Ҷашни Меҳргон яке аз чаҳор ҷашнҳои куҳантарини мардуми тоҷику форси даврони бостон дар баробари Сада, Наврӯз ва Тиргон мебошад, ки ҳар кадоми ин ҷашнҳо ба ҳам пайванд ва дар идомаи ҳам омада, рамз ва арзишҳои ҷавҳарӣ доранд. Ин ҷашнҳо намоёнгари равшани ҷаҳонбинии хосса ва тафаккуроту дониши баланди мардуми форсизабон мебошанд, ки сабаби сарфарозии ҳар як аз мост. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва бо ташаббус ва талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашнҳо ва расму ойинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардидаанд. Дар навиштаи мазкур, пеш аз таҳлили ҷашни Меҳргон, муаррифии мухтасари ҷашнҳои зикрёфта низ баён мегардад.
Ҷашни Наврӯз аз эҳё гардидани табиат, омадани баҳори сарсабз ва фарорасии соли нав хабар дода, мардумро ба берун омадан аз сахтиҳои фасли зимистон омода намуда, ба ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта, ба кишту кор ва покиву озодагӣ, сохту соз, тадорукот ва омодагӣ ба фаъолиятҳои нави корӣ, ба хусус дар соҳаи кишоварзӣ, даъват менамояд. Таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии Наврӯз ба яке аз авлодони нажодии Каюмарс (нахустинсон) Ҷамшед, ки аз сарватмандтарин подшоҳони тоҷику форс буд, мансуб дониста мешавад. Дилбастагии мардуми форсизабон ба суннатҳои гузаштагони худ боис шуд, ки то ба имрӯз Наврӯз, ҳамчун намудори азамат ва шукӯҳи мардум боқӣ монда, тантанавор ҷашн гирифта мешавад.
Тиргон ҷашнест, ки дар замони фарорасии фасли тобистон таҷлил шуда, мардуми форсинажод аз он бо самимият истиқбол менамуданд ва маросимҳои бошукӯҳе барпо мекарданд. Дар таърихи фарҳанги ҷашнгирии Тиргон, оинҳои ба монанди рӯзи гиромидошти камонандозии Ораши камонгир ва ситораи бороновар Тиштар, обу обпошӣ, саршурон, фоли кӯза, хӯрдани гандуми пухташуда, пошидани об ба якдигар бо рамзи расидан ба рӯшноиву покӣ, осоишу хушҳолӣ ва амсоли инҳо ёдрас шудааст.
Ҷашни Сада аз бузургтарин ҷашнҳои оташ, ки намоде аз нур, гармӣ ва рӯшаноӣ дар бостон буд, бо афрӯхтани оташи дастиҷамъӣ, рамзи ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумро нишон медиҳад ва он дар фасли зимистон баргузор мегардад, ва намоёнгари омодабошӣ ба ин фасл ва ҳифз аз нерӯҳои баду торикӣ, ғалабаи нур бар зулмот мебошад. Расми оташафрӯзӣ ниҳоятан муждаи наздик шудан ба фасли баҳору соли нав - ҷашни Наврӯзро хабар медиҳад, ки то ба ҳол ин расм дар Эрон идома дорад. Дар таърихи дунёи бостони мардуми тоҷику форс пайдоиши оташ ва ҷашнгирии бошукӯҳи онро бо номи Сада ба яке аз наберагони Каюмарс, фарзанди Сиёмак Ҳушанги Пешдодӣ нисбат медиҳанд. Ҳушангшоҳ пас аз кашфи оташ нахустин касест, ки ба ихтирои фузулот, хонасозӣ, роҳсозӣ ва шаҳрсозӣ рӯй овард ва мардумро ба кишоварзию домдорӣ ҷалб намуд ва ба онҳо чигуна кандани ҷӯю рӯдҳо ва дарахтшинониро ёд дод.
Ҷашни Меҳргон низ таърихи қадимӣ ва беш аз 4000 сола дорад. Бар асоси матнҳои Авесто (китоби муқаддаси зардуштиён), пеш аз сулолаи Ҳахоманишиён, тақвими бостонӣ танҳо дорои ду фасли сол: тобистон ва зимистон буд, ки Наврӯз ҷашни оғози соли нав ва фасли тобистон ва Меҳргон ҷашни оғози нимаи дуввуми сол ва фасли зимистон будааст. Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома»-и худ ба равшанӣ ба ин ҷашни бостонӣ ва пайдоиши он дар даврони подшоҳии Фаридун ишора кардааст, ки ба навиштаи ӯ, оғози ҷашни Меҳргон дар нахустрӯзи ба тахт нишастани шоҳ Фаридун мебошад. Ҳамчунин Абурайҳони Берунӣ дар китоби худ Осор-ул-боқия дар бораи Меҳргон чунин навиштааст: «…иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст.. ва ин ид барои умуми мардум аст ва тафсири он дӯстии ҷон аст ва гӯянд, ки Меҳр номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд. Ин аст, ки ин рӯзро Меҳргон гӯянд…».
Ҳамчунин ишора шудааст, ки ҷашни он дар замоне буд, ки дар тирамоҳ шабу рӯз баробар мегашт. Ҷашни Меҳргон аз даҳум то шонздаҳумин рӯз аз ҳафтумин моҳи сол – Меҳррӯз дар Меҳрмоҳ дар Эрони бостон баргузор мешуд ва онро дар қадим Митрокана мехонданд. Имрӯза ин ҷашни бузургро дар тоҷикӣ-форсӣ Меҳргон меноманд. Ҳамин тавр ҷашни Меҳргон пас аз Наврӯз яке аз маросимҳои дорои аҳамияти бузургтарини мардуми тоҷику форси бостон буда, дар оғози фарорасии фасли зебою заррини тирамоҳ баргузор мегардад.
Ҷашни Меҳргон ба монанди Наврӯз бо расму одоб ва маросимҳои ба худ хосса ва ягона баргузор мешавад. Дар ин маросим низ дастархони Меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг паҳн карда мешавад ва дар мобайни он гули «ҳамеша шукуфта» (гули «Ҳамешабаҳор»-ро Т.М.) мегузоранд. Сипас атрофи онро бо гулҳои дигар меороянд ва дар паҳлӯи он гулҳо чанд шохаи сабзи дарахтро гузошта ва аз паси он меваҳои хушбӯю рангоранги тирамоҳӣ монанди ангур, санҷид, анор, хурмо, себ, анҷир, бодом, писта, фундуқ, зардолу, шафтолу, чормағз ва амсоли инҳоро рӯи дастархон мечинанд. Ҳамчунин дастархони Меҳргонӣ бо нӯшиданиҳои гулобу шири рақиқ, оби бо гиёҳ омехтаи хушбӯй ва хӯрданиҳо ба монанди нонҳои махсус боз ҳам пурнеъматтар ороста мешуд. Изофа бар ин дар гирди суфраи пурнеъмати Меҳргонӣ нугчаи шамъ ва ё ҷоми оташи гирён, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо гузошта мешуд. Пас аз хӯрдану нӯшидани неъматҳо, мардум шурӯъ мекарданд ба навохтани мусиқиву рақсу хушҳолӣ ва баъдан гиёҳҳои хушбӯю дуркунандаи балову офатҳоро дар оташ ҳамроҳ карда, ба мисли исфанду заъфарон ва анбар оташро боз ҳам дурашон мекарданд. Мардум дар ҳадди тавоноӣ бо либосу ҷомаҳои ранго-ранги арғувонӣ вориди маҷлиси дастархони Меҳргонӣ мешуданд ва дар ибтидо ҷашнро бо шукргузориву дуо аз неъматҳо оғоз мекарданд. Ба ғайр аз ороиши дастархони меҳргонӣ боз ойинҳои дигар ба монанди тарошидани санг ва рӯӣ навиштан ва ё нигориши шахсҳои таърихӣ-асотирӣ, аз ҷумла нигораҳои Митра, Митра – Варуна, Рита ва амсоли инҳо вуҷуд дошт. Дар охири маросими ҷашнӣ ба шӯълаҳои оташ дастҷамъӣ нигариста, барои таҷдиди пойбандӣ ба паймонҳои гузашта дасти ҳамдигарро фишурда, рӯи паймону аҳди хеш устувор мемонанд. Аз ин ҷо, муҳимтарин фалсафаи ҷашни Меҳргон ин сипосгузорӣ аз Офарандаи якто барои фузунии неъматҳое, ки ба инсонҳо бахшидааст ва ҳамчунин устувории аҳду пайванду меҳрварзӣ, садоқату муҳаббат ва бастани паймонҳои дустӣ байни инсонҳо мебошад.
Мардуми Эрон аз ҳамон даврони қадим то замони ҳол, оғози тирамоҳ, ки моҳи Меҳр шурӯъ мешавад, аз шаш (6) то даҳ (10) рӯзи онро бо ойину одоб ва расми хос ҷашн мегиранд. Умед аст, ки ин ҷашн дар кишвари мо ба монанди ҷашни Наврӯз бо тантана барпо гардад, зеро агар ҳикмати ҷашни Наврӯз сохту соз ва поккуниву озодагӣ пас аз зимистон, заминагузорӣ ва кошти неъматҳои моддӣ, барномагузории корҳои эҷодиву маънавӣ ва амсоли инҳо бошад, Меҳргон намоди ҷамъбасту ҷамъоварии неъматҳои моддӣ, фикрӣ-маънавӣ ва сохту созҳои заҳматҳои иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Меҳр, дар «Авесто» Митра ва дар паҳлавӣ Миҳр, ҳамчун рамзи фуруғу рӯшноӣ ва паймоншиносӣ ва дар асотири ҳиндуэронӣ баракатовар, нигаҳбони паймон ва шарик дар фармонравоии ҷаҳон, посдору пуштибони ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, нигаҳбонӣ аз ростиву ростгӯӣ ва ғайраҳо мебошад. Аз ин рӯ, Меҳр мутародифи «паймоншикан» аст.
Митра аз муқаддасоти саршиноси Ҳинду Аврупо ва тоҷику форси бостон аст, ки маънии Митра аз решаи мирӣ ба маънои аҳду паймон ва меҳру садоқат омадааст ва аз инҷо ӯро ба назм дароварандаи рафтору гуфтор ва муносиботу иртибототи инсонро бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд. Ҳамчунин Митра, дар миёни мардуми тоҷику форс бо унвони Миҳр ва ё Меҳр аст, ки рамзи дӯстӣ, муҳаббат ва отифа байни мардум ва зоти паймон буда, намоёнгари фазоест, ки иртиботи одамон бо якдигар бар он устувор аст.
Достони Митро ва ё Митра дар байни мардуми бостони Ҳинд ва тоҷику форс бо унвони худои Хуршед машҳур аст. Мувофиқи таҳқиқотҳои бостоншиносӣ вуҷуди маъбадҳои мухталифе дар Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Юнон, Италияю Олмон баёнгари он аст, ки онҳо барои ниёиши ин маъбуд бино шудаанд ва аз ин ҷиҳат Митраро танзимкунандаи иртиботи афрод бо аҷзои мухталифи иҷтимои башарӣ донистаанд.
Аммо таъбиру тафсири Миҳр дар Авесто нисбат ба Митраи Ҳинду Европа фарқ дорад. Зеро ки андешаю ҷаҳонбинии мардуми тоҷику форси даврони бостон нисбат ба Ҳинду дигар кишварҳои Европоӣ хеле пешрафта ва аз хурофот дур буд. Дар фаҳмиши ҳиндиҳо «Митра» бо «Варуна» ҷуфти абадиро ташкил медиҳанд, ки аз тарафи мардум ба ёрӣ хонда мешаванд ва дар фарҳанги онҳо «Митра» гардунаи дурахшон ва иқоматгоҳи заррин дорад. Чунин тарзи тафаккурот аз ҷаҳонбинии мардуми Ҳинди қадим то замони кунунӣ ҳам оиди «Митра» вуҷуд дорад. Аммо, «Митра» дар таълимоти ойини зардуштӣ дар мақоми пойинтар аз Аҳурамаздо ва офаридаи ӯ ҳисоб мешавад: «Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фараҳмандтарини изадони менуӣ биофарид. Бишавад, ки он бузургворон – Меҳр ва Аҳура Маздо – ҳарду ба ёрии мо оянд».
Ҳамин тавр тафаккуроти мардуми тоҷику форс дар бораи кайҳони нуҷумӣ хеле воқеитару ба ҳақиқат наздиктар нисбати Ҳинди бостон шарҳу баён ёфтааст. Тафаккуроти мардуми Ҳинд бештар дар асоси асотир ташаккул ёфта, дар атрофи худоён ва олами нуҷумӣ мечархад ва онҳо Хуршеду Меҳр ва ё Митраро ба номи яке аз худоёни худ мегузоранд.
Дар андешаҳои Зардушт («Авесто») Меҳр ё Митра пеш аз Хуршед зоҳир мешавад ва ҳамроҳии ӯ бо Хуршед сабаб шудааст, ки баъдҳо Меҳр маънии Хуршед пайдо кунад. Аз ин ҷо, дар Авесто омадааст, ки «Хуршеди ҷовидонаи ройуманди тезаспро меситоем, Меҳр–шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем,». Ҳамин тавр Меҳр-Хуршед яке аз мақомҳои асосиро дар олами кайҳони ахтарони осмонӣ фаро мегирад ва бисёре аз дарахту гиёҳҳону гулҳо ба монанди нилуфари обӣ, гули офтобгардон, дарахтони сарву нахлу коҷ намодҳои Хуршеданд, ҳамчунин аз аносир оташ, аз рангҳо сурху зард ва аз фузулот тилло мансуб ба Хуршед аст.
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст ба монанди ситоиши Худованд, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.
Боиси ифтихор ва хушҳолӣ аст, ки рамзу мафҳум ва русуми баргузории ин ҷашнҳои бостонии мо аз қадим то ба имрӯз боқӣ мондаанд ва сол ба сол мавриди омӯзиш ва баррасии бештар мебошанд. Ин ҷашнҳои мавсимии тақвимӣ шоҳиди ҷовидонагии маънавият, фарҳанг ва андешаҳои болои мардуми тоҷику форс мебошанд ва бешубҳа падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонианд. Аз нав бозсозии ин ойинҳои бостонӣ сабаби эҳё ва шинохти бештари ҳувияти миллии мардуми кишварамон Тоҷикистон хоҳад буд.
Муродова Тоҷинисо – н.и. фал., дотсент, ходими пешбари
илмии ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ