
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мост, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашарии худро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Ба хусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 23 феврали соли 2010 оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукӯҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо кард. Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои қадими миллии мо чунин изҳори назар карда буданд: “Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000-сола дорад. Ва ин далел низ боиси ифтихори мост, ки Наврӯзи бостонӣ имрӯз ҷашни ҷаҳонӣ гаштааст”.
Ин суханони Пешвои миллат ҳақиқатест, ки дар он ҷойи шубҳа нест, зеро Наврӯз дар баробари Сада, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои қадимтарини миллии мост, ки аз даврони бостон, аз замони подшоҳии Ҷамшед ва дигар хусравони аҳди қадим ба мо мерос мондааст. Дар матнҳои бозмонда аз рӯзгори пешин ва осори назму насри гузаштагони мо дар бораи ҳикмати Наврӯз ва чигунагии пайдоиши он нақлу ривоятҳои гуногун мавҷуд аст. Аз ҷумла, пешиниёни мо Наврӯзро далели пайдоиш ва аввалрӯзи офариниши ҷаҳон дониста, гуфтаанд, ки дар ин рӯз Худованд афлокро пас аз он ки сокин буд,ба гардиш овард ва Офтобро барои он ки замон ва солу моҳу рӯз аз гардиши он шинохта шавад, офарид. Ҳамчунин мегӯянд дар ин рӯз буд, ки инсон офарида шуд ва ё нахустин шоҳи олам Каюмарс, ки ӯро бо таваҷҷуҳ ба подшоҳӣ ёфтанаш дар кӯҳ, гузаштагони мо Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ лақаб додаанд,ба тахти шоҳӣ нишаст. Тавзеҳан, дар баъзе китобҳо Каюмарсро Гилшоҳ, яъне шоҳи хокиён ҳам гуфтаанд, вале дар таърихномаҳои муътамад Каюмарсро, ки нахуст дар кӯҳ ба подшоҳӣ расид, возеҳан Галшоҳ, Гаршоҳ ё Ғаршоҳ гуфтаанд.
Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” бунёд ниҳодани ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед дар рӯзи ҳурмуз, яъне рӯзи аввали моҳи фарвардин – моҳи аввали тақвими аҷдодии шамсӣ нисбат додааст:
Ба Ҷамшед-бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Майу ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд аз он хусравон ёдгор.
Чунин нақлу ривоятҳо зиёданд, вале ин нукта ҷойи баҳс надорад, ки Наврӯз оғози сарсабзиҳо, шукуфтанҳо ва дар маҷмуъ, эҳёи замину замон аст.
Аз рӯзгори қадим дар байни мардуми мо дар ин рӯз расм аст, ки ба якдигар ҳадя фиристанд ва мегӯянд, ки сабаби он ба ошкор шудани найшакар дар рӯзи Наврӯз бастагӣ дорад. Ба ин маънӣ, ки рӯзи Наврӯз Ҷамшед найеро дид, ки обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз он шакар сохтанд. Ҳамин гуна сирри шакар ошкор шуд. Ҳамин аст, ки дар ибтидо мардум барои якдигар дар Наврӯз шакар ҳадя мефиристоданд.
Бори нахуст бунёдгузори давлати Ҳахоманишиён Куруши Кабир (559-530 то мелод) соли 538 пеш аз милод Наврӯзро ҷашни миллии мардуми мо эълон кард. Дар ин рӯз дари боргоҳи подшоҳони Аҷам ба рӯйи мардум боз гардида, ҳоҷати ниёзмандон раво, маҳбусон озод, гунаҳкорон авф карда мешуданд.
Дар замони Дориюши аввали Ҳахоманишӣ (522-486 то мелод) Наврӯз дар Тахти Ҷамшед баргузор мешуд.
Ин нукта ҳам ҷолиб аст, ки бунёдгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон (224-241) соли 230 мелодӣ давлати Римро шикаст дод ва талаб кард, ки Рим ҷашни Наврӯзро ба расмият шиносад. Сенати Рим ҷашни Наврӯзро дар қаламрави Рим бо номи “Луперкал” ба расмият шинохт.
Мегӯянд, ки пешиниёни мо обро дар баробари оташ муқаддас медонистанд ва дар аҳди Сосониён дар бомдоди рӯзи Наврӯз мардум ба ҳам об мепошиданд. Аз замони ҳукмронии Ҳурмузи аввали сосонӣ (272-273) дар шаби Наврӯз афрӯхтани оташ расм гардид. Аз замони Ҳурмузи дувуми сосонӣ (302-309) расми додани сикка ё танга ба сифати идӣ ё идона пайдо шуд.
Гуфтаанд, ки дар рӯзи Наврӯз ба пайғамбари Ислом як ҷоми пур аз ҳалво идона бурданд. Он ҳазрат пурсид, ки ин чист? Гуфтанд, ки идона аз Наврӯз аст. Сипас, пайғамбар аз он ҳалво андаке хӯрд ва боқимондаро миёни саҳобагон қисмат карду гуфт: “Лайта лано кулла йавмин Навруз” (Кош ҳар рӯзе барои мо Наврӯз бошад).
Дар аҳди Сомониён (875-999) низ Наврӯз бо шукӯҳу ҷалол таҷлил мешуд.
Дар рӯзгори давлатдории Аббосиён дар Бағдод ва дигар шаҳрҳои хилофат мардум дар кӯчаҳо бо нидои “шукра-н-Найруз” ҳамдигарро муборакбод мегуфтанд.
Баъдан дар рӯзгори боло гирифтани таассуби динӣ ин ҷашн каме дар ҳошия қарор гирифт ва ахиран бо шарофати Истиқлол ва саъйи ҳамвораи Пешвои миллат Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Ба расми маъмул гузаштагони мо дар рӯзи Наврӯз либоси нав ё тозаву озода дар бар карда, аҳли ҳар хонавода бар сари хони наврӯзӣ менишастанд. Хони наврӯзӣ дар рӯзгори баъдӣ аз ҳафт син, яъне сипанд, себ, сиёҳдона, санҷид, суманак, сикка ва сабзӣ ё гандуми сабзида ва ҳафт шин, яъне шакар, шир, шароб, шиннӣ, шамшод, шамъ, шона иборат гардид.
Наврӯз воқеан рӯзи аз синаҳо берун андохтани кинаҳо, рӯзи бахшидани гуноҳи ҳамдигар, рӯзи меҳрубонию меҳрборӣ, рӯзи таваллуди дубораи табиату инсонҳост.
Маросиму ойинҳои ҷуфтбаророн, хонабаророн ё хонатаконӣ, оташафрӯзон, гулгардонӣ, суманакпазӣ, аёдати беморон, ёд кардани гузаштагон, навозиши сари ятимону бепарасторон, хайру эҳсон ба ниёзмандону дармондагон ва ғайра аз суннатҳои неки наврӯзист, ки аксари ин ойинҳо то имрӯз дар кишвари мо вуҷуд доранд. Ба хусус, ёд кардани гузаштагон ва дастгирии бечорагону дармондагон аз анъанаҳои хуби Наврӯз ба шумор мераванд.
Мардуми моро аз рӯзгори қадим дар баробари “ориёӣ” бо сифати “озодагон” ҳам ном мебурданд, ки ин вожа бо “ориёӣ”, яъне озодаву наҷибзода ҳаммаъност. Устод Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва бузургони дигар дар сурудаҳову нигоштаҳои худ сареҳан гузаштагони моро “озодагон” ном бурдаанд. Маънии калимаи “озодагон” дар забони модарии мо, дар баробари “наҷибзодагон”, ҳамчунин ба вожагони “покон”-у “покизагон” ва “покизарӯзгорон” пайванд мехӯрад. Бинобар ин, як суннати муҳимми Наврӯзи озодагон озодагию покизагӣ ва покизарӯзгорӣ дар тамоми сол аст.
Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар яки мо ба хотири ободию шукуфоии ҳар чи бештари сарзамини аҷдодии худ суннатҳои наврӯзӣ, аз ҷумла озодагию покизагии зоҳиру ботини худ ва шаҳру деҳоти мамлакатро шиори рӯз қарор диҳем ва барои тантанаи Наврӯзи оламафрӯз дар ҳар чор фасли сол ва ҳамасола ба наврӯзгоҳи ҳақиқӣ табдил ёфтани Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.
Ҳасани Султон, - узви вобастаи АМИТ
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ


Тантанаҳои таҷлили 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Саразм имсол дар саҳни барҳавои Осорхонаи Саразми муассисаи давлатии Пойгоҳи бостоншиносии Саразм- Панҷакент бо иштироки доираи васеъи фаъолон, сокинон ва омӯзгорону муҳасилини муассисаҳои таълимӣ баргузор шуд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода баъди боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ, ки сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳот омода кардаанд, онҳоро бо 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик гуфтанд ва ба саҳмгузории сокинону соҳибкорон дар ободу зебо намудани маҳали зист, ҳисси баланди ватандӯстии ҷавонони ҷамоати деҳот, ки ҳар сол даҳҳо нафари онҳо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ мераванд, баҳои баланд дода шуд.
Дар идома ба тантанаҳои ҷашни истиқлол дар Ҷамоати деҳоти Саразм сурудҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷолиби санъаткорони ҷавон ҳусни бештар бахшид.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ НУРИСТОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЧИНОРИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Имрӯз, 08 сентябр бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бинои маркази саломатии деҳаи Нуристони Ҷамоати деҳоти Чинор, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, барои қабул ва табобати беморон шароити созгор муҳайё карда шудааст, ба истифода дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки маркази саломатӣ аз панҷ ҳуҷра муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ иборат буда, он ба сокинони ҷамоати деҳот хидмати тиббӣ мерасонад.
Имрӯз, 08 сентябр дар арафаи ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Аз ҷумла, дар деҳаи Шӯрчаҳи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан майдончаи варзишӣ, ки бо харҷи беш аз 165 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкор Фарҳод Норматов сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Масоҳати майдончаи варзишӣ 36 ба 18 метр буда, он барои бозии футболи хурд пешбинӣ шудааст. Дар маросими ифтитоҳи он сокинони деҳа бо ҷашни истиқлол шодбош гуфта, ба ин иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода шуд.
ТАРҶУМАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО НОМИ «TACIKLER» ВА РӮНАМОИИ ОН ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 06 сентябр бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати АМИТ китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки аз забони тоҷикӣ ба забони туркӣ тарҷума шудааст рӯнамоӣ гардид.
Дар рӯнамоии китоби мазкур президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суханронӣ намуда, иқдоми масъулини Вазорати фарҳангро барои тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саривақтӣ хонданд.
Таъкид гардид, ки акнун ин шоҳасарро тамоми туркзабонони дунё бо забони модариашон мутолиа хоҳанд кард. Воқеан ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки «Китоби Тоҷикон воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар барҳақ китоби рӯимизии ҳар фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Воқеан, аз нашри асари фундаменталии илмии «Тоҷикон»-и олими барҷаста академик Бобоҷон Ғафуров зиёда аз ним аср гузашт ва дар ин муддат асари мазкур эътирофи ҷаҳонӣ пайдо карда, сазовори баҳои баланди мутахассисони баландрутба гардид. Китоби «Тоҷикон» на танҳо асари барҷаста, балки як падидаи таърихнигории ҷаҳонӣ буда, аҳамияти он аз доираи илми тоҷикшиносӣ хеле фаротар аст.
Таъкид гардид, ки имрӯз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров яке аз мӯътабартарин сарчашмаҳои соҳаи худ ба ҳисоб меравад. Он барои омӯзандагони таъриху фарҳанги тоҷикон ба сифати китоби рӯимизӣ хизмат карда, дар он ҳама маъхазҳои хаттии то ибтидои солҳои 70-уми садаи 20 пайдошуда ҷалб карда шуда, инчунин маълумоти бостоншиносӣ, забоншиносӣ, антропология, нумизматика ва дигар илмҳо оварда шудаанд. Ҳамин тариқ, Бобоҷон Ғафуров зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохиливу хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро истифода кардааст. Ин нахустин асар оид ба таърихи миллати тоҷик мебошад, ки дар асоси консепсияи илми таърихнигорӣ ва риояи даврабандии таърихӣ таҳия шудааст.
Ғояи асосии китоби «Тоҷикон»-ро муттаҳид намудани миллати тоҷик ташкил мекунад, ки он дар тӯли таърих дар асари ҳодисаҳои фоҷиабор аз ҳам ҷудо шуда буд. Ва хидмати аслии Бобоҷон Ғафуров дар назди халқаш дар он аст, ки ӯ бо пажӯҳишҳои худ ба ҷаҳониён мавҷудияти халқи тоҷикро нишон дод, инчунин нишон дод, ки тоҷикон сокинони қадимтарин ва соҳибони ҳақиқии ин минтақа буда, дар раванди пайдоиш, ташаккул ва инкишофи тамаддуни минтақа нақши намоёни таърихӣ бозидаанд.
Дар идома Сафарзода Давлат Шариф муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш таъкид дошт, ки воқеан, китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ба болоравии худшиносии миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони истиқлолият баҳри пешрафти миллат ва таҳкими давлатдории нави тоҷикон ба самти тозае ворид шуд. Дар ҳамин раванд чорабинии имрӯзаи мо ба муаррифии тарҷумаи туркии китоби "Тоҷикон" бахшида мешавад.

Дар дарозои таърих, ҳодисаҳои табиӣ — аз заминларза то гирифтҳои осмонӣ — зеҳни инсонро ба тафаккур водор кардаанд. Дар фарҳангҳои гуногун гирифти Моҳ (хусуф) рамзҳои гуногун дошт, аммо бо рушди астрономия мо онро ҳамчун падидаи пурра фаҳмо, ки аз геометрияи ҳаракати Замин, Моҳ ва Офтоб вобаста аст, медонем. Дар ин роҳ, саҳми донишмандони тоҷику форс, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ хеле бузург аст. Яке аз мисолҳои равшан, замонест ки Берунӣ бо Абулвафо Бузҷонӣ мушоҳидаи ҳамзамони гирифти Моҳро анҷом дода, аз рӯйи фарқи вақт тафовутҳои тулҳои шаҳри Кот ва Бағдодро ҳисоб карданд. Ин таҷриба яке аз намунаҳои барҷастаи истифодаи гирифтҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷуғрофиёи астрономӣ аст.
Чӣ гуна «гирифти Моҳ» рух медиҳад?
Гирифти Моҳ замоне доир мегардад, ки Моҳи пурра ба сояи Замин медарояд. Соя ду қисмат дорад: нимсоя ва сояи аслии торик. Агар диски Моҳ пурра ба соя дарояд, мо гирифти пурраро мушоҳида мекунем; агар танҳо ба бахше аз соя ворид шавад гирифти қисманро мебинем. Ранги сурхтобе, ки мардум онро «Моҳи хунин» меноманд, аз он меояд, ки қисмати кабути нури офтоб ҳангоми гузаштан аз атмосфераи Замин бештар пароканда мешавад ва ҷузъҳои сурх то сатҳи Моҳ мерасанду сурхчатоб мегардонанд.
7 сентябри 2025: гирифти пурраи Моҳ аз Тоҷикистон пурра намоён аст.
Шаби 7 ба 8 сентябри 2025 ҳодисаи гирифти Моҳ ба амал меояд, ки маҳз Тоҷикистон тамоми марҳилаҳои он – аз оғози нимсоя то анҷоми он дида мешаванд. Марҳилаҳои асосӣ (бо вақти Душанбе, UTC+5):
Оғози нимсоя: ~20:28
Оғози гирифти қисман: ~21:27
Оғози пурра: ~22:30–22:31
Лаҳзаи максимум: ~23:11–23:12
Анҷоми гирифти пурра: ~23:52
Анҷоми қисман: ~00:56 (8 сент.)
Анҷоми нимсоя: ~01:55 (8 сент.)
Дар лаҳзаҳои асосӣ Моҳ аз уфуқи ҷанубу шарқ то ҷануб баланд (тақр. 38°–45°) хоҳад буд, ки шароити хеле қулай барои тамошо ва аксбардорӣ мавҷуд мегардад.
Ситорашиносӣ дар амал: сайёраҳо дар ҳамон шаб.
Шаби 7 ба 8 сентябр ба ҷуз ҳодисаи гирифти пурраи Моҳ дар осмон сайёраҳои Зуҳал ва Муштариро мушоҳида кардан мумкин аст:
Зуҳал (Сатурн) – сайёраи шабона. Дар моҳи сентябр хеле хуб дида мешавад ва шаби 7 сентябр аз бегоҳ то субҳ равшан аст ва бо дурбин ё телескоп ҳалқаҳои онро мушоҳида кардан мумкин аст.
Муштарӣ (Юпитер) – сайёраи саҳаргоҳ. Дар сентябри 2025 то субҳ баланд мешавад ва пеш аз тулӯи офтоб ҳамчун нуқтаи хеле равшан дар шарқ дида мешавад.
Даъват барои мушоҳида дар Ҳисор
Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон эълон мекунад, ки рӯзи 7-уми сентябри соли 2025 дар Расадхонаи Ҳисор Рӯзи дарҳои кушод баргузор мегардад. Мо ҳамаи дӯстдорони кайҳонро ба мушоҳидаи гирифти Моҳ даъват менамоем. Дар баробари ин, Зуҳал-ро дар шаб ва Муштарӣ-ро ҳангоми субҳ якҷо тамошо мекунем.
ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АМИТ
Имрӯз, 05 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Ба кори ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш қаблан, кулли мардуми шарафманди тоҷикро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи озодиву шукуфоӣ, садоқат ба Ватани азиз ва ҳувияти миллӣ мебошад, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки ин роҳи 34-солаи созанда, пурифтихор ва муваффақонаи кишвар, ки аз сиёсати истиқлолхоҳонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, барои ҳар як фарди ватандӯсту заҳматпешаи Тоҷикистон азизу арзишманд аст ва арзишманд боқӣ мемонад.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушду нумуи ҳама соҳаи иқтисодиёти кишвар ривоҷу равнақ бахшида, анъанаҳои ниёгонамонро дар бораи ҳамбастагии илму сиёсат эҳё намудаанд ва бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кору зиндагӣ мунтазам бо олимону зиёиёни ҷумҳурӣ мулоқотҳои судманд доир намуда, андешаҳои ин қишри ҷомеаро дар ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Бо иқдоми хосаи Сарвари давлат бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ, чун Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва даҳҳо мутафаккирони дигар баргузор гашта, осори илмии онҳо мунтазам ба нашр расиданд. Таҳияи бузургтарин асарҳои мондагори мутафаккирони тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар, аз ҷумла “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома” Аблуқосим Фирдавсӣ ва ба ҳар як оилаи кишвар эҳдо намудани ин шоҳасарҳо бузургтарин ва мондагортарин кори Пешвои миллат на танҳо дар ҷумҳурӣ балки берун аз ҷумҳурӣ мебошад.
Зикр шуд, ки барои олимони муосир дар ҷумҳурӣ бо иқдоми Пешвои муаззами миллат мукофоти давлатӣ ва ҷоизаҳои бо номи шахсиятҳои баруманд ва шинохтаи таърихӣ мавриди корбарӣ қарор дода шудаст, ки мисоли ин танҳо барои олимони ҷавон ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ мебошад, ки ҳамасола олимони ҷавон барои дастовардҳои назарраси илмӣ қадршиносӣ мешаванд. Муқаррар намудани иловапулӣ ва стипендияи доимӣ барои узви вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсати дастгирии олимони тоҷик муҳимтарин иқдоми Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад.
Дар идома муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар суханронии хеш тамоми олимони кишваро ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният хонда, зикр дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар як замони ҳассос баъди пош хурдани Иттиҳодияи Шуравӣ ва сар задани ҷанги таҳмилӣ дар як вазъияти ниҳоят душвор бо талошҳои одилонаву оқилонаи Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз зулму ситам ва аз вартаи ҳалокат наҷот ёфтани мардуми тоҷик қабул шудааст. Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро мебояд ба қадри ин озодӣ, ободӣ, Истиқлолияти давлатӣ расида ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намуда, моҳияти Истиқлолиятро ба онҳо фаҳмонанд, то ки ин арзиши бузургро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта ба ояндагон аз худ як давлати ободу тараққикарда ба мерос гузорем.
Инчунин, дар фарҷоми чорабинӣ як зумра аз олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аълочии фарҳанг, аълочии маориф
20 НАФАР КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИЛМ СОҲИБИ МУКОФОТИ ДАВЛАТӢ ВА 2 НАФАР ОЛИМОНИ ҶАВОН СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ШУДАНД
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва олимону академкон бештар равона гардидааст. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази бонуфузи илмӣ дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳим мебозад. Дар баробари дигар соҳаҳои фаъолияти иҷтимоию давлатӣ соҳаи илм ҳам барои пешрафту рушди ояндаи кишвар зарур дониста мешавад. Ҳамин аст, ки дар шароити имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олимону академикон ғамхориҳои худро дареғ надошта, заҳмату талоши онҳоро ҳамеша қадр менамояд.
Дар робита ба ин дар остонаи 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 нафар олимону кормандони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва 2 нафар олимони ҷавон бо ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Воқеан ҳам ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақому мартабаи олимону академикон дар ҷомеаи муосир сол то сол боло рафта истодааст.
Имрӯз (05.09.2025) бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба олимону академикони муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ дар остонаи ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
МАҲФИЛИ “ХИРАД” БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: РӮНАМОӢ АЗ МАҶМУАИ АШЪОРИ НАВИ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО “ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ”
Имрӯз, 04 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҳфили навбатӣ маҷмуаи ашъори нави Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Шукӯҳи истиқлол” рӯнамоӣ гардид. Ба кори маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш зикр дошт, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташкили маҳфили илмию адабии “Хирад” мақсад гузоштааст, ки барои донишмандону фарҳангиёни кишвар фурсат фароҳам намояд, то ба муносибатҳои гуногун дастовардҳои илмию адабии хешро пешкаши алоқамандон кунанд.
Таъкид гардид, ки дар ин кори нек суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сармашқу намуна дар фаъолияти рӯзмарраи мо аст, ки мефармояд: “Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорони мо, яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад”.
Гуфта шуд, ки имрӯз мо дар осотонаи ҷашни пуршукӯҳи 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва тасмим бар он шуд, ки барои гиромидошти он, маҳфили ширу шакар омода гардад, то кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар баробари таҳқиқоти илмӣ, фаъолиятҳои адабӣ низ доранд, осору ашъори худро ба гӯши шунавандагони хеш бирасонанд. Ҳамин тавр, маҳфили имрӯзаи мо бар асоси ашъори ватандӯстонаи мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илмҳои филологӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Беҳрӯзи Забеҳулло ихтисос ёфтааст.
Зикр шуд, ки фаъолияти кории Беҳрӯзи Забеҳулло Саидхоҷа аз Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то боргоҳи илму маърифати ҷумҳури, яъне Академияи милли илмҳои Тоҷикистон расидааст. Дар тули фаъолияти хабарнигории хеш Забеҳулло Беҳрӯз Саидхоҷа садҳо мақола дар рӯзномаву маҷаллаҳои ватанӣ мунташир кардааст. Аз соли 2006 ба баъд мақолаҳои гуногуни Забеҳулло дар рӯзномаву маҷаллоти кишварҳои ҳамзабон ба нашр расидаанд. Аз ин рӯ, Забеҳулло Беҳрӯз соли 2011 ба хотири таблиғи фарҳанг, тамаддун ва дастовардҳои навини кишвари соҳибистиқлоламон дар матбуоти кишварҳои ҳамзабон бо Ҷоизаи иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосими Лоҳутӣ сарфароз шудааст.
Дар идома мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии АМИТ Беҳрӯзи Забеҳулло аз маҷмуааи ашъори худ шеърҳои ватандӯстона доир ба арзиши бузург доштани Ватан, Истиқлолият қироат намуда хотири иштирокдоронро шод гардонид. Инчунин, дар маҳфил ҳунармандони ватансарои кишвар Баҳодур Неъматов, Тобиши Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Амирҷон Рӯзиев, Фахриддини Малик шеърҳои ба оҳанг даровардаи Беҳрӯзи Забеҳуллоро, ки мазмуни онҳоро ватандӯстиву худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ фарогир мебошад бо як эҳсоси баланди ватандӯстона сароида, хотири иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.