
Дар охири асри XX ва аввали асри XXI дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба миён омад. Воқеияти сиёсии олами мутамаддин нишон дод, ки фазои сиёсии ҷаҳон доимо дар тағйирот ва ҳаракат аст. Дар натиҷаи таъсири омилҳои глобализатсионӣ фаъолияти доираҳои террористӣ, экстремистӣ, ки пештар доманаи нисбатан маҳдуд доштанд, дар ин раванд хеле васеъ гардида ба хатари ҷиддии ҷаҳонӣ табдил ёфтанд.
Хатари масъалаҳои глобалӣ дигар на ба манфиат ва амнияти як давлат балки ба ҳамаи башарият мерасад. Манфиатҳои миллӣ ба манфиатҳои ҷаҳонӣ ва амнияти миллӣ ба амнияти сайёравӣ табдил меёбанд. Дар ин раванд давлатҳое, ки аз назари иқтисодӣ, сиёсӣ, технологӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ қафомонда ё заиф ҳастанд, зери таъсири давлатҳое мемонанд, ки дорои ҳамаи ин қудратҳоянд.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур истифода мегардад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон” қайд карданд, ки “Ифротгароиву терроризм бо тамоми зуҳуроти зишти худ ҳеҷ рабте ба миллат, дину мазҳаб ва шаҳрвандӣ надорад. Вобаста ба ин, дарк бояд кард, ки танҳо ҳамкории созандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳи асосии муборизаи самаранок ба мақсади рафъи мушкилоти терроризм мебошад.
Ҳамчунин, барои таъмин намудани ҳифзи сарҳад, сохти конститутсионӣ ва рушди муназзами давлатҳо ҳамкории воқеиву шаффоф дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ зарур ва ба манфиати ҳамаи ҷонибҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад бо якчанд созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои махсуси Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва кишварҳои мададрасон, аз қабили Япония, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Чин ва Россия дар доираи лоиҳаҳои гуногуни марбут ба мудирияти сарҳад ҳамкории судмандро ба роҳ мондааст”.
Барои муқовимат намудан ба экстремизми сиёсӣ муборизаро муқобили андешаҳои ғалати динию экстремистӣ, миллатгароию радикалӣ террористию идеологӣ бояд дар ҳама самтҳои ҳайёт пурзўр намуд. Экстремизми сиёсӣ, ки аз ҷиҳати характери фаъолият глобалӣ аст, пас мубориза бо он низ бояд дар сатҳи глобалӣ сурат гирад. Аз ин лиҳоз дар Моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо экстремизм ва терроризм омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм бо давлатҳои хориҷӣ, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм мубориза баранда, ҳамкорӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши алайҳи мубориза бо терроризм қарор дорад. Барои мубориза ва пешгирӣ намудани терроризм ва экстремизм бояд ки тамоми қишрҳои ҷомеа дар якҷоягӣ амал намоянд. Аз ин рў, Тоҷикистон муборизаро дар сатҳи дохилӣ ва минтақавию ҷаҳонӣ бо созмонҳои байналмилалӣ қавитар месозад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, бисёрҷониба, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ ва амнияти инсоният мусоидат мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.
Қодирова З.Б. – ходими илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Навид
МУЛОҚОТ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН
Имрӯз, 1 июл президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонони олиқадрро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба ҳамкориҳои илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкориҳои дар пешистода бо намояндагони Парлумон ва муассисаҳои Тоҷикистон, масъалаҳои фаъолити парлумонӣ, муносибатҳои байналмилалии фарҳангӣ ва мероси ҷаҳонии Юнескоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки пас аз ба роҳ мондани равобит ҳамкориҳо дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, кишоварзӣ, таърих, энергетика тақвият дода мешаванд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар заминаи Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Институти таҳқиқотии ҳифзи гуногунии биологӣ таъсис дода шуд, ки дар доираи ин олимони тарафайн дар самтҳои ҳифзи гуногунии биологӣ, омӯзиши пиряхҳо, энергияи сабз корҳои илмӣ - таҳқиқотии хешро ба роҳ мемонанд.
Инчунин, зимни мулоқот дар масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ, омодасосии мутахассисон аз ҳисоби магистрантон, аспирантон ва докторантони PhD ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Федералии Олмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Дар охир барои дар оянда ба имзо расонидани ёдошти тафоҳум байни Парлумони Саксония-Анҳалт ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд.
Имрӯз 30 июн дар маҷлисгоҳи Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ бо ҳузури доираҳои илмию академӣ ва адабию маданӣ (аз ҷумла, доктори илмҳои филологӣ, профессор Олимҷон Хоҷамуродов, файласуфи миллӣ устод Комил Бекзода, адабиётшиноси варзида Шоҳзамон Раҳмон, рӯшангари миллӣ Ҷамолиддин Саидзода ва дигарон) нишасти вежаи илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда”, ки ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов ихтисос дода шуд, баргузор гардид.
Маҳфилро ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Маҳмаддовуд Саломиён ифтитоҳ намуда, ба таври иҷмолӣ аз вазъи ҳиндшиносии муосири миллӣ ва дар ин замина ибтикороту навовариҳои илмию эҷодии ҳиндшиноси муваффақи ватанӣ устод Ҳабибулло Раҷабов сухан ба миён оварда, сухани ифтитоҳиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода вогузошт.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода зимни суханронӣ бар он таъкид кард, ки ҳиндшиносии муосири ватанӣ ҳамчун шохаи муқаввои ховаршиносии миллӣ дар шароити истиқлоли давлатӣ бомаром пеш рафта, дар рушди ин соҳаи илмӣ саҳми ховаршиноси маъруфи тоҷик устод Ҳабибулло Раҷабов асосист.
Гуфта шуд, ки устод Ҳабибулло Раҷабов аз ҷумлаи ховаршиносони матраҳи ҷумҳурӣ ва поягузорони ҳиндшиносии ватанӣ маҳсуб шуда, пас аз хатми муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии вақти шуравӣ (Шуъбаи урду ва ҳиндии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов), ба муҳити илмӣ-академии ҷумҳурӣ пайваста, солҳои 1967-1970 ходими илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, солҳои 1970-1973 аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ, тайи солҳои 1974-1981 дар симати ходими калони илмӣ, котиби илмии Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои 1982—1984 устод Раҷабов ба кори тарҷумонӣ ҷалб шуда, дар хориҷи кишвар хидмати расмӣ ва тарҷумониро адо намудааст. Замони ифтитоҳи ниҳоди нави илмӣ-пажуҳишӣ (соли 2017) ба муҳити илмӣ-академӣ аз нав пайваста, тули солҳои 2017-2022 мудирияти Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бар дӯш доштааст. Бемуҳобо, метавон устод Раҷабовро асосгузори ҳиндшиносии ҳирфаи ватанӣ дар ҷумҳурӣ номиду муаррифӣ намуд”.
Дар идома устод Ҳабибулло Раҷабов дар мавзуи “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” суҳбати ҷолиби илмӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки саҳми ҳиндшиносони номии ватанӣ дар омӯзишу таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, мафкуравӣ, сиёсӣ ва фарҳангии соҳати Ҳинд бениҳоят бузург аст.
Сипас, ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳқиқоти стратегии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Меҳр Собириён дар мавзуи “Бозтоби масоили ҳассоси замонӣ дар таҳқиқот ва таҳия-тарҷумаҳои устод Ҳабибулло Раҷабов” гузориши хуби илмӣ ироа дода, иброз дошт, ки устод Ҳабибулло Раҷабов на танҳо дар таҳқиқи масоили муҳимми адабу фарҳангу суннату ойинҳои Ҳинд, балки дар таҳия ва тарҷумаи осори арзишманди адибони қаламрави бузурги Ҳиндустон, ҳамчунин ошноии мардуми тоҷик бо муҳити илмию адабӣ ва фарҳангии сарзамини афсонавии Шарқӣ саҳми шоиста гузоштааст.
Дар фарҷом файласуфи муосири миллӣ устод Комил Бекзода, матншинос, шоир ва муҳаққиқ Алии Муҳамммадии Хуросонӣ, фарҳангшинос Нозим Нурзода, ироншинос Олимҷон Хоҷамуродов, муаррих-шарқшинос Санавбарбону Воҳидова, доктори илми таърих, профессор Ниёзбадал Мирзоев, шеършинос Маҳмадёр Шарифов ва чанде аз донишмандону ховаршиносони варзидаи ватанӣ мулоҳизоти хешро атрофи вазъи ҳиндишносии муосири ватанӣ дар замони соҳибистиқлолӣ ва саҳми ҳиндшиноси маъруфи миллӣ профессор Ҳабибулло Раҷабов ҳамчун мактабдори ҳирфаӣ дар рушду нумуи ховаршиносии миллӣ ихтисоран ироа доштанд.
#Маҳфил. БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА 40- СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ ВА ПАЖУҲИШИИ СИЁСАТШИНОСИ ШИНОХТАИ ТОҶИК МУҲАММАД АБДУРАҲМОН
Имрӯз, 25 июн бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар толори АМИТ Маҳфили Хиради АМИТ таҳти унвони “Мавқеи геосиёсии Тоҷикистон ва хусусиятҳои он дар масири соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ”, ба муносибати Ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва 40 – солагии фаъолияти илмӣ ва пажуҳишии сиёсатшиноси шинохтаи тоҷик Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз баргузор гардид.
Нахуст ба кори маҳфил ноиби президенти АМИТ Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт доданд.
Мавсуф зимни баромади хеш иброз дошт, ки мавриди тазаккур аст, ки 27 июни соли равон ҷиҳати ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” 28 сол пур мешавад. Ваҳдати миллии тоҷикон ва Мактаби сулҳофарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асл намунаи ваҳдати дигар миллату халқиятҳои ҳамсояи дуру наздик низ ҳаст. Онҳо ғояи ваҳдатгароии моро ҳамчун сармашқи ҳалли низоъ ва моҷароҳои гуногун мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо ифтихор бояд гуфт, ки миллати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати начандон тулонӣ кишварамонро аз вартаи ҷангу ҷидол раҳо сохта, ваҳдати воқеиро таъмин намояд.
Ҳамин аст, ки мо имрӯз бо ифтихори бузург ҷашни Ваҳдати миллӣ, гиромидошти олимону пажуҳишгарон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро дар фазои осоишта муаррифӣ карда метавонем, вобаста ба ин бояд қайд намуд, ки маҳфили имрӯзаи мо ба 40 - соли фаъолияти илмӣ - пажуҳишии Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ сарходими илмии Институти фалсафа, сиёсатшниносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ, бахшида шудааст.
Зикр шуд, ки устод Муҳаммад Абдурраҳмон Наврӯз дар рушду нумўи илм, Ваҳдати миллӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси илмии кишварамон хизматҳои шоёне намудааст, ки боиси ифтихори аҳли илму адаб гардидааст. Ӯ муаллифи зиёда аз 350 китобу монография ва мақолаҳои илмӣ буда, зери роҳбарии профессор 7-нафар докторони илм ва 30 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд.
Ҳамзамон, имрӯз дар маҳфили мазкур рунамои монографияи нави профессор Муҳаммад Абдураҳмон бо номи “Сиёсат” ба муносибати 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” рӯи чоп омадааст, низ рунамоӣ гардид.
Дар идомаи маҳфил шогирдону наздикону пайвандони устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз суханронӣ намуда, аз таҷриаву донишҳои андухтаашон аз устод ёдоваврӣ намуда, ба устод изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки устод Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз барои хизматҳои шоёнаш аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор сипосномаву ифтихорномаву унвонҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Имрӯз, 23 июн дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ аъзоёни фаъоли КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боздид намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми апрели солӣ равон ифтитоҳ гардида, намунаи олии фарҳанги миллӣ ва маҷмуи арзишҳои моддиву маънавӣ маҳсуб меёбад.
Дар Осорхонаи мазкур тамоми дастовардҳо ва фаъолияти пурсамари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз замони таъсис то инҷониб таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шудаанд.
ИНЪИКОСИ ДАСТОВАРДИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕБСАЙТИ "АЛ - МОВАТЕН" - И МИСР
Тавре иттилоъ дода будем Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расман аккредитатсияи байналмилалии муассисавиро гузашта, хулосаи мусбии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR)- ро, ки яке аз муассисаҳои пешбари аккредитатсионӣ дар минтақа мебошад, дарëфт намуд.
Ин дастовард дар баробари инъикос дар шабакаву расонаҳои иттилоотии дохилии ҷумҳурӣ дар расонаҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ низ ба табъ расида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки санаи 12 июни соли равон дар бораи бомуваффақият гузаштани Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ дар вебсайти интернетии хабарии арабзабон "Ал- Моватен"- и Ҷумҳурии арабии Миср матлаб ба нашр расидааст.
Имрӯз, 19 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҳошияи ифтитоҳи озмоишгоҳ ҳамзамон аз Боғи ботаникии Помири Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бозид намуданд.
Зимни бозид иттилоъ дода шуд, ки Боғи ботаникии Помир дар заминаи Институти биологии Помир буда, соли 1940 таъсис дода шудааст ва асосгузор ва директори дойимии он то соли 1965 доктори илмҳои биологӣ, профессор А.В.Гурский буд, ки имрӯз Боғ номи ӯро дорад.
Бояд гуфт, ки самтҳои асосии таҳқиқот - интродуксия ва акклиматизатсияи растаниҳо, кабудизоргардонии шаҳру деҳаҳо, тайёр кардани маводи шинондании растаниҳои гулдори ороишӣ, муайян кардани соҳа ва захираҳои ашёи хоми растаниҳои табобатӣ мебошад.
Боғи набототи Помир ба сифати лабораторияи табиӣ баҳри омӯзиши фаъолияти ҳаётии растаниҳо дар шароити баландкӯҳ таъсис дода шудааст. Он муассисаи махсусгардонидашудаи илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-маърифатӣ буда, баҳри захира намудани генофонди растаниҳои гуногуни маҳалӣ ва аз ҷойҳои дигар овардашуда, омӯзиши дақиқи хусусиятҳои экологию биологии онҳо, истифодаи пурсамари навъҳои пурқиммати онҳо дар кабудзоркунӣ, хоҷагии кишлоқ, саноати хӯрокворӣ ва тиб хизмат мерасонад.
Боғи наботот ҳамчун музеи зиндаи ба худ хоси табиати Помир буда, дар он намояндагони асосии олами набототи ин кишвари кӯҳсор гирд оварда шуда омӯхта мешаванд.
Гуфта шуд, ки Боғи набототи Помир дар байни боғҳои набототи тамоми дунё мавқеи махсус дорад. Вай ҳамчунин манбаи тухмии набототи баландкӯҳ таваҷҷӯҳи боғҳои мамолики дигарро ба худ ҷалб менамояд. Боғ ҳар сол 200 намунаи тухмӣ аз минтақаҳои гуногуни дунё дастрас менамуд. Мубодилаи тухмӣ бо 25 суроғаи муассисаҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва қариб 40 суроғаи мамлакатҳои хориҷа ба амал бароварда мешавад. Боғи наботот дар ниҳолхонаҳо ва коллексияи наботот зиёда аз 30 ҳазор намуду шакл ва навъи растаниҳоро аз омӯзиш гузаронид.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Боғи наботот осорхонаи «Табиати Помир» ташкил дода шудааст. Дар он зиёда аз 800 нигора гирд оварда шудаанд, ки шароитҳои табиати Помир, намояндагони асосии олами набототу ҳайвоноти онро шарҳ медиҳанд. Хазинаи растаниҳои Боғ қариб аз 4000 намуду навъҳо иборат аст, ки онҳо дар коллексияҳои наботот ва растаниҳои маҳаллии ҳудуди мамнӯнгоҳ мавҷуданд. Дар коллексияҳо қариб 3000 намуд, шаклу, навъи дарахту буттаҳо ва алафҳо гирд оварда шудаанд.
Нақшаи асосии тармими Боғи ботаникӣ ва сохтмони шабакаҳои обёрӣ ва пойгоҳи обкашӣ тартиб дода шуда, амалӣ гардонида шуд. Дар натиҷа масоҳати боғ то 118 га, масоҳати шӯъбаҳои флоравӣ то 2-4 маротиба зиёд карда шуд. Коллексияи растаниҳои Боғ ар рӯйи принсипи ҷуғрофӣ тартиб дода шудааст. Дар он растаниҳои Осиёи Миёна, Осиёи Шарқӣ, Ҳимолой ва Ҳиндукуш, Аврупо, Қриму Кавказ ва Амрикои Шимолӣ мавҷуданд.
Имрӯз, 19 июн дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пас аз ифтитоҳи озмошгоҳ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва олимону кормандон миззи мудаввар баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш аз дастигириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароти мусоиди корӣ барои олимон ва пеш аз ҳама таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар ёдовар гардид.
Таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи асосии бунёдкориву сарҷамъӣ ва пешбурди сиёсати давлат буда, дар таърихи мо тоҷикон барои ба ҳам омадани миллат, ҳифзи истиқлоли комили давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳо нақши беназир дорад.
Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад.
Гуфта шуд, ки ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу ваҳдат аст. Дар ҷомеае, ки решаҳои сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкаманд, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Агар хуб ба умқи ин мафҳум назар андозем, мебинем, ки зери ин вожаи гуворо ҷуз аз шодиву нишот, ҳамдиливу ҳамзабонӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, якпорчагиву осоиштагӣ чизи дигаре нест.
Дар ҳақиқат сулҳу ваҳдат неъмати бузург аст. Дар ҳар миллату давлате, ки сулҳу ваҳдат ва истиқлолият ҳукмронӣ менамояд, сокинони он кишвар дар фазои сулҳу субот нафаси озод мекашанд ва аз якпорпчагӣ, осоиштагӣ, сулҳу ваҳдат, ва истиқлоли миллӣ ифтихор мекунанд.
Имрӯз, 19 июн бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар Институти биологии Помир ба номи Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи замонавии биотехнология бо асбобу таҷҳизотҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва олимону кормандон иштирок намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, ки марҳила ба марҳила базаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар як муддати кӯтоҳ бо ташббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар пояи 7 муассисаи илмӣ таҳқиқотӣ озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо асбобу технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуданд, ки барои пешбурди корҳои илмӣ таҳқиқотии олимону кормандони ин муассисаҳо мусоидат хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки озмоишгоҳи мазкур ба самти илмҳои биологӣ рабт дошта, олимону муҳақиқони ин самт минбаъд метавонанд бо фароҳам гардидани шароити мусоид корҳои илмию таҳқиқотии хешро дар ин самт пеш баранд. Бояд гуфт, ки озмоишгоҳ бо тамоми асбобу таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шудааст, ки ҳадафи асосии он омӯзиши асосҳои физиологӣ-биохимиявии устуворияти растаниҳо нисбати таъсири омилҳои номусоиди экологӣ ва механизмҳои мутобиқшавии онҳо ба таъсири шароити номатлуби баландкӯҳҳо машғул буда, барои муайян кардани нақши нурҳои ултрабунафш ва ҳарорат дар ташшакулёбии ҳосилнокии растаниҳои баландкӯҳ корҳои илмӣ-тадқиқотиро пеш бурда истодааст.
Ғайр аз ин озмоишгоҳ ба омӯзиш ва коркарди технологияи парвариши растаниҳои полезӣ, гулдор ва ороишӣ дар гармхонаҳое, ки дар асоси гармии обҳои геотермалии Помир кор мекунанд фаъолияти худро пеш мебарад.