Skip to main content

“Зан - Модар гавҳораву оламро бо ҳам мепайванданд, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд”

Эмомалӣ Раҳмон

Нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Зан- модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. Дар ин маврид яке аз файласуфони гузашта фармудааст: “Ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебогии модарро надорад”. Дар урфият низ мегӯянд, ки “Зани соҳибмаърифату боиффат, гавҳар ва зани ҳунарманду кадбонуи сариштакор, хазина аст”. Дар ҳақиқат ҳам занон ва модарони мо хазинаи бебаҳое мебошанд, ки тамоми қувваи худро барои тарбияи фарзандони соҳибмаърифату ватандӯст, дорои ахлоқи ҳамида ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо сарф менамояд.

Ба саҳифаҳои гузаштаи таърихи халқи тоҷик каме назар намоем. Зан ва модари тоҷик ҳам шоҳ будаасту ҳам сарвари шуҷоъ ва хирадпешаи сарзамини худ. Далели ин бонувони тоҷик мебошад, ки дар замонҳои ҳассос ватандӯстона ҷавшан ба тан кардаву силоҳ ба даст гирифта, далерона ба ҳимояи ватани худ бархоста, дар майдонҳои набард на кам аз мардон қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисорӣ нишон дода, ватанро аз истилои таҷовузгорон эмин доштаанд.{1}

Мисоли яке аз онҳо, шуҷоату корномаи таърихии Томирис мебошад, ки тавонистааст барои дифоъи кишвари худ ва интиқоми фарзанди шаҳидаш бо тавонотарин шоҳи таърихи замон Куруши Кабир ба майдони набард барояд ва ӯро мағлуб кунад.

Мисоли дигар номдортарин зани низомӣ дар замони Ҳахоманишиён бону Ортамис буд, ки дар лашкаркашиҳои Хушёршоҳ ба Юнон бевосита ширкат доштааст. Падари таърих Ҳеродот аз далерию шуҷоати занони форс ёдовар шуда, аз забони Хушёршоҳ нақл мекунад, ки: “Эй кош, мардони иронӣ ба андозаи Ортамис шуҷоат доштанд”.

Инчунин дар даврони Сосониён низ зан дар баробари мард аз ҳуқуқҳоиболотрае бархӯрдор буд. Ҷуръату ҷасорати занон онҳоро дар ҷомеа соҳиби ҷойгоҳ ва мақоми баланд карда буд. Дар таърихи миллӣ занонро дар симои шоҳони мамлакат ҳам вохӯрдан мумкин аст. Масалан, Бӯрондухт дар замони Сосониён зане буд, ки тибқи ривоёт, дар беш аз даҳ кишвари Осиёи имрӯз подшоҳӣ кардааст.

Дар асрҳои7-уми мелодӣ Бӯрондухт ва Озармидухт ҳамчун духтарони Хусрави Парвиз ба тахти подшоҳӣ расидаанд. Ҳумо, Данёк ва Ортамис аз ҷумлаи заноне буданд, ки дар ҷойгоҳи фармондеҳии сипоҳиён қарор дошта низоми подшоҳиро бар даст гирифта буданд. Илова бар ин метавон аз таърихи халқи тоҷик якчанд занону бонувони шуҷоъро ба мисли Понтео, Истотиро, Пари Сотис ва ба мисли инҳо даҳҳо нафаронеро ном бурд, ки бо ҷасорат, матонат ва заковати худ салтанат ронда дар набардҳои низомӣ бо сарбаландӣ ғолибият ба даст оварданд.

Дар замони Иттиҳоди Шуравӣ (солҳои 1924-1991) занон ва модароне буданд, ки бо кору заҳмати шабонарӯзӣсоҳибэҳтиром буданд. Махсусан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ32 ҳазор бонувони тоҷик ширкат варзиданд. Аз ин теъдод 350 нафар нишонзан, 1420 нафар автоматчӣ, 435 нафар хаткашон, 3750 нафар алоқачӣ, 4195 нафар тирандоз ва теъдоди зиёдашон ҳамшираи шафқат буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занон тамоми ҷанговаронро бо маводи ғизоӣ ва яроқу аслиҳа таъмин мекарданд. Ҳазорон зан баробари мардҳо ба майдони ҷанг рафта, бо душмани инсоният – фашизм мубориза бурданд. Занони шуҷои миллат ҳам дар ақибгоҳ ва ҳам дар майдони ҷанг фаъолона ҷангида, ҳатто бо номаю муроҷиатномаҳои худ ҳамаро ба мардонагию қаҳрамонӣ даъват мекарданд.

Хушбахтона дар даврони соҳибистиқлолӣниз чунин занони фидокору қаҳрамон кам нестанд. Занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар солҳои ниҳоят мушкили оғози истиқлол обрӯ ва шарафи мамлакатро нигоҳ доштанд ва ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофарид устувор истоданд ва дар таҳкими рукнҳои давлат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Барҳақ бузурге фармудааст: “Агар мехоҳед андозаи тамаддун ва пешравии миллатро бидонед, ба занони он миллат нигаред”.

Маврид ба зикр аст, ки дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саршор аз таҷассуми бузургиву матонати модарону бонувон буда, ва ҷойгоҳи онҳо дар ташфиқу тарғиби пойдории оила ва ҷомеаи солим замина гузоштанд. Пешвои муаззами миллат, муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузург эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем. Бовари дорем, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо, дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгири кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.{2}

Таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани ҷойгоҳи зан–модар ва ба ин васила эҳтиром гузоштан нисбат ба онҳо ҷиҳати ба қуллаҳои мурод расидани ҳар як шахс гувоҳӣ медиҳад. Аз ин ҷост, ки ҷашни бонувон бо “Рӯзи модар” номгузорӣ шуд, то ки эҳтироми эътимод ва арҷгузорӣ нисбат ба бузургиву зебоӣ ва олиҳимматии модарони поксиришту поктинат зиёд гардад.

Бигзор, дилҳои шумо модарони азиз ҳамеша ба монанди чашмаҳои кӯҳистони тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!

Адабиёти истифодашуда

1. Б. Ғафуров. “Тоҷикон”. Таърихи қадим ва асри миёна. Китоби 1. - Д., 1973;

2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28.12.2024.

Достиева Дилафруз - ходими хурди илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ