар, Коференсияи мазкур платформае мебошад, ки дар он сарони давлатҳои аъзо, инчунин ҳайати дар музокирот ширкаткунандагони кишварҳои аъзои Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати расидан ба мувофиқа дар масъалаи тадбирҳои пешгирии буҳрони иқлимӣ, таъсири он ва расонидани кӯмак ба ҷомеаҳои осебпазир ҷиҳати мутобиқшавӣ ба муҳити зист, мубодилаи афкор менамоянд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои саҳм гузоштан дар ҳалли масъалаи глобалии иқлим ташаббусҳои зиёдеро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ намуда истода, пеш аз ҳама ҳадафи мусоидат намудан дар пешгирии оқибатҳои ногузири раванди тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкориҳо дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, бахусус, обшавии пиряхҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро дорад.
Салимов А.Ҳ. ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ