Skip to main content
Куруши Кабир, асосгузори Империяи Ҳахоманишӣ (550 то м. – 530 то м.), бо он маъруф аст, ки салтанати Бобули Навро забт карда, мардуми яҳудиро аз асирии Бобул, ки пас аз суқути Салтанати Яҳудо дар соли 587 то м. оғоз шуда буд, озод намуд. Дар соли аввали ҳукмронии худ, Куруш «Фармони Куруш»-ро – эдикт, указ, дастури шоҳонаеро имзо кард, ки пас аз суқути Бобул яҳудиёни бадарғашударо даъват мекард, ки ба Замини Исроил баргарданд ва Маъбади Ерусалимро барқарор кунанд. Ба ин васила Куруши Кабир ба бозгашти яҳудиён ба Сион асос гузошт. Зиёда аз ин, ӯ зарфҳои муқаддасеро, ки аз Маъбади Сулаймон вақти асирии Ерусалим аз ҷониби Бобул рабуда шуда буданд, инчунин маблағи назаррасро барои харидани масолеҳи сохтмонӣ бо яҳудиён ба он ҷо фиристод. Авҷи саъю кӯшиши Куруши Кабирро сохтмони Маъбади Дуюм дар Яҳуд Мадина ташкил медиҳад, ки оғози Давраи Маъбади Дуюм ва интишори дини яҳудияи Маъбади Дуюм буда, то муҳосираи Ерусалим аз ҷониби Рим дар соли 70 мелодӣ давом кард. Барои ин хизматҳояш Куруши Кабир ҳамчун масеҳ, мессия, расул ягона ғайрияҳудие мебошад, ки дар дини яҳудия эҳтиром ва парастиш карда мешавад.

Хизматҳои Куруши Кабирро дар Библия – Тавроту Инҷил, инчунин дар ду сарчашмаи дигар - «Номаи Куруш ба мардуми яҳудӣ» (аз ҷониби Иосиф Флавий тавсиф шудааст)» ва «Дар бораи он, ки чӣ тавр Куруш, шоҳи Форс, яҳудиёнро аз Бобул озод кард ва ба онҳо иҷозат дод, ки ба кишвари худ баргашта маъбади худро созанд ва барои ин ба онҳо маблағ дод» (аз «Таърихҳои қадимии яҳудӣ»-и Иосиф Флавий, тарҷумаи Вилям Уистон) васф кардаанд.

Тавре маълум аст, соли 2026 бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конференсияи байналмилалӣ оид ба «Устувонаи Куруш» ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади кӯмак ба мутахассисон тарҷумаи тоҷикии се сарчашмаи мазкур дар васфи Куруши Кабир пешниҳод карда мешавад.

1. Васфи Куруш дар Аҳди Қадими Таврот ва Инҷил (Библия)

Вақоеънома 2, боби 36.

36-22 - Ва дар соли якуми Куруш, подшоҳи Форс, барои он ки сухани Парвардигор аз забони Ирмиё иҷро шавад, Парвардигор руҳи Куруш, подшоҳи Форсро барангехт ва ӯ дар тамоми мамлакати худ овоз андохт ва ба таври хаттӣ низ эълон намуда, гуфт:

36-23 - «Куруш, подшоҳи Форс, чунин мегӯяд: Ҳамаи мамлакатҳои заминро Парвардигор, Худои осмон, ба ман додааст ва Ӯ ба ман фармудааст, ки дар Иеруссалим, ки дар Яҳудо аст, хонае барои Ӯ бино намоям. Кист аз шумо, аз тамоми қавми Ӯ, ки Парвардигор Худояш бо вай бошад, бархоста биравад» (Тарҷумаи матн дар асоси тарҷумаҳои мавҷудаи Тавроту Инҷил ба забони тоҷикӣ дода шудааст).

Эзро 1, боби якум.

1.1 - Дар соли аввали Куруш – шоҳи Форс бо мақсади иҷрои суханони Худованд аз забони Иеремий, Худованд руҳи Куруш – шоҳи Форсро бедор сохт ва ў фармон дод, ки дар тамоми шоҳигарӣ шифоҳӣ ва хаттӣ эълон намоянд:

1.2 - «Чунин мегўяд Куруш – шоҳи Форс: тамоми салтанати заминро ба ман Худованд ато намуд, Худованди осмон ва ў ба ман амр намуд, ки ба Ў дар Иерусалим, ки дар Иудея ҳаст, маъбад бисозам.

1.3 - Ҳар кӣ аз шумо аз ҳама халқи Ўст, бигзор Худованд бо ў бошад ва бигзор, ки ба Иерусалим, ки дар Иудея аст, биравад ва хонаи Худовандро бунёд намояд, Худованди Исроилро, он Худовандро, ки дар Иеруссалим аст.

1.4 - Ва ба ҳамаи дигарон дар тамоми ҷойҳо, дар куҷое, ки зиндагӣ накунанд, бигузор сокинони онҷо бо нуқра ва тилло ва моликияти дигар ва бо чорво, бо атоҳои дигари некў барои хонаи Худованд, ки дар Иеруссалим аст, кумак кунанд».

1.5 - Ва сарварони наслҳои Иудеиён ва Вениаминҳо ва руҳониёну левитҳо, ҳар кӣ дар ў Худованд руҳашро бедор намуд, бархостанд, то хонаи Худовандро, ки дар Иерусалим аст, бунёд созанд.

1.6 - Ва ҳамаи ҳамсоягон онҳоро бо зарфҳои нуқрагӣ, тилло, моликияти дигар ва чорво ва чизҳои қимматбаҳо, болотар аз атоҳои некў барои маъбад кўмак намуданд.

1.7 - Ва шоҳ Куруш зарфҳои хонаи Худовандро, ки Навуходоносор аз Иерусалим гирифта буд ва дар хонаи худ гузошта буд, баровард

1.8 - ва шоҳи Форс Куруш онҳоро бо дасти Мифредати нигоҳбони ганҷинаҳо баровард ва ў онҳоро ба Шешбатсар, амири Иудеиҳо бо ҳисоб супурд.

1.9 - Ва ин аст миқдори онҳо: зарфҳои тиллогӣ - сӣ адад, зарфҳои нуқрагин - ҳазорто, кордҳо - бисту нўҳ адад,

1.10 - ҷоми тиллогӣ – сито, ҷоми нуқрагинидуқабатӣ – чорсаду даҳ адад, зарфҳои дигар ҳазорто,

1.11 - тамоми зарфҳои тиллогӣ ва нуқрагин панҷ ҳазору чорсад адад. Ҳамаи инро Шешбатсар ҳангоми рафтани муҳоҷирон аз Бобул ба Иерусалим бо худ бурд (Тарҷумаи сатрҳои 1.1 то 1.11 дар асоси матни русӣ аз ҷониби таҳиякунанда сурат гирифтааст. Тарҷумаи матнҳои минбаъда дар асоси тарҷумаҳои мавҷудаи Тавроту Инҷил ба забони тоҷикӣ дода шудааст – Х.З.).

Эзро, боби 3.

3-6 - Аз рӯзи якуми моҳи ҳафтум ба баровардани қурбониҳои сӯхтанӣ барои Парвардигор сар карданд, валекин бунёди парастишгоҳи Парвардигор ҳанӯз ниҳода нашуда буд.

3.7 - Ва нуқра ба сангтарошону дуредгарон, ва хӯроку нӯшокиву равған ба сидӯниён ва суриён доданд, то аз Лубнон, мувофиқи иҷозате ки Куруш, подшоҳи Форс, ба онҳо додааст, дарахтони арзро бо роҳи баҳр ба Ёфу биёранд.

Эзро, боби 4.

4-1 - Вa душманони Яҳудо ва Бинёмин шуниданд, ки аз асирӣ гашта омадагон барои Парвардигор Худои Исроил парастишгоҳ бино мекунанд;

4-2 - Ва назди Зарубобил ва сардорони хонаводаҳо омада, ба онҳо гуфтанд: «Мо ҳамроҳи шумо бино хоҳем кард, чунки мо, мисли шумо, аз айёми Эсар-Ҳадун, подшоҳи Ашшур, ки моро ба ин ҷо оварда буд, ба Худои шумо муроҷиат менамоем ва барои Ӯ қурбонӣ меоварем».

4-3 - Вале Зарубобил ва Ешуа ва дигар сардорони хонаводаҳои Исроил ба онҳо гуфтанд: «Шумо бо мо хонаи Худои моро бино нахоҳед кард, балки танҳо мо барои Парвардигор Худои Исроил, чунон ки подшоҳ Куруш, подшоҳи Форс, ба мо фармудааст, бино хоҳем кард».

4-4 - Ва мардуми он кишвар дастҳои қавми Яҳудоро суст мекарданд ва онҳоро аз бино кардан метарсониданд;

4-5 - Ва бар зидди онҳо мушовиронро киро мекарданд, то ки нақшаи онҳоро вайрон кунанд, – ин ҳол дар тамоми айёми Куруш, подшоҳи Форс, то вақти подшоҳии Дорёвеш, подшоҳи Форс, давом ёфт.

Эзро, боби 6.

6-13 - Он гоҳ Татной, волии он сӯи дарё, Шатар-Бузной ва рафиқони онҳо мувофиқи он чи подшоҳ Дорёвеш фиристода буд, фавран амал карданд.

6-14 - Ва пирони яҳудӣ, мувофиқи пайғамбарии Ҳаҷҷайи пайғамбар ва Закариё писари Иддӯ, бино мекарданд ва муваффақият меёфтанд; ва аз рӯи ҳукми Худои Исроил ва аз рӯи фармони Куруш ва Дорёвеш ва Артаҳшасто, подшоҳони Форс, онро бино карданд ва барпо намуданд.

Ишаъё, боби 44.

14-27 - Ӯ ба варта мегӯяд: Хушк шав, ва наҳрҳои туро хушк хоҳам кард!

14-28 - Ӯ дар бораи Куруш мегӯяд: Вай чӯпони Ман аст ва ҳар он чиро хостаам, ба иҷро хоҳад расонид. Ва дар бораи Ерусалим мегӯяд: Бино хоҳад шуд! Ва дар бораи маъбад: Бунёди ту ниҳода хоҳад шуд!

Ишаъё, боби 45.

45-1 - парвардигор ба масеҳи Худ, ба Куруш, чунин мегӯяд: «Ман дасти рости туро гирифтаам, то халқҳоро пеши ту мағлуб намоям ва Ман камарҳои подшоҳонро хоҳам кушод, то ки дарҳо пеши ту кушода шавад, ва дарвозаҳо баста нашавад.

Дониёл, боби 1.

1-19 - Ва подшоҳ бо онҳо гуфтугӯ кард ва аз миёни ҳамаи онҳо касе мисли Дониёл, Ҳананё, Мишоил ва Азарё ёфт нашуд ва онҳо ба ҳузури подшоҳ истоданд.

1-20 - Ва дар ҳар масъалаи ҳикмат ва маърифат, ки подшоҳ аз онҳо пурсон мекард, онҳоро аз ҳамаи ғайбдонон ва афсунгароне ки дар тамоми мамлакати ӯ буданд, даҳчандон болотар ёфт.

1-21 - Ва Дониёл то соли якуми подшоҳ Куруш буд.

Дониёл, боби 10.

10-1 - дар соли сеюми Куруш, подшоҳи Форс, ба Дониёл, ки Балтшасар ном дошт, ваҳй омад, – ваҳйе ки ҳақиқӣ буд ва ҷанги калоне дошт ва ӯ ваҳйро фаҳмид ва ба рӯъё сарфаҳм рафт.

2. Номаи Куруш ба мардуми яҳудӣ

(аз ҷониби Иосиф Флавий тавсиф шудааст)

Ман ба ҳамаи яҳудиёне, ки дар кишвари ман зиндагӣ мекунанд, иҷозат додам, ки ба ватани худ баргарданд, шаҳри худро барқарор кунанд ва Маъбади Худоро дар Ерусалим, дар ҳамон ҷое ки қаблан буд, созанд. Ман инчунин хазинадори худ Митридат ва ҳокими яҳудиён Зурубобилро фиристодам, то онҳо таҳкурсии Маъбадро гузошта, онро бо баландии шаст зироъ ва бараш ҳамин қадар, бо се бино аз сангҳои сайқалёфта ва як бино аз чӯби маҳаллӣ созанд ва ҳамин тартиби сохтмон нисбати қурбонгоҳ, ки дар он мардум ба Худо қурбонӣ мекунанд, риоя карда шавад. Ман ҳамчунин талаб мекунам, ки хароҷоти ин эҳтиёҷот аз даромади ман пӯшонида шавад. Илова бар ин, ман зарфҳоеро, ки подшоҳ Навуходоносор аз Маъбад рабуда буд, фиристодам ва ба Митридат, хазинадор, ва Зурубобил, ҳокими яҳудиён, супурдам, то онҳоро ба Ерусалим бурда, ба Маъбади Худо баргардонанд. Ҳоло шумораи онҳо чунин аст: панҷоҳ табақи тиллоӣ ва панҷсад табақи нуқрагӣ; чиҳил косаи софи тиллоӣ ва панҷсад косаи нуқрагӣ; панҷоҳ ҷом аз тилло ва панҷсад ҷоми нуқрагӣ; сӣ зарф барои моеъ ва сесад зарфи нуқрагӣ; сӣ коса аз тилло ва ду ҳазору чорсад косаи нуқрагӣ; бо ҳазор зарфи дигари калон. Ман ба онҳо иҷозат медиҳам, ки аз ҳамон имтиёзҳое, ки дар замони аҷдодонашон доштанд, истифода баранд, инчунин шароб ва равғанро ба миқдори дусаду панҷ ҳазору панҷсад дирам ва орди гандумро ба миқдори бист ҳазору панҷсад артабе дастрас намоянд ва ман фармон медиҳам, ки ин хароҷот аз ҳисоби хироҷе, ки аз Сомария ситонида мешавад, пӯшонида шавад. Коҳинон низ бояд қурбониҳоро мувофиқи қонунҳои Мусо дар Ерусалим ба ҷо оваранд ва ҳангоме ки онҳо қурбониҳоромеоранд, бояд ба Худо барои ҳифзи подшоҳ ва хонадони ӯ дуо гӯянд, то Салтанати Форс вуҷуди худро идома диҳад. Аммо ман мехоҳам, ки онҳое, ки ба ин фармонҳо итоат намекунанд ва ё онҳоро вайрон мекунанд, ба дор овехта шаванд ва молу мулкашон ба хазинаи шоҳӣ дода шавад.

3. «Дар бораи он, ки чӣ тавр Куруш, шоҳи Форс, яҳудиёнро аз Бобул озод кард ва ба онҳо иҷозат дод, ки ба кишвари худ баргашта маъбади худро созанд ва барои ин ба онҳо маблағ дод» (аз китоби «Таърихҳои қадимии яҳудӣ»-и Иосиф Флавий, тарҷумаи Вилям Уистон)

1. Дар соли аввали ҳукмронии Куруш, ки ҳафтодум сол аз рӯзе буд, ки мардуми мо аз замини худ ба Бобул кӯчонида шуданд, Худо ба асирӣ ва бадбахтии ин одамони бечора ҳамдардӣ кард ва мувофиқи он чизе, ки Ӯ ба онҳо тавассути пайғамбар Иеремия пеш аз харобшавии шаҳр пешгӯӣ карда буд, расонид, ки пас аз он ки онҳо ба Навуходоносор ва насли ӯ ҳафтод сол ғуломӣ кунанд, Ӯ онҳоро дубора ба замини падаронашон бармегардонад ва онҳо маъбади худро месозанд ва аз шукуфоии қадимии худ баҳравар мешаванд. Ва Худо ҳамаи инро ба онҳо дод, зеро Ӯ руҳи Курушро ба ҳаяҷон овард ва ӯро водор сохт, ки барои саросари Осиё чунин нависад: «Куруш, подшоҳ, чунин мегӯяд: Азбаски Худои Тавоно маро подшоҳи замини маскуншуда таъйин кардааст, ман бовар дорам, ки Ӯ ҳамон Худоест, ки мардуми Исроил Ӯро ибодат мекунанд, зеро Ӯ воқеан номи маро тавассути пайғамбарон пешгӯӣ карда буд ва инчунин онро пешгӯӣ карда буд, ки ман барои Ӯ дар Ерусалим, дар замини Яҳудо хонае месозам».

2. Куруш инро аз китоби пешгӯиҳое, ки Ишаъё аз худ боқӣ гузошта буд, фаҳмид. Пайғамбар гуфта буд, ки Худо дар як руъёи махфӣ ба ӯ инҳоро ошкор кардааст: «Ин аст он чизе ки Ман фармон медиҳам: Ту, Куруш, ки Ман туро бар халқҳои зиёд подшоҳ гузоштам, халқи Маро ба замини худаш баргардон ва Маъбади Маро бисоз». Ишаъё инро яксаду чил сол пеш аз харобшавии Маъбад пешгӯӣ карда буд. Бинобар ин, вақте Куруш инро хонд ва аз қудрати илоҳӣ ба ваҷд омад, ӯро хоҳиши самимӣ ва шуҳратпарастӣ барои иҷро кардани он чизе, ки ин тавр навишта шуда буд, фаро гирифт; аз ин рӯ, ӯ барҷастатарин яҳудиёнеро, ки дар Бобул буданд, даъват намуд ва ба онҳо гуфт, ки ӯ ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба кишвари худашон баргарданд ва шаҳри Ерусалим ва Маъбади Худоро аз нав бисозанд, зеро ӯ ёвари онҳо хоҳад буд ва ӯ ба ҳокимон ва волиҳое, ки дар ҳамсоягии кишвари Яҳудои онҳо буданд, менависад, то онҳо барои сохтмони Маъбад ба онҳо тилло ва нуқра хайр кунанд ва ӯ ёвари онҳо хоҳад буд, илова бар ин, барои қурбониҳои онҳо ҳайвонот тақдим мекунад.

3. Вақте ки Куруш инро ба исроилиён гуфт, ҳокимони ду қабила - Яҳудо ва Бинямин, ҳамроҳ бо левиён ва коҳинон шитобон ба Ерусалим рафтанд. Аммо бисёре аз онҳо дар Бобул монданд, зеро намехостанд заминҳои худро тарк кунанд. Вақте онҳо ба ҷои таъиншуда расиданд, ҳамаи дӯстони подшоҳ ба онҳо кӯмак карданд ва барои сохтмони Маъбад миқдоре тилло, миқдоре нуқра, инчунин чорпоёни зиёд ва аспҳо оварданд. Пас, онҳо аҳдҳои худро дар назди Худо иҷро карданд ва қурбониҳо оварданд, чунон ки дар замонҳои қадим расм буд; ман ин ҷо барқарор кардани шаҳри худ ва эҳёи расму оинҳои қадимаи марбут ба ибодати худро дар назар дорам. Куруш инчунин зарфҳои Худоро, ки подшоҳ Навуходоносор аз Маъбад рабуда, ба Бобул кӯчонида буд, ба онҳо баргардонд. Пас, ӯ ба Митридат, хазинадор, супориш дод, ки ин чизҳоро ба Санавасар бифиристад, то даме ки Маъбад сохта нашавад, онҳоро нигоҳ дорад. Ва вақте ки сохтмон ба итмом мерасад, ӯ бояд онҳоро ба коҳинон ва ҳокимони қавм супорад, то онҳо ба Маъбад баргардонида шаванд. Куруш инчунин ба ҳокимони Сурия паёме фиристод, ки мундариҷаи он дар зер оварда шудааст: «Подшоҳ Куруш ба Сисинна ва Сатрабузан салом мефиристад…» [Баъд аз ин матни «Номаи Куруш ба мардуми яҳудӣ», ки аз ҷониби Иосиф Флавий тавсиф шудааст, оварда мешавад]. Чунин буд мазмуни ин нома. Ба ҳамин тариқ, шумораи касоне, ки аз асирӣ ба Ерусалим баргаштанд, чилу ду ҳазору чорсаду шасту ду нафарро ташкил дод.

Таҳияи доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед Зиёӣ