Skip to main content

12Дар ҳақиқат имрӯз соҳаи илм дар кишвар аз рӯи натиҷаҳои илми ҳозиразамон дар сатҳи зарӯрӣбаҳогузорӣ нашудааст. Зарурияти он омадааст, ки пешрафти илми тоҷикро баҳогузорӣ бояд намуд.

Рӯзи 30-май дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар мулоқот карданд.

Ҳадафи вохӯрӣ баррасии натиҷаҳои мулоқоти қаблӣ бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар кишвар мебошад.

Муҳтарам Ҷаноби олӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Мо бояд донем, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ илми ватанӣ дар масири пешрафти давлат ва иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат чӣ хизмате анҷом дод. Ва мо чӣ тадбирҳое бояд андешем, ки илм дар кишвари мо талаботи замони тараққиёту таҳаввулоти зеҳниву технологӣ ҷавобгӯ бошад, роҳро барои рушду пешравии давлат ва ҷомеа ҳамвор созад, яъне ба давлат ва халқи Тоҷикистон хизмат намояд.

Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Тавре дар Паёми навбатӣ таъкид карда будам, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давраба давра баланд бардоштем, зеро дар ҷаҳони муосир танҳо кишварҳое метавонад ҳастии баланди саводнокӣ маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд.

Мову шумо дида истодаем, ки имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсол ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чи гуна тараққӣ карда истодаанд. Ҳоло истифодаи “зеҳни сунъӣ” дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ торафт густариш пайдо карда истодааст. Ба ин маънӣ, дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Мисол мегирем телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд.

Шумо хуб медоненд, ки Ҳукумати мамлакат дар шароити бисёр мураккаби иқтисодиву молиявии солҳои 90-уми асри ХХ на фақат ҳамаи муассисаҳои Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавиро устувор нигоҳ дошт, балки дар сохтори онҳо даҳҳо пажӯҳишгоҳ ва марказҳои нави илмиву таҳқиқотиро таъсис дод. Дар бораи корҳои тайи беш аз сӣ сол амалинамудаи Ҳукумати мамлакат мехоҳам баъзе рақамҳоро, такрор шавад ҳам, хотиррасон намоям.

Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин донишгоҳу донишкада, бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне, ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст.

Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст.

Чунон ки болотар зикр гардид, маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонда шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-юм ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонда шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июл дар борабари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, ба сохтору мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи нишондиҳандаҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корро ба мақсади то охири муҳлати Стратегия ба 1,5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расондани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд.

Мо ба хотири ҳавасмандгардонии олимон ва пешрафти илму маориф дар кишвар унвонҳои фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Корманди шоистаи Тоҷикистонро таъсис додаем. Ба замми ин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон таъсис дода шудаанд. Ҳоло даҳҳо ҳазор хонандагону донишҷӯёни кишвар намудҳои гуногуни стипендия, аз стипендияи президентӣ то стипендияҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро мегиранд.

Ҳамаи тадбирҳои зикргардида далели ғамхориву дастгирии давлатӣ нисбат ба аҳли илму маориф буда, ҳоло ба дарёфти истеъдодҳо ва дастовардҳои нави илмӣ мусоидат карда истодаанд.

Ҳоло дар кишвар 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамояд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.

То замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм, фаъолият мекарданд. Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар зиёд гардидааст. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд.

Дар кишвар вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест.

Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърихва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем. Бо дарназардошти чунин вазъ, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди сиёсати соҳаи илм дар мамлакат яке аз вазифаҳои асосӣ ва зарурӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ба рушди бомароми соҳаи маориф ва дарёфти шахсоне, ки таҳқиқоти арзишманди илмӣ анҷом дода метавонанд, эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ дода истодаем.

Имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд.”

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм эрод гирифтанд дар ҳақиқат дуруст аст.

Дар тайёр кардани мутахассисони варзида Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро зарур аст, ки мутахссисони биологияи молекулиявӣ, генетика, селексия, биотехнология, экология, вирусология, иммунология, генетикаи табииро дар давлатҳои Россия, Пекин, Беларусия ва ғайра дар асоси шартномаи дутарафа омода намоянд. Имрӯз мушкилоти вазнин дар институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ таъмин намудан бо маводҳои кимиёвӣ ва лавозимотҳои ҳозиразамон ҷой дорад, ки ин ба рушди илми тоҷик таъсир мерасонад.

Зарурияти он омадааст, ки дар доираи ҳамкориҳои илмӣ барои таъмини лавозимотҳои ҳозиразамон ва маводҳои кимиёвиро барои харидорӣ ва кумакҳои башардӯстона ба роҳ монда шавад. Имрӯз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи таҷҳизотҳои тиббӣ дар тамоми соҳаҳои тандурустӣ дар сатҳи баланд харидорӣ шудааст. Ин ба пешрафти илми тиб бисёр аҳамияти калон медиҳад. Хело хуб мешуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо давлатҳои сатҳи илми дақиқашон пешрафта оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ин корҳоро ба роҳ монда, то ин ки сатҳи илми биологияро дар сатҳи ҷаҳонӣ бардорем.

Шукрона ба ҳамаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мекунем, ки барои дар сатҳи баланд бардоштани илми тоҷик ҷоизаҳои беҳтарин: Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ҷоизаи ПрезидентиТоҷикистон дар соҳаи маориф, Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаҳои илм ва техника, Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва риёзӣ, Ҷоизаҳои давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон барои олимони тоҷик пешбинӣ шудааст.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки олимони АМИТ аз ин вохурӣ бо Пешвои Муаззами миллат таассуроти калон бардошта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳар он камбудиву норасоие, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар баромадашон ироа гашт, дар самти пешбурди илми тоҷик сари вақт бартараф намуда, баҳри пешрафти илми тоҷик ба дастовардҳо ноил хоҳанд гашт.

Мирзораҳимзода А.К. доктори илмҳои биологӣ, ноиби президент – Раиси Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон