Skip to main content

Ба истиқболи 33 умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

Истиқлоли давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ташкили давлати миллӣ, барқароршавии муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид фароҳам овард, ки ҳамчун давлати мустақил дар муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1992 бо шарофати сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолии давлат бо кишварҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид муносибатҳои мутақобилан судмандро тавассути дипломатияи сулҳҷӯёна ва ташаббускорона дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ оғоз намуд. Маҳз зери сиёсати босамари Пешвои тоҷикони ҷаҳон дипломатияи сиёсӣ, дипломатияи иқтисодӣ, дипломатияи мардумӣ ва дипломатияи парлумонӣ эҳё шуд. Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишвар (солҳои навадум) бо роҳи дипломатияи сиёсӣ ҳалли худро ёфт. Яъне Пешвои миллат бо роҳи гуфтушунид бо намояндагони хориҷию мухолифин тавонист ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, давлату миллатро аз вартаи нестшавӣ саривақт наҷот диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони Истиқлолият дар муносибатҳои байналмилалӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти он ҳамчун давлати комилҳуқуқи мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни давлатҳои соҳибистиқлол равона карда мешавад. Ин масъала дар моддаи 15-и Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало ифодаи худро ёфт, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналхалқӣ бо давлатҳои хориҷӣ алоқаҳои дипломатӣ, консулӣ, тиҷоратӣ ва дигар алоқаҳо барқарор менамояд, ки бо онҳо мубодилаи намояндагони салоҳиятдорро анҷом медиҳад ва шартномаҳои байналхалқӣ мебандад”.

Пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон соҳибистиқлоли ва мустақилияти давлатии худро эълон намуд. Санаи эълони таърихии кишвар 24 августи соли 1990 буда, дар даъвати дувоздаҳуми Иҷлосияи дувуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд[1]. 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул ва эълон намуд. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 9 сентябри соли 1991 тағйироту иловаҳо ба Эъломияи мазкур қабул кард. Бо шарофати истиқлолият миллати тоҷик баъди ҳазорсол бори дигар соҳиби давлат, замин ва дигар арзишҳои миллӣ гардид.

Бояд қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди дарёфти истиқлолият аъзои созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва ташкилотҳои молиявӣ гардида, моҳи декабри соли 1991 ба Протоколи Созишномаи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳод” дар шаҳри Маскваи Федератсияи Россия имзо гузошт. 26 феврали соли 1992 ба Созмони байналмилалии Машварат оид ба амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, 2 марти 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид аъзо шуд. Инчунин моҳи апрели соли 1992 ба Созмони байналмилалии тандурустӣ ва октябри 1992 Ассотсиатсияи байналмилалии байторӣ аъзо гардид[2].

Ҳамзамон, 19 ноябри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон” дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар баромад намуданд, ки яке аз мавзуҳои муҳими он сиёсати хориҷӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ буд, ки Консепсия аввали сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мерафт. Бо шарофати ин Консепсияи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо таваҷҷуҳ намуда, бо дар соли 1992

Тоҷикистони ҷавон, 80 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд[3].

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани низоми муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад.

Мавриди зикр аст, ки Конститутсия пас аз Эъломияи истиқлолияти давлатӣ яке аз заминаҳои асосии ҳуқуқии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар моддаи 10, 11 ва 67Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон[4] самтҳои байналмилалии он зикр шудааст, ки чунинанд:

Моддаи 10. Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.

Моддаи 11. Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Ташвиқоти ҷанг манъ аст. Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд. Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад”.

Моддаи 69. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Салоҳияти Президент, самтҳои муносибатҳои байналмилалӣ зикр шудааст. “Президент самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад. Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, шартномаҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад. Эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд.

Вобаста ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда ва ба танзим даровардани муносибатҳои дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қонунҳо, низомнома ва фармонҳоро қабул кардааст, ки чунин аст:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ. Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, № 12, мод. 827) (Қонуни ҶТ аз 2.01.2019 № 1574). Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад[5].

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ, ки 23 июли соли 2016, №1326 тасдиқ шудааст[6].

Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 № 593 тасдиқ шудааст[7].

Низомнома дар бораи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо Фармони Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 1995 № 165 тасдиқ шудааст[8].

Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 30 июли соли 1998, таҳти №275 тасдиқ шудааст[9].

Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 27 январи соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 332 тасдиқ шудааст[10].

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини татбиқи сиёсати ягонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон"[11].

Санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ ин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ба шумор рафта, равобити муносибатҳои байналмилалиро ба танзим медарорад ва дар давлатҳо радификатсия шудаанд. Ин низоми эътирофшуда байналмилалӣ, Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961, Эъломияи Вена дар бораи равобити консулӣ аз 24 апрели соли 1963 ва Конвенсияи Вена оид ба ҳуқуқи шартномаҳои байналмилалӣ мебошад, ки Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияро 11 марти соли 1996 ба тасвиб расонидааст. Эътиборномаи тасвиби Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 майи соли 1996 ба Котиби Генералии Созмони Милал Муттаҳид супорида шуд[12].

Бояд қайд кард, ки 18 апрели соли 1961 дар пойтахти Ҷумҳурии Австрия шаҳри Вена дар натиҷаи баррасии солҳои тӯлонӣ дар доираи Лигаи миллатҳо ва минбаъд СММ, санаде қабул гардид, ки “Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ” номгузорӣ гардид. Санади мазкур ҳуҷҷати меҳварии батанзимовардани натанҳо амалияи гуногунҷанбаи дипломатӣ, балки ташрифоти дипломатӣ низ ба шумор рафта, ҳама давлатҳое, ки онро пазируфтаанд, дар доираи меъёрҳои муайянкардаи он дар муносибатҳояшон бо кишварҳои дигар амал мекунанд. Аҳамияти таърихии Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки вай ба ҳама гуна манбаъҳои тазод ва ба вуҷудомадани ихтилофи байни сарварони намояндагиҳо ва ихтилофи назар дар масъалаҳои гуногуни муносибати байниҳамдигарии кишварҳо хотима гузошт, мабдаъҳои меъёрии баробарӣ ва соҳибихтиёрии ҳама кишварҳоро дар худ таҷассум кард. Барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо кишварҳои гуногун, ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии мухталиф пайвастани он, ки маънии барқарор кардани муносибатҳои гуногунҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайраро дар назар дорад, ба татбиқшавӣ оғоз мекунад.

Чунин омилҳои дарболо зикршуда боиси он гардид, ки давлатҳои ҷаҳон истиқлолият ва мустақилияти ҷумҳуриро шинохта, ба кишвари мо муносибатҳои дипломатӣ, дуҷониба ва бисёрҷонибаро барқарор намуданд. Аз ин рӯ, қайд кардан ба маврид аст, ки Тоҷикистон баъди аъзои СММ санадҳои меъёри ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро эътороф намуд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият дар соли 2023 бо 184 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ ва бо 110 давлат ҳамкориҳои иқтисодиро ба роҳ монда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Яке аз ин кишварҳо Ҷумҳурии Индонезия мебошад, ки Тоҷикистон бо ин кишвар муносибатҳои дипломатӣ, дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои дӯстонаро ба роҳ мондааст. Мавриди зикр аст, ки асоси барқароршави ва рушди муносибатҳои дипломатии санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти ҳамкориҳои дипломатӣ, дохилӣ ва байнидавлатӣ ташкил медиҳад, ки санадҳои меъёрию ҳуқуқи дар таҳкиму татбиқи сиёсати хориҷии кишвар нақши назарраси худро гузошт. Пас аз имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва Созишномаи миллии Тоҷикистон” аз соли 1997 то имрӯз беҳбудҳои назаррас дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва ноил шудан ба рушди устувории сиёсати хориҷӣ ба даст омадааст, ки ба рушди ҳамкориҳо бо давлатҳои дуру наздик мусоид менамояд.

Соҳиби Баҳруло - ходими хурди илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Адабиёти истифодашуда

Салимов Н, Шарифзода А.А., Тоҷики оламшумул. Душанбе., 2011.С.152

2. Дубовицкий В.В. Внешняя политика Республики Таджикистан (1991-2010 гг.) // История таджикского народа: В 6 т. – Душанбе, 1998-2011. – Т.6. – С. 615-616

3. Назаров Т.Н., Сатторзода А. Дипломатияи муосири тоҷик. Душанбе., 2006.С.76

4. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон https://mfa.tj/.../72/konstitutsiyai-jumhurii-tojikiston 06.07.2024

5.https://mfa.tj/.../qonuni-jumhurii-tojikiston-dar-borai...

6.https://mfa.tj/.../qonunin-jumhurii-tojikiston-dar-borai...

7.https://mfa.tj/.../nizomnomai-vazorati-korhoi-khorijii...

8.https://mfa.tj/.../nizomnoma-dar-borai-saforati-jumhurii...

9.https://mfa.tj/.../131/oinnomai-konsulii-jumhurii-tojikiston

10.https://mfa.tj/.../konsepsiyai-sijosati-khorijii-jumhurii...

11.https://mfa.tj/.../farmoni-prezidenti-jumhurii-tojikiston...

12. Конвенсияи Вена оид ба муносибатҳои дипломатӣ https://mfa.tj/.../konvensiyai-vena-oid-ba-munosibathoi...